Пайвандҳои дастрасӣ

Як соли ҷанг дар Украина. Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш рӯ ё пушт ба Русия? ХАРИТА


Раҳбарони Русияву Беларус бо президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Раҳбарони Русияву Беларус бо президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, аз Маскав фосила бигиранд, аммо ҳамзамон ҳамкориро бо он тақвият медиҳанд.

Як сол пеш, 24-уми феврали 2022, Русия ба Украина ҳамла кард ва тасмими худро “амалиёти махсуси низомӣ” номид. Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз ба хоки Украина донистанд.

Дар миёни муттаҳидони наздики Русия танҳо Беларус ба таври мустақим ва Эрон ғайримустақим аз амалкарди Русия дар Украина пуштибонӣ доранд.

Барои Осиёи Марказӣ чандсамтӣ дар сиёсати хориҷӣ шарти ҳатмӣ барои пешрафти иқтисодист. Аз ин рӯ, худи Кремл аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ талаби вафодорӣ намекунад.
Темур Умаров

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони ҳампаймонҳои наздики Кремл дар як соли ҷанг бо Маскав сиёсати тағйирпазир доштанд: аз як сӯ аз дастгирии ҷанбаи сиёсии он фосила гирифтанд, то истиқлоли худро ба намоиш гузоранд ва аз сӯи дигар ҳамкории худро тақвият доданд.

Чунин бархӯрди эҳтиёткорона на ҳамеша Маскав ва шарики наздиктаринаш Минскро қонеъ мекунад. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, аз муттаҳидони Маскав дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ хост, мавқеи худро дар мавриди муноқишаи Русия ва Украина рӯшан кунанд.

“Агар касе фикр мекунад, ки муноқишаи Украина ва Русия муноқишаи мо нест ва худро канор мегирад, чунин нахоҳад буд. Замоне фаро мерасад ва он хеле ҳам дур нахоҳад буд, ки мавқеи муайян бояд дошта бошанд," -- таъкид дошт раиси ҷумҳури Беларус рӯзи 13-уми феврал ҳангоми суҳбат бо дабири кулли СПАД.

Ба ҳар ҳол, ба назар мерасад, ин ҷанг барои санҷидани сиёсати бисёрҷанбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ имтиҳони ҷиддӣ ва барои тақвияти равандҳои худкома фурсати бесобиқа аст.

Пушт ба Маскав?

Дар як соли даргирии Русия ва Украина ҳеч як аз кишварҳои Осиё Миёна сарзаминҳои ишғолии Донетск, Луганск ва минтақаҳои дигарро ҳамчун бахше аз Русия ба расмият нашинохтанд. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, иброз дошт, ки кишвари ӯ давлатҳои худхондаи мавриди ҳимояти Русияро ба расмият намешиносад.

Дар бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ барои гурез аз таҳримҳо аз пазириши кортҳои русии “МИР” даст кашиданд. Дар соли 2022 раисони ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Узбекистон ба Аврупо рафтанд, ки аз сӯи Маскав хасмона унвон мешаванд. Ғайр аз ин, ба намояндагони Амрико дар мавриди риояти таҳримҳо алайҳи Русия машварат карданд.

Даргирии мусаллаҳонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сентябри соли 2022 ва радди иштирок дар размоиши СПАД аз сӯйи коршиносон ба маънои эътирози Бишкек аз Маскав дониста шуд.

Танқиди Эмомалӣ Раҳмон аз Русия барои “таваҷҷуҳи кам ба кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар расонаҳои байнулмилалӣ ба унвони талоши рӯ гардондани шарикони наздик таъбир шуд.

“Хеле рӯшан аст, ки ҷанг дар Украина на танҳо тавозуни қувваҳо дар Осиёи Миёнаро иваз кард, балки робитаи онҳо бо Русияро низ тағйир дод. Албатта, мазмуни аслии ин раванд канор гирифтани ин кишварҳо аз Русия ва талош барои дар инзиво қарор додани худ аз рухдодҳои номатлуб аст, ки хоси Русия мебошад”, - мегӯяд коршиноси умури Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии CAAN.

Ба қавли ӯ, чархишҳои Русия дар Шарқ ва талоши ҳамкорӣ бо Чин ва Ҳиндустон на ҳамеша ба суд ё фоидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки барои мисол бо Чин робитаи ҳамсон надоранд.

Ҳамкории амалӣ

Бо вуҷуди нишон додани истиқлол, маълум аст, ки садоқат ба Маскав нигоҳ дошта мешавад ва ҳар яке аз ин кишварҳо бо Русия муносибати дуҷониба пеш мебаранд.

Дар соли 2022 табодули молу коло бо кишварҳои минтақа ба таври чашмрас боло рафт. Аз ҷумла, бо Тоҷикистон 22%, бо Узбекистон 40%, бо Туркманистон 45% ва бо Қирғизистон 20 дарсад. Тибқи иттилои тарҳи KNOMAD-и Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2022 интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 4%, ба Узбекистон 11% ва ба Қирғизистон 7% бештар шуд. Ба ин тартиб, Русия мақоми сарчашмаи аслии интиқоли пул ба минтақаро нигоҳ медорад.

Ҳамаи кишварҳои минтақа соли гузашта дар мавриди қабули қатънома алайҳи Русия дар Созмони Милал мавқеи бетарафиро гирифтанд. Ҳеч яке аз ин кишварҳо мавқеи худро нисбат ба Маскав дар мавриди бурдани шаҳрвандони худ ба ҷанги Украина иброз накарданд.

Бо ин ҳол, ҳамаи ин кишварҳо дар сатҳи Вазорати умури хориҷӣ ба шаҳрвандони худ ҳушдор доданд, ки иштирок дар амалҳои мусаллаҳона ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Темур Умаров
Темур Умаров

“Барои Осиёи Марказӣ чандсамтӣ дар сиёсати хориҷа шарти ҳатмӣ барои пешрафти иқтисодист. Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия омода нест, хисороти бархоста аз қатъи робита бо Ғарбро пардохт кунад. Аз ин рӯ, худи Кремл аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ талаби вафодорӣ намекунад”, - менависад коршиноси минтақаӣ Темур Умаров дар пойгоҳи Carnegie Politika.

Имконият барои тақвияти иқтидоргароӣ

Ин коршинос ишора мекунад, ки Русия дар навбати худ тариқи кумак ба пешвоёни хос ҳарчи бештар ба сиёсати маҳаллии дохилӣ кашонда мешавад. Ӯ ба унвони мисол ба террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар ҳудуди Русия пас аз чандин сол дархости Душанбе ва боздошту хориҷ кардани фаъолони сиёсӣ бо талаби Душанбе ва Бишкек ишора кард. Бисёре аз он фаъолон шаҳрванди Русия буданд.

Стив Свердлов, фаъоли ҳуқуқи башар ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ҷанги Русия дар Украина ба тақвияти равандҳои иқтидоргароёна мусоидат ва ҳуқуқи байнулмилалиро заиф мекунад. Чизе, ки роҳбарони худкома мехоҳанд.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

“Барои Ғарб ҳоло муҳим он аст, ки чӣ тавр аз наздик шудани роҳбарони Осиёи Марказӣ ба Русия пешгирӣ кунад. Онҳо талоши қаноат додан ва фишор наовардан мекунанд ва бо ин режимҳо чунон рафтор кунанд, ки онҳо Русияро ҳимоят накунанд”, -- мегӯяд Свердлов.

Ин коршинос ба унвони мисол ба саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тақвияти фишор аз сӯи мақомот ба расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бишкек ишора мекунад.

Бо ин ҳол, ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ ба тақвияти мавқеи дарозмуддати Маскав дар минтақа ишора мекунанд, чун ҷанг дар Украина имконияти Русияро суст мекунад.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил, мегӯяд, дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебинанд, ки Маскав он имкониятҳои пештараро надорад ва ҳамаи манобеи худро ба Ғарб равона мекунанд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

“Ин раванд аз суханрониҳои сарони кишвар, фаъол шудани қудратҳое ба мисли Туркия ва Эрон ва тасмимҳои дигар рӯшан аст”, - мегӯяд коршинос.

Ба ҷуз ин, Муллоҷонов мегӯяд, вобастагии шадид аз манобеи кории Русия, тарҳҳои нафту газ дар минтақа, ҳузур дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва кафолати амният дар доираи СПАД иҷоза намедиҳад, дар бораи заиф шудани таъсири Русия дар кутоҳмуддат сухан гуфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG