Пайравони фирқаи католики масеҳият шаби 24 ба 25 декабр дар Маркази фарҳангии Ватикан дар Тоҷикистон аз ҷашни милоди Масеҳ ё Крисмас таҷлил карданд. Аммо ба фарқ аз солҳои гузашта раҳбарияти намояндагии Ватикан нагузошт, ки ҷараёни маросим аксу наворбардорӣ шавад.
Зиндонӣ шудани гурӯҳи бузурги имом-хатибони Суғд аз ҳодисаҳои муҳими соли 2016 буд, ки дар сояи гирудори “салафиҳо” ва маҳкумияти чордаҳ узви аршади ҲНИТ вокунишҳои ҷиддӣ ба бор наовард. Боздошти имом-хатибони масҷидҳои Суғд баҳори имсол оғоз шуд ва то моҳи декабр додгоҳҳо ҳудуди 20 нафарро барои шомил будан дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ба зиндон фиристоданд.
Сокинони маркази шаҳри Перми Русия алайҳи сохтмони бинои масҷид дар маҳалли иқоматашон эътироз карданд. Норозиён гуфтанд, ки сохтмони зиёду зич ба гаштугузори онҳо халал мерасонад.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, барои таҷлил аз мавлуди паёмбари Ислом расман иҷоза дод, вале аз сокинон хост, ки ин маъракаро бе додани ошу зиёфат баргузор кунанд. Дар қарори расмии Шӯрои уламо таъкид шудааст, ин маросим рӯзи 9 декабр баргузор мешавад.
Дин ва ҷомеа. Гузориш, мусоҳиба, сӯҳбатҳои мизи гирд дар бораи муносибати давлат ва дин. Шарҳи фатво ва нукоти мазҳабӣ.
Мақомоти Хуҷанд аз ҳузури ҷавонони ин шаҳр дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва муассисаву таълимгоҳҳои динии кишвари Арабистони Саудӣ нигаронӣ намуданд.
Сокинони деҳаи Сари-Талааи Ҷалолободи Қирғизистон ва имомхатиби маҳал ба наздикони ҳамдеҳаи худ Канигул Сотиболдиева иҷозат надодаанд, ки ҷасади ӯро дар қабристони маҳаллӣ дафн кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки ин зан пайрави масеҳият буд ва ӯ бояд дар макони дигар ба хок супорида шавад.
Ёфтҳои бештар