Ҷанги Украина
Макрон пешбинӣ кард, ки ҷанг "тӯлонӣ" давом мекунад
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки “ҷанг тӯлонимуддат” хоҳад шуд ва пешбинӣ кард, ки ҳуҷуми Русия ба Украина барои аврупоиҳо паёмадҳои сангине хоҳад дошт. Макрон, ки рӯзи 26 феврал дар як намоишгоҳи кишоварзии шаҳри Париж сӯҳбат мекард, дар муроҷиат ба кишоварзони кишвараш гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги Русия дар Украина нархҳо – аз нархи май (вино) сар карда то меваву сабзавот, баҳои содироти маҳсулот ва нархи энержӣ ҳамааш осеб мебинанд.
Кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия як бастаи калони таҳримҳо ҷорӣ карданд, чандин бонкро ба феҳристи сиёҳ ворид ва содироти фанновариҳоро манъ намуданд. Вале ба таҳрими низоми бонкии SWIFT, ки дар муомилаҳои пулии байналмилалӣ роиҷ аст, нарафтанд.
ИМА дар қарори 25-уми февралаш Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва сарфармондеҳи ситоди кулл Валерий Герасимовро таҳрим кард. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Канада ҳама гуна дороиҳои Путину Лавровро дар қаламрави худ масдуд карданд.
Шоми 25-уми феврал президенти ИМА Ҷо Байден санадеро имзо кард, ки 500 миллион доллар ёрии изтирории низомӣ ба ҳукумати Украинаро пешбинӣ мекунад. Вале маълум нест, ки ин кӯмакҳо кай вориди Украина мешаванд.
Аксар бозори саҳҳом дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир баҳои эътимод ба Русияро ба сатҳи поин фароварданд.
Украина аз 198 куштаву беш аз ҳазор захмии ҳуҷуми Русия хабар дод
Вазири беҳдошти Украина Виктор Ляшко рӯзи 26 феврал гуфт, ки дар паи ҳуҷуми нирӯҳои Русия ба Украина шумори кушташудаҳо 198 нафар ва маҷрӯҳшудаҳо беш аз як ҳазор нафарро ташкил додаанд. Маълум нест, ки то куҷо вазир ҳам афроди мулкӣ ва ҳам низомиро дар назар дорад.
Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то рӯзи шанбе 120 ҳазор паноҳҷӯи украинӣ кишварро тарк карда ба давлатҳои ҳамсоя гузаштаанд. Келли Клементс, муовини раиси Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки эҳтимолан вазъ аз ин бадтар шавад. Ӯ гуфт, “ҳоло мо мебинем, ки беш аз 120 ҳазор нафар ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Ин мардумро ҷомеаву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дараҷаи олӣ қабул мекунанд. Вале ҳодиса босуръат тағйир меёбад”.
Аксар паноҳҷӯён ба самти Полшаву Молдова мераванд, вале инчунин Руминия, Словакия ва Венгрия ҳам ба макони қабули паноҳандагони украинӣ табдил шудаанд.
Зеленский: "Мо аз сарзамини худ дифоъ мекунем". Ҳуҷуми Русия дар хоки Украина идома дорад. ВИДЕО
Президенти Украина Владимир Зеленский субҳи 26-уми феврал дар як паёме аз шаҳри Киев, ки нирӯҳои Русия ба он наздик шудаанд, гуфт, Украина таслим намешавад.
Зеленский, ки дар кӯча, дар назди қасри президенти Украина гап мезад, дар як паёми видеоӣ гуфт: «Ба хабарҳои сохта бовар накунед… Ман ҳаминҷоям, мо силоҳро ба замин намегузорем. Мо кишварамон, ҳақиқат, сарзамин, фарзандони худро дифоъ мекунем, ҳамаи ҳаминро дифоъ мекунем. Ман мехостам ҳаминро ба шумо бигӯям». Ин навор дар саҳифаи Twitter-и Зеленский нашр шуд.
Не вірте фейкам. pic.twitter.com/wiLqmCuz1p
— Володимир Зеленський (@ZelenskyyUa) February 26, 2022
Аз ин пеш Зеленский аз ҳамватанонаш хост, ки зидди ҳамлае бархезанд, ки шояд ояндаи кишварашонро муайян кунад. Ӯ пешниҳоди Амрикоро барои эвакуатсия ё берун рафтан аз кишвар рад карда гуфт: “Ҷанг дар ин ҷо аст”.
Баъди ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳру пойгоҳҳои низомии Украина, нерӯҳои ишғолгари Русия субҳи 26-уми феврал, тибқи хабарҳо, аз ҳар тараф ба дохилтари шаҳри Киев ворид мешаванд. Як шоҳид дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс аз мушакборони канораҳои шаҳр хабар дод.
Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина аксе дар Twitter нашр карда хонаи баландошёнаи осебдида аз ҳамлаи мушакиро дар маркази шаҳри Киев намоиш дод. Ӯ менависад: “Киев, ин шаҳри бошукуҳ ва осоиштаи мо, шаби дигаре аз ҳамлаҳои нерӯҳои хушкигарди Русия ва мушакҳо эмин монд. Яке аз онҳо ба як манзили истиқоматӣ дар Киев бархӯрдааст. Ман аз ҷаҳон талаб мекунам: Русияро пурра дар инзиво гузоред, сафирҳоро берун кунед, эмбаргои нафтӣ ҷорӣ кунед, иқтисодашро хароб кунед. Пеши роҳи ҷинояткорони ҷангии Русияро бигиред!”
Stop Russian war criminals! pic.twitter.com/c3ia46Ctjq
— Dmytro Kuleba (@DmytroKuleba) February 26, 2022
Чанде баъд навори видеоии саҳнаи ҳамлаи мушакӣ ба манзили истиқоматӣ нашр шуд.
Video of the moment that the missile hit the high-rise in Kyiv, #Ukraine. pic.twitter.com/uhFmrGCte2
— Global: MilitaryInfo (@Global_Mil_Info) February 26, 2022
Як мушовири Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ки дар ин ҳамла ҳеч нафаре кушта нашудааст. Ба гуфтаи як ходими идораи ёрии таъҷилӣ, касе кушта нашудааст, вале шаш нафар маҷрӯҳ гаштаанд. Антон Герашенко инчунин гуфт, иддаои Русияро, ки нӯё неруҳояш ба муассисаҳои осоишта зарба намезананд, дурӯғ номид. Ба гуфтаи ӯ, дастикам 40 макони ғайринизомӣ ҳадаф қарор гирифт ва нерӯҳои Русия биноҳои истиқоматиро низ тирборон мекунанд.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои Русия аз баҳри Сиёҳ ба шаҳрҳои Суми, Полтава ва Мариупол мушакҳои болдор партоб кардаанд ва дар наздикии шаҳри ҷанубии Мариупол даргириҳои шадид идома доранд.
Субҳи 26 феврал низомиёни украинӣ гуфтанд, ки як ҳавопаймои низомии онҳо ҳавопаймои дуюми русии навъи "ИЛ-76"-ро сарнагун кард. Ин ҳавопаймои ҳарбии боркаш мебошад. Ду мақоми амрикоие, ки аз вазъ дар Украина иттилои дасти аввал мегиранд, гуфтанд, ки як ҳавопаймои низомии русӣ дар наздикии Белая Серков, дар 85-километрии ҷануби Киев суқут дода шуд.
Рӯзи 25-уми феврал низомиёни украинӣ гуфтанд, ки дар 50-километрии ҷануби Киев дар наздикии шаҳри Василков ҳавопаймои навъи "ИЛ-76"-ро, ки неруҳои ҳавобурд ё десантро интиқол медод, сарнагун карданд. Тарафи Русия инро шарҳ надод ва феълан имкони тасдиқ кардани ин хабар вуҷуд надорад.
Хабаргузории Интерфакс гуфт, ки ҳарбиёни Русия нерӯгоҳи барқи обии шаҳри Киевро гирифтанд, вале Михайло Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина гуфт, ки вазъият дар Киев ва канораҳои он таҳти назорати ҳарбиёни украин мебошад.
Подоляк гуфт, “дар дохили шаҳр бархе гурӯҳҳои вайронкору ҷосус ошкор шудаанд, полис ва нерӯҳои худдифоъ ба таври муассир алайҳи онҳо кор мекунанд”.
Мақомоти дифоии амрикоӣ бовар доранд, ки ҳуҷуми нерӯҳои Русия бо муқовимати сахте рӯбарӯ шудааст ва ба ҳамин хотир суръати ҳаракаташ костааст, вале ҳама чиз метвонад зуд дигар шавад. Дар се рӯзи ҷанг, ба қавли низомиёни украин, онҳо тавонистанд 14 ҳавопаймо, 8 чархбол, 102 тонк, 536 мошини низомӣ ва инчунин 3 ҳазор низомии русро нобуд кунанд. Дар ин бора дар як изҳороташ рӯзи 26 феврал вазорати дифои Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Вале санҷиш ва тасдиқи ин хабар номумкин аст.
— OSINTtechnical (@Osinttechnical) February 26, 2022
Русия ҳеҷ оморе дар бораи талафот нашр намекунад. Вазири беҳдошти Украина Виктор Ляшко рӯзи 26 феврал гуфт, ки дар паи ҳуҷуми нирӯҳои Русия ба Украина 198 украинӣ кушта ва зиёда аз ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Вай шарҳ надод, ки чӣ шуморе аз онҳо ҳарбиён будаанд. Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то рӯзи шанбе 120 ҳазор паноҳҷӯи украинӣ кишварро тарк кардаанд.
Келли Клементс, муовини раиси Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки эҳтимолан вазъ аз ин бадтар шавад. Ӯ гуфт, “ҳоло мо мебинем, ки беш аз 120 ҳазор нафар ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Ин мардумро ҷомеаву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дараҷаи олӣ қабул мекунанд. Вале ҳодиса босуръат тағйир меёбад”.
Аксар паноҳҷӯён ба самти Полшаву Молдова мераванд, вале инчунин Руминия, Словакия ва Венгрия ҳам ба макони қабули паноҳандагони украинӣ табдил шудаанд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки “ҷанг дарозмуддат” хоҳад шуд ва пешбинӣ кард, ки ҳуҷуми Русия ба Украина барои аврупоиҳо паёмадҳои сангине хоҳад дошт. Макрон, ки рӯзи 26 феврал дар як намоишгоҳи кишоварзии шаҳри Париж сӯҳбат мекард, дар муроҷиат ба кишоварзони кишвараш гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги Русия дар Украина нархҳо – аз май сар карда то меваву сабзавот ва баҳои содироти маҳсулот ва нархи энержӣ осеб мебинанд.
Кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия як бастаи калони таҳримҳо ҷорӣ карданд, чандин бонкро ба феҳристи сиёҳ ворид ва содироти фанновариҳоро манъ намуданд. Вале ба таҳрими низоми бонкии SWIFT, ки дар муомилаҳои пулии байналмилалӣ роиҷ аст, нарафтанд.
ИМА дар қарори 25-уми февралаш Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва сарфармондеҳи ситоди кул Валерий Герасимовро таҳрим кард. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Канада ҳама гуна дороиҳои Путину Лавровро дар қаламрави худ масдуд карданд.
Шоми 25-уми феврал президенти ИМА Ҷо Байден санадеро имзо кард, ки 500 миллион доллар ёрии изтирории низомӣ ба ҳукумати Украинаро пешбинӣ мекунад. Вале маълум нест, ки ин кӯмакҳо кай вориди Украина мешаванд.
Аксар бозори саҳҳом дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир баҳои эътимод ба Русияро ба сатҳи поин фароварданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ Русия нагузошт қатъномаи маҳкумкунандаи ҳуҷум ба Украина қабул шавад. 11 кишвар ба тарафдории қабули қатънома овоз доданд, вале Чину Ҳинд ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Зеленский гуфт, ки соатҳои наздик Украина ва Русия замону макони ташкили муколамаро баррасӣ мекунанд. Кремлин чанде пештар пешниҳод кард, ки мулоқот дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус барпо шавад. Украина Варшаваро интихоб намуд ва ин чиз, ба қавли сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков боиси “танаффус” дар тамосҳо шуд.
Сухангӯи Зеленский – Сергей Никифоров дар Фейсбукаш навишт, ки “Украина ба музокирот дар бораи оташбас ва сулҳ омода мебошад”. Ӯ гуфт, “мо ба пешниҳоди президенти Федератсияи Русия омода ҳастем”.
Нед Прайс, сухангӯи департаменти давлатии ИМА гуфт, ки пешниҳоди Русия талоши барпо кардани дипломатияи “зери мили туфанг” аст ва муҳимтарин чиз барои муколамаҳо ин аст, ки низомиёни Путин бомбафкании Украинаро хотима диҳанд.
Субҳи 25-уми феврал Путин аз низомиёни Украина хост, ки таслим шаванд. Ӯ гуфт: “Барои мо осонтар аст, ки назар ба як гурӯҳи нашъаманду неонасистҳое, ки дар Киев нишаста, ҳамаи мардуми украинро гаравгон гирифтаанд, бо шумо муколама кунем”. Иттиҳомоти бедалели Путин бори дигар ба он ишора мекунад, ки ҳадафи ниҳоии ӯ сарнагун кардани ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Зеленский мебошад.
Таҳримҳои зидди Путин дар ИМА, ИА ва дигарҳо
Вазорати молияи ИМА дар робита бо ҳамлаи Русия ба Украина феҳристи нави таҳримҳоро нашр кард, ки ба ин рӯйхат президенти Русия Владимир Путин ҳам дохил карда шудааст. Ҳамчунин вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу, сарфармондеҳи ситоди кулл Валерий Герасимов таҳрим шуданд. Ин нафарон ҳақ надоранд ба ИМА ворид шаванд ва сармояҳои онҳо масдуд мешавад.
Исми Путин ва Лавров ба феҳристи таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам дохил карда шудааст. Аврупо дороиҳои онҳоро масдуд карда, вале ҳақи ворид шудан ба қаламравашонро бекор накардааст. Дар феҳристи таҳримҳои аврупоиҳо инчунин исми муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва собиқ президент Дмитрий Медведев, раиси ҳукумат Михаил Мишустин, вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ва дигарҳо мебошанд.
Таҳримҳои иловагии ҷоришуда бахши молия, воридоти таҷҳизоти коркарди нафт, ҳавопаймоҳо ва қисмҳои эҳтиётии техникаи ҳавоӣ, ширкатҳои бахши дифоӣ, ширкатҳои Роҳи оҳан ва “КамАЗ”-ро дар бар мегиранд. Қоидаи соддаи гирифтани виза барои гурӯҳи муайяни шаҳрвандон ҳам бекор шуд.
Бритониё ва Канада ҳам зидди Путин таҳримҳои инфиродӣ ҷорӣ карданд.
На ҷойи рафтан, на ҷойи мондан. Тоҷикон дар Украина чӣ ҳол доранд? ВИДЕО
Муҳоҷирони тоҷик дар Украина мегӯянд, роҳҳои заминию ҳавоӣ барои берун шудан аз ин кишвар баста аст ва онҳо дар шароити номаълуме зиндагӣ доранд.
Қурби рублу қатъи парвозҳо. Таъсири ҷанг ба Тоҷикистон. ВИДЕО
Аввалин пайомадҳои ҳамлаи Русия ба Украина дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад.
Рӯзи гузашта қурби рубли русӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ якбора паст шуд, чандин парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия бекор шуданд. Пеш омадани чунин вазъият аз ҳоло муҳоҷирон ва наздикони онҳоро нигарон кардааст.
Субҳи 24-уми феврал бо фармони президент Владимир Путин нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд. Ин ҳамла то кунун ҳадди ақал 137 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузоштааст. Кишварҳои Ғарбӣ ҳамлаи Русияро маҳкум карда, алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.
“800 сомон кам дар чор рӯз”
Ду рӯз аст, ки рақамҳо дар таблои бонкҳои Тоҷикистон зуд-зуд тағйир мекунанд. Бахусус қурби рубли русӣ. Агар бегоҳи 23-юми феврал 1000 рубл қариб 142 сомонӣ буд, рӯзи гузашта то 120 сомонӣ пойин фаромад. Ҳоло арзиши ҳазор рубли русӣ ба 133 сомонӣ баробар аст. Муҳоҷирон ва наздикони онҳо аз якбора пасту баланд шудани қурби рубл нигаронанд.
Сиёвуш Абдуқодиров, муҳоҷири тоҷик ҳар моҳ ба Тоҷикистон 50-60 ҳазор рубл мефиристад. Агар 50 ҳазор рубли ӯ аввали ҳафта ба 7450 сомонӣ баробар буд, пас имрӯз 6650 сомонӣ мешавад. 800 сомонӣ камтар.
“Албатта қурб баланд бошад барои падару модар, барои хонавода хубтар аст. Аз пастшавии қурб мо зарар мекунем,-“афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ду рӯзи ахир садҳо нафар ба Радиои Озодӣ паём навишта, мехостанд қурби рубли русиро фаҳманд. Масъалаи қурби рубли русӣ ба он хотир барои мардуми Тоҷикистон муҳим аст, ки беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунанд. Маблағи фиристодаи аксари муҳоҷирон маҳз бо рубли русист.
Аммо фақат муҳоҷирон ва наздикони онҳо нестанд, ки аз пайомади ҳамлаи Русия, бахусус паст шудани қурби рубл, ранҷ мекашанд. Рустаборони муқими Тоҷикистон ҳам нигарони оянда ҳастанд. Чун ба гуфтаи онҳо, агар поёнравии қурби рубл ҳаминхел давом кунад, даромади онҳо кам мешавад.
Як хонуми рустабор, ки дар яке ташкилотҳои русии муқими Душанбе кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, қурби рубл поён равад, маоши онҳо ҳам бо сомонӣ кам мешавад.
Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад афзуд, “ин ба ҳаёти мо таъсири манфӣ мерасонад. Маҳсулоти ниёзи аввал гарон мешавад, маошҳо боло намераванд. Чӣ кор кунем, тоқат мекунем, рафта дуздӣ карда натавонам.»
“Парвозҳо ба 6-7 шаҳр манъ шуданд”
Поин рафтани қурби асъор ягона таъсири ҳамлаи Русия дар Тоҷикистон нест. Аз субҳи 24-уми январ чанд ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз накард. Рӯзи 25-уми феврал дар чанд нуқтаи билетфурӯшии Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ду рӯзи ахир пули билети чандин нафарро бозпас доданд ё парвозро ба рӯзи дигар гузаронданд.
АбдулҳайЮсупов, корманди яке аз ин нуқтаҳои билетфурӯшӣ мегӯяд, ба онҳо гуфтанд, чунин вазъ ҳадди ақал то 2-юми март идома мекунад.
Юсупов афзуд, “парвозҳо тақрибан ба 6-7 шаҳри Русия манъ шудагӣ аст. Аз ҷумла Красонодор, Ростов, Воронеж ва минтақаҳое қатъ шуд, ки ҳамсарҳади Украина ҳастанд.”
Буҳрони Русияву Украина ва бахусус ҳамлаи неруҳои рус дар бахши тоҷикии Фейсбук ҳам баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст. Бисёриҳо ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум мекунанд. Ҳарчанд ҳастанд нафароне, ки аз амалкарди Кремл пуштибонӣ мекунанд. Аммо ҳарду тарафи баҳс дар як масъала иттифоқи назар доранд, ки идома ёфтани ҷанги Русия бо Украина ба иқтисоди Тоҷикистон бахусус муҳоҷирон зарба мезанад.
СММ ба қабули 4 миллион паноҳҷӯи украин омода мешавад
СММ гуфт, ки ба қабули 4 миллион паноҳандаи украинии фирории ҷанги Русия омода мешавад. Шабиа Манту, сухангӯи идораи паноҳандагони СММ дар нишасти хабарии 25-уми феврал дар Женева гуфт, ки то ҳол дастикам 100 ҳазор сокини Украина хонаҳои худро тарк карда чанд ҳазор нафар аллакай хоки ҳамсоякишварҳои Молдова, Руминия ва Полшаро убур кардаанд. Ин идораи СММ гуфт, ки барои ёрӣ ба фирориҳои украинӣ омода мебошад. Аз ҷумла, ба иттилои ҳукумати Молдова, дар сарҳади ин кишвар 16 ҳазор ва Руминия 10 ҳазор паноҳҷӯи украиниро қабул кардаанд. Ба иттилои СММ, дар Украина талафоти афроди мулкӣ 127 нафар, аз ҷумла, 25 куштаву 102 захмӣ мебошанд.
Яке мегӯяд, Русия кори бад кард, дигарӣ баръакс
Ҳамкорони Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе ва Хуҷанд пурсиданд, ки дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина чӣ назар доранд ва оё ҳамла ба кишвари дигар кори дуруст аст? Посухҳояшонро худатон бубинеду бигӯед, ки дуруст мегӯянд, ё не?
Лавров гуфт, Украина "фурсати" музокираро "аз даст дод"
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки президенти Украина Владимир Зеленский “ҳама фурсатҳои” баррасии масоили амниятиро бо Маскав аз даст дод. Изҳороти Лавров дар ҳоле садо дод, ки ҳуҷуми низомиёни русӣ алайҳи шаҳру минтақаҳои Украина идома дорад. Дар як нишасти матбуотии 25-уми феврал Лавров гуфт, Зеленский дар бораи омодагиҳо ба музокирот бо Маскав ба хотири роҳ надодан ба талафоти бештар “дурӯғ” мегӯяд. Ӯ гуфт, Русия дар сурати ба даъвати президенти Русия Владимир Путин гӯш дода даст аз муқовимат ва силоҳ бардоштани нирӯҳои украинӣ ба муколама розӣ мешавад. Ӯ гуфт, “ҳеҷ кас дар фикри ишғоли Украина нест” ва суханҳои Путинро такрор кард, ки ҳадафи ҳуҷуми низомии Русия “бесилоҳ ва орӣ аз нозӣ кардани Украина мебошад”. Путин рӯзи 21 феврал дар як иттиҳоми бепояву асосаш гуфт, ки ҳукумати Украина “неонасист” аст ва дар фикри дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ мебошад. Бо ин баҳона ҳуҷум ба хоки Украинаро ҳам “сафед кард”.
УЕФА Русияро аз мизбонии финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо маҳрум кард
УЕФА (Созмони футболи Аврупо) рӯзи 25 феврал эълон кард, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дар моҳи май ба далели ҳамлаи Русия ба Украина аз Санкт-Петербурги Русия ба Пориси Фаронса интиқол дода мешавад.
Қароре, ки ҳамагон интизор буданд, дар ҷаласаи фаврии ташкилнамудаи кумитаи иҷроия пас аз камтар аз 36 соати вуруди нерӯҳои Русия ба Украина гирифта шуд.
"УЕФА мехоҳад ба президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон барои дастгирии шахсӣ ва ӯҳдадориаш дар интиқоли бонуфузтарин бозии футболи бошгоҳҳои Аврупо ба Фаронса дар замони бӯҳрони бесобиқа изҳори сипос намояд", - гуфта мешавад дар изҳороти УЕФА.
"УЕФА якҷоя бо ҳукумати Фаронса кӯшишҳои ҷонибҳои манфиатдорро барои наҷоти футболбозон ва оилаҳои онҳо дар Украина, ки бо азобу уқубатҳои даҳшатноки инсонӣ, харобшавӣ ва оворашавӣ рӯбарӯ ҳастанд, комилан дастгирӣ хоҳад кард."
Кремл ин тасмими УЕФА-ро "шармовар" номид.
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал дастури ҳамла ба Украинаро содир кард. Шаҳрҳои гуногуни Украина дар ду рӯзи гузашта ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи Русия аз замин, ҳаво ва баҳр қарор гирифтанд. Кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.
Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи УЕФА инчунин тасмим гирифта шуд, ки бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби Русия ва Украина дар мусобиқаҳои УЕФА бояд то огоҳии минбаъда дар варзишгоҳҳои бетараф бозӣ кунанд.
Мувофиқи иттилои УЕФА, бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо рӯзи 28 май дар варзишгоҳи дорои 80 000 ҷойгоҳ барои тамошобинон баргузор мешавад.
Соли сеюм аст, ки пайиҳам интиқоли ғайринақшавии бозии ниҳоӣ талаб карда мешавад. Ду мавсими пештара, ки бо коронавирус бастагӣ дошт, шаҳрҳои Лиссабон ва Портуи Португалияро аз финал маҳрум кард.
Порис панҷ финали мусобиқаҳои сатҳашон олӣ, аз ҷумла финали аввал дар соли 1956, инчунин дар солҳои 1975 ва 1981-ро дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” ва дар солҳои 2000 ва 2006-ро дар варзишгоҳи “Стад де Франс” баргузор карда буд.
Рӯзи дуюми ҷанг дар Украина. Ҷонибҳо аз талафот хабар доданд. ВИДЕО
Вазорати умури дохилии Украина гуфт, чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини Киев таҳти ҳамлаҳои мушакӣ мондаанд.
Яке аз мушакҳоро задаанд, дигарӣ ба бинои истиқоматӣ афтодааст. Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, се кас осеб дидаанд. Дар Украина ҷалби саросарӣ ба артиш эълон шуд. Нахуствазир Денис Шмигал гуфт, низомиёни Русия нерӯгоҳи Чернобилро таҳти контрол гирифтаанд.
Денис Шмигал, нахуствазири Украина гуфт: “Бо таассуф хабар медиҳам, ки минтақаи мамнуи атрофи нерӯгоҳи атомии Чернобил ва тамоми иншооти он таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Русия даромаданд.”
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, то кунун дар ин минтақа талафоту захмиён сабт нашудааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Владимир Зеленский аз ҳалокати 137 украинӣ хабар дод. Дар байни онҳо марзбонони ҷазираи Змеиний ҳастанд, ки неруҳои Русия гирифтанд. Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний дар Фейсбук навишт, дар як шабонарӯз 30 тонк, 130 мошини зиреҳпӯш, 7 ҳавопаймо ва 6 чархболи душманро нобуд карданд.
Муовини вазири дифои Украина аз маҳви 800 сарбози рус хабар дод. Вазорати дифои Русия аз талафот дар байни низомиён ва муҳимоти ҷангӣ иттило намедиҳад ва мегӯяд, Украина ба дурӯғпароканӣ машғул аст. .
Игор Конашенков, сухангуи вазорати дифои Русия гуфт: “Дар маҷмуъ, дар натиҷаи зарбаҳои нерӯҳои мусаллаҳ 83 иншооти низомии Украина вайрон шуд. Аз рӯзи оғози амалиёти махсуси низомӣ ду ҳавопаймои СУ-27 ва СУ-24, як чархбол, чаҳор ҳавопаймои бесарнишини “Байрақдор”-и неруҳои мусаллаҳи Украина маҳв шуд.”
Владимир Путин, рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо ҳалқаҳои соҳибкории Русия, гуфт, ба ғайр аз фиристодани нерӯҳо ба Украина илоҷи дигаре надошт.
“Ончӣ ки мегузарад, аз ноилоҷист. Онҳо дигар роҳеро барои мо нагузоштанд. Ба хатарҳое, ки дар арсаи амният сохтанд, ба дигар васила ҷавоб додан номумкин буд.”,--гуфт ӯ.
Дар гузашта Путин борҳо гуфтааст, ки ба Русия ваъда додаанд, ки НАТО дар шарқ тавсиа намеёбад, вале фиреб доданд.
Дар гирдиҳамоиҳои зидди ҷанг дар Русия бештар аз 1700 кас боздошт шуд
Дар даҳҳо шаҳри Русия рӯзи панҷшанбе гирдиҳамоиҳои зидди ҷанг бо Украина ташкил шуд. Ин гирдиҳамоиҳо бо мақомот ҳамоҳанг нашуда буданд.
Дар бисёре аз шаҳрҳо ширкатдоронро боздошт карданд. Ба иттилои сомонаи ОВД-инфо, дар саросари Русия бештар аз 1700 кас боздошт шудааст.
Гирдиҳамоиҳо бо шумори зиёдтари иштирокдорон дар Москва ва Петербург баргузор шуд.
Дар майдони Пушкини Москва ҳангоми баргузории гирдиҳамоӣ се хабарнигори Радиои Озодӣ боздошт шуд. Расонаҳо аз боздошти хабарнигорони дигар низ иттилоъ медиҳанд.
Саҳифаи телеграмии Baza бо такя ба манобеи худ навишт, ки пулис дастури парокандасозии қатъии гирдиҳамоиҳоро гирифтааст.
Дар Санкт-Петербург низ сокинон ба кӯча баромаданд. Пулис бештар аз 400 касро боздошт кард.
Матвиенко гуфтааст, “эътирофи истиқлолияти Луҳанску Донетск кори худи кишварҳо аст”
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия – палатаи болоии парлумони Русия гуфт, “ҳар кишвар худаш интихоб мекунад, ки истиқлолияти ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луҳанскро ба расмият шиносад."
Ин изҳорот рӯзи 25 феврал дар Душанбе дар посух ба суоли хабарнигори оҷонсии расмии Русия - ТАСС садо додааст, ки пурсидааст: оё Матвиенко дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эътирофи ин ҷумҳуриҳои худхондаро баррасӣ кардааст ё на?
Русия 23 феврал минтақаҳои ҷудоихоҳи Украинаро ҳамчун давлатҳои мустақил расман шинохт ва ҳампаймонҳои худро дар вазъе гузошт, ки бояд Маскавро ҳамроҳӣ кунанд ё сукут варзанд. То ҳол ҳеч яке аз кишварҳои пасошӯравӣ истиқлоли давлатии ду минтақаи Украинаро эътироф накардааст. Ин эътироф аз тарафи Русия ба оғози ҳамлаи он ба Украина замина гузошт.
Матвиенко ҳамчунин гуфт, кишвараш зарур намешуморад, давлатҳои дигарро ба эътирофи ин минтақаҳо мойил гардонад, вале афзуд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро “аз таҳаввулоти атрофи Украина огоҳ кард”. Маълум нест, вокуниши президент ва дигар мақомоти тоҷик ба ин гуфтаҳо чӣ будааст.
Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кард?
Вебсайти президенти Тоҷикистон дар нашри хабаре оид ба мулоқоти Матвиенко ва Раҳмон бидуни зикри исми кишвари Украина мухтасар гуфтааст, ки "ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт".
Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатдаморон ва порлумони Тоҷикистон ба рӯйдодҳои ахири Украина вокунише нишон надодаанд. Танҳо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муҳоҷирони тоҷик дар Украина муроҷиат кард, ки аз эҳтиёт кор гиранд.
Рӯзи 24-уми феврал артиши Русия ба хоки Украина ҳамла кард. Шаҳрҳои гуногуни Украина дар 24 соати гузашта ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи Русия аз замин, ҳаво ва баҳр қарор гирифтааст. Кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.
Бисёр раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва Аврупову Ховари Миёна ҳамлаи низомии Русия ба Украинаро маҳкум карданд, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо гузашти беш аз 24 соат аз ин ҳодисаҳо ҳеҷ вокуниш ё изҳороте нашр нашудааст. Вебсайти хабаргузории расмии “Ховар” ҳам бо чанд хабари расмӣ, аз ҷумла, дастури Путин ба “амалиёти низомӣ дар Донбасс” ва муроҷиати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба тоҷикистониён дар Украина иктифо кардааст.
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 24 феврал даъвати Дабири кулли СММ Антониу Геттерешро нашр кард, ки ҳамлаи Русияро маҳкум мекунад. Вале пас аз чанд соат хабаргузорӣ ин иттилоъро аз сомонаи худ пок кард.
Вокунишҳои дигар
Вале корбарони тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украинаро бештар аз ду зовия баррасӣ мекунанд. Садои мухолифони ин ҷангу маҳкумияти амалҳои Кремлин дар баробари тарафдорони он баланд садо медиҳад. Дар миёни онҳое, ки ин ҷангро ошкоро маҳкум кардаанд, бархе чеҳраҳои ҷамъиятӣ ҳам ба чашм мерасанд.
Дар миёни давлатдорони Осиёи Марказӣ ҳам вокуниш ба ҳодисаҳои Украина хеле заъиф аст. Дирӯз раиси сенати Қазоқистон Маулен Ашимбоев ба саволи хабарнигорон дар бораи таҳаввулоти атрофи Украина ин ҳодисаҳоро “амалиёти низомӣ” номид, онгуна, ки мақомот дар Кремлин мегӯянд, дар ҳоле, ки бисёриҳо ҳуҷуми Русияро “шурӯи ҷанг алайҳи Украина” номидаанд.
Ашимбоев ба суоли журналистон дар бораи эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба низоъ бо Украина посухи рад дод ва гуфт, ки "Маскав бо чунин дархосте муроҷиат намекунад", чун, ба гуфтааш, оинномаи ин созмони низомӣ дигар аст. Ин пурсиш, зоҳиран, бо ишора ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон буд, ки ошӯб ва беназмиҳои рухдода дар паи эътирозҳои мардумиро аз роҳи ворид кардани нирӯҳои СПАД ҳал карданд.
Бархе хабарнигорону коршиносон мегӯянд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз сангари тарафдорону муттафиқони президенти Путин – як ҳомии низомҳои худкомаи ғайридемократӣ мебошад, ҳеҷ гоҳ ба таври ошкор амалҳои Маскавро алайҳи Украина маҳкум намекунанд. Ҳарчанд, ба қавли таҳлилгарон, аксари онҳо бо иқдомҳои ӯ розӣ буда наметавонанд, чунки айни чунин таҳдидро ба тамомияти арзиву истиқлолити худ ҳам аз ҷониби Маскав эҳсос мекунанд.
Дар ҳодисаҳои гузаштаи мисли эълони истиқлолияти Абхозистону Осетияи Ҷанубии Гурҷистон ваё ишғоли нимҷазираи украинии Қрим ҳам кишварҳои мисли Тоҷикистон ҳарчанд изҳороте нашр накарданд, вале истиқлолияти минтақаҳои ҷудоиталабро ҳам ба расмият нашинохтанд.
Баъди таҳримҳо мақомҳои Русия ба сӯи ОМ шитофтанд?
Рӯзи 25-уми феврал ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва Қазоқистон мизбони ду мақоми баландпояи ҳукумати Русия буданд, ки иқтисод яке аз мавзӯъҳои калидии ин сӯҳбатҳо будааст. Дар Душанбе Матвиенко дар ҷараёни Форуми иқтисодӣ аз рушди додугирифтҳои тиҷоратии байни Тоҷикистону Русия ситоиш карда гуфтааст, ки соли 2021 мизони додугирифтҳои тиҷоратии байни ду кишвар 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки, ба гуфтааш, «45 дарсад бештар назар ба давраи то пандемия мебошад». Ӯ ба зарфиятҳои бештари ин ҳамкориҳо ишора кардааст.
Ҳамзамон дар Қазоқистон президент Қосимҷомарт Тоқаев нахуствазири Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфт. Тафсилоти сӯҳбатҳои ин ду мақом, ки аз ҷумла, ҳуҷуми Русия ба Украинаро ҳам дахл кардааст, дар сайти Тоқаев чоп шуд. Мақомот гуфтанд, роҳҳои ҳифзи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар пасманзари таҳримҳои ҷоришудаи Ғарб болои Русияро баррасӣ карданд. “Талошҳои муштарак барои пешгирӣ аз коҳиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар пасманзари тағйироти вазъ дар Украина ва таҳримҳои байналмилалии таҳмилшуда болои Русия”-ро баррасӣ карданд.
Зимнан, бино ба иттилои расмӣ, Мишустин бо ҳадафи ширкат дар кори Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва аз рӯи нақшаи аз пеш тарҳрезишуда ба шаҳри Нурсултон рафтааст.
Зеленский гуфт, дар Украина 137 нафар кушта шуд
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба кишвараш аз дирӯз то кунун 137 нафар низомӣ ва ғайринизомиён кушта шудаанд. Ӯ бо нашри як видео субҳи 25-уми феврал қурбониёни ҷангро “қаҳрамон” номид ва гуфт, бештар аз 300 каси дигар захм бардоштаанд. Ба гуфтаи Владимир Зеленский, бо вуҷуди талафот, артиш “Украинаро дар баробари як кишвари қудратмандтарини дунё ба таври дурахшон муҳофизат мекунад.” Ӯ инунин шикоят кард, ки Украинаро дар ҷанг бо Русия танҳо гузоштаанд ва афзуд, “Кӣ омода аст, дар канори мо биҷангад? Ман ҳеч касеро намебинам”. Пештар аз ин муроҷиати видеоӣ, Владимир Зеленский фармони даъвати саросарӣ ба артишро имзо кард ва амр дод, ки ба ҷавонону мардони аз 18 то 60-сола ҳаққи берун рафтан аз кишвар дода нашавад. Русия ҳамла ба Украинаро рӯзи 25-уми феврал бо мушакборони баъзе аз шаҳрҳову пойгоҳҳои низомии Украина шуруъ шуд. Мақомоти Украина мегӯянд, ки неруҳои кишвар дар ҷабҳаҳои гуногун дар шаҳрҳои Суми ва Харков то ба Херсону Одесса ба зидди неруҳои Русия меҷанганд.