Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина

Охирин таҳаввулоти Украина. Ҳамлаи густурдаи артиши Русия ба Киев

Киев -- пойтахти Украина дар чанд соати ахир ҳадафи ҳамлаҳои мушакии артиши Русия қарор гирифт. Сокинони ин шаҳр наворҳои зиёде аз ҳамлаҳои шабонаи нерӯҳои рус ва фуруд омадани оташ аз осмон, нашр кардаанд. Дар яке аз ин ҳамлаҳо, як бинои истиқоматӣ оташ гирифтааст. Даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони Киев шаби гузаштаро дар метро ва паноҳгоҳи зидди ҳамлаи ҳавоӣ сипарӣ карданд.

Нашрияи "Newsweek" ба нақл аз манбаъҳои худ навиштааст, ки системаи дифои ҳавоии Украина як ҳавопаймои русиро сарнагун кард ва бархӯрдани ин ҳавопаймо ба як бино дар Киев, боиси сӯхтор дар он шуд. Хабаргузории "Интерфакс"-и Украина субҳи ҷумъа гузориш дод, ки садои ду таркиш дар Киев шунида шудааст.

Расонаҳо қаблан аз эҳтимоли ҳамлаи густурдаи Русия ба Киев гузориш дода буданд. Нашрияи "Newsweek" ба нақл аз манбаъҳои худ дар Украина навишта буд, ки Киев эҳтимолан шаби ҷумъа ҳадафи ҳамлаи густурда қарор мегирад.

Ин гузориш пас аз изҳороти Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико нашр шуд, ки гуфт, "далелҳо нишон медиҳанд, ки Русия ният дорад Киевро муҳосира ва таҳдид кунад". Блинкен рӯзи панҷшанбе гуфт, "Русия дар садади нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар Украина аст" .

Тибқи гузоришҳои дигар, як бинои дигар ҳам дар Киев ба ҳамин шакл оташ гирифтааст ва дар умум бар асари ин сӯхторҳо се нафар захмӣ шудаанд, ки вазъи ҷисмонии яке аз онҳо вазнин будааст.

Владимир Зеленский субҳи ҷумъа гуфт, "гурӯҳҳои харобкор"-и русӣ вориди Киев шудаанд ва сипас аз мардум хост ҳушёр бошанд ва муқаррароти рафту омадро риоя кунанд. Шаҳрдори Киев рӯзи гузашта дар пойтахт соати комендантӣ эълон кард.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфтааст, кишвар ва мардумаш ҳаросе надоранд, қавиянд ва ба ҳама чӣ омодаанд. Ҳамзамон ҳукумати Украина аз ҳалокати 137 нафар, асосан низомиёнаш дар рӯзи аввали ҷанг хабар додааст. Зеленский дар як паёми видеоӣ хабар дод, ки 316 сарбози украинӣ захмӣ шудаанд.

Вай изҳор дошт, "имрӯз Русия ба тамоми хоки Украина ҳамла кардааст ва имруз нерӯҳои дифоии мо амалкарди хеле хубе доштанд".

Ӯ шикоят кард, Украинаро дар ҷанг бо Русия танҳо гузоштаанд ва афзуд, "кӣ омода аст, дар канори мо биҷангад. Ман ҳеҷ касеро намебинам". Пештар аз ин муроҷиати видеоӣ, Владимир Зеленский фармони даъвати саросарӣ ба артишро имзо кард ва амр дод, ки ба ҷавонону мардони аз 18 то 60-сола ҳаққи берун рафтан аз кишвар дода нашавад.

Артиши Украина эълон кард, ки 30 танк, 5 ҳавопайм ва 6 чархболи артиши Русияро аз байн бурдааст. Ба навиштаи "Newsweek" бо такя ба Вазорати дифои Украина, нерӯҳои вокуниши сареи ин вазорат се чархболи русиро сарнагун кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин эълон кард, нерӯҳои украинӣ фурудгоҳеро, ки ҳавопаймоҳои русӣ дар он поин омада буданд, мушакборон кардааст.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал дастури ҳамла ба Украинаро содир кард. Шаҳрҳои гуногуни Украина дар 24 соати гузашта ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи Русия аз замин, ҳаво ва баҳр қарор гирифтааст. Кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

Байден гуфт, ки Русияро барои ҳамла ба Украина чӣ гуна ҷазо медиҳанд

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Президенти Амрико 24-уми феврал гуфт, алайҳи Русия барои ҳамла ба Украина таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Ҷо Байден ҳамлаи Русияро ба Украина "нақзи фоҳиши қонунҳои байнулмилалӣ" хонд. Ин ҳамла субҳи 24-уми феврал оғоз шуд.

"Путин мутаҷовиз (таҷовузкор) аст ва ҷангро интихоб кард ва акнун ӯ ва кишвараш бо оқибатҳои он рӯбарӯ хоҳанд шуд," – гуфт Байден. Раисиҷумҳури Амрико пешгӯйӣ кардааст, ки Владимир Путин дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун шахси манфур хоҳад монд ва афзудааст, ки нияти гуфтугӯ бо вайро надорад.

Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе аз банд шудани дороиҳои чаҳор бонки Русия иттилоъ дод, аммо гуфт, таҳримҳои ҷадид дар ҳоли ҳозир шомили қатъи дастрасии Русия ба низоми байнулмилалии SWIFT нахоҳанд шуд.

Вай дар суханоне, ки ба таври зинда аз Кохи Сафед пахш мешуд, афзуд, таҳримҳо беш аз ниме аз воридоти фанновариҳои пешрафтаро ба Русия қатъ хоҳанд кард. Элитаҳои Русия ва пайвандони онҳо низ дар феҳристи таҳримҳои нави Вашингтон қарор доранд.

Дар айни замон раисиҷумҳури Амрико таъкид кард, ки нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида барои ҷанг вориди хоки Украина нахоҳанд шуд.

Навалний: "Ман мухолифи ин ҷанг ҳастам"

Алексей Навалний дар додгоҳ.
Алексей Навалний дар додгоҳ.

Раҳбари зиндонии мухолифони Русия Алексей Навалний ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кард. Ӯ рӯзи 24-уми феврал ҳини мурофиаи додгоҳӣ дархост кард, ки ин изҳори назари ӯро дар протоколи парванда дарҷ кунанд.

Оқои Навланий афзуд, ҷанг байни Русия ва Украина барои ба тарафи дигар бурдани таваҷҷуҳи мардуми Русия аз мушкилоти мавҷуд дар дохили кишвар оғоз шуд.

Навалний, ки либоси зиндонӣ ба тан дошт, гуфт, ҷанг сабаби қурбонӣ ва вайрониҳои зиёд шуда, боиси фақир шудани шаҳрвандони Русия мегардад. "Ман бо ин ҷанг мухолифам," -- илова кард Навалний.

навшуда

"Путин хунрезӣ ва вайрониро интихоб кард." Вокунишҳо ба ҳамлаи Русия ба Украина. ВИДЕО, ХАРИТА

Ҳамлаи Русия ба Украина, ки Маскав "талоши ғайринизомӣ кардан"-и ҳамсояаш медонад, вале Киев "таҷовуз" мешуморад, вокунишҳои зиёдеро дар гӯшаҳои ҷаҳон ба бор овард. Кишварҳои ғарбӣ рафтори Русияро сахт маҳкум карда, хоҳони посухгӯйӣ ба он ва ҷорӣ кардани таҳримҳои сахттарин алайҳи Маскав шуданд.

Нерӯҳои Русия субҳи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Киев бонги хатар зад ва вазъияти ҷангӣ эълон намуд. Дмитрий Клеба, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфт, "ин як ҷанги таҷовузкорона аст. Украина аз худ дифоъ хоҳад кард ва пирӯз хоҳад шуд. Ҷаҳон метавонад ва бояд Путинро боздорад. Ҳоло вақти амал аст."

Кремлин рӯзи 24-уми феврал изҳороти пешинаи Владимир Путинро такрор кард ва ҳадаф аз ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Украинаро "ғайринизомӣ кардани Украина ва мубориза бо идеологияи фашистӣ" номид.

Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонӣ ва мунтақиди сарсахти Кремлин, ҳамларо маҳкум кард.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, ҳамлаи Русияро ба Украина беасос хонд. Шӯрои НАТО дар эъломияе гуфт, "ҳамлаи ваҳшатангези Русияро ба Украина, ки комилан беасос аст, шадидан маҳкум мекунем. Беларусро низ барои имкон додани ин ҳамла маҳкум мекунем."

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, гуфтааст, Владимир Путин ҷанги аз пеши барномарезишударо интихоб кард, ки талафоти фоҷеабор ва ранҷи инсонӣ дар пай хоҳад дошт.

Урсула вон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, гуфт, Путин масъули ҷанг дар Украина ва бесуботӣ дар Аврупо аст ва хоҳони таваққуфи ҳарчи зудтари он шуд. Аз тарафи дигар, порлумони Аврупо гуфт, ҳамлаи Русия бар Украина ғайриқонунӣ аст ва ин таҳдиде ба суботи Аврупо ва минтақа мебошад.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, тасмими Русияро барои оғози ҷанг бо Украина маҳкум кард ва хост, Маскав ин ҳамларо фавран боздорад.

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ҳам аксуаламал нишон дод ва гуфт, Русия бо ин ҳамлаи бедалел масири хунрезӣ ва вайрониро интихоб кард.

Милош Земан, раиси ҷумҳури Чехия, изҳор дошт, ки замони ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар ба Русия расидааст. Ӯ гуфт: "Вақти таҳримҳои қавитар аз тарҳҳои пешина расидааст, яъне ба болои ҳамаи онҳо таҳрим дар соҳаи ба истилоҳ SWIFT-ро дар назар дорам... Зарур аст, ки ин марди девона бояд радди маърака шавад ва худро аз ӯ на танҳо бо сухан, балки бо чораҳои мушаххас дифоъ кард."

Президенти Полша (Лаҳистон) Анджей Дуда гуфт, "ман ба қатъи амалиёти ҳарбӣ ва ба ҳоли худ гузоштани Украина даъват мекунам. Ман ҳама корро мекунам, то ончӣ дар Украина рух медиҳад, ҳарчӣ зудтар боздошта шавад."

Аннаалена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон эълон кард, ки "мо бастаи пурраи шадидтарин таҳримҳоро зидди Русия ҷорӣ хоҳем кард ва амнияти худ ва ҳампаймонҳоямонро пурзӯр хоҳем кард."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар як суханронии телевизионӣ ҳамлаи Русия ба Украинаро "зарбаи сахте ба сулҳу суботи минтақа" донист. Ӯ гуфт, "Туркия ба пуштибонӣ аз ваҳдати сиёсӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина идома хоҳад дод."

"Ҳамлаи Русия ба Украина нақзи ҷиддии назму тартиботи байнулмилалӣ аст. Исроил ҳамларо маҳкум мекунад," – гуфт вазири корҳои хориҷии Исроил Яйир Лапид.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфт, буҳрони Украина “реша дар таҳаррукоти НАТО дорад”, аммо афзуд, кишвараш ба ин бовар, ки ҷанг роҳ ҳал нест ва барқарории оташбас ва ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ ва демократӣ зарур аст.

Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар бораи рӯйдодҳои Украина ва ҳамлаи Русия ба он кишвар мавқеи худро ошкор накардаанд. Аммо баъзе аз коршиносони тоҷик назари худро дар бораи ҳодиса бо Радиои Озодӣ дар миён гузоштанд:

Сайфулло Сафаров: "Бояд аз роҳи дипломатӣ ин масъала ҳал мешуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00
Шералӣ Ризоён: "Мо тоҷикон набояд эҳсосӣ шавем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Шералӣ Ризоён: "Мо тоҷикон набояд эҳсосӣ шавем"

Шералӣ Ризоён: "Мо тоҷикон набояд эҳсосӣ шавем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Шералӣ Ризоён, таҳлилгари тоҷик назарҳояшро дар бораи ҷанги Русия дар Украина, оқибатҳои он барои минтақа ва мавзеъгирии Тоҷикистон дар баробари муноқиша гуфт.

Сайфулло Сафаров: "Бояд аз роҳи дипломатӣ ин масъала ҳал мешуд"

Сайфулло Сафаров: "Бояд аз роҳи дипломатӣ ин масъала ҳал мешуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносон дар бораи сабабҳои ҷанги Русия дар Украина ва оқибатҳои он пурсид.

Украина равобиташро бо Русия қатъ кард

Роҳпаймоӣ дар Гурҷистон ба ҷонибдорӣ аз Украина
Роҳпаймоӣ дар Гурҷистон ба ҷонибдорӣ аз Украина

Раисиҷумҳури Украина эълон кард, ки равобити дипломатиро бо Маскав буридааст.

Владимир Зеленский рӯзи 24-уми феврал аз шаҳрвандони Украина хост, ба муҳофизати кишвари худ аз ҳамлаи Русия мадад кунанд.

Ӯ дар як паёми телевизионӣ аз шаҳрвандони Русия, ки ба гуфтааш “номуси худро аз даст надодаанд”, низ хост, ба кӯчаҳо баромада, ба ҳамлаи низомии ҳукуматашон ба Украина эътироз кунанд.

Зеленский ба мардуми Украина гуфт, дар ҳамлаи Русия "талафоти ҷиддӣ" дидаанд ва аз донорҳои хун низ ёрӣ хост.

Дар пасманзари гузоришҳои зиддунақиз, як мушовири Зеленский гуфт, дар соатҳои аввали ҳамла тақрибан 40 украинӣ кушта ва дастикам 10 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Мақомоти Украина гуфтанд, артиши ин кишвар ба муқобили русҳо меҷангад ва аз Ғарб кумак хостааст.

Аксҳо аз ҳамлаи Русия ба Украина

навшуда

Кушта ва захмиёни Украина. Шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд, вале нигаронанд. ВИДЕО, АКС

Русия рӯзи 24-уми февралҳамла ба Украинаро, ки бисёриҳо аз он метарсиданд, оғоз кард. Мушакҳои русӣ ба фурудгоҳҳои низомии Украина ва зербунёдҳои дигари низомӣ зарба заданд. Дар шаҳри Киев бонги хатар садо дод. Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, то ҳоло 7 сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, 24-уми феврал эълом кард, ки равобити дипломатиро бо Маскав буридааст ва аз шаҳрвандони кишвараш хост, ба дифоъ аз хоки худ мадад кунанд. Киев, пойтахти Украина, дар рӯзи 24-уми феврал нимахолӣ ба назар мерасид, чун аз мардум хоста шудааст, дар хона бимонанд.

Навор аз Киев, 24-уми феврал:

Киев пас аз ҳамлаи Русия ба Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия рӯзи 24-уми феврал амр дод, ки барои ғайринизомӣ кардани ҳамсоякишвар ва рақиби Русия амалиёти низомиро дар Украина оғоз кунанд. Раиси Кумисюни Аврупо гуфт, ба "ҳамлаи ваҳшиёна"-и Русия ба Украина посух хоҳанд дод. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ гуфт, бастаи сахттарини таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Украина рӯйхат мекунанд

Дар ин миён Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар бораи рӯйдодҳои Украина ва ҳамлаи Русия ба он кишвар мавқеи худро ошкор накардаанд. Аммо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Киев гуфтанд, ки омодаи кумак ба шаҳрвандони кишвар дар Украина ҳастанд. Аз ҷумла, номи онҳоеро ба рӯйхат мегиранд, ки нияти аз Украна берун рафтанро доранд.

Теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина 8 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 101 шаҳрванди кишвар дар донишгоҳҳои Украина мехонанд.

Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев, рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Украина вазъияти ҳарбӣ эълон шудааст, вале “пойтахт ором ба назар мерасад”. “Дар ҳодисаҳои охир, аз ҷумла таркиш дар Бориспол, ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст,” -- афзуд сафир.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина кору зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, то ин лаҳза ба ягон хатари ҷиддӣ рӯбарӯ нашуданд, аммо нигаронӣ доранд. Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дар Украина хостаанд, қоидаҳои "ҳолати ҷангиро қатъиян риоя кунанд".

Аксҳоро дар инҷо тамошо кунед:

Аксҳо аз ҳамлаи Русия ба Украина

Пас аз ҳамлаи Русия ба Мариупол, дуд аз як пойгоҳи ҳавоӣ баланд мешавад.
<pre data-placeholder="Translation" dir="rtl">

&nbsp;</pre>
<br />
&nbsp;
1/15 Пас аз ҳамлаи Русия ба Мариупол, дуд аз як пойгоҳи ҳавоӣ баланд мешавад.

 

 
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Пас аз ҳамлаи ҳавоии Русия дар Харков, як мард ва як зан дар паҳлӯи таҷҳизоти низомӣ истодаанд.<br />
&nbsp;
<pre data-placeholder="Translation" dir="rtl">

&nbsp;</pre>
2/15 Пас аз ҳамлаи ҳавоии Русия дар Харков, як мард ва як зан дар паҳлӯи таҷҳизоти низомӣ истодаанд.
 

 
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Пас аз ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳри Чуҳуив дар шарқи Украина, оташнишонҳо дар талоши хомӯш кардани сӯхтор ҳастанд.
3/15 Пас аз ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳри Чуҳуив дар шарқи Украина, оташнишонҳо дар талоши хомӯш кардани сӯхтор ҳастанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Дуди сиёҳ бар фарози фурудгоҳи шаҳри Харков.
4/15 Дуди сиёҳ бар фарози фурудгоҳи шаҳри Харков.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Дуди сиёҳ бар фарози як фурудгоҳ дар наздикии Харков.
5/15 Дуди сиёҳ бар фарози як фурудгоҳ дар наздикии Харков.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Тонкҳои украинӣ ба самти шаҳри Мариупол дар ҳаракатанд.
6/15 Тонкҳои украинӣ ба самти шаҳри Мариупол дар ҳаракатанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Осори вайронӣ дар яке аз хиёбонҳои Киев пас аз бархӯрди мушак.
7/15 Осори вайронӣ дар яке аз хиёбонҳои Киев пас аз бархӯрди мушак.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Сарбозони украинӣ дар як худрави низомӣ дар Мариупол.
8/15 Сарбозони украинӣ дар як худрави низомӣ дар Мариупол.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Ин навори видеоӣ нишон медиҳад, ки як худрави низомӣ марзи вилояти Херсони Украинаро аз Қрим тавассути гузаргоҳи Каланчак убур менамояд.
9/15 Ин навори видеоӣ нишон медиҳад, ки як худрави низомӣ марзи вилояти Херсони Украинаро аз Қрим тавассути гузаргоҳи Каланчак убур менамояд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Мардум аз тарси мушакҳои Русия ба як истигоҳи метро дар Киев паноҳ бурдаанд.
10/15 Мардум аз тарси мушакҳои Русия ба як истигоҳи метро дар Киев паноҳ бурдаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Мардум дар интизори бозгашт ба шаҳр ҳастанд. Фурудгоҳи Киев.
11/15 Мардум дар интизори бозгашт ба шаҳр ҳастанд. Фурудгоҳи Киев.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Шуълаҳои оташ дар минтақае дар наздикии дарёи Днепр дар Киев.
12/15 Шуълаҳои оташ дар минтақае дар наздикии дарёи Днепр дар Киев.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Оташсӯзӣ дар наздикии як пойгоҳи низомӣ дар атрофи фурудгоҳи Мариупол.<br />
&nbsp;
<pre data-placeholder="Translation" dir="rtl">

&nbsp;</pre>
13/15 Оташсӯзӣ дар наздикии як пойгоҳи низомӣ дар атрофи фурудгоҳи Мариупол.
 

 
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Шаҳри Киев.
14/15 Шаҳри Киев.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Ташвишҳои ҷанг.
15/15 Ташвишҳои ҷанг.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
пешина
баъдӣ

Ҳайдаршо Зайдов, шаҳрванди Тоҷикистон дар Киев мегӯяд, соати 5-и субҳ садои таркишро шуниданд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, вазъият дар Киев дар умум тарсбарангез нест, чун мардум аз пеш омодагӣ гирифта буданд.

"Танҳо ба баъзе нуқтаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла аэродромҳо ҳамла шудааст. Дар ягон ҷойи дигар таркиш нест. Мардум ба ин ҳолат тайёр шуда буданд, 2-3 рӯз пеш сарбозони эҳтиётиро ба комиссариатҳо даъват карданд. Пешакӣ ба аҳолӣ фаҳмонданд, ки дар ҳолати ҳамла бояд чӣ кор кунанд. Дар кӯчаҳои шаҳр низомиён зиёд дида намешаванд. Танҳо дар даромадгоҳи Киев постҳо монда, мошинҳоро тафтиш мекунанд," -- афзуд Ҳайдаршо Зайдов.

Оқибатҳои ҳамлаи Русия ба Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:19 0:00

Саида, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар шаҳри Запарожйе ҳамроҳ бо хонаводааш зиндагӣ мекунад, гуфт, субҳ дар тамоми шаҳр бонги хатар садо дод.

"Барои мо гуфтанд, ки аз хона берун нашавед. Кӯдаконамон дар мактаб буданд, зуд рафта гирифтем. Дарсҳо қатъ шудааст. Хешонамон дар Харков зиндагӣ мекунанд, вазъи онҳо бадтар аст. Шаҳри мо ором ба назар мерасад, лекин ягон бозору корхона кор намекунад. Мошинҳои низомӣ рафтуомад доранд," – нақл кард ӯ.

Ҷумъахон, муҳоҷири тоҷик, ки дар канори Киев дар як корхонаи коркарди чӯб кор мекунад, гуфт, ҳоло вазъ ором ба назар мерасад, вале коргоҳашон ба муҳлати номуайян баста шудааст. Ӯ гуфт, "дар ҳамаҷо бекорӣ аст, мехоҳем ба ватан баргардам."

"Моро пешакӣ огоҳ накарданд, ки баромада равем. Ҳамкорони мо аз кишварҳои дигар, ба монанди Корея, Индонезия, як ҳафта пеш огоҳӣ гирифтанд ва баромада рафтанд. Мо фикр кардем, ки ҷанг намешавад," -- гуфт муҳоҷири тоҷик дар Украина.

Вокунишҳо ба ҳамлаи Русия ба Украина

Президенти Чехия Милош Земан:

"Вақти таҳримҳои қавитар аз тарҳҳои пешина расидааст, яъне ба болои ҳамаи онҳо таҳрим дар соҳаи ба истилоҳ SWIFT-ро дар назар дорам... Зарур аст, ки ин марди девона бояд радди маърака шавад ва худро аз ӯ на танҳо бо сухан, балки бо чораҳои мушаххас дифоъ кард.”

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон:

"Мо амалиёти ҳарбии Русияро рад мекунем. Ин зарбаи сахте ба сулҳу суботи минтақа аст."

Президенти Полша (Лаҳистон) Анджей Дуда:

"Ман ба қатъи амалиёти ҳарбӣ ва ба ҳоли худ гузоштани Украина даъват мекунам. Ман ҳама корро мекунам, то ончӣ дар Украина рух медиҳад, ҳарчӣ зудтар боздошта шавад."

Вазири корҳои хориҷии Эрон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён:

“Буҳрони Украина реша дар таҳаррукоти НАТО дорад. Мо бовар надорем, ки даст задан ба ҷанг роҳи ҳал аст. Бояд оташбас кард [ва] ҳалли сиёсию демократииро пайдо намуд."

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон:

"Фаронса тасмими Русияро барои оғози ҷанг бо Украина шадидан маҳкум мекунад. Русия бояд фавран ба амалиёти низомии худ хотима бахшад."

Вазири корҳои хориҷии Олмон, Аннаалена Бербок:

"Мо бастаи пурраи шадидтарин таҳримҳоро зидди Русия ҷорӣ хоҳем кард ва амнияти худ ва ҳампаймонҳоямонро пурзӯр хоҳем кард."

Вазири корҳои хориҷии Исроил, Яйир Лапид:

"Ҳамлаи Русия ба Украина як нақзи ҷиддии тартиботи байналмилалӣ аст. Исроил ин ҳамларо маҳкум мекунад."

Киев пас аз ҳамлаи Русия ба Украина

Киев пас аз ҳамлаи Русия ба Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Русия рӯзи 24-уми феврал ҳамла ба Украинаро, ки бисёриҳо аз он метарсиданд, оғоз кард. Мушакҳои русӣ ба фурудгоҳҳои низомии Украина ва зербунёдҳои дигари низомӣ зарба заданд. Киев, пойтахти Украина, дар рӯзи 24-уми феврал нимахолӣ ба назар мерасид, чун аз мардум хоста шудааст, дар хона бимонанд.

Зеленский роҳбарони ғарбиро ба таъсиси эътилофи зидди Путин даъват кард

Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж
Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж

Владимир Зеленский, президенти Украина, дар робита ба ҳамлаи Русия ба Украина, роҳбарони кишварҳои ғарбиро ба таъсиси эътилофи зидди Путин даъват кард.

Зеленский тавассути Твиттер ба президенти Амрико Ҷо Байден, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва роҳбарони дигари ғарбӣ муроҷиат ва ба манъи фаврии Путин даъват кард.

"Ба манъи фаврии Путин, ҷанги зидди Украина ва дунё даъват мекунам. Эътилофи зидди Путинро месозем. Таҳримҳои фаврӣ, кумаки низомиву молӣ ба Украина. Бастани фазои ҳавоӣ. Дунё бояд Русияро ба сулҳ водорад," – навишт Зеленский.

Пештар дар робита ба оғози амалиёти низомии Русия дар Украина Ҷо Байден, Борис Ҷонсон ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳорот доданд. Байден гуфт, "танҳо Русия масъули харобкорӣ хоҳад буд", ки ба Украина ҳамла кардааст.

Борис Ҷонсон зикр кард, ки Путин "роҳи хунрезӣ ва вайронсозиро интихоб кардааст". Ҷонсон ҳамзамон ваъда кард, ки Бритониё ва ҳампаймононаш посухи қатъӣ хоҳанд дод. Столтенберг аз Русия хост, "ҳамлаи бехирадона ва бебаҳона"-ро фавран қатъ кунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи 24-уми феврал фармони «амалиёти низомии вижа» дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он содир шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия мадади низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлол"-и ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск Луганскро эълон карда буд. Чизе, ки Киев ва Ғарб бо он розӣ нестанд ва маҳкум кардаанд.

Поину болоравӣ дар бозорҳои ҷаҳон, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина

Баъди гузоришҳо дар бораи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло ва қимати саҳоми бозорҳои молӣ поён рафт.

Ҳоло қимати як бушка нафт бештар аз 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Нархи тило ва йен, пули миллии Ҷопон, ки ҳамеша дар замонҳои ноором амонатҳои хуб маҳсуб мешаванд, субҳи 24-уми феврал якбора боло рафтанд.

Арзиши саҳмияҳо дар бозорҳои молии Ҳонгконг, Сидней, Бомбай, Сеул то 3 дар сад поин омад.

Бозорҳои молии Токио, Сингапур, Тайпей, Шанхай ва Манила ҳам шоҳиди коҳиши қимати саҳом ва авроқи гаронбаҳо шуданд. Амалиёти низомӣ дар Украина ба бозорҳои Аврупо ва Амрико ҳам таъсир гузошт ва нархҳоро поин бурд.

Дар Русия мубодила дар бозорҳои молӣ қатъ карда шуд. Ҳаргуна болоравии қимати нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳам таъсир мегузорад.

ВКХ-и Тоҷикистон аз шаҳрвандон дар Украина хост, "талаботро риоя кунанд"

Харков, 24-уми феврали 2022
Харков, 24-уми феврали 2022

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дар Украина дархост кардааст, то талаботи мақомоти ин кишварро дар шароити ҷангӣ “қатъиян риоя намоянд.”

Субҳи 24-уми феврал нерӯҳои Русия бо фармони президент Владимир Путин ба Украина ҳамла карданд. Бо фармони раисиҷумҳур Владимир Зеленский дар тамоми қаламрави Украина вазъияти ҷангӣ эълон шудааст.

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷӣ, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, омадааст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина “дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.”

ВКХ ҳамчунин гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд, дар сурати пайдо шудани ягон мушкил ба сафорати Тоҷикистон дар Киев аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.

Субҳи барвақти 24-уми феврал Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, эълон кард, ки ба “амалиёти махсуси ҷангӣ” дар Украина оғоз мекунад, ки нигарониро аз оғози ҷанги васеъ дар Аврупо барангехт. Бо баланд шудани садои таркиши мушакҳои Русия дар чанде аз шаҳрҳои Украина раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар кишвараш вазъи ҷангӣ эълон кард.

Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.

Президенти Украина дар кишвараш вазъияти ҷангӣ эълон кард

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина. Киев, 23 феврали соли 2022
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина. Киев, 23 феврали соли 2022

Бо баланд шудани садои таркиши мушакҳои Русия дар чанде аз шаҳрҳои Украина раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дар кишвараш вазъи ҷангӣ эълон кард.

Пештар аз ин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, эълон кард, ки ба "амалиёти махсуси ҷангӣ" дар Украина оғоз мекунад, ки нигарониро аз оғози ҷанги васеъ дар Аврупо барангехт.

Владимир Зеленский гуфт, ки бо Ҷо Байден бо раиси ҷумҳури Амрико суҳбати телефонӣ доштааст ва афзуд, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбони Украина зарба задааст".

Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки "дар хонаҳояҳошон бимонанду ва наҳаросанд." Владимир Зеленский афзуд, "тамоми арсаи амният ва дифоии Украина” кор мекунанд ва "мо омодаи ҳама чиз ҳастем".

Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.

навшуда

Ҳамлаи Русия ба Украина. Киев "вазъияти ҷангӣ" эълон кард

Пас аз эълони ҳамлаи низомии Русия, мардуми Украина аз шаҳрҳо берун мераванд.
Пас аз эълони ҳамлаи низомии Русия, мардуми Украина аз шаҳрҳо берун мераванд.

Бо баланд шудани садои таркиши мушакҳои Русия дар чанде аз шаҳрҳои Украина, раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Зеленский вазъияти ҷангӣ эълон кард. Пеш аз ин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, эълон кард, ки ба “амалиёти махсуси ҷангӣ” дар Украина оғоз мекунад. Ин вазъ нигарониҳоро аз оғози ҷанги васеъмиқёс дар Аврупо барангехт.

Владимир Зеленский гуфт, бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, суҳбати телефонӣ дошт ва афзуд, "Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбонии Украина зарба задааст.”

Раиси ҷумҳури Украина афзуд, дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки “дар хонаҳояшон бимонанд ва наҳаросанд.” "Тамоми арсаи амният ва дифоии Украина кор мекунанд ва мо омодаи ҳама чиз ҳастем,” -- илова кард Зеленский. Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал фармони "амалиёти низомии вижа" дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он эълон шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия ёрии низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлол"-и ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск Луганскро эътироф кард.

Тибқи иттилои хабаргузории русии РИА Новости, Путин изҳор дошт, ки даргирии низомӣ байни нерӯҳои Русия ва Украина "гурезнопазир" аст. Вай иддао кард, ки "иқдомоти Русия дифоъ аз худ дар баробари таҳдидҳо ва барои пешгирӣ аз мушкилоти калонтар аст".

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад Украинаро "ғайринизомӣ" кунад. Путин сипас ҳушдор дод, ки ҳар гуна талоши кишварҳои хориҷӣ барои мудохила дар баробари иқдомҳои Русия "пайомадҳое хоҳад дошт, ки онҳо то ба ҳол надидаанд".

Тибқи гузоришҳо, пас аз содир шудани фармони Путин, чанд садои таркиш дар Киев, Одесса, Харков, Днепр ва шаҳрҳои дигари Украина шунида шудааст ва нерӯҳо аз чанд мавқеъ дар Русия ва Беларус вориди хоки Украина шуданд.

Телевизиони СNN навори таркиш дар чанд қисмати Киевро нишон дод. Хабаргузории "Рейтерз" ҳам аз таркиш дар пойтахти Украина гуфт. Таркиш ҳамчунин дар "Бориспол" -- фурудгоҳи аслии Киев шунида шудааст. Ҳанӯз ҳеч гузориш дар бораи шумораи кушташудаҳо ва захмиёни ҳамлаҳо нашр нашудааст. Аммо сухангӯи Вазорати умури дохилии Украина гуфт, ҳамлаи густурда оғоз шудааст.

Шоми чаҳоршанбе Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфта буд, ки бар асоси далелҳои бадастомада, бовар дорад, Русия эҳтимол субҳи панҷшанбе ҳамлаи худро ба Украина оғоз мекунад. Блинкен дар суҳбат бо шабакаи хабарии NBC дар посух ба ин суол, ки оё фикр мекунад Русия то пеш аз поёни шаби чаҳоршанбе ба Украина ҳамла кунад, изҳор дошт, "бале, чунин фикре мекунам. Русия нерӯҳои худро дар саросари марзи Украина, аз шимол, шарқ ва ҷануб ба ҳолати омодабоши комил даровардааст".

Вай афзуд, "ба назар мерасад ҳама чиз барои Русия муҳайёст, то даст ба як ҳамлаи бузург алайҳи Украина бизанад".

Кремл шоми чаҳоршанбе эълон карда буд, ки ҷудоиталабони шарқи Украина аз Русия барои муқобила бо ончи "таҷовуз"-и Украина хондаанд, кумак талаб карданд. Ғарб қаблан ҳушдор дода буд, ки Русия дар пайи баҳонае барои ҳамла ба Украина мегардад ва аз ин рӯ, дархости кӯмаки ҷудоиталабон муқаддимаи эҳтимолӣ барои ҷанг хоҳад буд.

Лаҳзае пас аз он, раиси ҷумҳури Украина иддаои Маскавро дар бораи таҳдид шудан аз сӯи Украина рад кард ва ҳушдор дод, ки ҳамлаи Русия ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор нафар тамом хоҳад шуд. Владимир Зеленский зимни муроҷиат ба сокинони кишвараш гуфт, "мардуми Украина хоҳони сулҳ ҳастанд. Аммо агар таҳти ҳамла қарор бигирем, агар бубинем, ки мехоҳанд кишварамон, озодиҳоямон, зиндагиҳоямонро бигиранд, аз худамон дифоъ хоҳем кард."

Вай изҳор дошт, шоми чаҳоршанбе хостори гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шуд, аммо Кремл посух надодааст. Зеленский бо ишора ба фармони Путин дар бораи фиристодани нерӯҳои рус ба шарқи Украина ва минтақаҳои ҷудошуда аз он ҳушдор дод, ки "ин иқдом метавонад сароғози як ҷанги калон дар қораи Аврупо бошад".

Тибқи гузоришҳо, Русия ҳарими ҳавоиро дар минтақаҳои ҳаммарз бо Украина баста, сабаби онро "таъмини амният"-и парвозҳои ғайринизомӣ гуфтааст. Украина низ эълон кард, ки парвозҳои ғайринизомиро дар ҳарими ҳавоии худ бинобар "хатарҳо" дастикам то поёни рӯзи панҷшанбе маҳдуд мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG