Аз ноябри соли 2001 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага фаъолият мекунад. Дар Душанбе ба воя расида, риштаи филологияи тоҷики ДМТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 55-и Душанбе, хабарнигори "Азия-Плюс" ва ҳамоҳангсози UNIFEM кор кардааст. Мудири Маркази назарсанҷии "Зеркало" буд.
Бо сабаби нооромӣ дар Ховари Миёна, ки дар пайи амалиёти Амрикову Исроил ба Эрон ва ҳамлаҳои ҷавобии Ҷумуҳрии Исломӣ сар зад, шуморе аз мусофирони тоҷик дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дармондаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, “то ба эътидол омадани вазъ” аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ кунанд.
Пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон беш аз дусад шаҳрванди Тоҷикистон барои берун рафтан аз ин кишвар дархост додаанд.
Рӯзи 17-уми феврал аз даргузашти Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, чаҳор сол сипарӣ шуд. Ӯ соли 2022 дар 56-солагӣ аз сактаи дил даргузашт.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба таври мармуз дар Қазоқистон боздошт шуда, бо вуҷуди шикоят аз бадрафторӣ ва шиканҷа, ду моҳ боз дар дасти маъмурони интизомӣ ҳастанд. Вакили мудофеи онҳо ба Додситонии кулли Қазоқистон шикоят кардааст. Сафорати Тоҷикистон гуфт, бо боздоштшудаҳо тамос дорад.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пайваста барои маҳдуд кардани озодии дину баён ва саркӯби мухолифон танқид мешаванд, дар соли 2025 серташвиш буданд.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, қатли золимонаи кӯдаки тоҷикро дар Русия ҳушдоре ба муҳоҷирони дигар донист, то дар фикри ҳимоят аз фарзандони худ бошанд. Ӯ дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар бораи қазияи Қобилҷон Алиев, мизони ҷинояткории муҳоҷирон ва масоили дигар гап зад.
Фиона Наим, донишманди улуми инсоншиносӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Олмон, пиромуни таърихи фарҳангиву маданӣ ва сиёсии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқот нашр кард.
Ба тозагӣ китоби Фиона Наим, донишманди улуми инсоншиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Олмон, нашр шуд, ки ба таърихи фарҳангиву сиёсии мардуми Бадахшон таваҷҷӯҳ кардааст. Номи китоб “Дунёи зиндагии помириҳо. Хотираҳо ва густастагӣ дар ВМКБ-и Тоҷикистон” аст ва онро мешавад дар “Амазон” пайдо кард.
Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гуфтааст, дар соли 2025 дар ҷаҳон даҳҳо рӯзноманигор кушта ва садҳо тани дигар дастгиру паси панҷара андохта шуданд. Тоҷикистон ҳам истисно нест. Гуфтугӯ бо муҳаққиқи Гузоришгарони Бидуни Марз, Жанна Кавелйе.
Маркази занони "Гулрухсор" дар бораи озору азияти занону духтарон дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқотеро анҷом дод. Ин кор бо ҳимояти Марказии байнулмилалии таҳқиқоти гендерӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Як таҳқиқи тоза дар бораи озору азияти лафзии занон дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки бештар аз ҳама онҳое таҳқиру дашному ҳамлаҳои лафзӣ мебинанд, ки барои ҳаққи занон садо баланд мекунанд. Таҳқиқро “Гулрухсор”, як созмони ҳомии ҳуқуқи занон анҷом додааст.
Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарзода), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, ки ҳуқуқи одамон, бавижа занону духтарон, дар эҷодиёташ мавзӯи асосӣ аст, рӯзи 19-уми ноябр панҷоҳсола шуд.
Қарор аст, ба зудӣ романи дигари нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд Шаҳзодаи Самарқандӣ вориди бозор шавад. "Зане, ки бо муҷассамаҳо роҳ мерафт" дар бораи як нависандаи ҷавон аст, ки бонувони тоҷикро ба навиштан тарғиб мекунад.
Рӯзи 23 сентябр дар Маҷмаи Умумии СММ раҳбарони ИМА, Осиёи Марказӣ, Туркия ва кишварҳои дигар суханронӣ карданд. Вале таваҷҷӯҳи бештари байналмилалӣ ва матбуотро суханронии президенти ИМА Доналд Трамп ба худ ҷалб кард.
Ёфтҳои бештар