Ҷанги Украина
"Ба мошинам тир заданд." Нақли муҳоҷирони тоҷик аз тирпарронӣ ва фирор ба марзи Лаҳистон. ВИДЕО
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвар дар Украина хабаре надодаанд, яке аз онҳо мегӯяд, мавриди ҳамла қарор гирифт. Чандеи дигар шаби гузашта ба минтақаи наздик ба марзи Лаҳистон фирор кардаанд. Шумори расмии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина маълум нест. Теъдоди тахминии онҳо 8 ҳазор нафар гуфта мешавад.
"Ба кӯча набароед"
Як муҳоҷири тоҷик дар Украина рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар Киев ба мошинаш чанд тир задаанд, аммо маълум нест аз тарафи кӣ. Исматулло Сафаров мегӯяд, тир ба чанд ҷойи мошинаш бархӯрд, худаш сиҳату саломат аст.
"Шаби гузашта аз ҳама шаби вазнинтарин барои мардуми Украина буд. Барои гирифтани чанд чиз аз дорухона ба берун баромадам. Ба мошинаам чор-панҷ тир заданд. Аз паҳлӯ, аз пеш, аз болои мошин. Худо нигоҳ дошт. Худро эҳтиёт кунед, ба кӯча набароед," – гуфт ӯ дар паёми видеоӣ, ки ба Радиои Озодӣ фиристод.
Аз Днепр то Лвов
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, беш аз 30 донишҷӯ ва муҳоҷири тоҷик шаби гузашта аз Днепр ба вилояти Лвови Украина, ҳаммарз ба Лаҳистон (Полша), расидаанд.
Дастикам се донишҷӯ рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло мунтазири даромадан ба Полша ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ ё сафорати кишвар дар Киев дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Пештар сафорат гуфта буд, он шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мехоҳанд, аз Украина берун раванд, номнавис мекунад.
Саидҷон, як донишҷӯйи тоҷик, рӯзи якшанбе нақл кард, ки шаби гузашта аз Днепр бо ҳазорон украинӣ ба самти Лвов ҳаракат карданд. “Дар роҳ чанд тир ба поезд расид. Чароғҳояшро хомӯш карданд. Аз мо низ хостанд, ки телефонҳоро хомӯш кунем. Пурра дар торикӣ ҳаракат кардем,” – нақл кард ӯ.
Нақли муҳоҷирони тоҷикро дар Украина дар инҷо бинед:
Дилшод, донишҷӯйи дигар мегӯяд, маблағи онҳо тамом шудааст ва аз ҳеч банкомат пул гирифта наметавонанд. “Пулҳои мо тамом шуд, дар корт дорем, вале банкоматҳо фаъол нестанд,” -- гуфт ӯ.
Ба қавли донишҷӯён, ҳоло мусофирбарҳо ба интиқоли фирориён ба Лаҳистон машғуланд, аммо “дар навбати аввал украиниҳоро мебаранд”. “Гуфтанд, ки хориҷиҳоро дар навбати дуюм мебарорем,” – афзуд Дилшод.
Лаҳистон ва чанд кишвари дигари аврупоӣ гуфтаанд, ба қабули паноҳҷӯён аз Украина омодаанд. Идораи умури паноҳандагони Созмони Милал 26-уми феврал гуфт, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 120 ҳазор кас ин кишварро тарк карда, асосан ба Лаҳистон, Руминия, Молдова ва Маҷористон паноҳ бурданд. Оё дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё не, чизе гуфта нашудааст.
Украина Беларусро ҳамчун макони музокирот бо Русия напазируфт

Раисиҷумҳури Украина гуфт, кишвараш барои гуфтушуниди сулҳ бо Русия омода аст, аммо на дар Беларус.
Владимир Зеленский 27-уми феврал дар паёми видеоӣ Варшава, Братислава, Истанбул, Будапешт ё Бокуро ҳамчун макони алтернативии музокирот бо Русия пешниҳод кард.
"Агар аз ҳудуди Шумо ягон амалиёти таҷовузкоронае намешуд, мо метавонистем дар Минск суҳбат кунем," – афзуд ӯ.
Пештар Кремлин гуфта буд, ки як ҳайати Русия барои гуфтугӯ бо мақомоти Украина ба шаҳри Гомели Беларус рафтааст.
Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, 27-уми феврал гуфт, ба ин ҳайат низомиёну дипломатҳо шомиланд. "Ҳайати Русия ба музокирот омода аст ва мо ҳоло мунтазири украиниҳо ҳастем," – гуфт ӯ.
Эъломия дар рӯзи чаҳоруми ҳамлаи Русия ба Украина садо дод. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия ба Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, ворид шудаанд, вале Киев мегӯяд, ба муқобила омода аст.
Кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия таҳримҳои сахттар ҷорӣ карда, ба ҳимояти низомӣ аз Украина силоҳу муҳиммот мефиристанд.
Ду вакили Русия зидди ҳамлаи Маскав ба Украина баромаданд

Ду намояндаи Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия дар мавриди тасмими Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар, дар робита ба ишғоли Украина изҳори нигаронӣ карданд.
Михаил Матвеев, намояндаи минтақаи Самара аз ҳизби коммунист, аввалин мақом дар ин кишвар аст, ки хоҳони таваққуф ё боздоштани ҷанг дар Украина шуд.
Ҳамчунон узви дигари ҳизби коммунист, Олег Смолин, намояндаи Омск дар Думаи Давлатӣ, дар эъломияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, шак дорад, ки амалиёти Русия дар Украина зарурӣ бошад.
Пас аз ҳуҷуми Русия бар Украина дар 24-уми феврал 750 ҳазор нафар ба як дархости онлайни хатми ҷанг дар Украина имзо гузоштанд.
Нерӯҳои Русия вориди Харков шудаанд. Киев мегӯяд, ба муқобила омода аст

Нерӯҳои Русия ба Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, даромадаанд. Сокинони Киев субҳи 27-уми феврал аз таркишҳо дар пойтахти Украина хабар доданд. Дар ҳоле ки Ғарб Маскавро барои таҷовуз ба хоки ҳамсояаш ҷазои сахттар медиҳад, ҷанги Русия бо Украина шиддат гирифтааст.
Ҳамла ба Харков, таркишҳо дар Киев
Олег Синегубов, раиси вилояти Харков, гуфт, аз мардуми осоишта хостаанд, ки хонаҳои худро тарк накунанд. Дар наворҳое, ки тавассути мақомоти Украина дар интернет гузошта шуд, мошинҳои Русия дар Харков дида мешаванд. Як мошини сабукрав дар онҷо сӯхтааст.
Дар ҳамин ҳол, пас аз нисфи шаб дар ҷанубу шарқи Киев таркиш рӯй дод. Ба иттилои расонаҳо, эҳтимол як анбори сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Дар бораи хисорот ё осебдидагон хабаре нест.
Мақомоти Украина гуфтанд, ҳамлаи Русия ба анбори нафт дар Василков, воқеъ дар ҷануби Киев, зарба зад. “Душман ҳама чизро нест кардан мехоҳад,” -- гуфт раиси шаҳри Василков Наталя Баласинович.
Бино ба гузоришҳо, дар ғарби Киев низ садои таркиш шунида шудааст. Дар пасманзари гузоришҳо дар мавриди задухӯрдҳо дар наздикии Харков, дафтари раисиҷумҳур Владимир Зеленский гуфт, нерӯҳои Русия лӯлаи газро дар ин шаҳр тарконданд ва ҳукумат аз мардум хостааст, тирезаҳои худро бо матои тар ё дока пӯшонанд.
Ба иттилои дафтари Зеленский, таркиши дигар дар фурудгоҳи Жуляни рух дод. Артиши Украина гуфт, дар муқобили ҳамла ба пойтахт хатти худро нигоҳ доштааст. Президент Зеленский дар паёми видеоӣ гуфт, “то замоне кишварамонро озод накунем, мубориза хоҳем бурд.”
Вай афзуд, Маскав асосан минтақаҳои аҳолинишинро бомбаборон мекунад. “Шаби гузашта дар Украина ваҳшатнок буд, боз тирпарронӣ, боз бомбаборони маҳаллаҳои истиқоматӣ ва зербунёдҳои ғайринизомӣ,” – гуфт Зеленский рӯзи 27-уми феврал.
Ду тараф ба музокирот омодаанд, аммо...
Раисиҷумҳури Украина ҳамзамон гуфт, кишвараш барои гуфтушуниди сулҳ бо Русия омода аст, аммо на дар Беларус. Владимир Зеленский Варшава, Братислава, Истанбул, Будапешт ё Бокуро ҳамчун макони алтернативии музокирот бо Русия пешниҳод кард. "Агар аз ҳудуди Шумо ягон амалиёти таҷовузкоронае намешуд, мо метавонистем дар Минск суҳбат кунем," – афзуд ӯ.
Пештар Кремлин гуфта буд, ки як ҳайати Русия барои гуфтугӯ бо мақомоти Украина ба шаҳри Гомели Беларус рафтааст. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, 27-уми феврал гуфт, ба ин ҳайат низомиёну дипломатҳо шомиланд.
Дастрасии баъзе бонкҳои Русия ба SWIFT масдуд шуд
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, Фаронса, Олмон, Итолиё, Бритониё, Канада ва Амрико ба мувофиқа расиданд, ки дастрасии як қатор бонкҳои Русияро ба низоми SWIFT қатъ мекунанд. Онҳо дар рӯзи 26-уми феврал дар изҳороти муштарак гуфтанд, ин тадбир захираҳои байнулмилалии Бонки Марказии Русияро маҳдуд карда, ба ин васила ба тавоноии он барои пуштибонӣ аз рубл монеъ мешавад.
Коршиносон гуфтаанд, масдуд кардани дастрасӣ ба SWIFT як қадами умдаи Ғарб алайҳи Маскав хоҳад буд. Иқдомҳои ахир дар ҳоле сурат гирифтанд, ки коршиносони ғарбӣ мегӯянд, нерӯҳои Украина дар се рӯзи ҷанг муқовимати шадидтар аз интизорӣ нишон додаанд.
Вазири дифои Украина, Алексей Ресников, дар паёме дар Фейсбук, аз сарбозони худ ситоиш кард. Вай гуфт, Русия ба тасарруфи Киев, тавре ки тарҳрезӣ мекарданд, муваффақ нашуд ва афзуд, Украина ҳоло аз кишварҳои дигар ёрӣ интизор аст.
Виктор Ляшко, вазири тандурустии Украина, рӯзи 26-уми феврал гуфт, дар ҳамлаи Русия 198 нафар кушта ва беш аз 1000 каси дигар захмӣ шудаанд. Русия теъдоди қурбониёнро нашр накардааст.
Созмони Милал рӯзи 26-уми феврал гуфт, ки аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 120 000 нафар ин кишварро тарк карда, асосан ба Лаҳистон, Руминия, Молдова ва Маҷористон паноҳ бурдаанд.
Олмон ба Украина "Стингер" ва мушаки зиддитонкӣ мефиристад

Ҳукумати Олмон гуфт, дар муқобили ҳамлаи беасоси нерӯҳои Русия, ба Украина 1000 мушаки зиддитонкӣ ва 500 мушаки зидди ҳавоии "Стингер" мефиристад. Ин тасмим дар сиёсати Берлин дигаргунии қобили мулоҳиза аст.
Олмон рӯзи 26-уми феврал ҳамчунин гуфт, ба Ҳолланд иҷоза медиҳад, ки садҳо мушаки зиддитонкии сохти ин кишварро ба Украина интиқол диҳад. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, дар баёнияе гуфт, "вазифаи мост, ки тамоми талошро бикунем, то Украина аз артиши таҷовузгари Путин эмин бимонад."
Раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, аз тасмими Олмон ситоиш кард. Вай дар Твиттер навишт, "Олмон ба тозагӣ эълон кард, ки ба Украина силоҳҳои зиддитонкӣ ва мушакҳои "Стрингер" медиҳад. Ин корро давом диҳед."
Аз он пеш, Матеуш Мораветcкий, нахуствазири Лаҳистон, баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ва бахусус Олмонро гунаҳкор кард, ки ба зидди Русия таҳримҳои сахту шикананда ҷорӣ накардаанд. Вай рӯзи 26-уми феврал, қабл еш аз мулоқот, бо Шолтс ба хабарнигорон гуфт, "аз ин рӯ, ба ин ҷо омадам... то виҷдони Олмонро такон диҳам. То онҳо дар ниҳоят дар бораи таҳримҳое, ки воқеан шикананда ҳастанд, тасмим бигиранд."
Дар ҳамин ҳол, Ҳолланд гуфт, дар пайи дархости Киев ба Украина мушакҳои дифои ҳавоӣ ва системаҳои зиддитонкӣ хоҳад дод. Ҳукумати Ҳолланд ба порлумон гуфт, ба зудӣ ба Украина 200 мушаки "Stinger" ва 50 силоҳи зиддитонкии "Panzerfaust 3" бо 400 мушак мефиристад.
Нерӯҳои Русия субҳи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Маскав онро амалиёти вижа барои ғайринизомӣ кардани Украина медонад, вале Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз меҳисобанд. Аксар кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои молӣ ҷорӣ карда, интиқоли таҷҳизоти низомиро ба Украина афзоиш додаанд.
То марзи Аврупо бо қатор, мошин ва пои пиёда. Паноҳҷӯии 120 ҳазор украинӣ

Шумори паноҳҷӯёни украинӣ дар кишварҳои ҳаммарзи он то рафт меафзояд ва то шоми 26-уми феврал дар сарҳади Полшаву дигар кишварҳо 120 ҳазор мардуми фирорӣ аз оташи ҷанги Русия ҷамъ шуд.
Ҳаводиси имрӯзаи Украинаро азимтарин ҷанги заминӣ баъди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон меноманд. Паноҳҷӯён савори қатор, мошин, автобус ва ё пиёда то наздиктарин сарҳади Аврупо мерасанд. Мақомот гуфтанд, ки паноҳҷӯёни украиниро ҳоло мешавад дар Полша, Словакия, Руминия, Венгрия ва Молдова мушоҳида кард.
Аксари онҳоро дар сарҳад хешовадону дӯстон ваё мақомоти маҳаллӣ пешвоз гирифтанд. Олмон, ки бо Украина марзи муштарак надорад, инчунин хабар дод, ки аввалин паноҳҷӯёни украинӣ ба хоки ин кишвар ҳам ворид шуданд, ҳарчанд шуморашон ҳоло кам аст. Мақомоти олмонӣ гуфтанд, ки шумори ками муҳоҷирон сарҳади Украинаро гузашта ба шаҳри Гёрлитси Полша расиданд ва аз он ҷо ба марказҳои қабули паноҳҷӯён дар шаҳри олмонии Айзенхюттенштадт ворид шудаанд.
Интихоби кишвари Полша барои фирор аз оташи ҷанг тааҷҷубовар нест, чунки дар солҳои охир тахминан 2 миллион шаҳрванди Украина барои кор Иттиҳоди Аврупоро интихоб кардаанд. Бисёри онҳо ҳанӯз фирории ҷанги аввали соли 2014 ҳастанд, вақте Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, аз ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина ҳимоят кард.
Дар гузаргоҳи марзии Медика, ки дар деҳаи ҳамноми он дар сарҳади Полша ҷойгир аст, корвони мошинҳо аз Украина дар масофаи то 15 километр саф кашидаанд. Оҷонсии марзбонии Полша дар изҳороте гуфт: “Мо ба ҳар як нафарашон кӯмак мекунем”, “мо ҳеҷ касро беёрӣ намегузорем”.
Аксари онҳое, ки барои убур ба марзи Аврупо омадаанд, занону кӯдакон ва пиронсолон мебошанд. Президенти Украина Владимир Зеленский ба мардони 18 то 60-сола тарк кардани кишварро иҷоза надод.
Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон дар як изҳороташ дирӯз гуфт, ки пешбинӣ мешавад то 4 миллион сокини Украина паноҳанда шаванд. Келли Клементс, раиси ин ниҳод дар сӯҳбат бо CNN гуфт, “мо ҳоло шоҳиди паноҳҷӯии 120 ҳазор нафар ҳастем”. Ӯ гуфт: “Ин мардумро ҷомеаву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дараҷаи олӣ қабул мекунанд. Вале ҳодисаҳо босуръат тағйир меёбад”.
Молдова рӯзи 25 феврал гуфт, ки аз замони шурӯи ҳуҷуми Русия тахминан 15 ҳазор паноҳандаи украиниро қабул кардааст. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Молдова Анна Ревенко, дар 24 соати аввали баъди шурӯи ҳуҷум 15 ҳазору 800 украинӣ аз сарҳад гузаштанд. Ӯ гуфт, ки аксари онҳо роҳро ба сӯи Аврупо идома доданд ва тахминан 100 нафарашон аз Молдова дархост карданд, ки барояшон дар гирифтани ҳақи паноҳандагӣ мусоидат кунанд.
Ин дар ҳоле буд, ки Молдова дар робита бо ҳуҷуми Русия ба Украина дар қаламрави худ 60 рӯзи ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард. Мақомоти ин кишвар дар гузаргоҳҳои марзии ҳамсарҳад бо Украина – Окнитса ва Паланка марказҳои қабули 72-соатаи паноҳҷӯёнро таъсис доданд. Дар ин нуқтаи марзӣ ҳам корвони мошинҳо аз Украина саф кашидаанд. Молдова бо Украина 1222 км марз дорад.
Ҳамсояи дигари Украинаву Молдова – Руминия ҳам шоҳиди афзоиши паноҳҷӯён шудааст. Руминияу Украина 650 км марзи муштарак доранд. Аксари украиниҳо ба гузаргоҳи марзии Сигет-Мармаросский мерасанд ва аз он ҷо талош мекунанд ба Полша ё Ҷумҳурии Чех бираванд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Руминия, рӯзи 25 феврал дар ин нуқтаи марзӣ 10 ҳазор шаҳрванди Украина ба қайд гирифта шуд, вале фақат 11 нафари онҳо аризаи паноҳандагиро дар Руминия пур карданд. Дафтари президенти Молдова хабар дод, ки Майя Санду дар сӯҳбат бо ҳамтои руминиаш Клаус Йоҳаннис ба зарурати тадбирҳои муштараки ҳамоҳангшуда ба хотири расонидани ёрии зарурии башарӣ ба паноҳҷӯёни украинӣ таъкид кардааст.
“Роскомнадзор” ба матбуот гуфт, бархе гузоришҳоро дар бораи ҷанги Украина "нобуд кунанд"

“Роскомнадзор” – идораи нозири матбуоти Русия амр додааст, ки расонаҳо гузоришҳоеро, ки дар тасвири ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина аз вожаҳои “ҳуҷум”, “ишғол” ва “эълони ҷанг” истифода кардаанд, пок кунанд. Рӯзи 26 феврал ин идора хабар дод, ки нисбати расонаҳои мисли “Новая газета”, “Эхо Москвы”, ИноСМИ, “Медиазона”, “New Times”, “Дождь”тафтише ба роҳ мондааст, ки ба шеваи пӯшиши ҷанг дар Украина рабт мегирад.
Дар ин феҳрист инчунин исми як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) Крым.Реалии ҳам ёд мешавад. Ин расонаҳо дар нашри “иттилои носаҳҳеҳ дар бораи мушакандозии артиши Русия дар шаҳрҳои Украина ва талафоти ҷонӣ” муттаҳам мешаванд.
Президенти РАО/РО Ҷейми Флай гуфт, “РАО/РО талаботи "Роскомнадзор"-ро иҷро намекунад”.
"Таҳдидҳои Кремл як кӯшиши ошкоро барои сафед кардани далелҳои ваҳшиёнаи талафоти инсонӣ дар ҷанги ғайриқонунии Владимир Путин алайҳи Украина аст."
"Русҳо дар ин лаҳзаи муҳим беш аз ҳарвақта ба мо муроҷиат мекунанд, то суханони мақомоти Украина ва мардумиро ғайриммулкиро бишнаванд ва тасвирҳои марг ва харобиҳоеро бубинанд, ки аз ҷониби Владимир Путин ва ҳукуматаш пинҳон дошта мешаванд" гуфт ӯ. "Мо ба ин фишор дода намешавем, то онҳоро аз ҳақиқат маҳрум кунем."
“Роскомнадзор” гуфтааст, ки расонаҳое, ки амри пок кардани ин гузоришҳоро иҷро намекунанд, масдуд мешаванд. Иловатан ҳар яки онҳо дар ҳаҷми 5 миллион рубл ё 60 ҳазор доллар ҷаримабандӣ мешаванд.
Дар як номаи бозе тахминан 100 журналист, аз ҷумла чанд корманди расонаҳои давлатии мисли ТАСС ва RT “амалиёти низомии Русияро, ки алайҳи Украина шурӯъ шудааст”, маҳкум кардаанд.
Макрон пешбинӣ кард, ки ҷанг "тӯлонӣ" давом мекунад

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки “ҷанг тӯлонимуддат” хоҳад шуд ва пешбинӣ кард, ки ҳуҷуми Русия ба Украина барои аврупоиҳо паёмадҳои сангине хоҳад дошт. Макрон, ки рӯзи 26 феврал дар як намоишгоҳи кишоварзии шаҳри Париж сӯҳбат мекард, дар муроҷиат ба кишоварзони кишвараш гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги Русия дар Украина нархҳо – аз нархи май (вино) сар карда то меваву сабзавот, баҳои содироти маҳсулот ва нархи энержӣ ҳамааш осеб мебинанд.
Кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия як бастаи калони таҳримҳо ҷорӣ карданд, чандин бонкро ба феҳристи сиёҳ ворид ва содироти фанновариҳоро манъ намуданд. Вале ба таҳрими низоми бонкии SWIFT, ки дар муомилаҳои пулии байналмилалӣ роиҷ аст, нарафтанд.
ИМА дар қарори 25-уми февралаш Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва сарфармондеҳи ситоди кулл Валерий Герасимовро таҳрим кард. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Канада ҳама гуна дороиҳои Путину Лавровро дар қаламрави худ масдуд карданд.
Шоми 25-уми феврал президенти ИМА Ҷо Байден санадеро имзо кард, ки 500 миллион доллар ёрии изтирории низомӣ ба ҳукумати Украинаро пешбинӣ мекунад. Вале маълум нест, ки ин кӯмакҳо кай вориди Украина мешаванд.
Аксар бозори саҳҳом дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир баҳои эътимод ба Русияро ба сатҳи поин фароварданд.
Украина аз 198 куштаву беш аз ҳазор захмии ҳуҷуми Русия хабар дод

Вазири беҳдошти Украина Виктор Ляшко рӯзи 26 феврал гуфт, ки дар паи ҳуҷуми нирӯҳои Русия ба Украина шумори кушташудаҳо 198 нафар ва маҷрӯҳшудаҳо беш аз як ҳазор нафарро ташкил додаанд. Маълум нест, ки то куҷо вазир ҳам афроди мулкӣ ва ҳам низомиро дар назар дорад.
Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то рӯзи шанбе 120 ҳазор паноҳҷӯи украинӣ кишварро тарк карда ба давлатҳои ҳамсоя гузаштаанд. Келли Клементс, муовини раиси Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки эҳтимолан вазъ аз ин бадтар шавад. Ӯ гуфт, “ҳоло мо мебинем, ки беш аз 120 ҳазор нафар ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Ин мардумро ҷомеаву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дараҷаи олӣ қабул мекунанд. Вале ҳодиса босуръат тағйир меёбад”.
Аксар паноҳҷӯён ба самти Полшаву Молдова мераванд, вале инчунин Руминия, Словакия ва Венгрия ҳам ба макони қабули паноҳандагони украинӣ табдил шудаанд.
Зеленский: "Мо аз сарзамини худ дифоъ мекунем". Ҳуҷуми Русия дар хоки Украина идома дорад. ВИДЕО

Президенти Украина Владимир Зеленский субҳи 26-уми феврал дар як паёме аз шаҳри Киев, ки нирӯҳои Русия ба он наздик шудаанд, гуфт, Украина таслим намешавад.
Зеленский, ки дар кӯча, дар назди қасри президенти Украина гап мезад, дар як паёми видеоӣ гуфт: «Ба хабарҳои сохта бовар накунед… Ман ҳаминҷоям, мо силоҳро ба замин намегузорем. Мо кишварамон, ҳақиқат, сарзамин, фарзандони худро дифоъ мекунем, ҳамаи ҳаминро дифоъ мекунем. Ман мехостам ҳаминро ба шумо бигӯям». Ин навор дар саҳифаи Twitter-и Зеленский нашр шуд.
Не вірте фейкам. pic.twitter.com/wiLqmCuz1p
— Володимир Зеленський (@ZelenskyyUa) February 26, 2022
Аз ин пеш Зеленский аз ҳамватанонаш хост, ки зидди ҳамлае бархезанд, ки шояд ояндаи кишварашонро муайян кунад. Ӯ пешниҳоди Амрикоро барои эвакуатсия ё берун рафтан аз кишвар рад карда гуфт: “Ҷанг дар ин ҷо аст”.
Баъди ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳру пойгоҳҳои низомии Украина, нерӯҳои ишғолгари Русия субҳи 26-уми феврал, тибқи хабарҳо, аз ҳар тараф ба дохилтари шаҳри Киев ворид мешаванд. Як шоҳид дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс аз мушакборони канораҳои шаҳр хабар дод.
Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина аксе дар Twitter нашр карда хонаи баландошёнаи осебдида аз ҳамлаи мушакиро дар маркази шаҳри Киев намоиш дод. Ӯ менависад: “Киев, ин шаҳри бошукуҳ ва осоиштаи мо, шаби дигаре аз ҳамлаҳои нерӯҳои хушкигарди Русия ва мушакҳо эмин монд. Яке аз онҳо ба як манзили истиқоматӣ дар Киев бархӯрдааст. Ман аз ҷаҳон талаб мекунам: Русияро пурра дар инзиво гузоред, сафирҳоро берун кунед, эмбаргои нафтӣ ҷорӣ кунед, иқтисодашро хароб кунед. Пеши роҳи ҷинояткорони ҷангии Русияро бигиред!”
Stop Russian war criminals! pic.twitter.com/c3ia46Ctjq
— Dmytro Kuleba (@DmytroKuleba) February 26, 2022
Чанде баъд навори видеоии саҳнаи ҳамлаи мушакӣ ба манзили истиқоматӣ нашр шуд.
Video of the moment that the missile hit the high-rise in Kyiv, #Ukraine. pic.twitter.com/uhFmrGCte2
— Global: MilitaryInfo (@Global_Mil_Info) February 26, 2022
Як мушовири Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ки дар ин ҳамла ҳеч нафаре кушта нашудааст. Ба гуфтаи як ходими идораи ёрии таъҷилӣ, касе кушта нашудааст, вале шаш нафар маҷрӯҳ гаштаанд. Антон Герашенко инчунин гуфт, иддаои Русияро, ки нӯё неруҳояш ба муассисаҳои осоишта зарба намезананд, дурӯғ номид. Ба гуфтаи ӯ, дастикам 40 макони ғайринизомӣ ҳадаф қарор гирифт ва нерӯҳои Русия биноҳои истиқоматиро низ тирборон мекунанд.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои Русия аз баҳри Сиёҳ ба шаҳрҳои Суми, Полтава ва Мариупол мушакҳои болдор партоб кардаанд ва дар наздикии шаҳри ҷанубии Мариупол даргириҳои шадид идома доранд.
Субҳи 26 феврал низомиёни украинӣ гуфтанд, ки як ҳавопаймои низомии онҳо ҳавопаймои дуюми русии навъи "ИЛ-76"-ро сарнагун кард. Ин ҳавопаймои ҳарбии боркаш мебошад. Ду мақоми амрикоие, ки аз вазъ дар Украина иттилои дасти аввал мегиранд, гуфтанд, ки як ҳавопаймои низомии русӣ дар наздикии Белая Серков, дар 85-километрии ҷануби Киев суқут дода шуд.
Рӯзи 25-уми феврал низомиёни украинӣ гуфтанд, ки дар 50-километрии ҷануби Киев дар наздикии шаҳри Василков ҳавопаймои навъи "ИЛ-76"-ро, ки неруҳои ҳавобурд ё десантро интиқол медод, сарнагун карданд. Тарафи Русия инро шарҳ надод ва феълан имкони тасдиқ кардани ин хабар вуҷуд надорад.
Хабаргузории Интерфакс гуфт, ки ҳарбиёни Русия нерӯгоҳи барқи обии шаҳри Киевро гирифтанд, вале Михайло Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина гуфт, ки вазъият дар Киев ва канораҳои он таҳти назорати ҳарбиёни украин мебошад.
Подоляк гуфт, “дар дохили шаҳр бархе гурӯҳҳои вайронкору ҷосус ошкор шудаанд, полис ва нерӯҳои худдифоъ ба таври муассир алайҳи онҳо кор мекунанд”.
Мақомоти дифоии амрикоӣ бовар доранд, ки ҳуҷуми нерӯҳои Русия бо муқовимати сахте рӯбарӯ шудааст ва ба ҳамин хотир суръати ҳаракаташ костааст, вале ҳама чиз метвонад зуд дигар шавад. Дар се рӯзи ҷанг, ба қавли низомиёни украин, онҳо тавонистанд 14 ҳавопаймо, 8 чархбол, 102 тонк, 536 мошини низомӣ ва инчунин 3 ҳазор низомии русро нобуд кунанд. Дар ин бора дар як изҳороташ рӯзи 26 феврал вазорати дифои Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Вале санҷиш ва тасдиқи ин хабар номумкин аст.
— OSINTtechnical (@Osinttechnical) February 26, 2022
Русия ҳеҷ оморе дар бораи талафот нашр намекунад. Вазири беҳдошти Украина Виктор Ляшко рӯзи 26 феврал гуфт, ки дар паи ҳуҷуми нирӯҳои Русия ба Украина 198 украинӣ кушта ва зиёда аз ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Вай шарҳ надод, ки чӣ шуморе аз онҳо ҳарбиён будаанд. Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то рӯзи шанбе 120 ҳазор паноҳҷӯи украинӣ кишварро тарк кардаанд.
Келли Клементс, муовини раиси Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки эҳтимолан вазъ аз ин бадтар шавад. Ӯ гуфт, “ҳоло мо мебинем, ки беш аз 120 ҳазор нафар ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Ин мардумро ҷомеаву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дараҷаи олӣ қабул мекунанд. Вале ҳодиса босуръат тағйир меёбад”.
Аксар паноҳҷӯён ба самти Полшаву Молдова мераванд, вале инчунин Руминия, Словакия ва Венгрия ҳам ба макони қабули паноҳандагони украинӣ табдил шудаанд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки “ҷанг дарозмуддат” хоҳад шуд ва пешбинӣ кард, ки ҳуҷуми Русия ба Украина барои аврупоиҳо паёмадҳои сангине хоҳад дошт. Макрон, ки рӯзи 26 феврал дар як намоишгоҳи кишоварзии шаҳри Париж сӯҳбат мекард, дар муроҷиат ба кишоварзони кишвараш гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги Русия дар Украина нархҳо – аз май сар карда то меваву сабзавот ва баҳои содироти маҳсулот ва нархи энержӣ осеб мебинанд.
Кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия як бастаи калони таҳримҳо ҷорӣ карданд, чандин бонкро ба феҳристи сиёҳ ворид ва содироти фанновариҳоро манъ намуданд. Вале ба таҳрими низоми бонкии SWIFT, ки дар муомилаҳои пулии байналмилалӣ роиҷ аст, нарафтанд.
ИМА дар қарори 25-уми февралаш Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва сарфармондеҳи ситоди кул Валерий Герасимовро таҳрим кард. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Канада ҳама гуна дороиҳои Путину Лавровро дар қаламрави худ масдуд карданд.
Шоми 25-уми феврал президенти ИМА Ҷо Байден санадеро имзо кард, ки 500 миллион доллар ёрии изтирории низомӣ ба ҳукумати Украинаро пешбинӣ мекунад. Вале маълум нест, ки ин кӯмакҳо кай вориди Украина мешаванд.
Аксар бозори саҳҳом дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир баҳои эътимод ба Русияро ба сатҳи поин фароварданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ Русия нагузошт қатъномаи маҳкумкунандаи ҳуҷум ба Украина қабул шавад. 11 кишвар ба тарафдории қабули қатънома овоз доданд, вале Чину Ҳинд ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Зеленский гуфт, ки соатҳои наздик Украина ва Русия замону макони ташкили муколамаро баррасӣ мекунанд. Кремлин чанде пештар пешниҳод кард, ки мулоқот дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус барпо шавад. Украина Варшаваро интихоб намуд ва ин чиз, ба қавли сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков боиси “танаффус” дар тамосҳо шуд.
Сухангӯи Зеленский – Сергей Никифоров дар Фейсбукаш навишт, ки “Украина ба музокирот дар бораи оташбас ва сулҳ омода мебошад”. Ӯ гуфт, “мо ба пешниҳоди президенти Федератсияи Русия омода ҳастем”.
Нед Прайс, сухангӯи департаменти давлатии ИМА гуфт, ки пешниҳоди Русия талоши барпо кардани дипломатияи “зери мили туфанг” аст ва муҳимтарин чиз барои муколамаҳо ин аст, ки низомиёни Путин бомбафкании Украинаро хотима диҳанд.
Субҳи 25-уми феврал Путин аз низомиёни Украина хост, ки таслим шаванд. Ӯ гуфт: “Барои мо осонтар аст, ки назар ба як гурӯҳи нашъаманду неонасистҳое, ки дар Киев нишаста, ҳамаи мардуми украинро гаравгон гирифтаанд, бо шумо муколама кунем”. Иттиҳомоти бедалели Путин бори дигар ба он ишора мекунад, ки ҳадафи ниҳоии ӯ сарнагун кардани ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Зеленский мебошад.
Таҳримҳои зидди Путин дар ИМА, ИА ва дигарҳо

Вазорати молияи ИМА дар робита бо ҳамлаи Русия ба Украина феҳристи нави таҳримҳоро нашр кард, ки ба ин рӯйхат президенти Русия Владимир Путин ҳам дохил карда шудааст. Ҳамчунин вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу, сарфармондеҳи ситоди кулл Валерий Герасимов таҳрим шуданд. Ин нафарон ҳақ надоранд ба ИМА ворид шаванд ва сармояҳои онҳо масдуд мешавад.
Исми Путин ва Лавров ба феҳристи таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам дохил карда шудааст. Аврупо дороиҳои онҳоро масдуд карда, вале ҳақи ворид шудан ба қаламравашонро бекор накардааст. Дар феҳристи таҳримҳои аврупоиҳо инчунин исми муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва собиқ президент Дмитрий Медведев, раиси ҳукумат Михаил Мишустин, вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ва дигарҳо мебошанд.
Таҳримҳои иловагии ҷоришуда бахши молия, воридоти таҷҳизоти коркарди нафт, ҳавопаймоҳо ва қисмҳои эҳтиётии техникаи ҳавоӣ, ширкатҳои бахши дифоӣ, ширкатҳои Роҳи оҳан ва “КамАЗ”-ро дар бар мегиранд. Қоидаи соддаи гирифтани виза барои гурӯҳи муайяни шаҳрвандон ҳам бекор шуд.
Бритониё ва Канада ҳам зидди Путин таҳримҳои инфиродӣ ҷорӣ карданд.
На ҷойи рафтан, на ҷойи мондан. Тоҷикон дар Украина чӣ ҳол доранд? ВИДЕО
Муҳоҷирони тоҷик дар Украина мегӯянд, роҳҳои заминию ҳавоӣ барои берун шудан аз ин кишвар баста аст ва онҳо дар шароити номаълуме зиндагӣ доранд.
Қурби рублу қатъи парвозҳо. Таъсири ҷанг ба Тоҷикистон. ВИДЕО
Аввалин пайомадҳои ҳамлаи Русия ба Украина дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад.
Рӯзи гузашта қурби рубли русӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ якбора паст шуд, чандин парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия бекор шуданд. Пеш омадани чунин вазъият аз ҳоло муҳоҷирон ва наздикони онҳоро нигарон кардааст.
Субҳи 24-уми феврал бо фармони президент Владимир Путин нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд. Ин ҳамла то кунун ҳадди ақал 137 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузоштааст. Кишварҳои Ғарбӣ ҳамлаи Русияро маҳкум карда, алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.
“800 сомон кам дар чор рӯз”
Ду рӯз аст, ки рақамҳо дар таблои бонкҳои Тоҷикистон зуд-зуд тағйир мекунанд. Бахусус қурби рубли русӣ. Агар бегоҳи 23-юми феврал 1000 рубл қариб 142 сомонӣ буд, рӯзи гузашта то 120 сомонӣ пойин фаромад. Ҳоло арзиши ҳазор рубли русӣ ба 133 сомонӣ баробар аст. Муҳоҷирон ва наздикони онҳо аз якбора пасту баланд шудани қурби рубл нигаронанд.
Сиёвуш Абдуқодиров, муҳоҷири тоҷик ҳар моҳ ба Тоҷикистон 50-60 ҳазор рубл мефиристад. Агар 50 ҳазор рубли ӯ аввали ҳафта ба 7450 сомонӣ баробар буд, пас имрӯз 6650 сомонӣ мешавад. 800 сомонӣ камтар.
“Албатта қурб баланд бошад барои падару модар, барои хонавода хубтар аст. Аз пастшавии қурб мо зарар мекунем,-“афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ду рӯзи ахир садҳо нафар ба Радиои Озодӣ паём навишта, мехостанд қурби рубли русиро фаҳманд. Масъалаи қурби рубли русӣ ба он хотир барои мардуми Тоҷикистон муҳим аст, ки беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунанд. Маблағи фиристодаи аксари муҳоҷирон маҳз бо рубли русист.
Аммо фақат муҳоҷирон ва наздикони онҳо нестанд, ки аз пайомади ҳамлаи Русия, бахусус паст шудани қурби рубл, ранҷ мекашанд. Рустаборони муқими Тоҷикистон ҳам нигарони оянда ҳастанд. Чун ба гуфтаи онҳо, агар поёнравии қурби рубл ҳаминхел давом кунад, даромади онҳо кам мешавад.
Як хонуми рустабор, ки дар яке ташкилотҳои русии муқими Душанбе кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, қурби рубл поён равад, маоши онҳо ҳам бо сомонӣ кам мешавад.
Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад афзуд, “ин ба ҳаёти мо таъсири манфӣ мерасонад. Маҳсулоти ниёзи аввал гарон мешавад, маошҳо боло намераванд. Чӣ кор кунем, тоқат мекунем, рафта дуздӣ карда натавонам.»
“Парвозҳо ба 6-7 шаҳр манъ шуданд”
Поин рафтани қурби асъор ягона таъсири ҳамлаи Русия дар Тоҷикистон нест. Аз субҳи 24-уми январ чанд ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз накард. Рӯзи 25-уми феврал дар чанд нуқтаи билетфурӯшии Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ду рӯзи ахир пули билети чандин нафарро бозпас доданд ё парвозро ба рӯзи дигар гузаронданд.
АбдулҳайЮсупов, корманди яке аз ин нуқтаҳои билетфурӯшӣ мегӯяд, ба онҳо гуфтанд, чунин вазъ ҳадди ақал то 2-юми март идома мекунад.
Юсупов афзуд, “парвозҳо тақрибан ба 6-7 шаҳри Русия манъ шудагӣ аст. Аз ҷумла Красонодор, Ростов, Воронеж ва минтақаҳое қатъ шуд, ки ҳамсарҳади Украина ҳастанд.”
Буҳрони Русияву Украина ва бахусус ҳамлаи неруҳои рус дар бахши тоҷикии Фейсбук ҳам баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст. Бисёриҳо ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум мекунанд. Ҳарчанд ҳастанд нафароне, ки аз амалкарди Кремл пуштибонӣ мекунанд. Аммо ҳарду тарафи баҳс дар як масъала иттифоқи назар доранд, ки идома ёфтани ҷанги Русия бо Украина ба иқтисоди Тоҷикистон бахусус муҳоҷирон зарба мезанад.
СММ ба қабули 4 миллион паноҳҷӯи украин омода мешавад

СММ гуфт, ки ба қабули 4 миллион паноҳандаи украинии фирории ҷанги Русия омода мешавад. Шабиа Манту, сухангӯи идораи паноҳандагони СММ дар нишасти хабарии 25-уми феврал дар Женева гуфт, ки то ҳол дастикам 100 ҳазор сокини Украина хонаҳои худро тарк карда чанд ҳазор нафар аллакай хоки ҳамсоякишварҳои Молдова, Руминия ва Полшаро убур кардаанд. Ин идораи СММ гуфт, ки барои ёрӣ ба фирориҳои украинӣ омода мебошад. Аз ҷумла, ба иттилои ҳукумати Молдова, дар сарҳади ин кишвар 16 ҳазор ва Руминия 10 ҳазор паноҳҷӯи украиниро қабул кардаанд. Ба иттилои СММ, дар Украина талафоти афроди мулкӣ 127 нафар, аз ҷумла, 25 куштаву 102 захмӣ мебошанд.