Соли 2022. Шаҳри Бохтар. Замоне ки як мактаби русӣ дари худро боз кард, садҳо мардуми маҳаллӣ барои таҳсили фарзандонашон ба он рӯй оварданд. Ин муассиса номи Михаил Ломоносов, донишманди руси асри ҳаждаҳро дорад. Ҳамон сол дар Тоҷикистон чаҳор мактаби дигар бо пули Русия фаъол шуд.
Ҳукумати Русия ва намояндагони низомии Толибон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд, аммо ҷузъиёти он фош намешавад. Коршиносон ин суолро матраҳ мекунанд, ки оё ин аз як дигаргунии ҷиддӣ хабар медиҳад ё танҳо як иқдоми рамзӣ аст.
Дар Қирғизистон амалиёт ба зидди занони ниқобпӯш идома дорад, ки дар онҷо ба сар кардани ин либоси исломӣ манъ аст. Коре, ки дар Тоҷикистон солҳо пеш анҷом медоданд.
Мутахассисон мегӯянд, ки шояд Кобул дар оянда ба нахустин пойтахт дар ҷаҳон табдил ёбад, ки комилан аз об маҳрум мешавад. Сабаби ин фалокати эҳтимолӣ ба қавли мутахассисон, афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйироти иқлимӣ ва мудирияти нодуруст аст.
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин ва дидори Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон бо нахуствазири Русия, гумонзаниҳо дар бораи интиқоли қудрат дар ду кишварро зиёдтар кардааст.
Фақру бекории давомдор баъзе аз занонро дар Туркманистон ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст, то аз ин роҳ аъзои оилаи худро хӯронанду пӯшонанд. Чанде аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз хушунат, истисмори пулис ва таънаву маломати ҷомеа ҳам шикоят карданд.
Дар пайи амалиёту фишорҳои идомадори мақомот дар Тоҷикистон, садҳо “фолбин” ва “табибони халқӣ” боздошт шудаанд. Раисҷумҳур аз кори маъмурони пулис ситоиш мекунад. Баъзе аз сокинон ба ин боваранд, ки ҳукумат бояд ба ҷойи ин ба масъалаҳои муҳимтар, аз ҷумла бекорӣ ва бебарқӣ, таваҷҷуҳ намояд.
Пас аз сафари дувум ва расмии президенти Эрон Иброҳим Раисӣ дар ду соли охир ба Душанбе, муносибати Тоҷикистон ва Эрон ба марҳилаи дигар ворид шуд. Равобити ҳарду ҷумҳурӣ дар тақрибан як даҳа шоҳиди печухамҳои зиёде будааст.
Ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯйи зиндагии беҳтар ба воситаи Мексика ба Амрико мераванд. Чанд муҳоҷири эҳтимолӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, на роҳи пурмашаққат ва на қонунҳои наву сахтгиронаи Иёлоти Муттаҳида онҳоро аз ин сафар бознамедорад.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар моҳи марти соли 2022 аз мансаби раисҷумҳури Туркманистон канор рафт ва дар як интихоботи "сохта" ҷойи худро ба писараш, Сардор Бердимуҳаммадов, дод. Вай шонздаҳ сол ин кишвари пӯшида, аммо саршор аз газу нафти Осиёи Марказиро раҳбарӣ кард.
Ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ба Бритониё рафтаанд, аз шароити кор дар онҷо хушҳоланд, вале на аз музди кор. Онҳо мегӯянд, ҳаққи заҳмат дар ним сол танҳо барои хароҷоти зиндагӣ мерасаду бас. Айни замон муҳоҷирон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ пуштибон ёфтаанд.
Ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ба Бритониё рафтаанд, мегӯянд, аз ҳузур дар инҷо хушҳоланд, аммо на аз музди корашон, ки танҳо барои хароҷоти зиндагӣ кофист.
Бисёриҳо мегӯянд, тарс аз пайомадҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳамла бар Украина ва эҳтимоли фиристодани мардуми бештар ба ҷанг сабаб шудааст, ки ҳама чизро бигузоранду ба кишвари дигаре бираванд.
Манбаъҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, "бо як сафари кӯтоҳ ба Душанбе омад, аммо дубора ба Панҷшер бозгашт".
Нархи гарони билети сафар ба Русия ва имтиҳону дарёфти иҷозатномаи кор гуруҳе аз муҳоҷиронро водор кардааст, ки акнун дар Қазоқистон, кишвари сарватманди минтақа, кор биҷӯянд.
Занони бевамондаи қазоқ аз зиндагии даҳшатбори худ дар қаламравҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” нақл карданд.
Аксари беморон дар Туркманистон ба шифохона намераванд ва дар хона муолиҷа мекунанд. Бемороне, ки дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ мешаванд, бояд бо худ кӯрпаву хӯрок ва доруву ҳезум баранд.
Бунёди боғи наве дар ҷануби Тоҷикистон, маъруф бо номи “Гӯшаи Париж”, ки дар он манораи сунъии хурди Эйфел низ ҷой дорад, дар кишваре, ки бекории сартосари онро фарогир аст ва аксари сокинонаш ба пули интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия вобастаанд, вокунишҳои мухталифе ба бор овард.
Деҳаи Умари Хайём дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва дар наздикии марзи Афғонистон бо фаро расидани шаб комилан "нопадид" мешавад.
Ёфтҳои бештар