Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина

Байден Путинро "ҷинояткори ҷангӣ" хонд. Маскав маҳкум кард

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико зимни як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед ҳамтои русаш Владимир Путинро як "ҷинояткори ҷангӣ" хонд. Пеш аз Байден, субҳи чаҳоршанбеи 16-уми март Сенати Амрико қатъномаеро қабул кард, ки дар он Путин бинобар ҷанг дар Украина, "ҷинояткори ҷангӣ" муаррифӣ шудааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия ин изҳороти Ҷо Байденро, ки Путинро "ҷинояткори ҷангӣ" хонд, маҳкум кард. Вай афзуд, ки ин изҳороти раиси ҷумҳури Амрико "ғайри қобили қабул ва нобахшиданист".

Ба навиштаи Бӣ-Бӣ-Сӣ, сухангӯи Кохи Сафед андаке баъд аз изҳороти оқои Байден талош кард суханони ӯро шахсӣ ва на мавзеи расмии ҳукумати Амрико ҷилва диҳад. Ҷен Псаки ба хабарнигорон гуфт, ки президенти ИМА "ҳарфи дилашро задааст". Хонум Псаки гуфт, оқои Байден баъд аз дидани аксҳо "аз амалкардҳои бераҳмонаи як диктатори золим дар ҳамла ба як кишвари хориҷӣ", ин ҳарфҳоро задааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дархости ҳамтои украиниаш Владимир Зеленкский дар бораи ироаи кӯмакҳои низомиро қабул кард. Бинобар гузоришҳо, интизор меравад Ҷо Байден 800 миллион доллар ба Украина кӯмак кунад. Ин маблағ бар иловаи 13,6 миллиард долларе аст, ки Амрико пештар барои кӯмак ба Украина ҷудо дода буд.

Ҳамзамон Додгоҳи байналмилалии Гаага, яке аз муҳимтарин додгоҳҳои ҷаҳон хоҳони қатъи ҳамлаи низомии Русия ба Украина шуд. Раиси ин додгоҳ гуфт, ки Русия бояд хусуматҳо дар хоки Украинро, ки аз 24-уми феврал оғоз кардаст, фавран поён диҳад.

Парвандаи кишварҳое, ки аз дастури Додгоҳи байналмилалии Гаага сарпечӣ кунанд, мумкин аст ба Шӯрои Амнияти СММ вогузор шавад. Ҷойе ки Русия аз ҳаққи вето бархӯрдор аст. Ин дастури Додгоҳи байналмилалӣ роҳро барои ҳар гуна таъқиби додгоҳии дигар боз мегузорад. Владимир Зеленский аз ин иқдоми Додгоҳи байналмилалии Гаага истиқбол кард.

Ҳамзамон Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо Русияро аз ин созмон ихроҷ кард. Пештар Ассамблеи порлумонии Шӯрои Аврупо тавсия дода буд, ки Русия аз Шӯрои Аврупо ихроҷ шавад. Ба ҷуз ин, шуруъ аз 16-уми март Русия дигар узви Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон нест. Акнун додгоҳҳои Русия вазифадор нестанд, ки аз содир кардани ҳукми қатл худдорӣ варзаданд.

Шӯрои Аврупо ба далели ҳамлаи Русия ба Украина узвияти Маскавро охири моҳи феврал дар ин созмон боз дошта буд. Русия 15-уми март Шӯроро хабардор кард, ки аз созмон хориҷ мешавад. Русия соли 1996 узви Шӯрои Аврупо шуда буд ва аввалин кишварест, ки аз ин созмон ихроҷ мешавад.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина рӯзи 24-уми феврали имсол шурӯъ шуд. Расонаҳои давлатии Русия ҳамлаи низомӣ ба Украинро "амалиёти вижаи низомӣ" мехонанд. Аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ онро "таҷовуз"-и ошкор ба тамомияти арзии як кишвари мустақил медонанд. Тибқи гузоришҳои муътамад, нерӯҳои русӣ ғайринизомиёнро ҳам ҳадаф қарор додаанд. То кунун дар ин муноқиша аз ҳар ду тараф садҳо нафар кушта шуда, ҳудуди 3 миллион украинӣ қаламрави кишварашонро тарк кардаанд.

СММ: Шумораи оворагони украинӣ, ки аз кишвар хориҷ шудаанд, "ба се миллион нафар расид"

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 15-уми март эълон кард, ки шумораи оворагони украинӣ, ки аз ҷанг ва бомбаборони артиши Русия ба кишварҳои дигар гурехтаанд, ба ҳудуди се миллион расидааст.

Дафтари умури паноҳҷӯёни СММ гуфт, то кунун ду миллиону 950 ҳазор нафар аз Украина гурехтаанд ва ин ниҳод худро барои кӯмак ба чаҳор миллион паноҳанда омада кардааст.

Дар пайи ҳамлаи рӯзи якшанбеи Русия ба як пойгоҳи низомӣ дар атрофи шаҳри Лвов, ки аз марзи Лаҳистон чандон дур нест, бахше аз сокинони ноҳияҳои ғарбии Украина низ ба мавҷи паноҳандагон пайвастанд, ки аз кишвар хориҷ мешавад. Бахши асосии паноҳҷӯёне, ки аз тариқи марзи Лаҳистон хориҷ мешаванд, аҳолии минтақаҳои шарқи Украина ҳастанд.

Як зан 40-солаи сокини Харков гуфт, "мо воқеан мехостем дар Украина бимонем, вале пас аз ҳамлаҳои Русия ба Лвов ба назар мерасад, ки ҳеҷ нуқтае дар кишвар амният надорад".

Бахши калони паноҳҷӯён ба кишварҳои ҳамсояи Украина, аз ҷумла, Лаҳистон, Маҷористон, Словакия, Руминия ва Молдова рафтаанд. Шумораи паноҳҷӯёне, ки вориди Лаҳистон шудаанд, беш аз як миллиону 800 ҳазор нафар аст.

Ба гуфтаи Дафтари умури паноҳандагони СММ, ҳудуди 300 ҳазор нафар аз паноҳҷӯён низ ба кишварҳои Аврупои ғарбӣ, аз ҷумла Олмон ва Фаронса рафтаанд. Масъули умури муҳоҷирати Комиссияи Аврупо рӯзи сешанбе гуфт, "агар ҳамбастагӣ нишон диҳем, метавонем вуруди паноҳандагони украиниро ба хубӣ танзим кунем".

Суханони ӯ ёдовари тасмими Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмон аст. Хонум Меркел дар авҷи бӯҳрони муҳоҷирати солҳои 2015-2016, ки ҳудуди як миллион паноҳҷӯ ва муҳоҷирро, ки аз ҷанги дохилии Сурия гурехта буданд, бо шиори "Мо метавонем бӯҳронро идора кунем", дар Олмон пазируфт.

Дар марзи Украина ва Руминия дар сармои сахт, имдодгарон ва довталабон аз ҷумла, кормандони оташнишонӣ ба паноҳандагон кӯмак мекунад ва ин афрод ба василаи автобусҳое, ки аз қабл омода шудаанд, ба марказҳои муваққатӣ интиқол дода мешаванд.

Русия ҳамла ба маконҳои ғайринизомиро радд кардааст ва юриш ба Украинаро "як амалиёти вижа бо ҳадафи ғайринизомӣ кардани кишвар" хондааст. Аммо ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ иддаоҳои Русияро баҳонае барои нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии як кишвари демократӣ медонанд.

Ҷанг ба Киев наздиктар мешавад. Фирори қариб се миллион кас аз Украина. ВИДЕО, АКС

Бо вуҷуди идомаи бомбаборони сахти Русия дар Украина, ду тараф дигарбора сари мизи музокирот нишастанд. Дар муддати 20 рӯзи ҷанг бештар аз 2 миллиону 800 ҳазор украинӣ аз кишварашон гурехтаанд.

Даргирӣ дар канораҳои пойтахт

Низомиёни Украина рӯзи душанбе, 14-уми март, видеоеро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо, ҷанг бо нерӯҳои Русия дар канори шаҳри Киевро нишон медиҳанд. Ҷанг ба Киев пойтахти Украина наздиктар мешавад.

Cубҳи душанбе бомбаборони нерӯҳои Русия биноҳои истиқомативу мусофирбарҳоро вайрон ва сокинонро моту мабҳут кард. Камаш ду нафар кушта шуданд. Евгений, шоҳиди ҳодиса, гуфт, “як марди тақрибан 70-сола ҳалок шуд. Баъд ёрии таъҷилӣ омад. Хостанд, як зани захмиро наҷот диҳанд, вале ӯ ҳам фавтид.”

Украина ҳамчунин аз ҳамлаҳои ҳавоии бештар ба як фурудгоҳ дар ғарб, шиллик аз тонку тӯпхона дар канораҳои Киев ва шаҳри ҷанубии Миколаев гузориш дод. Ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украина инҷо зиёдтар шудааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Нерӯҳои таҷовузгари Русия ба Киев наздик мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Дар таъмиргоҳи мошинҳо дар Украина аслиҳаи ғаниматгирифта аз нерӯҳои русиро таъмир мекунанд, то дар ҷанг ба зидди худашон истифода баранд. Таъмиргар Олександр Федченко гуфт, “мо кафшергарону механикҳоро ҷамъ карда, ба онҳо намунаро нишон додем. Кори мо натиҷа дод.”

Саркӯби иқтисод, ҷинояти ҷангӣ

Раисҷумҳур Владимир Зеленский бо нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, мақсади Русия аз ҷанг нобуд кардани иқтисоди Украина аст. “Саркӯби иқтисоди Украина, яке аз ҳадафҳои ҷанг ба зидди мост. Мо бояд ба ин ҳам муқовимат кунем. Иқтисод ва мардуми худро наҷот диҳем. Барои ҳамин аз ҳукумат хоста шуд, барномаи эҳёи соҳибкории хурду миёнаро таҳия кунад,” – афзуд ӯ.

Бо идомаи ҷанг ду тараф рӯзи душанбе музокироте доштанд, ки як намояндаи Украина онро “душвор” номид.

Сергей Кислитса, сафири Украина дар Созмони Милал, рӯзи душанбе Русияро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам карда, гуфт, онҳо ба монанди фашистон ҳастанд. “Нерӯҳои Русия ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят ба зидди башарият дар Украинаро идома медиҳанд ва ҳеч фарқе аз фашистони 80 сол пеш надоранд. Шаҳру рустоҳо ба хок яксон шудаанд, гӯрҳои дастҷамъӣ, террори ғайринизомиён дар қаламравҳои ишғолшуда, одамрабоӣ ва қатли мақомоти маҳаллӣ, фаъолон ва журналистон ... идома дорад,” – гуфт ӯ.

Тасвирҳои моҳвораӣ аз вайронаҳои Мариупол ва канораҳои Киев

Пули вайрона бар фарози дарёи Ирпин ва мошинҳои партофташуда. 14-уми март
1/12 Пули вайрона бар фарози дарёи Ирпин ва мошинҳои партофташуда. 14-уми март
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Сокинони Ирпин ҳангоми фирор бояд аз зери пули вайрона пайроҳаи хатарнокеро гузаранд
2/12 Сокинони Ирпин ҳангоми фирор бояд аз зери пули вайрона пайроҳаи хатарнокеро гузаранд
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
3/12
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
4/12
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
5/12
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Ноҳияи Приморский, ғарби Мариупол. 14-уми март
6/12 Ноҳияи Приморский, ғарби Мариупол. 14-уми март
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Биноҳои истиқоматӣ ва маркази тиҷоратии "Порт-Сити" дар ғарби Мариупол сӯхта ва тахриб шуданд. 14-уми март
7/12 Биноҳои истиқоматӣ ва маркази тиҷоратии "Порт-Сити" дар ғарби Мариупол сӯхта ва тахриб шуданд. 14-уми март
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Шифохона ва биноҳои истиқоматӣ дар ғарби Мариупол зарар дидаанд. 14-уми март
8/12 Шифохона ва биноҳои истиқоматӣ дар ғарби Мариупол зарар дидаанд. 14-уми март
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Сӯхтор дар наздикии кӯчаи Фонтанна дар шарқи Мариупол. 14-уми март
9/12 Сӯхтор дар наздикии кӯчаи Фонтанна дар шарқи Мариупол. 14-уми март
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Хонаҳои сӯхта дар Мосчун, шимолу ғарби Киев. 14-уми март
10/12 Хонаҳои сӯхта дар Мосчун, шимолу ғарби Киев. 14-уми март
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Snake Island пеш аз ҳамлаи Русия. 13-уми феврал
11/12 Snake Island пеш аз ҳамлаи Русия. 13-уми феврал
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Snake Island пас аз ҳамлаи Русия
12/12 Snake Island пас аз ҳамлаи Русия
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
пешина
баъдӣ

Таҷовуз ба хоки Украина, ки Русия онро “амалиёти махсуси низомӣ” меномад, бузургтарин ҷанг пас аз соли 1945 аст ва то кунун 2 миллиону 800 ҳазор нафарро паноҳанда кардааст.

Русия мегӯяд, ки мардуми осоиштаро ҳадаф намегирад ва мақсадаш ғайринизомӣ ва аз “фашистон” пок кардани Украина аст. Украинаву шарикони ғарбиаш онро иддаои беасосу баҳонае барои ҷанг номидаанд.

Тасвирҳои моҳвораӣ аз вайронаҳои Мариупол ва канораҳои Киев

Мардони тоҷик дар Украина "мондаанд". Як зани тоҷик мегӯяд, ба Чехия роҳ наёфт. ВИДЕО

Киев, 14-уми марти 2022
Киев, 14-уми марти 2022

Як зани тоҷик иддао дорад, ки ӯро бо ду кӯдакаш аз Чехия “ба Украина бозпас фиристодаанд”. Фотимаи 47-сола панҷ сол боз дар Полтаваи Украина кору зиндагӣ мекард ва дар пайи ҳамлаи Русия аз он кишвар берун шуд, вале 14-уми март дигарбора ба макони зисташ баргашт.

Мақомоти Чехия дар ин бора шарҳ надодаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, агар зан бо кӯдаконаш ба Лаҳистон (Полша) биравад, ба ватан фиристода хоҳад шуд. То имрӯз беш аз 1700 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистону Молдова рафтаанд. Бахше дигар, асосан мардон, ҳанӯз дар Украина ҳастанд.

“Ҷанг ҳар рӯз наздиктар мешавад”

Фотима мегӯяд, ҳарчанд панҷ сол дар Украина зист, ҳаққи иқомати доимӣ надошт. Ҳар сол муҳлати будубошашро дароз мекард. Маҳз поён ёфтани ҳаққи иқоматаш дар Украина, ба гуфтаи ӯ, боис шудааст, ки мақомоти Чехия қабул накунанд.

Беш аз сесад шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Украина фирор кардаанд, тавассути Лаҳистон ба Душанбе бурданд
Беш аз сесад шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Украина фирор кардаанд, тавассути Лаҳистон ба Душанбе бурданд

“Шавҳарам бемор аст. Бар илова, дар Украина мардонро ба берун рафтан намемонанд. Гуфтам, ақаллан духтаронамро фиристам, нашуд. Ин ҷо ҳоло оромтар аст, вале ҷанг ҳар рӯз наздиктар мешавад,” -- гуфт ӯ.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, Полша ва Чехия онҳоеро, ки аз Украина ба ин кишварҳо паноҳ мебаранд, номнавис мекунад. Ҳафтаи гузашта 305 нафар, аз ҷумла донишҷӯён ва занону кӯдаконро ба Душанбе фиристоданд. Беш аз 60 нафари дигар дар Лаҳистон барои бозгашт ба Тоҷикистон номнавис шудаанд. Баргардондани шаҳрвандон бепул ва бо мадади “Frontex” ва Хадамоти марзбонии Лаҳистон сурат мегирад.

Киҳо бармегарданд?

Дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо хоҳишмандон ва онҳое, ки ҳамчун сайёҳ ё ба корҳои муваққатӣ ба Украина омада буданд, ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд. «Аммо он шаҳрвандоне, ки дар Украина ҳаққи иқомат доштанд, метавонанд, дар кишварҳои аврупоӣ бимонанд,» -- гуфтанд дар намояндагии расмии Тоҷикистон.

Имомуддин Сатторӣ
Имомуддин Сатторӣ

Сафир Имомиддин Сатторӣ гуфт, «барои онҳое, ки дар Украина ҳаққи иқомати қонунӣ доштанд, бозгашт ҳатмӣ нест. Ба онҳо шароити кору зиндагии яксола дар кишварҳои аврупоӣ дода мешавад. Ба онҳое, ки муваққатӣ дар Украина буданд ё санадҳояшон дуруст набуд, муҳлат барои бозгашт ба ватан дода мешавад.»

Мунира Сатторова, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хонаводааш дар Украина зиндагӣ мекард ва ҳоло дар Лаҳистон паноҳанда шудаанд, гуфт, қасди ба Тоҷикистон рафтан надоранд. “Дар Тоҷикистон кор надорем ва ба Украина барои кор омада будем. Ҳоло кӯшиш дорем, ки дар ҳамин ҷо ё Олмон монем ва ба корамон давом диҳем,” – афзуд ӯ.

"Мардонро аз Украина берун рафтан намемонанд"

Дар Украина бештар он шаҳрвандоне мондаанд, ки ё имкони берун шудан надоранд ё барояшон иҷозати хориҷ шудан намедиҳанд. Масалан, дар шаҳрҳои Харков, Запарожйе, Одесса ва Киев тоҷикон бештар мондаанд.

Ба мардони тоҷике, ки ҳаққи иқомати доимӣ доранд ё шаҳрвандии Украинаро гирифтаанд, иҷозати берун шудан намедиҳанд. Бар асоси қонунҳои Украина мардони аз 18 то 60-сола барои ҳимояи кишвар ҷалб мешаванд. То ҳанӯз маълум нест, ки чанд зодаи Тоҷикистон аз ҷониби Украина ба ҷанг даъват шудаанд.

Шарҳи бештарро дар видео бинед:

Тоҷикони соҳиби шиносномаи украинӣ бояд аз ватани навашон ҳимоят кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Баъзе аз зодагони Тоҷикистон ҳамсаронашонро ба хориҷ фиристода, худашон монданд. Сайлигул, як зани ҳомилаи тоҷик, ки бо ду кӯдаки ноболиғ аз шаҳри Запарожйе ба Лаҳистон паноҳ бурд, гуфт, ба шавҳараш иҷозаи берун шудан надодаанд.

Дар умум, тоҷиконе, ки дар Украина ҳастанд, дар ҳаросанд. Зуд-зуд бонги изтироб зада мешавад ва онҳо ба паноҳгоҳҳо мегурезанд.

14-уми март аз ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина 19 рӯз гузашт. Маълум нест, ҷанг бо чӣ меанҷомад.

Financial Times: "Русия аз Чин таҷҳизоти низомӣ хостааст"

Маҷаллаи "Financial Times" рӯзи 13-уми март аз қавли мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки Русия барои ҳамла ба Украина аз Чин таҷҳизоти низомӣ ва ёрӣ хостааст.

Ин мақомоти амрикоӣ бидуни шарҳи бештар ба "Financial Times" гуфтаанд, аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина, Маскав аз Пекин дархости таҷҳизоти низомӣ ва дигар кумакҳоро кардааст. Як мақоми амрикоӣ гуфт, Вашингтон ба муттаҳидони худ нисбат ба омода шудани Чин барои кумак ба Русия ҳушдор додааст.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Чин дар Вашингтон эълон кард, ки аз дархости Русия иттилоъ надорад. Ҳукумати Русия ҳам то кунун дар робита ба ин гузориш вокуниш нишон надодааст.

Нигарониҳо аз ёриҳои низомии Чин ба Русия дар ҳоле аст, ки Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, рӯзи душанбе барои мулоқот бо раиси Дафтари комиссияи марказӣ барои умури хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин, омода мешавад.

Ин гузориш аз қавли манбаъҳои огоҳ мегӯяд, Салливан дар назар дорад дар мулоқот бо дипломати баландпоятарини чинӣ, дар бораи эҳтимоли кумаки Пекин ба Русия барои идомаи ҳамла Украина ё нақзи таҳримҳои Ғарб ҳушдор диҳад.

Оқои Салливан рӯзи якшанбе низ ба ҳукумати Чин ҳушдор дод, ки ба Русия дар коҳиши таҳримҳои ҷоришуда, ёрӣ накунад. Вай дар мусоҳибае бо шабакаи NBC гуфт, бовар дорад, ки на Чин ва кишвари дигаре наметавонанд зиёнҳои Русия аз таҳримҳоро ҷуброн кунад.

Ин гузориш меафзояд, дархости Русия аз Чин барои дарёфти силоҳ дар ҳоле аст, ки нишонаҳои зиёде аз чолиши низомиёни Русия барои пешравӣ дар Украина дида мешавад.

Чин то кунун худро дар ҷанги Украина "бетараф" хонда, ҳамлаи низомии Русияро низ маҳкум накардааст.

Ин гузориш меафзояд, Амрико ҳамчунин дар садади розӣ кардани Чин барои ворид кардани фишори бештар ба ҳукумати Русия барои қатъи ҳамла ба Украина аст.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ин ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд.

навшуда

35 кушта ва 134 захмӣ. Русия ба пойгоҳе дар наздикии марзи Лаҳистон мушак партофт

Киев, Украина. Акс аз 12-уми марти 2022
Киев, Украина. Акс аз 12-уми марти 2022

Нерӯҳои Русия 13-уми март ба пойгоҳи низомии Украина дар наздикии марз бо Лаҳистон (Полша) 30 мушак партофтаанд. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳамла 35 кас кушта ва 134 нафар захмӣ шуданд. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ба нерӯҳои Русия ҳушдор дод, ки агар қасди ишғоли Киевро доранд, бо муборизаи марговар рӯбарӯ хоҳанд шуд. Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина 18 рӯз гузашт.

Ҳамла ба пойгоҳи бузургтарин

Мақомоти Лвов дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки "ишғолгарон ба маркази байнулмилалии ҳифзи сулҳ ва амният дар шаҳри Яворив ҳамла карданд." Ин иншоот дар масофаи камтар аз 25 километр аз сарҳади Лаҳистон ҷойгир буда, яке аз пойгоҳҳои бузургтарин дар ғарби Украина ба шумор меравад. Украина аксар машқҳои низомии худро бо кишварҳои НАТО дар он ҷо мегузаронд.

Шаҳрдори Ивано-Франковск дар ғарби Украина низ гуфтааст, фурудгоҳи ин шаҳр ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Ҳамзамон нерӯҳои Русия ба бомбаборони иншооти ғайринизомӣ дар минтақаҳои дигари Украина идома додаанд. Рӯзи 13-уми март дар ҳамла ба як бинои баландошёна дар Черниҳов як кас кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд.

"Агар онҳо тасмим доранд, ки бо бомбгузорӣ таърихи минтақаро аз байн баранд ва ҳамаи моро нобуд кунанд, дар он сурат ба Киев ворид хоҳанд шуд. Агар мақсадашон ин аст, бигзор ворид шаванд, аммо бояд дар инҷо худашон зиндагӣ кунанд," -- гуфт Владимир Зеленский.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президенти Украина афзуд, дар ҳафтаи сеюми ҳамлаҳои Русия баъзе аз шаҳракҳои хурд дигар вуҷуд надоранд. Ҳамзамон волии Черниҳов, дар 150-километрии шимолу шарқи Киев, дар назди вайронаҳои меҳмонхонаи "Украина" навор гирифта, гуфтааст, "дигар чунин меҳмонхонае нест, аммо худи Украина ҳанӯз вуҷуд дорад ва пирӯз хоҳад шуд."

"Дору нест, обу хӯрок намерасад"

Бар асари тирборони Русия ҳазорон нафар дар шаҳрҳои муҳосирашуда банд мондаанд. Вазорати дифои Украина гуфт, рӯзи 12-уми март дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Русия ба як корвони паноҳандагон, 7 украинӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта шуданд. Онҳо мехостанд, аз рустои Перемоҳа, 20-километрии шимолу шарқи Киев, фирор кунанд.

Маскав гуфтааст, барои гузаштани амни сокинон дар минтақаҳои даргирӣ "долонҳои башардӯстона" мекушояд, аммо мақомоти Украина Русияро ба бастани ин роҳҳо ва тирандозӣ ба тарафи мардуми осоишта гунаҳкор карданд. Ирина Верешчук, муовини сарвазири Украина, рӯзи 12-уми март гуфт, аз 14 долони мувофиқашуда танҳо 9-тоаш боз аст ва тавассути онҳо тақрибан 13 ҳазор касро берун бурданд.

Ба иттилои Оҷонси Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, аз замони ҳамлаи Русия дастикам 2,5 миллион нафар аз Украина ба кишварҳои дигар гурехтаанд.

Вазорати дифои Бритониё мегӯяд, нерӯҳои Русия дар 25-километрии маркази Киев ҷамъ шуда, Харков, Черниҳов, Сумӣ ва Мариуполи Украина дар муҳосира мондаанд. Дафтари кумакҳои башардӯстонаи СММ хабар дод, ки "дар шаҳри Мариупол миқдори ками маводи аввалия мондааст, доруҳо барои бемориҳои хатарнок ба зудӣ тамом мешаванд, шифохонаҳо қисман кор мекунанд ва обу хӯрок намерасад."

Вазорати корҳои хориҷии Украина 12-уми март гуфт, нерӯҳои Русия масҷидеро дар Мариупол тирборон карданд, ки дар он беш аз 80 калонсол ва кӯдак, аз ҷумла шаҳрвандони Туркия паноҳ ёфта буданд. Шаҳрдори Мариупол гуфт, шумори кушташудагон дар 12 рӯзи ҳамла аз 1500 нафар гузаштааст. Вай гуфт, тирпарронӣ боис шуд, ки кандани гӯрҳои дастҷамъиро бас кунанд ва аз ин рӯ "мурдаҳоро ҳатто дафн намекунанд".

Президент Зеленский мегӯяд, пас аз он ки нерӯҳои Украина 31 гурӯҳи тактикии Русияро аз байн бурданд, Маскав сарбозону афсарони нав мефиристад. Ӯ дар муроҷиати видеоӣ рӯзи 12-уми март гуфт, "мо ҳоло ҳам бояд истодагарӣ кунем. Мо ҳоло ҳам бояд мубориза барем." Вай афзуд, ҳудуди 1300 сарбози украинӣ кушта шудаанд ва аз Ғарб даъват кард, ки дар музокироти сулҳ бештар фаъол бошанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков Иёлоти Муттаҳидаро дар ташдиди танишҳо муттаҳам кард. Вай иддао кард, ки "бо интиқоли силоҳи ғарбӣ ба Украина" вазъ печида шудааст. Кишварҳои ғарбӣ Русияро ба таҷовуз ба хоки Украина гунаҳкор карда, ба зидди он кишвар таҳримҳои сахт ҷорӣ намудаанд.

Радди дархости Украина барои узвияти бошитоб дар Иттиҳоди Аврупо

Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбеи "ранҷу дарди тасаввурнопазир"-е, ки Русия ба сари мардуми Украина овард, маҳкум карданд, аммо дар нишасти худ, ки дар Фаронса баргузор шуд, дархости Киев барои узвияти ҳар чӣ зудтари ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупоро напазируфтанд.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки бузургтарин ҳамла ба як кишвари аврупоӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ба ин тараф ба шумор меравад, низоми амниятии Аврупоро барҳам зад ва пойтахтҳои аврупоиро ба бозандешӣ дар бораи сиёсатҳои иқтисодӣ, дифоӣ ва энержии ин иттиҳодия водошт.

Иттиҳоди Аврупо пас аз ҳамлаи Русия ба Украина таҳримҳои сахтеро алайҳи Маскав ҷорӣ кард. Ин иттиҳод ҳамакнун кӯмакҳои башардӯстонаро барои мардуми Украина фароҳам меоварад ва ҳамчунин артиши Украинаро бо силоҳ таъмин мекунад.

Аммо дархости Киев барои суръат бахшидани раванди узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ихтилофро дар миёни раҳбарони ин иттиҳод ба вуҷуд овард. Андреҷ Пленкович, нахуствазири Хорватия дар нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, ки то субҳи ҷумъа давом кард, гуфт, "ҳеҷ касе дар як шаб вориди Иттиҳоди Аврупо нашудааст".

Аз сӯе, Чарлз Мишел, раиси ин нишаст, бо ибрози ҳамдардӣ бо Украина ва ҳимояти ахлоқӣ аз ин кишвар гуфт, ки "Украина ба ҳама хонаводаи аврупоӣ тааллуқ дорад".

Аммо бархе дигар гуфтанд, ки бар хилофи хости президенти Украина Владимир Зеленкский, Украина иҷоза надорад ба ин зудӣ ва шитобзада вориди Иттиҳоди Аврупо шавад. Аз ҷумла, нахустазири Ҳоланд ба ин дархост мухолифат кард.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса аммо гуфт, айни замон имкони узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ба таври умумӣ рад нашудааст.

Вай изҳор дошт, "оё метавонем дарҳоро барои узвияти кишваре, ки дар ҳоли ҷанг аст, боз кунем? Фикр накунам. Оё метавонем дарҳоро бибандем ва бигӯем, не? Одилона нест. Биёед эҳтиёткор бошем".

Узвият дар Иттиҳоди Аврупо маъмулан чандин сол идома мекунад ва шартҳои сахте дорад, аз ҷумла, суботи иқтисодӣ, решакан кардани фасод ва риояи ҳуқуқи башар.

Амрико дигар аз Русия нафт намехарад. Ҷойи холиро кӣ пур мекунад? ВИДЕО

Нархи газ дар Амрико босуръат боло меравад. Дар Калифорния харҷи ронандагон ба фарқ аз як соли пеш барои газ 30 дарсад бештар шудааст. Мумкин аст, вазъ аз ин ҳам бадтар шавад.

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, президенти Амрико, ин ҳафта гуфт, ки “Амрико яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Русияро ҳадаф қарор додааст. Мо воридоти тамоми нафту газро аз Русияро манъ мекунем. Ин ба он маъност, ки нафти Русия дигар дар бандарҳои Амрико қабул намешавад ва мардуми Амрико як зарбаи сахте ба мошини низомии Путин мезананд.”

Баъди изҳороти Байден, Бритониё гуфт, ки хариди нафти Русияро то охири сол бас мекунад. Иттиҳоди Аврупо гуфт, талабот ба гази табиии Русияро ба андозаи аз се ду ҳисса коҳиш медиҳад.

Назари таҳлилгарон, вокуниши Маскав

Ба ақидаи таҳлилгарон бо коҳиши талабот ба нафту газ ва болоравии нарх, Русия шояд дар кӯтоҳмуддат зарари ҷиддӣ набинад, аммо дар ниҳоят қатъи хариди нафту газ ва таҳримҳои иқтисодӣ барои Русия фалокатбор мешавад.

Кристина Берзина, таҳлилгари Бунёди Маршал, мегӯяд, “пешгӯии таъсири дақиқи он каме душвор аст, чун аз нархи газу нафт вобаста хоҳад буд. Аммо коҳиши чашмраси фурӯши нафту гази Русия ба иқтисоди он бегуфтугӯ зарба мезанад. Чораҳои дигар, аз ҷумла афзоиши хароҷоти ин мавод, наметавонад таъсири бадро дар иқтисод кам кунад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Амрико дигар аз Русия нафт намехарад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Танҳо 8 дар сади масрафи дохилии сӯзишвории Амрико аз Русия аст. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо 40 дар сади гази табиӣ ва 27 дар сади нафташро аз Русия мехарад. Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, ба “Ассошиэйтед Пресс”, дар бораи маҳдудиятҳо гуфт.

Ӯ афзуд: "Ба зудӣ иваз кардани ҷойи нафти Русия дар бозори Аврупо ғайриимкон аст. Барои ин, беш аз як сол вақт лозим аст. Ҳамчунин, хариди нафт аз манбаъҳои дигар барои муштариёни аврупоӣ хеле гарон меафтад."

Мардум чӣ мегӯянд?

Байден ин мамнуъиятро пас аз фишори шадид аз сӯйи демократҳо ва ҷумҳурихоҳон ҷорӣ кард. Вай ба истихроҷи 30 миллион бушка нафт аз захираҳои стратегии Амрико иҷоза дод ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида аз истеҳсолкунандагони дигари нафт, мисли Венесуэла ва Арабистони Саудӣ, хостанд, ҷойи Русияро дар бозорҳои ин кишвар пур кунанд.

Як назарсанҷии Донишгоҳи Квиннипиак маълум кардааст, ки 71 дарсади пурсидашудагон дар Амрико бо вуҷуди болоравии нархи газ, аз манъи хариди нафти Русия пуштибонӣ кардаанд. Жаклин Сент Энн, сокини Лос-Анҷелес, гуфтааст, "барои ман болоравии нархи газ, беҳтар аз ҷорӣ шудани низоми худкома дар Украина аст."

Манъи воридоти сӯзишворӣ аз Русия ва идомаи ҷанг дар Украина нархи нафтро дар бозорҳои ҷаҳон боло бурд. Рӯзи сешанбе баҳои як бушка нафти хом аз 132 доллар гузашт.

Мошинаш зери зиреҳпӯш монд, худаш наҷот ёфт

Мошинаш зери зиреҳпӯш монд, худаш наҷот ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Як марди украинӣ, ки мошинаш зери як зиреҳпӯши русӣ монд, мегӯяд, баъди муолиҷа гирифтану сиҳат шудан, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш мепайвандад, то Украинаро аз ҳамлаҳои Русия муҳофизат кунад.

Аз Украина ва ҳамсояҳояш хостаанд, ки хориҷиҳоро "ҷудо" накунанд

Марзи Украина бо Лаҳистон (Полша)
Марзи Украина бо Лаҳистон (Полша)

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, теъдоди мардуме, ки аз ҷанги Русия дар Украина мегурезанд, ба тақрибан 2 миллион нафар расидааст. Дар ин бора комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Грандӣ баъди боздид аз Молдова, Лаҳистон ва Руминия маълумот дод. Ин кишварҳо мизбонони асосии паноҳҷӯён аз Украина ҳастанд.

Аммо натанҳо украиниҳо, балки шаҳрвандони кишварҳои дигар низ аз онҷо фирор мекунанд. То ин дам тақрибан 1400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд. Айни замон баъзе аз хориҷиҳо шикоят доранд, ки ҳини фирор бо «табъиз ва мушкилоти дигар» рӯбарӯ ҳастанд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират аз ҳукуматҳо хостааст, ба табъиз нисбати шаҳрвандони кишварҳои саввум, ки талоши фирор аз Украина ба давлатҳои ҳамсояро доранд, поён бидиҳанд.

Павел Диллон, сухангӯи созмон, гуфт, "албатта, мо амиқан нигарони вазъияти таассуфовари ин афрод ва гузоришҳои таъйидшуда ҳастем, ки дар мавриди табъиз, хушунат ва бегонаҳаросӣ алайҳи онҳо дар тӯли сафарашон дар тарафи Украина ва он сӯи марзҳо дарёфт кардаем."

Сайлигул, як зани ҳомилаи тоҷик, то оғози ҷанги Русия дар Украина дар Запарожйе кору зиндагӣ мекард. Ӯ шикоят дорад, ки беш аз як ҳафта боз наметавонад бо ду кӯдакаш аз онҷо берун шавад. «Дар роҳи оҳан ва ҷойҳои дигар аввал шаҳрвандони Украинаро барои берун рафтан иҷозат медиҳанд. Шаҳрвандони кишварҳои дигарро дар навбати дувум гузоштаанд,» -- гуфт ӯ рӯзи 8-уми март.

Сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, дар робита ба вазъияти шахсоне ба монанди Сайлигул бо мақомоти украинӣ ва кишварҳои дигар дар тамос мебошанд. Вай аз ҳукуматҳо хост, гузоришҳоро дар бораи табъиз ва рафторҳои дигари нодуруст баррасӣ кунанд.

Павел Диллон ҳамчунин аз кишварҳо хост, итминон бидиҳанд, бо афроде, ки аз даргириҳо фирор мекунанд, аз ҷумла атбои кишварҳои севум, рафтори инсонӣ сурат мегирад ва дар қаламравҳояшон ба онҳо иҷозаи дастрасӣ ба хадамотро медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони 138 кишвар Украинаро тарк карданд ва масъалаи шаҳрвандони кишварҳои севум ва ниёзҳои давомдори онҳо яке аз мавридҳое хоҳад буд, ки дар ҳафтаҳои оянда ба он расидагӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Диллон, даҳҳо кишвар бо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар тамос шуда, хоҳони бозгашти амни шаҳрвандонашон шуданд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират хостори дарёфти 350 миллион доллар барои посух гуфтан ба ниёзҳои рӯ ба афзоиши бӯҳрони Украина дар ду тарафи марз аст. Ин созмон мегӯяд, ин пул ба ҳазорон овора дар дохили Украина ва ҳамчунин ба касоне, ки ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд, расонида хоҳад шуд.

Хабари марги Хурсандмурод дар Украина "рад шуд", вале ташвиши волидонаш монд. ВИДЕО

Шарифамо Исоева гуфт, хоҳони ҳарчи хотима ёфтани ҷанг дар Украина аст
Шарифамо Исоева гуфт, хоҳони ҳарчи хотима ёфтани ҷанг дар Украина аст

Ҳавлии Шарифамо Исоева дар маҳаллаи Бадахшони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз мотамхонаро мемонд. Ба ӯ хабар расондаанд, ки писари 29-солааш, Хурсандмурод Маҳмудов, дар ҷараёни ҳамлаи Русия ба Украина кушта шуд, вале дертар рад кардаанд. Хурсандмурод Маҳмудов дар ҳайати артиши Русия дар Украина меҷангад.

Бино ба гузоришҳои расида, дар ҷанги Украина дар байни низомиёни рус тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва торафт сахттар шудани ҷанг волидони онҳоро дар Тоҷикистон нигарон кардааст.

“Танҳо орзу дорам, ки ӯро ба оғӯш бигирам"

Шарифамо Исоева ва аъзои дигари хонавода хабари марги Хурсандмурод Маҳмудовро рӯзи 4-уми март фаҳмидаанд. Аз Русия ба онҳо гуфтаанд, ки ӯ ва ҳамхидматонаш ҳангоми ҷанг дар Украина кушта шуда, ҷасадашон сӯхт ва бояд то анҷоми ташхис мунтазир монанд. Хабар бегоҳи 7-уми март рад шудааст.

"Се рӯз хабарҳои бардурӯғ бисёр ғамгин кард. Иттилои дақиқ ёфтем, ки фарзандамон сиҳату саломат аст ва дар ҳудуди Украина мебошад," -- гуфт Шарифамо Исоева рӯзи 8-уми март, вале тафсилот надод, ки оё бо писараш телефонӣ тамос дошт ё каси дигаре паёмашро расонд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Мехоҳам, писарамро бинаму ба оғӯш бигирам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Ба гуфтаи наздиконаш, Хурсандмурод Маҳмудов соли 2013 дар артиши Русия хидмат кард ва минбаъд вазифаашро шартномавӣ идома дод. Ӯ пештар дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе кор мекард ва сипас ба шаҳри Самара бурда шудааст.

Хурсандмурод Маҳмудов рӯзи 21-уми феврал дар ҳайати нерӯҳои Русия ба марзи Украина рафтааст. Пас аз чаҳор рӯзи он, Маскав ба хоки ҳамсояаш ҳамла кард ва ҷанг то ҳол идома дорад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз меноманд ва алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

Ҳарчанд хабари марги Хурсандмурод Маҳмудов рад шуд, ӯ то ҳоло дар майдони ҷанг аст. Аз ин рӯ, Шарифамо Исоева барои ҳарчи зудтар поён ёфтани даргирӣ дуо мекунад. “Фақат мехоҳам, ки фарзандамро як бори дигар бубинаму дар оғӯшам бигирамаш. Дигар чизе намехоҳам,” -- мегӯяд ӯ.

Чанд тоҷик дар Украина кушта шуданд?

Хурсандмурод Маҳмудов ягона ҷавони тоҷик нест, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия дар Украина меҷангад. То ин дам дар бораи марги дастикам ду зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина гузориш расидааст.

Тедоди умумии тоҷиконе, ки аз ҷониби Русия дар Украина меҷанганд, маълум нест. Миёни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад ва ба ин далел даҳҳо ҷавони тоҷик шаҳрвандии Русияро қабул карда, дар артиши он кишвар хидмат мекунанд.

Бар асоси шартномаи дутарафа, шахси соҳиби шиносномаи Тоҷикистон ва Русия дар кадоме аз ин кишварҳо хидмати ҳарбиро анҷом дода бошад, афсари эҳтиётии ҳамон кишвар ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамлаи артиши Русия ба Украина қариб ду ҳафта мегузарад. Мақомоти Русия рӯзи 2-юми март эълон карданд, ки ҳудуди 500 низомии ин кишвар дар ҷанги Украина кушта шуданд. Ҷониби Украина талафоти артиши Русияро беш аз 12 ҳазор нафар эълон кард.

Ҷанг сахттар, теъдоди паноҳҷӯёни украинӣ зиёдтар мешавад. ВИДЕО

Бо шиддат гирифтани ҷанги Русия дар Украина, теъдоди мардуме, ки аз тарси кушта шудан мегурезанд, зиёдтар мешавад. Онҳо асосан ба самти Аврупо мегурезанд, ки ҳамсояҳои наздики Украина ҳастанд.

"Дар асри 21 боварнакарданист"

Аз пули рамзӣ дар сарҳади Маҷористону Украина 30 сол пеш охирин сарбози Шӯравӣ ба Украина, он замон яке аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳод, гузаштааст. Ҳамон вақт аксарият фикр мекарданд, ки бо ҳамин нуфузи Русия дар Аврупои Марказӣ абадан тамом мешавад. Аммо ҳоло бо ҳамлаи Русия ба Украина садҳо ҳазор нафар ба ҳамин самт, аз ҷумла Маҷористон фирор мекунанд.

Марта Котек, сокини Киев, мегӯяд, “ман тамоми зиндагиамро, дору надорамро гузошта омадам. Хона месохтам. Ин як девонагист. Пойтахти кишвари шумо бомбаборон мешавад, ин ваҳшатнок аст. Дар маркази Аврупо ва дар асри 21. Ин боварнокарданист.”

Дар чанд рӯзи гузашта бештар аз 100 ҳазор нафар ба Маҷористон рафтаанд, садҳо ҳазори дигар ба кишварҳои дигар, бахусус Лаҳистон. Теъдодашон зиёдтар мешавад ва даъватҳо барои кумак ба Украина меафзояд.

Теъдоди паноҳҷӯёни украинӣ зиёдтар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Хабарнигори “Садои Амрико” Яна, модари 31-солаеро дид, ки аз шаҳри Буча дар наздикии Киев бо фарзандонаш гурехтааст. Ӯ роҳи хонаашонро нишон медиҳад, ки мумкин аст, дигар ба он барнагардад.

"Онҳо низ одаманд"

“Аз тамоми ҷаҳон илтиҷо мекунем, ба мо кумак кунанд, чун ин сарзамини мо, кишвари мо аст. Мо ҷои дигаре рафтан намехоҳем. Мо украинӣ ҳастем, хонаводаи 44 миллионнафарӣ. Аз мардуми Русия мехоҳем, ба кӯчаҳо баромада, тазоҳурот кунанд. Онҳо низ одаманд,” – гуфт ӯ.

Бо ҳамлаи Русия ба Украина, нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан, сиёсати сахтгиронаи муҳоҷират ба кишварро сабуктар сохт ва гуфт, муҳоҷирони Украинаро “зуд ва осон” қабул кунанд.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ барои паноҳҷӯён марказҳои қабул ва нигаҳдорӣ боз кардаанд. Муассисаҳои давлатӣ бо ғизо таъмин мекунанд ва муассисаҳои имдодӣ хайрия ҷамъ меоранд.

Акош Тот, аз созмони “Асри Умед” гуфт: “Мо васоили беҳдоштии кӯдаконро овардем. Консерва, дору барои таб, васоили беҳдошт барои занон овардем. Касе парво надорад, аз куҷо омадаанд, ба мо кумак зарур аст. Мо бояд инҷо бошем.”

Бо авҷ гирифтани ҳамлаҳову хушунат, роҳи фирори паноҳҷӯён ба маҳалли амн мушкил мешавад ва гузаштани онҳо аз марз ҳам мушкилтар. Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, дар даҳ рӯзи ҳамлаи Русия ба Украина шумори гурезаҳо ба 1,5 миллион нафар расидааст.

Маскав иҷоза дод, сокинони Украина фақат ба Русияву Беларус раванд. Киев "ғайриахлоқӣ" хонд

Шаҳри Ирпини Украина.
Шаҳри Ирпини Украина.

Низомиёни Русия гуфтанд, ба хотири имкони берун рафтани мардум аз шаҳри Киев – пойтахти Украина ва шаҳрҳои Мариупол, Харков ва Суми – аз соати 10-и рӯзи 7-уми март оташбас ҷорӣ мекунанд. Қаблан талоши берун бурдани ғаринизомиён аз Мариупол натиҷа надода буд.

Хабаргузории давлатии РИА Новости бо такя ба Вазорати дифои Русия навишт, роҳҳои берун рафтани мардум танҳо ба самти Русия ва Беларус боз мешаванд. Украина ин қарорро “комилан ғайриахлоқӣ” номид ва сухангӯи президент Владимир Зеленский гуфт, шаҳрвандони Украина бояд имкон ёбанд, ки тавассути хоки Украина берун шаванд.

Дар изҳороти сухангӯи президенти Украина омадааст: “Ин як қиссаи комилан ғайриахлоқӣ аст. Мардуми азиятшударо ҳар тавре хостанд, дар наворҳои телевизионҳо ба намоиш мегузоранд”. Сухангӯ Русияро барои махсус номумкин кардани талошҳои пешинаи интиқоли мардум гунаҳкор кард. Вазорати дифои Русия гуфт, гурӯҳи махсусе бо ёрии дронҳо ҳаракати мардумро назорат мекунад.

Маълум нест, оташбас чӣ қадар давом мекунад. Гурӯҳи махсус гуфт, танаффус дар ҷанг бо як дархости президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҷорӣ шуд, ки рӯзи 6-уми март дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин садо додааст. Рӯшан нест, ки оташбас амал мекунад ё на.

Украина инчунин гуфт, бо Русия дар масъалаи ташкили долонҳои башарӣ музокира ҷараён дорад.

Фирори сокинон аз шаҳраки Ирпин. 7 март.
Фирори сокинон аз шаҳраки Ирпин. 7 март.

Рӯзи 7-уми март ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Русия ва мақомоти украинӣ ҳамдигарро гунаҳкор карданд, ки намегузоранд барои эҷоди як долони амн барои мардуме, ки дар фикри тарки Мариупол ҳастанд, шароит фароҳам шавад. Мариупол дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир аст ва ҳазорҳо сокинаш талош доранд, ки аз оташи ҷанг наҷот ёбанд.

Рӯзи 7-уми март нерӯҳои Русия ҳуҷумҳои худро идома дода, ба шаҳри Миколаев (Николаев) дар 480-километрии ҷануби Киев оташ кушоданд. Наҷотбахшон гуфтанд, ҳамлаҳои мушакӣ ба биноҳои истиқоматӣ мерасанд.

Ҳамлаҳои мусаллаҳона инчунин ба канораҳои шаҳри Киев, аз ҷумла Ирпин идома ёфт. Ин шаҳрак се рӯз мешавад, ки аз дастрасӣ ба барқ, об ва ҳам низоми гармидиҳӣ маҳрум аст. Сокинон талош доранд, ки аз Ирпин ва Буча, як шаҳраки дигари наздик ба Киев, берун шаванд. Буча ҳам мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтааст. Ситоди кулли Украина гуфт, “Русия ҳамоно ҳамлаҳои мушакиву тӯпхонаӣ ва бомбафканиро идома медиҳад”.

Ба иттилои Ситоди кулли Украина, “ғосибон истифодаи шабакаҳои ҳарими ҳавоии Беларусро барои ҳамла ба хоки Украина истифода мебаранд”. Мушовири вазири умури дохилӣ Антон Ҳерашенко гуфт, бо сабаби ин ки тирандозии русҳо идома дорад, берун бурдани мардум тавассути долонҳои амни башарӣ қатъ шуд.

Бо вуҷуди далелҳои зиёд ва мушаххаси ҳамлаҳои нерӯҳои Русия ба минтақаҳои аҳолинишин, ки аз ҷониби журналистон, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар дохили кишвар нашр мешаванд, Маскав инро рад карда, мегӯяд, дар “ҷараёни амалиёти низомӣ”-аш “танҳо муассисаҳои низомӣ”-ро ҳадаф қарор медиҳад.

Рӯзи 6-уми март Киев бори дигар аз Ғарб тақозо кард, ки таҳримҳояшро шадидтар карда, инчунин, Украинаро бо силоҳи бештар, аз ҷумла, ҳавопаймоҳо таъмин кунад.

Энтони Блинкен бо муҳоҷирони украинӣ дар марзи Украина бо Лаҳистон. 5 март.
Энтони Блинкен бо муҳоҷирони украинӣ дар марзи Украина бо Лаҳистон. 5 март.

Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен, ки бо як сафар дар Аврупои Шарқӣ қарор дорад, гуфт, дар заминаи манъ кардани содироти нафти Русия бо муттафиқон “музокироти бисёр фаъоле” пеш мебарад. Зимни суханрониаш аз Молдова, ки бо Украина марзи тӯлонӣ дорад, Блинкен гуфт, агар Полша дар фикри ба Украина фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангии сохти Русия бошад, Вашингтон дар фикри таъмини бештари ин кишвар бо ҳавопаймоҳо мебошад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 6-уми март бори дигар аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, ки фазои Украинаро бубанданд. Ӯ дар як паёми видеоиаш гуфт, “барои бастани ҳарими ҳавоии мо ҷаҳон қудрати зиёд дорад”.

НАТО ин дархости Украинаро рад карда, гуфтааст, ки дар сурати бастани ҳарими ҳавоии Украина ин паймони низомӣ бо Русия бевосита вориди ҷанг мешавад. Зеленский инчунин аз баъзе муассисаҳои харобшуда дар бомбаборонҳои Русия хабар дод ва гуфт, мушакҳои Русия рӯзи 6-уми март фурудгоҳи мулкии Виннитсаро дар маркази Украина “пурра хароб” карданд. Низомиёни украинӣ рӯзи 6-уми март гуфтанд, дар канораҳои шаҳри ҷанубии Миколаев, ки роҳро то шаҳри ғарбии Одесса дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ назорат мекунад, “даргириҳои пуршиддате” бо нерӯҳои Русия идома дорад.

Сарбозон дар Киев хандақҳо кофта, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои дифоии мулкӣ роҳҳоро мебанданд.

Макрон ва Путин.
Макрон ва Путин.

Владимир Путин ба иловаи Макрон рӯзи 6-уми март бо нахуствазири Исроил Нафтали Бенет ва ҳам президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард. Дар изҳороти Кремл омадааст, ки дар суҳбат бо Эрдуғон Путин гуфтааст, ки ишғоли Украина танҳо дар ҳолате қатъ мешавад, ки агар “Киев душманиашро бас кунад”.

Ӯ гуфт, Украина бояд “талабҳои маълуми Русияро иҷро кунад”, ки, ба гуфтааш, “ғайринизомӣ” шудани Украина ва ҳам замонати дасткашӣ аз узвияти НАТО мебошад. Нахуствазири Австралия Скотт Моррисон рӯзи 7-уми март аз Чин тақозо кард, ки ба даъватҳои гирифтани пеши роҳи Русия аз ишғоли Украина ҳамроҳ шавад ва ҳушдор дод, ки ҳоло як “камони худкомагӣ” таҳдид дорад, ки сохтори сайёраро тағйир медиҳад.

Чин, ки бо Маскав робитаҳои бисёр наздик дорад, ҳамлаи Русияро ба Украина “ҳуҷум” наменомад ва аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки “нигарониҳои қобили фаҳми амниятии Русия”-ро дарк кунанд.

Ван И, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, рӯзи 7-уми март ҳамкориҳои Пекинро бо Русия “мисли кӯҳ” қавӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар оянда доманадор номид.

Айни замон, ҳисоб шудааст, ки аз замони шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина 1,5 миллион украинӣ муҳоҷир шуда, талош доранд, дар қаламравҳои Полша, Руминия ва Молдова паноҳ ёбанд.

Гапи Озод: Кӣ ҳақ аст? Русия ё Украина? ВИДЕО

Лаҳзае аз сабти барнома
Лаҳзае аз сабти барнома
  • Украина беш аз даҳ рӯз аст, ки дар оташи ҷанг месӯзад.
  • Чаро ин ҷанг сар зад?
  • Амалкарди Русия оё поймол кардани истиқлоли Украина нест?
  • Зери таҳрим қарор гирифтани Русия ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Барои баҳси бештар дар ин бора ба студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе сиёсатшинос Сайфулло Сафаров, таҳлилгар Шералӣ Ризоён ва рӯзноманигор Иршод Сулаймониро даъват кардем.

Иқтибосҳо аз барнома:

"Дар ҳоли ҳозир, аз нигоҳи ҳуқуқи башар, Украина мазлум аст. Мардуми Украина ҷабрдида ҳастанд. Онҳо зери ҳамла, ҷанг ва даҳшате, ки дар сарзаминашон сар шуд, месӯзанд. Аз нигоҳи равобити байналмилалӣ, истиқлоли сиёсии Украина халалдор ва соҳибихтиёрияш доғдор шудааст. Як кишвари дигар рафта, дар сарзамини онҳо ҷанг мекунад."
"Ду вилоят, Луҳанск ва Донетск, ки онҷо асосан русҳо зиндагӣ мекунанд, зери фишори доимӣ буданд, зери тирпарронӣ буданд. Хонаҳои онҳо вайрон буд, лекин то дирӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ягон чиз нишон надоданд. Ба ҷуз як филми фаронсавиҳо дигар ягон расонаи дунё дар бораи ҳашт сол дар таҳхонаҳо зиндагӣ кардани мардуми Луҳанск ва Донетск чизе нагуфтанд. Чаро нагуфтанд? Чаро ҳуқуқи ин одамон зери пой мешуд ва касе дар ин бора суҳбат намекард?"
"Ҳам Русия, ҳам кишварҳои ғарбӣ ва ҳам Украина барои ба вуҷуд омадани низоъ манфиат доштанд, вале ҳеч кас пешбинӣ намекард, ки ин низоъ чунин доман паҳн мекунад."
"Хомӯшии ҳукумати Тоҷикистон дар шароити феълӣ мавқеи беҳтарин аст. Вақте ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина равобити наздик дорем, шояд дар миёнамуддат барои кашидани Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ яке аз тарафҳо сабаб шавад."

Барномаро дар сомона бубинед:

Ҳамлаи Русия ба Украина: Ҳақ бо кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:38:43 0:00

Барномаро дар Ютюб тамошо кунед:

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG