Мақомоти рус рӯзи 21-уми январ хабар доданд, ки чаҳор тан аз сарнишинони як ҳавопаймои ин кишвар, ки бо ҳадафи ёрии таъҷилӣ парвоз анҷом медод, дар яке аз минтақаҳои куҳистонии шимоли Афғонистон зинда пайдо шудаанд.
Ду гурӯҳи мухолифи ҳукумат дар Афғонистон бо нашри наворҳои видеоӣ гуфтанд, ки дар ҳамла ба "Толибон" талафот ворид карданд. "Толибон" то кунун дар мавриди ин иддаои Ҷабҳаи озодии Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вокуниш нишон надодаанд.
Шохаи Хуросонии "Давлати исломӣ" ё худ ДОИШ масъулияти таркиши маргбори микроавтобус дар Кобул, пойтахти Афғонистонро бар дӯш гирифт.
Масъулини Ҷунбиши эътирозии "Иттиҳод ва ҳамбастагии занони Афғонистон" аз худкушии як узви ин ҷунбиш дар вилояти Кундуз хабар доданд.
Дар бомбгузории маргталабона дар шаҳри Кирмон 12 муҳоҷири афғон ҳам кушта шудаанд. Хабаргузории давлатии ИРНА гузориш додааст, ки дар ин ҳодиса панҷ мард ва ҳафт зани афғон кушта шудаанд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон дар ҳар ду соат як зан ҳангоми таваллуд ҷон медиҳад ва ин кишвар аз назари маргу мири модару кӯдак дар ҷаҳон дар яке аз мақомҳои аввал аст.
Соли 2024 ба бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон се сол пур хоҳад шуд. Ин гурӯҳи тундрав даъватҳои ҷомеаи байнулмилалиро барои ислоҳи тарзи рафтораш, бахусус дар заминаи риояи ҳуқуқи занон, нодида мегирад ва дар айни замон эътирофношуда мемонад.
Як мансабдори баландпояи ҳукумати "Толибон" гуфт, ки дар ҳамлаҳои террористии ду соли охир дар Афғонистон аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Покистон даст доштаанд. Вокуниши мақомот дар Душанбе ҳанӯз маълум нест.
Афғонистон беш аз ду сол боз зери итоати “Толибон” аст. Душанбе шарти асосиро барои робита бо ин гурӯҳ ташкили ҳукумати фарогир медонад, вале ҳамчунон ба додугирифт бо онҳо идома медиҳад. Давлатҳои дигари ҳамсоя ва ҷаҳон аз “Толибон” ва Афғонистон чӣ мехоҳанд?
Пас аз иддаои истифода аз силоҳҳои амрикоӣ дар ҳамлаи мусллаҳонаи "Таҳрики Толибон" дар Покистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки дар ин бора маълумот надорад ва наметавонад ин мавзуъро тасдиқ кунад.
Ҳузури мухолифони "Толибон" дар нишастҳои гуногун дар Маскаву Душанбе ва Вена ва таъкиди онҳо ба мубориза дар ҳолест, ки худи онҳо ба парешонӣ муттаҳам ҳастанд ва зиёда аз ду сол боз наметавонанд ба ҳам биоянд.
Нишасти мухолифони "Толибон" рӯзи 3-юми декабр дар Вена, пойтахти Австрия, баргузор шуд. Ин нишаст аз тарафи Пажӯҳишгоҳи мутолеоти умури байнулмилалии Австрия ташкил шудааст. Нишаст бори севум баргузор мешавад ва се рӯз идома хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар