Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва номзади ин ҳизб барои иштирок дар сабқати президентӣ мегӯяд, бо пешниҳодҳои ҷолиб вориди корзори интихоботӣ шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, намояндагони ҳамаи ҳизбҳо дар ҳукумат соҳиби вазифа шаванд ва баъзе аз тиҷоратҳо давлатӣ гарданд.