Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба “интрига”-и интихобот аз як деҳаи дурдасти Тоҷикистон


Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор

Бознашр аз блоги муаллиф

Танҳо муҳити расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки бӯе аз интихоботи раёсати ҷумҳурии пеши рӯ дар Тоҷикистон медиҳад. Дар ин ҷо ҳам хабару гузоришҳои хеле андак аст: Ҳизби аграрӣ номзад пешбарӣ кард, Ҳизби сотсиалистӣ ҳам ин бор раисашро номзади интихоботии худ кардааст ва, ҳамин тавр, боз Ҳизби демократу ислоҳоти иқтисодӣ.

Танҳо ҳизбе, ки муқобили маҷро қад алам кард, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, ки гуфт, ин маърака "ғайриқонунист" ва таҳрим кардааст. Инро ҳам бигӯям, ки Иттифоқи касаба низ номзад пешниҳод кард. Албатта, мувофиқи тақозои табиати низом, раиси ҷумҳурии феълиро, на тибқи рисолаташ, ки бояд аз синфи коргару деҳқон пуштибонӣ ва ягон нафареро барои ин мақом пешбарӣ мекард.

Баъд аз ин пешниҳод гуфта шуд, “интрига”-и интихобот ҳам тамом шуд. Тамом шуд ё нашуд, дар рӯзи 3-юми сентябр маълум мешавад. Ва он вақт на танҳо интрига, балки худи интихобот ҳам тамом шуд гӯем, мешавад.

Вале ҳарфи мо аз ину он номзад ва ин ки онҳо чӣ шонсу чӣ тафовутҳое доранд ва барномаи қабл аз интихоботии онҳо чӣ хусусиятҳои хос дорад ва оё касе онро хондааст ва дар ҷое нашр мекарда бошанд ва ин ки онҳо метавонанд бо овози бурро ва қатъӣ бигӯянд раъйятонро ба ман бидиҳед, аз раиси феълӣ беҳтар ва хубтар мудирият хоҳам кард ва шароити кору зиндагии шумо иваз мешавад, нест. Чун ин гуна номзадро ҳадди ақал аз соли 1994 касе ёд надорад.

Ҳарфи мо ва “интрига”-е, ки дар борааш хоҳам гуфт, ин халқ-интихобкунанда, манбаъ ва сарчашмаи интихобот аст. Дар халқ ва даруни он кадом сару садое, кадом ҷунбишу ҷӯшише, кадом шару шӯре нест. Завқеву шавқе, ки ин маърака ҳамаро машғул бидорад, мисли боқии кишварҳои дунё, инҷо эҳсос намешавад. Як биёбони бедолу дарахт, як саҳрои васеи холӣ, шоядам уқёнуси яхбастаи шимолӣ-интихоботи пеширӯи раёсати ҷумҳурии мо?

  • “Аслан дар қиссааш ҳам нестам”.
  • “Ман равам ва ё наравам, натиҷааш маълум”.
  • “Соли… дар қитъа узв будам. Ҳизбе, ки ҳоло номашро гирифтан номумкин аст, 70% овоз гирифт, вале гуфтанд, тамоман баръакс нависем. Ба номи ҳизбе, ки ҳоло аз ҳама зиёд узв дорад, навистем”.

Иштиёқ ва алоқаи халқ-интихобкунанда ба интихобот коҳиш наёфтааст, балки аз байн рафтааст. Тамоман. Ноумедӣ, бетафовутӣ, беаҳамиятӣ… бо як калима,ки хулоса шудааст: “Чизе иваз намешавад”.

Тоҷику Тоҷикистон, ки соҳиби истиқлол шуд, давлати мустақил дорад ва худаш барои худаш бояд ҳукумат ва ҳокимият бисозад, карахту коҳил, ҳама ҳавасҳову ҳавсалаҳоро раҳо карда, тақдиру қисматашро наметавонад соҳиб бишавад: биёбон ва саҳрои хушки беҳосил.

Соли 1990, ки Шӯравӣ побарҷо ва Қаҳҳор Маҳкамов, Котиби аввали ҲКТ буд, интихоботи депутатҳо ба Совети Олӣ (Шӯрои Олӣ) баргузор шуд. Саҳна ва корзори он маъракаро, ки озодиҳои “Перестройка” ба армуғон оварда буд, бо вазъу ҳолати имрӯза муқоиса карда, дар тааҷҷуб меафтӣ, ки чаро ин мардум ин қадар карахту бетафовут шудааст? Ва ё интихоботи соли 1991 миёни Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаровро. Бо чи шавқу шӯре мардум ба пойи сандуқҳои раъй рафта буданд?

Шояд мефармоед, ки ҳамоно таъсири ҷанги шаҳрвандӣ аз афкору зеҳни мардум берун нашудааст. Шояд, вале интихоботи соли 1994 дар айни авҷи ин ҷанг буд, ки мардум, ҳатто дар манотиқи ноамн бо як умеде ба интихобот муносибат мекард.

Вале ҳоло дигар боварӣ ва эътимоди мардум ба интихобот-маъракаи муҳим ва сарнавиштсоз барои ҳар миллат ва ҳар давлат дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар ҳадди ақал 15-20 соли ахир ҷомеа он қадар зери таъсири дасткориҳои беҳадду андозаи натоиҷи интихобот шудааст, ки дигар рафтан ба қитъаи интихоботиро талафи вақт медонад. Мутаассифона, ин аст “интрига”-и интихоботии Тоҷикистон.

Аз телевизион тамоми ҳаводиси дунёро мебинанд, баргузории интихобот дар Амрикоро мушоҳида мекунанд, баргузории интихобот дар Белорусро мебинанд ва баррасӣ мекунанд. Мегӯянд, Светлана Тихановская дар ҳақиқат ғалаба кардааст, барои белорусҳо офарин мехонанд, аммо вақте бармегарданд ба интихоботи худу кишвари худ, дигар гап мезананд: “Аз ин ки ман биравам ва бюллетен ба сандуқ партоям, чизе дигар намешавад, ҳамаро аз боло ҳал кардаанд”.

Ҳамин андеша ва зеҳниятсозӣ, ки ҳама чиз ҳал шудааст, ба манфиати кӣ аст? Ва чаро он аз ин корзор то корзори дигари интихоботӣ бештару бештар паҳнтару паҳнтар мешавад? Онро барқасдона ва махсус паҳну пароканда мекунанд?

Ба андешаи бисёриҳо иллати асосии бетаваҷҷӯҳӣ ва бефарқии мардум идора, назорат ва ба хосту манфиати худ ҷамъбаст кардани натиҷаҳои интихобот аст, ки аз ҷониби мақомот ба амал бароварда мешавад. Интихобот тавре ҷамъбаст ва эълон мешавад, ки овоздиҳанда на ин ки овози худро гум мекунад, ҳатто шоҳиди ҳолатҳое мешавад, ки дар чаҳорчӯби кадом меъёр намегунҷад.

Соли ҷорӣ дар қитъаи интихоботии №28-ҷамоати Ворӯи Панҷакент дар интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят миёни ду нафар, ки ҳарду соҳибмақом ва ҳарду ҳам узви ҲХДТ мебошанд, сабқат ҷараён гирифт. Яке аз онҳо Давлатов Абдулваҳҳоб, сардори шӯъбаи Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар вилояти Суғд (14184 овоз) бо бартарии беш аз 3500 овоз бар ҳарифи худ -- ректори ДОТ дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ (10577 овоз) баранда ва кумисюни ҳавзавӣ ҳам Протоколро бо ҳамин шаклу мазмун навишту мӯҳру мум монд. Аммо кор тамоман дигар карда шуд. Ин интихобот лағв ва нафари дигаре баъди чанд муддат аз ин ҳавза вакили вилоятӣ интихоб шуд.

Дар бораи ҷузъиёти ин интихобот чизе намегӯем. Ингуна мавридҳо, ки аҳёнан ошкор мешавад, дар асл бамаротиб зиёд аст. Дар ҳамин интихоботи маҷлиси вилоятӣ як нафар аз сокини деҳа шоҳиди даста - даста ба сандуқ рехтани баргаҳо ба ҷонибдории нафари бозанда аз сӯи як узви кумисюни участкавӣ шуда ва ҳатто бо ӯ "тую ман" ҳам кардааст. Вале “аз ин ҳама “тую манҳо”, ки мо мекунем, чизе иваз намешавад", -- гуфт ӯ ва афзуд: "Бубин, оқибат чи шуд? Нафари ғолибро намонданд, ки вакил шавад, он ҳам вакили вилоятӣ. Гумон мекунӣ, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҷумҳуриро ба ихтиёри халқ мегузоранд? Барои ҳамин, мардум аз интихобот ноумеду дилсард ва хаста шудааст."

Ва ё вақте Ҳизби демократ ва сотсиалистӣ 210 - 250 ҳазор имзо ҷамъ оварда, исми номзади худро дар баргаи рай ворид мекунанд, вале ҳангоми эълони натиҷаҳои интихобот аз чаҳор яки ин шумора овоз ба даст намеоваранд, бовар ва эътимод ба интихобот намемонад.

Аммо ҳамаи инро кӣ мекунад? Магар аъзои комиссияҳои интихоботӣ аз Мирриханд? Онҳо намедонанд, ки бо чунин амалкард пеши роҳи рушди кишвар, шаҳр, деҳа, ҷамоа ва ҳатто хонаводаи худро мебанданд?

Сохтакорӣ ва ҷамъбасти дигаргунаи интихобот, ки чаҳоряк аср ба ин сӯ идома дорад, ин фикру андешаро ҳам ба зеҳнияту ва андешаи қисмате аз мардум табдил додааст, ки мегӯянд, бигзор ҳаминҳо мондан гиранд, дигар “хӯ гирифтему одат кардем. Фикр мекунам, ки сад сол аст бо ҳаминҳоем. Ман дар ин муддат хонадор шудам. Ҳоло писарамро хонадор кардам. Талаби мо ин аст, ки оромиву сулҳ ҳифз шавад. Саҳнасозӣ мекунанд, нақшбозӣ мекунанд, чӣ коре мекунанд, бало ба пасашон”.

Аммо ончуноне мушоҳида мешавад, ҳатто бархе аз таҳлилгарони ботаҷриба ҳам дигар ҳамроҳӣ аз ҳамин “саҳнасозӣ” ва “интихоботбозӣ” карда, тавре воқеияти талхи кишварро “идеалӣ” ба қалам медиҳанд, ки ин давра “марҳилаи давлатсозӣ” аст. Агар ҳам ки намегӯянд, дасткорӣ ва тақаллуб дар раъйи мардум ба ҳамин ҳолу аҳвол - мардумро барои навишти сарнавишти худ бетаваҷҷӯҳ ва бетафовут кардаасту расонидааст, қасд доранд, ҷомеаро ба чапғалат ва ба бероҳа бикашанд ва ҳамин муҳиту ҳамин фазоро табиӣ ва воқеӣ таҷассум ва тараннум кунанд. Раъйи дуздида ва натиҷаи дасткоришуда ва ноумедиву бедиққатии мардум ба интихобот чизеро барояшон намегӯяд.

Вале, ба ҳар ҳол, Тоҷикистон аз ин муҳити карахту бетафовутӣ кай берун меояд низ боястӣ “интрига”-и интихоботӣ дониста бишавад. Фикре бояд кард, ки руҳия ва мадору маҷоли халқ - ифода ва сарчашмаи ҳокимият то ин ҳадди тӯлонӣ ноумеду хаста ва шикаста набошад:

  • "Аз интихобот ба ман чӣ фоида мерасад? Ҷойи кор медиҳад, маош медиҳад, чӣ медиҳад? Набераам ба мактаб рафту омад ва гуфт, муаллим 25 сомонӣ биёред гуфтааст. Намедонам аз куҷо ёбам. Гуфтам, надорам. Гуфт, бобо ҳамсинфон айб мекунанд, ки 25 сомонӣ оварда наметавонӣ. Ҳозир мушкили ман интихобот нест. Бигӯ, СМС-ҳое,ки меояд барои қатъи нерӯи барқ чӣ маъно дорад? Президент гуфта буд, лимит афсона шуд, магар афсона нашуд? Ин ки мегӯянд дар деҳаҳои атроф одамҳо аз коронавирус мурда истодаанд, дуруст аст? Ҳеч интизоре аз интихобот надорам. Ба интихобот кор ҳам надорам. Аз он бигӯ, ки раҳ ба тарафи Русия кай кушода мешавад. Халқи бечораро муҳоҷират набардорад, Русия нон надиҳад, интихобот бардошта наметавонад."

Агар бигӯям, ин сӯҳбати як муаллими собиқ аст, ки ҳоло деҳқонӣ мекунад, шояд боваратон наояд. Ду писар дорад, ки якеаш ба Русия мерафт. Аммо имсол, ки роҳ баста буд, натавонист биравад.

  • "Ба Худо бовар кун, барои зимистон охирин пул мерасад, аммо баҳоррӯя вазъият беҳад бад мешавад. Як кило кунҷора 4 сомонӣ, як банд алаф 8-10 сомонӣ, чӣ кор мекарда бошам? Охири сентябр ҳам роҳ кушода шавад, падару писар меравем. Илоҷ нест. Барои ман, агар мехоҳӣ ягон гапи хуш бизанӣ, аз кушода шудани роҳҳо бигӯ. Худо гӯ аз муҳоҷират намонем, интихоботро барои интихобшавандаҳо бигзор", -- гуфт ӯ.

Дар бораи интихобот менависему мехонему мегӯем. Нависанда ҳам, хонанда ҳам, гӯянда ҳам, шунаванда ҳам худи моем. Интрига мекобему интрига менависем, вале ин халқ, ки интригаи асосии интихобот аст, парво надорад, ки об таг меравад ё боло…

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG