Ҳамчун ҳусни мақтаъ як сухани Лукиан, нависандаи Юнони бостонро меорам, ки ду ҳазор сол пеш гуфтааст: "Вақте рақибе нест, пирӯз омадан осон аст." Дар ҷойи дигар ин мутафаккир мегӯяд: "Бузургтарин ғалаба ин пирӯзӣ бар худ аст."
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров сарфи назар аз шикастҳояш дар маъракаҳои сиёсии гузашта бори дигар дар интихоботи президентӣ иштирок дорад.
"Шумо ба интихобот меравед?" Дар барномаи "Гапи Озод" посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар чунин шахсонро накуҳиш мекунанд ва мегӯянд, интихобот тақдири ояндаи кишварро ҳал мекунад ва бояд бираванд.
Шумо ба интихобот меравед? Дар барномаи Гапи Озод имрӯз посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар мегӯянд, интихобот тақдири кишварро ҳал мекунад ва ман меравам. Имрӯз тарафдорони ин ду ақидаро ба барномаи "Гапи Озод" даъват кардем.
То замони баргузории интихоботи президентӣ 18 рӯзи дигар мондааст. Ин нахустин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар шароити пандемияи COVID-19 ва нигарониҳо аз густариши бемории ҳамагир баргузор мешавад.
"Дилаш ба мардум сӯзад, одил бошад ва халқро дарк кунад." Ин тасвири президенте аст, ки чанде аз раҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, мехоҳанд дар сари қудрат бубинанд.
Маъракаи таблиғи номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон расман оғоз шуд. Довталабони курсии раиси ҷумҳурӣ мегӯянд, бо кӯлбори пур аз барномаву ваъдаҳо ба назди сокинон мераванд, вале намегӯянд, ки барои маъракаи таблиғотӣ чӣ қадар пул доранд.
Ёфтҳои бештар