Масъулони сафоратҳои Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз муҳоҷирону шаҳрвандони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ даъват кардаанд, ки рӯзи 11-уми октябр дар интихоботи президентӣ раъй диҳанд.
То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон даҳ рӯзи дигар мондааст. Мисли интихоботҳои гузашта имсол низ ҳеч зан номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ нест.
Интихоботи пешорӯи президентӣ дар Тоҷикистон ба назари коршиносон бидуни алоқамандии хос аз сӯйи ҷомеа наздик мешавад. Онҳое, ки ба ин интихобот ба назари шубҳа менигаранд, далели инро набуди рақобати воқеии сиёсӣ медонанд, хушбинҳо бошад сиёсатгурезиро ба беҳтар шудани вазъи мардум рабт медиҳанд.
Рустам Латифзода, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми сентябр гуфт, дар чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ва Хатлону Суғд бо мардум дидору мулоқот дошт ва маълум шудааст, ки онҳо аз ҳоло "интихоби худро кардаанд".
То замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ду ҳафтаи дигар мондааст. Бисёриҳо фазои пешазинтихоботиро дар кишвар орому сокит тавсиф мекунанд. Ягона касе, ки дар ин интихобот баҳсу шӯреро ба вуҷуд овард, довталаби сисола аз шаҳри Хоруғ Фаромуз Иргашов аст.
Ҳамчун ҳусни мақтаъ як сухани Лукиан, нависандаи Юнони бостонро меорам, ки ду ҳазор сол пеш гуфтааст: "Вақте рақибе нест, пирӯз омадан осон аст." Дар ҷойи дигар ин мутафаккир мегӯяд: "Бузургтарин ғалаба ин пирӯзӣ бар худ аст."
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров сарфи назар аз шикастҳояш дар маъракаҳои сиёсии гузашта бори дигар дар интихоботи президентӣ иштирок дорад.
"Шумо ба интихобот меравед?" Дар барномаи "Гапи Озод" посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар чунин шахсонро накуҳиш мекунанд ва мегӯянд, интихобот тақдири ояндаи кишварро ҳал мекунад ва бояд бираванд.
Шумо ба интихобот меравед? Дар барномаи Гапи Озод имрӯз посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар мегӯянд, интихобот тақдири кишварро ҳал мекунад ва ман меравам. Имрӯз тарафдорони ин ду ақидаро ба барномаи "Гапи Озод" даъват кардем.
То замони баргузории интихоботи президентӣ 18 рӯзи дигар мондааст. Ин нахустин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар шароити пандемияи COVID-19 ва нигарониҳо аз густариши бемории ҳамагир баргузор мешавад.
Ёфтҳои бештар