Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботи президентиро таҳрим кардааст, мегӯяд, ӯву ҷонибдоронаш ба райъдиҳӣ нарафтанд, вале ҷараёни овоздиҳиро назорат доранд.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботи президентиро таҳрим кардааст, мегӯяд, ӯву ҷонибдоронаш ба раъйдиҳӣ нарафтанд, вале ҷараёни овоздиҳиро назорат доранд.
Шаҳри Кӯлоб рӯзи интихобот камодам ба назар мерасид. Дар як маркази раъйдиҳӣ навбати дароз буд. Киҳо буданд? Дар инҷо бубинед
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар бинои литсейи рақами 3-и Душанбе раъй дод. Раҳмон бо хабарнигорон суҳбат накард ва танҳо аз раиси қитъаи интихоботӣ дар бораи теъдоди интихобкунандаҳо ва ширкати мардум дар райъдиҳӣ пурсид.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президент рӯзи 11-уми октябр дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Душанбе раъй дод. Ӯ бо хабарнигорон суҳбат накард ва фақат дар бораи ширкати мардум дар интихобот пурсид.
Мансаби баландтарини давлатӣ – мақоми президенти Тоҷикистон – соли 1990 ба вуҷуд омад. Баъд аз лағви банди 6-уми Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва маҳрум шудани Ҳизби коммунист аз ҳаққи мутлақи раҳбарӣ, кишвари шӯроҳо ба низоми бисёрҳизбӣ гузашт.
Шурӯи овоздиҳӣ дар интихоботи Тоҷикистон; Оё муҳоҷирони тоҷик дигаргунӣ мехоҳанд? Абдуҳалим Ғаффорзода умедвор аст, "натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад" ва гузоришу суҳбатҳои дигарро дар барномаи вижаи Ахбори Озодӣ бинед.
Сарвинози Руҳуллоҳ баъди боздид аз марказҳои ройдиҳӣ ва кӯчаҳои Душанбе дар бораи рафти овоздиҳӣ гузориш медиҳад.
Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалист ба мақоми раиси ҷумҳур мегуяд, ки "интихоботи Тоҷикистон назар ба интихоботи дигарон" беҳтар аст ва ӯ натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад.
Ҳангоми раъйдиҳии рӯзи 11-уми октябр хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд бо ду модаре суҳбат кард, ки гуфтанд, азбаски фарзандонашон кор доштанд, ба ҷойи онҳо рой доданд. Дар бораи баъзе аз қонуншиканҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ аз минтақаҳои дигар низ гузоришҳо мерасанд.
Ёфтҳои бештар