Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ), рӯзноманигор ва адиби муқими Ҳолланд, мегӯяд, баъд аз суҳбаташ дар бораи ҳуқуқи занони тоҷик мавриди таҳқиру тавҳин қарор гирифта, ҳатто ба қатл таҳдид шудааст. Мусоҳибаи ӯ бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми март нашр шуда буд.