Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон рӯзи 3-юми июн гуфтааст, дар сурате ки ҳушдорҳо ҷиддӣ гирифта нашаванд ва коронавирус "дубора авҷ" бигирад, масъулон маҷбур хоҳанд буд, маҳдудиятҳоро дигарбора ҷорӣ кунанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар моҳи январи имсол дар маҳзари ом Чинро барои вокуниши зуд ба муқобили коронавируси нав ситоиш мекард. Дар чандин чунин ситоишҳо "саривақт" дар ихтиёри СҶТ гузошта шудани харитаи генетикии вирус ва ҳам шаффофияти ҳукумат ва "бисёр муассир" будани он таъкид шуд.
Авҷи пандемия ё гирифторшавӣ ба COVID-19 дар бархе аз кишварҳо аллакай гузаштааст ва бархеи дигар акнун ба нуқтаи авҷи беморӣ наздик шудаанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) рӯзи 25 май ҳушдор дод, ки ба кишварҳои осебдида аз коронавирус бо вуҷуди камшавии мавридҳои гирифторӣ ба COVID-19 хатари “авҷгирии дубораи беморӣ” таҳдид мекунад. Биноан, мегӯяд ин ниҳоди байнулмилалӣ ҳукуматҳо набояд бо шитобзадагӣ аз чораҳои эҳтиётӣ даст кашанд.
Ҳукуматҳои аврупоӣ рӯзи душанбеи 25-уми май бархе аз маҳдудиятҳои ҷоришуда бинобар коронавирусро бардоштанд. Интизор меравад, ки маҳдудиятҳои бештар давоми ин ҳафта бардошта шаванд.
Хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ, Антон Меснянко, бо гумони гирифторӣ ба коронавирус ё илтиҳоби шуш, ба муддати ду ҳафта дар бемористони сироятии Севостопол бистарӣ шуд.
Ёфтҳои бештар