Шумори гирифторони бемории COVID-19 дар ҷаҳон рӯзи 28-уми июн аз марзи 10 миллион нафар гузашт. Тақрибан ним миллион кас ҷон бохта, зиёда аз 5 миллион нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди бештари гирифторонро дар Амрикову Бразилия ва Русия сабт карданд.
То ҳол маълум нест, инсоне, ки аз дасти бемории COVID-19 раҳо шуд, дубора ба ин беморӣ гирифтор мешавад, ё не, вале таҳқиқот нишон додааст, подтанҳое, ки бадани инсон ба зидди коронавирус ҳосил мекунад, пойдор нестанд.
Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ба хотири мубориза бо коронавирус, сафари зоирони хориҷӣ барои иштирок дар маросими ҳаҷҷи имсола манъ аст.
Ёфтҳои бештар