Пажӯҳишгарони Чин мегӯянд, як ваксинаи умедбахши бемории COVID-19-ро офаридаанд, ки озмоиши он дар маймунҳо натиҷаи мусбат додааст. Ба гуфтаи онҳо, ваксина дар бадани маймунҳо подтанҳои маҳвкунандаи вирусро ба ҳаракат меорад ва айни замон ҳеҷ асари манфии дигар надорад.
Мақомоти Чин рӯзи якшанбе гузориши тӯлоние нашр карданд, ки дар он тадбирҳои кишвар барои муқобила бо пандемияи коронавирус тасвир ва аз иқдомҳои ҳукумат ҳимоят шудааст. Дар ин гузориш омадааст, Чин иттилоъро саривақт ва шаффоф пешниҳод кардааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон рӯзи 3-юми июн гуфтааст, дар сурате ки ҳушдорҳо ҷиддӣ гирифта нашаванд ва коронавирус "дубора авҷ" бигирад, масъулон маҷбур хоҳанд буд, маҳдудиятҳоро дигарбора ҷорӣ кунанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар моҳи январи имсол дар маҳзари ом Чинро барои вокуниши зуд ба муқобили коронавируси нав ситоиш мекард. Дар чандин чунин ситоишҳо "саривақт" дар ихтиёри СҶТ гузошта шудани харитаи генетикии вирус ва ҳам шаффофияти ҳукумат ва "бисёр муассир" будани он таъкид шуд.
Ёфтҳои бештар