Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ба хотири мубориза бо коронавирус, сафари зоирони хориҷӣ барои иштирок дар маросими ҳаҷҷи имсола манъ аст.
Дар Бразилия, ки барои монеъ шудан ба густариши коронавируси нав даступо мезанад, теъдоди фавтидагон ба марзи 50 ҳазор нафар наздик шуд. Вазорати беҳдошт гуфт, ки шумораи мубталоёни COVID-19 дар ин кишвар дар Амрикои ҷанубӣ аз 1 миллион нафар гузашт.
Омори гирифторон ба коронавируси нав дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст. Беморӣ то кунун ҷони 450 ҳазор нафарро гирифт, зиндагии мардуми зиёдро хароб ва иқтисодро бебандубор кард.
Раҳбари бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, буҳрони коронавирус дар ҷаҳон ҳанӯз паси сар нашудааст.
Ёфтҳои бештар