Як сол пеш дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон, хабари эҳтимоли расидани коронавирус ба Тоҷикистон паҳн шуд.
Волидайни баъзе муҳассилин мегӯянд, назорат барои доштани ниқоби тиббӣ дар мактабҳо сахттар шудааст ва фарзандони онҳоро бидуни ниқоб ба дарс роҳ намедиҳанд.
Як мансабдори баландпояи соҳаи тандурустӣ дар Чин эътироф кард, ки ваксинаҳои сохтаи ин кишвар "фоидаи камтар доранд" ва ҳукумат дар андешаи тақвият додани нерӯи ваксинаи зидди COVID-19 мебошад.
Пас аз ду ҳафтаи оғози ваксинзанӣ дар Тоҷикистон, ки аз кормандони соҳаи тандурустӣ шуруъ шуд, рӯзи 7-уми апрел баъзе аз омӯзгорони мактабҳои Душанберо низ ба зидди коронавирус эм кардаанд.
Гуруҳи коршиносон натиҷаи таҳқиқоти деринтизори худро дар мавриди сарчашмаи СOVID-19 дар Чин нашр карданд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки "фаврӣ ва бидуни таъхир" ваксинаи зидди коронавирус бигиранд. Дар муроҷиате, ки рӯзи 29-уми март нашр шуд, гуфтаанд, “эмгузаронӣ ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.”
Мақомоти Покистон ба ширкатҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида барои ворид кардани ваксинаҳои зидди к
Ҳукумати Покистон мегӯяд, зоҳиран коронавируси нав дигарбора дар ин кишвар бо суръати баланде доман паҳн мекунад, зеро навъи бритониёии он ҳам ба Покистон расидааст. Ин навъи вирус, ба гуфтаи мутахассисон, назар ба вируси маъмулӣ зудтар сироят мекунад ва зуд паҳн мешавад.
Танҳо баъд аз анҷоми фаъолияти онҳо рӯшан хоҳад шуд, ки Русия марзҳояшро ба рӯйи сокинони Тоҷикистон мекушояд, ё не.
Ҳеч касе посухи қатъии ин суолро намедонад. Ба андешаи донишмандон, вирусе, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, шояд даҳсолаҳо бо мо бимонад, вале ин бад он маъно нест, ки таҳдиду хатараш ҳамингуна азим хоҳад буд.
Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи AstraZeneca то ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Кишвар ҳафте пеш тақрибан 200 ҳазор воя ё дозаи ин навъи ваксинаро дастрас кард ва, қарор буд, ба наздикӣ истифодаашро шуруъ кунад.
Ёфтҳои бештар