Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё коронавируси нав аз байн меравад? ВИДЕО


Дар Санкт Петербург қурбонии COVID-19-ро ба хок месупоранд.
Дар Санкт Петербург қурбонии COVID-19-ро ба хок месупоранд.

Ҳеч кас посухи қатъии ин суолро намедонад. Ба андешаи донишмандон, вирусе, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, шояд даҳсолаҳо бо мо бимонад, вале ин бад-он маъно нест, ки таҳдиду хатараш ҳамингуна азим хоҳад буд.

Наметавон пешбинӣ кард, ки вируси зуҳуркарда дар соли 2019 дар ояндаи дур чӣ гуна рафтор мекунад, аммо мутахассисон бовар доранд, бемории COVID-19 аз як буҳрон ба як бемории озордиҳандаи оддӣ, ба мисли зуком табдил мешавад. Ин пешбинӣ дар ҳоле ба воқеият табдил мешавад, ки мардум ба зидди ин беморӣ ваксина мегиранд ва ё бо мурури замон ба он гирифтор шуда, масунияти лозимиро пайдо мекунанд.

Дигар вирусҳое, ки дар гузашта ба инсонҳо сироят кардаанд, ҳамин роҳро тай кардаанд. Таҷрибаи бемории ҳамагири зуком дар соли 1918 метавонад, сарнахе барои пешбинии раванди таъсири коронавируси нав ба инсоният бошад.

Маркази Назорат ва Пешгирӣ аз Сирояти Бемориҳо дар Амрико тахмин задааст, ки вируси ин бемории ҳамагир ба як саввум ва ё аз се як ҳиссаи мардуми ҷаҳон сироят кардааст.

Дар он замон пас аз маргумир ва сирояти беморӣ ба инсонҳову пайдо кардани масунияти ба зидди он, саранҷом суръати сирояташ суст шуд. Баъдан вирус заифтар шуд ва, ба гуфтаи мутахассисон, то ҳол мавсим ба мавсим дар байни мардум паҳн мешавад. Бо ин ҳол, агар зуҳури навъҳои вогиртари COVID-19, ки сабаби бемориҳои сахттару муқовим ба ваксина шаванд, дар он ҳолат пешбинии буҳрони феълӣ мушкилтар мешавад.

Бо назардошти эҳтимоли онки афрод пас аз гирифтани ваксина ва ё сирояти беморӣ, дигарбора ба COVID-19 гирифтор шудаанд, метавон гуфт, ин беморӣ комилан аз байн намеравад. Ягона вирусе, ки то ҳол аз байн бурдаанд, вируси “обила” аст, чун инсонҳо ба он масунияти пойдор пайдо кардаанд ва ваксинзанӣ ҳам дар решакан кардани он мусоидат намуд.

Чанд навъи коронавируси нав ҳаст?

Дар ҷаҳон навъҳои зиёде аз ин вирус чарх мезананд, вале мутахассисон аз зуҳури се навъи он бештар нигарон ҳастанд. Бо онки вирус ба инсонҳо сироят мекунад, қодири тағйир мешавад ва нусхаҳои наве аз худ месозад. Баъзе аз нусхаҳои он баръакс барои худи вирус марговар ва сабаби аз байн рафтани он мешаванд. Дигар навъҳои он вогиртар мегарданду зудтар паҳн мешаванд.

Мери Петрон, аз Донишгоҳи Йейл дар Амрико, ки бемориҳои сироятиро меомӯзад, мегӯяд: “Ҳар навъи онҳо баробар нест, баъзе аз онҳо толеи баландтар доранд, баъзе не.”

Назорати навъҳои гуногуни вирус муҳим аст, зеро баъзеи онҳо метавонанд, дар баробари ваксинаву муолиҷаи беморӣ муқовим шаванд, ё роҳи сирояташонро дигар кунанд. Даниел Ҷонс, биологи Донишгоҳи Оҳайо дар Амрико, мегӯяд, тағйири шакл кардани вирус дар марҳилаҳои аввали пандемия сабаби суръат гирифтани сирояти беморӣ шуд, вале тағйироти ҷиддие дар ин авохир дигар дида нашудааст.

Чӣ гуна дастро дуруст бишӯем, то коронавирус ба мо нагузарад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Яке аз навъҳои аслии коронавируси нав, ки мутахассисон ба он тамаркуз кардаанд, соли гузашта дар Бритониё пайдо шуд ва баъдан онро дар даҳҳо кишвари дигар низ ёфтанд. Зоҳиран ин беморӣ зудтар сироят мекунад ва сабаби афзоиши беморони бистарӣ ва маргумир ҳам шудааст.

Маркази Назорат ва Пешгирии Бемориҳо дар Амрико гуфтааст, ки шояд ҳамин навъи беморӣ дар моҳи март дар Иёлоти Муттаҳида зиёд густариш ёбад.

Ду навъи дигар, ки дар Африқои Ҷанубӣ ва Бразилия зуҳур кард, ба гуфтаи мутахассисон, вогиртар аст ва зуд паҳн мешавад. Бино ба иттилооти то кунун бадастомада, ваксинаҳои феълӣ аз ҳамаи ин навъҳои коронавируси нав эмин нигаҳ медоранд, вале ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки коромадии он шояд андаке кам шавад. Айни замон мегӯянд, роҳҳои мутобиқ кардани ваксина ба навъҳои нави вирус ва муолиҷаи беморӣ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG