Пас аз ду ҳафтаи оғози ваксинзанӣ дар Тоҷикистон, ки аз кормандони соҳаи тандурустӣ шуруъ шуд, рӯзи 7-уми апрел баъзе аз омӯзгорони мактабҳои Душанберо низ ба зидди коронавирус эм кардаанд.
Гуруҳи коршиносон натиҷаи таҳқиқоти деринтизори худро дар мавриди сарчашмаи СOVID-19 дар Чин нашр карданд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки "фаврӣ ва бидуни таъхир" ваксинаи зидди коронавирус бигиранд. Дар муроҷиате, ки рӯзи 29-уми март нашр шуд, гуфтаанд, “эмгузаронӣ ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.”
Мақомоти Покистон ба ширкатҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида барои ворид кардани ваксинаҳои зидди к
Ҳукумати Покистон мегӯяд, зоҳиран коронавируси нав дигарбора дар ин кишвар бо суръати баланде доман паҳн мекунад, зеро навъи бритониёии он ҳам ба Покистон расидааст. Ин навъи вирус, ба гуфтаи мутахассисон, назар ба вируси маъмулӣ зудтар сироят мекунад ва зуд паҳн мешавад.
Танҳо баъд аз анҷоми фаъолияти онҳо рӯшан хоҳад шуд, ки Русия марзҳояшро ба рӯйи сокинони Тоҷикистон мекушояд, ё не.
Ҳеч касе посухи қатъии ин суолро намедонад. Ба андешаи донишмандон, вирусе, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, шояд даҳсолаҳо бо мо бимонад, вале ин бад он маъно нест, ки таҳдиду хатараш ҳамингуна азим хоҳад буд.
Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи AstraZeneca то ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Кишвар ҳафте пеш тақрибан 200 ҳазор воя ё дозаи ин навъи ваксинаро дастрас кард ва, қарор буд, ба наздикӣ истифодаашро шуруъ кунад.
Фаронса, Олмон ва Итолиё рӯзи 15-уми март ба қатори кишварҳое пайвастанд, ки истифода аз ваксинаи "AstraZeneca"-ро боздоштаанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон хост, раванди ваксиназаниро мутаваққиф накунанд.
Ҳисобукитоби Дмитрий Кобак, муҳаққиқи Донишгоҳи Тюбингени Олмон, нишон додааст, ки дар соли 2020 дар Русия тақрибан 360 ҳазор кас фавтидаанд ва ӯ бовар дорад, сабаби марги аксарияти онҳо бемории ҳамагир аст.
Як сол пеш, 11-уми марти соли 2020, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки сирояти коронавируси нав ба пандемия табдил ёфтааст
Ҷумҳурии Чех вазъияти бадтаринро дар ҷараёни пандемияи коронавирус таҷриба мекунад. Аз тақрибан 11 миллион аҳолии ин кишвари аврупоӣ то кунун беш аз як миллиону дусад ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 20 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ёфтҳои бештар