Баъд аз тақрибан як соли эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон ва тақрибан ду моҳи, ба иддаои мақомот, "орӣ будани кишвар аз беморӣ" ҳанӯз масъалаи пулакӣ ё бепул будани табобати гирифторони бемории ҳамагир ниҳоӣ нашудааст.
Вазири тандурустӣ исрор меварзад, ки табобати гирифторони коронавируси нав дар Тоҷикистон "пурра бепул буд". Баъзе аз корафтодаҳо мегӯянд, ба ҷуз аз ҷойи хоб, харҷи доруро худашон доданд. Кадоме ҳақро мегӯяд?
Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус дар кишвар 26 пизишк фавтида, гирифтории 18 нафари онҳо ба COVID-19 тасдиқ шудааст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус 26 пизишк фавтида, гирифтории 18 нафари онҳо ба бемории COVID-19 тасдиқ шудааст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, Душанбе барои харидани ваксинаи "Sputnik V" бо мақомоти Русия музокирот дорад.
Соли гузашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд беш аз 4 ҳазор кас ба бемории COVID-19 ва илтиҳоби шуш ё пневмония мубтало шудаанд.
Маскаву Душанбе мувофиқа кардаанд, ки як гурӯҳ аз мутахассисон барои ошноӣ бо вазъи беҳдоштӣ ба Тоҷикистон биоянд, вале далели онро шарҳ надодаанд.
Донишмандоне, ки барои пайдо кардани сарчашмаи аслии коронавируси нав ба Чин рафтанд, мегӯянд, ки аз кадом ҷонвар ба инсон гузаштани онро маълум карда натавонистанд.
Даврон Зоҳизода рӯзи 8-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, аз охири моҳи апрел то ин дам 1200 нафар аз ташхис гузаштанд, вале натиҷаҳо манфӣ буд.
Венгрия (Маҷористон) кишвари аввалин дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо шуд, ки ваксинаи "Sputnik V", сохтаи Русияро сабт кард. Ҳукумат рӯзи 7-уми феврал гуфт, 40 ҳазор ваксина барои тақсим дар миёни аҳолӣ омода шудааст.
Дар замони авҷ гирифтани бемории СОVID-19 дар баҳори соли гузашта дар Тоҷикистон, ҳамдеҳагон рафтуоро ба хонаи Ҷумъа Латипов ва Зумрад Фахриева дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қатъ карданд.
Ёфтҳои бештар