Ширкати Яндекс аз ҳукумати шаҳри Маскав хостааст, муҳоҷиронеро, ки дар ин ширкат кор мекунанд, бо ваксинаи ройгони зидди коронавирус таъмин кунад. Ҳоло фақат шаҳрвандони Русия ваксинаи ройгон мегиранд.
Муовини шаҳрдори Маскав пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ кардааст. Аммо иддае аз муҳоҷирон дар суҳбат бо хабарнигорони Настояшее Время майли чандоне ба ваксинагирӣ нишон надодаанд.
Шумқорбек Ҳасанҷон-улу ним сол боз дар як ширкати ғизорасон дар Маскав кор мекунад. Ба ройгон эм кардани муҳоҷирон, пешниҳоде, ки ширкати Яндекс кардааст, шубҳа дорад. Мегӯяд, ҳатто агар чунин имкон ҳам пеш ояд, ваксина намегирад. Шумқорбек мегӯяд: “Дар видео (дар интернет) дидам, ки вақте ваксина гирифт, ҳоли одам бад шуд. Ӯ бемор шуд. То гирифтани ваксина хуб буд. Барои ҳамин ман намехоҳам, ваксина бигирам."
Ба ваксинаи Русия дигар ҳамкорони Шумқорбек ҳам эътимод надоранд. Аммо аксарият аз тарси аз даст додани ҷойи кор дар ин бора суҳбат кардан намехоҳанд. Танҳо Шумқорбек розӣ шуд, сӯҳбат кунад. Ӯ мегӯяд, озмоишҳои ваксинаи русӣ Спутник V шитобкорона будааст: "Ман намехоҳам эм кунам. Зеро ин ваксинаро ҳанӯз пурра насанҷидаанд.”
Ба телефони мобили Саъдулло Қурбонов, ки таксӣ меронад, паёмак омадааст, ки барои гирифтани ваксинаи бепул ба дафтари ширкат ҳозир шавад. Ӯ низ чандон майл надорад, ки мегӯяд, ҷисмаш тавони мубориза бо ҳар бемориро дорад:
"Худоро шукр, ки ягон бор дар зиндагӣ ман бемор нашудаам. Барои ҳамин ман ба он ҷо намеравам. Барои ман муҳим истеъмоли ғизои солим ва боло бурдани масуният аст. Агар каме нотоб шавам, доширак бо гӯшти говро тез карда мехӯрам ва бо ҳамин тамом, дигар ягон терафлу – перафлу даркор намешавад.”
Ваксина бо навбат. Муҳоҷирон дертар мегиранд
Дар Маскав ҳоло 100 марказе фаъол аст, ки ваксинаи русии "Спутник V" - ро мезананд. Чунин нуқтаҳо на танҳо дар дармонгоҳҳо, дар марказҳои тиҷоратӣ низ ҳастанд, аммо то имрӯз фақат русҳоеро, ки бимаи тиббӣ доштанд, ваксинаи бепул мекарданд. Вале шаҳрдори Маскав пас аз дархости ширкати Яндекс розӣ шудааст, ки ба муҳоҷирон ҳам ваксинаи ройгон пешниҳод кунад.
Дар ин бора муовини раиси шаҳри Маскав, Максим Ликсутов хабар дод: "Мо омодаем, на танҳо кормандони ширкати Яндекс, балки ронандаҳои ҳамаи ширкатҳои таксирониро ройгон ваксина бизанем. Вале дар навбати аввал шаҳрвандони Русия эм карда мешаванд. Ҳамаи ширкатҳо аз ҷумла кормандони ширкатҳои ғизорасонро барои гирифтани ваксина даъват хоҳем кард. Суроға ва тартиби эмгузарониро дар суҳбатҳои оянда эълон мекунем".
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ваксинзании ройгонро барои муҳоҷирон иқдоми хуб арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин ба манфиати онҳое хоҳад буд, ки хоҳиши гирифтани ваксинаро доранд, аммо пул ва ё бимаи тиббие надоранд, ки пули онро пардозад: "Ман фикр мекунам, ки ба наздикӣ аз намояндагони ҳамаи касбу коре, ки бо мардуми зиёд кор мебаранд, санади тасдиқкунандаи гирифтани ваксина талаб мешавад.”
Валентина Чупик таъкид мекунад, ки эмкунӣ зидди коронавирус дар Русия ихтиёрӣ аст ва ҳеҷ санаде барои ваксинзании ҳатмии муҳоҷирон вуҷуд надорад.