Соли гузашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд беш аз 4 ҳазор кас ба бемории COVID-19 ва илтиҳоби шуш ё пневмония мубтало шудаанд.
Маскаву Душанбе мувофиқа кардаанд, ки як гурӯҳ аз мутахассисон барои ошноӣ бо вазъи беҳдоштӣ ба Тоҷикистон биоянд, вале далели онро шарҳ надодаанд.
Донишмандоне, ки барои пайдо кардани сарчашмаи аслии коронавируси нав ба Чин рафтанд, мегӯянд, ки аз кадом ҷонвар ба инсон гузаштани онро маълум карда натавонистанд.
Даврон Зоҳизода рӯзи 8-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, аз охири моҳи апрел то ин дам 1200 нафар аз ташхис гузаштанд, вале натиҷаҳо манфӣ буд.
Венгрия (Маҷористон) кишвари аввалин дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо шуд, ки ваксинаи "Sputnik V", сохтаи Русияро сабт кард. Ҳукумат рӯзи 7-уми феврал гуфт, 40 ҳазор ваксина барои тақсим дар миёни аҳолӣ омода шудааст.
Дар замони авҷ гирифтани бемории СОVID-19 дар баҳори соли гузашта дар Тоҷикистон, ҳамдеҳагон рафтуоро ба хонаи Ҷумъа Латипов ва Зумрад Фахриева дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қатъ карданд.
Масъулони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гуфтанд, соли гузашта бар асари бемории илтиҳоби шуш ё "пневмония" чаҳор устоди донишгоҳ ҷони худро аз даст додаанд.
Гуруҳе аз нашъамандон дар шаҳри Фараҳи Афғонистон мегӯянд, ки маъмурони пулис онҳоро ғайриқонунӣ кор мефармоянд ва бар илова мезананду бадрафторӣ мекунанд.
Парастори эронӣ Сумайя Ҳусейнзода чанд ҳафтаи аввали пандемияи коронавирус бе истироҳат ва дур аз хонаводаву наздиконаш кор мекард. Вай мегӯяд, шуъбаи онҳо дар беморхонаи Шариати Теҳрон дар ин давра ба "майдони ҷанг" монанд буд. Идомаи нақлҳои ӯро дар навор бинед.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои гирифтани 2 миллион дона (доза) ваксинаи зидди коронавирус ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дархост додааст.
Ёфтҳои бештар