Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон натиҷаҳои интихоботи порлумониро эълон кард ва ҳамонгуна ки интизор мерафт, ҳизби ҳокимро пирӯз эълон намуд. Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия рӯзи 2-уми март дар Душанбе гуфт, ки бештар аз 50 сади мардум ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ раъй додаанд.