Ҳазорон ҷавони тоҷик, ки имсолу соли гузашта, ки 18-сола шудаанд, бори аввал рӯзи 1-уми март дар интихоботи порлумонӣ иштирок хоҳанд кард.
То интихоботи порлумонии Тоҷикистон ду рӯзи дигар мондааст. Баъзе аз сокинони ноҳияи Восеъ дар Хатлон мегӯянд, ки сардаргуманд. Ба қавли онҳо, дар интихоботҳои пешина номзадҳо барои вохӯрӣ ва шиносоӣ бо мардум меомаданд, аммо ин дафъа на номзадеро дидаанд ва на барномаи пешазинтихоботияшро.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки фраксиюни худро дар порлумон дорад ва баъди ҳизби ҳоким дар қаторидувум аст, ҳадаф дорд бештар аз панҷ курсиро дар порлумони нав ба даст биорад. Коршиносони тоҷик бар инанд, ки муваффақиятҳояш камтар аз тарғиботи он ва бештар аз иродаи мақомот бастагӣ дорад.
Лӯлиёни деҳаи Шодоб-1 дар ноҳияи Варзоб мегӯянд, дар интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 1-уми март ширкат мекунанд, аммо "намедонанд, ки номзад аз ҳавзаи онҳо кист".
Лӯлиёни як деҳаи наздик ба Душанбе мегӯянд, ки даъватнома ба интихоботро гирифтанд, вале намедонанд, ба кӣ раъй бидиҳанд.
Тоҷикистон ба интихоботи панҷуми порлумонии худ баъди ба имзо расидани Cозишномаи сулҳ (1997) наздик мешавад. Дар ҳар яке аз интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ шумораҳои гуногуни аҳзоб иштирок кардаанд.
Барои иштирок дар ин мунозира намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон даъват шуда буданд, вале намояндагони ҲХДТ ва ҲДТ даъватро напазируфтанд.
Бархе аз сокинон дар деҳаҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ба интихоботи порлумонии 1-уми март раванд, ё не. Онҳо мегӯянд, солҳо боз аз надоштани оби поки ошомиданӣ ва бунгоҳи тиббӣ ранҷ мекашанд.
Ёфтҳои бештар