Интихоботи порлумонӣ дар кишварҳои демократӣ як корзори муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад, чун мардум онҳоеро интихоб мекунанд, ки бо қабули қонунt ба зиндагии онҳо таъсир мегузоранд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ?
Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Дар аксар нуқтаҳои раъйдиҳӣ охирин омодагиҳо ҷараён дорад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, дар саросари кишвар тақрибан 3500 қитъаи овоздиҳӣ аз соати 6-и субҳ то 8-и шом фаъол хоҳад кард.
Дар остонаи интихоботи порлумонӣ Радиои Озодӣ доир ба ҳавои корзори интихоботӣ ва тахминҳо дар бораи ба кӣ чанд курсӣ расидан дар Маҷлиси намояндагон суҳбат кард. Мубоҳисон Сайфулло Сафаров, таҳлилгари сиёсӣ ва муовини собиқи раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва хабарнигор Раҷаби Мирзо ҳастанд.
Интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон аввалин интихоботе мешавад, ки бе ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби мухолиф ва мамнуъшуда сурат мегирад.
Ҳазорон ҷавони тоҷик, ки имсолу соли гузашта, ки 18-сола шудаанд, бори аввал рӯзи 1-уми март дар интихоботи порлумонӣ иштирок хоҳанд кард.
То интихоботи порлумонии Тоҷикистон ду рӯзи дигар мондааст. Баъзе аз сокинони ноҳияи Восеъ дар Хатлон мегӯянд, ки сардаргуманд. Ба қавли онҳо, дар интихоботҳои пешина номзадҳо барои вохӯрӣ ва шиносоӣ бо мардум меомаданд, аммо ин дафъа на номзадеро дидаанд ва на барномаи пешазинтихоботияшро.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки фраксиюни худро дар порлумон дорад ва баъди ҳизби ҳоким дар қаторидувум аст, ҳадаф дорд бештар аз панҷ курсиро дар порлумони нав ба даст биорад. Коршиносони тоҷик бар инанд, ки муваффақиятҳояш камтар аз тарғиботи он ва бештар аз иродаи мақомот бастагӣ дорад.
Лӯлиёни деҳаи Шодоб-1 дар ноҳияи Варзоб мегӯянд, дар интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 1-уми март ширкат мекунанд, аммо "намедонанд, ки номзад аз ҳавзаи онҳо кист".
Лӯлиёни як деҳаи наздик ба Душанбе мегӯянд, ки даъватнома ба интихоботро гирифтанд, вале намедонанд, ба кӣ раъй бидиҳанд.
Тоҷикистон ба интихоботи панҷуми порлумонии худ баъди ба имзо расидани Cозишномаи сулҳ (1997) наздик мешавад. Дар ҳар яке аз интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ шумораҳои гуногуни аҳзоб иштирок кардаанд.
Ёфтҳои бештар