Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бори панҷум президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар (КМОТ) интихоб гардид.
Раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, умедвор аст, ки моҳи январи соли 2025 тарҳи созишномаи марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тасвиб ба порлумон фиристода мешавад.
Соли 2024 ҳудуди 80 муҳоҷири узбекистонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ шартҳои созишномаи кориро вайрон кардаанд. Аз афроде, ки ба онҳо кафолат дода буданд, 155 ҳазор доллар зарари молӣ ситонида шудааст.
Дар таркише дар хиёбони Рязани Маскав Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия кушта шудааст.
Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи созмони “Гурӯҳи 24” мегӯяд, мақомот дар минтақаи Рашт ба наздиконаш фишор меоранд, то ӯ аз Аврупо ба ватан баргардад.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА дар Конгреси ин кишвар ба суолҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон посух дод.
“Хонаи мусиқии Эрон” ба боздошти ҳунармандону бекор кардани консертҳо эътироз намуд.
Идораи иктишофии Украина мегӯяд, ҳудуди 30 тан аз сарбозони Кореяи Шимолӣ, ки дар Курск ҳамроҳ бо русҳо зидди низомиёни украинӣ меҷангиданд, кушта ё маҷрӯҳ шудаанд.
Доробшоҳ Наботов, размикори тоҷик дар риштаи муҳорибаҳои омехта (ММА), рӯзи 14-уми декабр дар мусобиқаи ZFN (Zombie Fight Night)-2, ки дар шаҳри Кояни Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, дар вазни сабук аз намояндаи Бразилия Матеус Камило шикаст хӯрд.
Дар тарабхонае дар шаҳри Гудаурии Гурҷистон 12 тани беҷон пайдо кардаанд.
Мавзун Ғафурзода, мутриби нобино шикоят дорад, ки ӯ ва зану ду фарзанди хурдсолашро мехоҳанд, дар ин зимистони сард аз хобгоҳи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе берун кунанд.
Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Фарҳодҷон Холбеков дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Ҷидда бо тими Арабистони Саудӣ бозии дӯстона анҷом дод.
Ёфтҳои бештар