Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, агар кишвараш бо ҳудудҳое, ки ҳоло дар ихтиёр дорад, ба узвият НАТО пазируфта шавад, "марҳилаи доғи ҷанг" поён меёбад.
Раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон оташбас бо Исроилро "пирӯзии илоҳӣ" номидааст.
Пулиси Гурҷистон беш аз 100 эътирозгарро дар Тиблиси боздошт кардааст. Эътирози тарафдорони пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо шаби 29-уми ноябр низ давом ёфт.
Дар саффи гурӯҳи тундрави ҷангҷӯёни “Таҳрир-аш-Шом” , ки рӯзи 29-уми ноябр ба шаҳри Ҳалаби Сурия ҳамла карданд, чанд силоҳбадасте дида мешавад, ки бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.
Бархе муҳоҷирон ба ваъдаҳои шубҳаовари таъмини кор ва гирифтани санадҳои расмии иқомату машғулият дар Аврупову Осиё фирефта шуда, пул ва фурсати худро аз даст медиҳанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бори дигар аз кори ширкатҳои мобилӣ интиқод карда, ҳушдор додааст, ки агар сифати интернету алоқа беҳтар нашавад, иҷозатномаашонро бекор хоҳад кард.
Хабарнигорони таҳқиқгар маълум кардаанд, ки аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки Украина 80973 низомии рус кушта шудааст.
Вазири дифои Русия Андрей Белоусов бо сафари расмӣ дар Кореяи Шимолӣ қарор дорад.
Рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Деҳлӣ овозхони маъруф Файзигул Юсуфӣ даргузашт.
Дар Қазоқистон се фаъолеро, ки зидди сафари президенти Русия Владимир Путин эътироз карданд, ҷарима бастанд.
Субҳи 29-уми ноябр мақомоти Гурҷистон бо истифода аз об ва гази ашковар эътирозгаронро аз назди бинои парлумони ин кишвар дур карданд. Дар натиҷа як гурӯҳ рӯзноманигорон ва, аз ҷумла хабарнигори Радиоио Озодӣ, ҷароҳат бардоштанд.
Гурӯҳи "Толибон" ваъда додааст, ки дар ёфтану боздошти гумонбарони ҳамла ба шаҳрвандони Чин ва Тоҷикистон ёрӣ мекунад. Дар ин бора ду манбаъ аз ниҳодҳои тафтишотӣ ва марзбонии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёфтҳои бештар