Тошиев, ки 17-уми декабр дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек ба саволи хабарнигорон посух медод, гуфт, Қирғизистон умедвор аст, ки созишномаи хатти марз бо Тоҷикистон моҳи январи соли оянда натиҷагирӣ мешавад. “Кашидани хатти сарҳадро мо ба анҷом расонидем, ҳоло таҳияи ҳуқуқии санадҳо ҷараён дорад. Базудӣ, умедворам, моҳи январ мо ин санадҳоро ба баррасии порлумон мефиристем ва он ҷо ин санадро ошкор баррасӣ хоҳем кард. Ҳамон вақт маълум мешавад, ки кадом қитъаҳои марзӣ ва ба кадом шакл тақсим шудаанд,”—гуфт Тошиев.
Мақомот дар Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишнома ва мувофиқаҳову шарту шурути ҳосилшуда дар паи музокираҳои марзӣ хабаре надодаанд.
Ҳафтаи гузашта президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, минтақаҳои баҳсноки марзӣ дар байни ду ҳамсоя баробар (50/50) тақсим карда шуданд: “Баъзе аз қитъаҳо бо шароити баробар иваз шуданд. Ҳоло кори санадгузорӣ дар ҳоли анҷомёбист.”
Содир Ҷабборов (Жапаров) аз нуқтаҳои баҳснок ном нагирифт. Ду кишвар то ин дам дар мавриди роҳи Воруху чоркӯчае байни Исфараву Бодканд ва гӯшаҳои дигар ҷанҷол доштанд.
Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабри имсол марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳадро пурра ба поён расонданд, вале тафсилоти онро нагуфтанд. Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Кабар” гуфт, масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон “бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар ҳал шуд”.
“Ҳангоми таъйини хати сарҳад бартарӣ додан ба як тараф ғайриимкон аст. Усули баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ду ҷониб бояд риоя карда шавад”, -- афзуд ӯ.
Ҷабборов гуфтааст, баъд аз поёни кори кумисюни байниҳукуматӣ, санадҳоро вазирони умури хориҷӣ имзо, порлумонҳои ду кишвар тасвиб ва раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон имзо ва ниҳоӣ хоҳанд кард.
Вай афзудааст, пас аз поёни кори кумисюни байниҳукуматӣ гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам боз хоҳанд шуд. Ин гузаргоҳҳо аз соли 2021, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона, бастаанд.
“Кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ талаби аҳолии маҳаллӣ низ ҳаст. Аз баста будани марз ҳарду тараф зарари иқтисодӣ дид. Робитаҳои тиҷоратӣ қатъ шуд. Ҳоло ҳадафи мо кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба сатҳи баландтарин расонидани додугирифт аст," – илова кардааст Содир Ҷабборов (Жапаров).
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Пас аз он ду тараф ба кашидани хати сарҳад сар карда, вале аз баррасии хати марз бар пояи харитаҳои замони Шӯравӣ даст кашидаанд. Бар пояи онҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин соли 2022 аз минбари Созмони Милал гуфта буд, ки “2110 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон аз тарафи кишвари ҳамсоя ишғол гаштааст”.
Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст. Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, низ ҷузъиёте надоданд.
Гуфтугӯ