Ба шаҳрвандони Чину Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (вилояти Хатлон), дар сарҳад бо Афғонистон, ҳамла шуд. Як шаҳрванди Чин кушта, панҷ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, захмӣ гаштанд.
"Толибон" ваъда додааст, ки…
Ду манбаъ аз мақомоти тафтишотӣ ва марзбонии Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз замони ҳамла то кунун намояндагони Душанбе бо “Толибон” ду дафъа гап задаанд. "Ҷонибҳо дар ҳудуди бозори наздимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрданд," – гуфт яке аз онҳо.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, намояндагони “Толибон” гуфтаанд, "аз ин ҳодиса нороҳатанд ва барои боздошти гумонбарон ҳама корро хоҳанд кард. Номи чор гумонбари эҳтимолиро ба мақомоти тоҷик пешниҳод карда, гуфтаанд, онҳоро дар пайгард қарор доданд."
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, афроде, ки “Толибон” ҳамчун гумонбар дар пайгард қарор додаанд, сокинони Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ҳастанд. Маълум нест, ки онҳо узви ягон гурӯҳ ҳастанд ё не. Мақомоти тафтишотӣ бо такя ба суҳбати шоҳидон мегӯянд, “онҳо ҳангоми ҳамла аз дину мазҳаб ҳеч ҳарфе нагуфтаанд”.
Ғиёсиддин, валади Муҳаммад, сокини Шаҳрибузурги Афғонистон, рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо нигарон буданд, ки дар пайи ин ҳодиса бозори марзӣ баста мешавад. Ӯ мегӯяд, мақомдорони "Толибон" аз онҳо хостаанд, ки дар пайдо кардани гумонбарон кумак кунанд.
“Онҳо ба ҷониби Тоҷикистон итминон доданд, ки ин афродро пайдо мекунанд. Аз мо хостанд, ки кумак кунем, то ҳамсоягии хуб монад. Ҳеч кас инҷо чунин шудани корро намехоҳад,” -- гуфт ӯ.
Дараи Зарбуз куҷост?
Дараи Зарбуз як минтақаи душворгузар дар ҳудуди мамнуъгоҳи Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст. Ҳамсарҳад бо улусволии Шаҳрибузург ва Хоҳони Афғонистон.
То ду сол пеш аз самти Тоҷикистон то дараи Зарбуз роҳи мошинрав набуд. Кӯҳу шахҳои бузург сохтани роҳро ба минтақа душвор гардонда буд. Марзбонон ҳам ҳузури доимӣ надоштанд.
Мақомоти тоҷик, аз ҷумла Иброҳим Азизов, раиси собиқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) соли 2010 гуфта буданд, ки беш аз сӣ ҳазор гектар замин дар ин минтақа аз назорат хориҷ аст ва онҷоро бештар кочоқбарон ва шаҳрвандони Афғонистон истифода мекунанд.
Амонулло Ҳамроҳ, зодаи Шаҳрибузурги Афғонистон, ки ҳоло дар Аврупо зиндагӣ мекунад, гуфт, ёд дорад, ки ин минтақа барои сокинони он тарафи марз солҳо макони зимистонгузаронӣ буд.
“Деҳоти он тараф дар баландӣ ҳаст ва зимистон сахт мешавад. Ин пораи хоки Тоҷикистонро касе на назорат мекард ва на истифода мебурд. Ман ёд дорам, ки зимистон об кам мешуд ва мардум молу говашро мегирифту мерафт он тараф. Ҳатто хона сохта буданд,” -- гуфт ӯ.
Манбаи Радиои Озодӣ ҳам мегӯяд, боз шудани роҳ ба минтақа ва оғози кори як ширкати соҳибкорони Чину Тоҷикистон хашми баъзе аз сокинони он тарафи марзро ба бор оварда буд.
“Роҳ кушодан ба инҷо маънои онро дошт, ки дигар ин минтақа пурра ба назорати Тоҷикистон мегузарад. Ҳоло дақиқ нест, вале ин фарзия ҳам ҳаст, ки эҳтимол ин корро гурӯҳҳои манфиатдор дар он тараф барои тарс додани чиниҳо карда бошанд,” -- гуфт ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон ва "Толибон" то кунун ҳодисаро шарҳ надодаанд. Хабари ҳамла дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам нашр нашуд.
Вазорати корҳои хориҷии Чин кушта шудани як шаҳрвандашро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рӯзи 19-уми ноябр маҳкум кард ва хоҳони таҳқиқи мӯшикофона шуд.