Радиои Озодӣ ба чанд суол аз сафири Туркия дар Тоҷикистон, Умут Аҷар, посух гирифт.
Баёнияҳои Душанбе дар бораи бадрафтории мақомоти рус бо тоҷикон; боздошту ихроҷ ва дармондани садҳо муҳоҷир дар сарҳади Русия; эҳзори сафир ва супурдани ёддошти эътирозӣ аз аломатҳои рӯшани печидаву тира шудани робитаҳои Тоҷикистон ва Русия аст, ки ҳамдигарро расман шарики стратегӣ меноманд.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав рӯзи теъдоди зиёде аз муҳоҷирони тоҷику кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ “сиёҳ” шуд. Бадрафторӣ бо онҳо авҷ гирифт, рондани онҳо аз Русия зиёд шуд ва озору азият ба ҳар баҳона маъмулӣ гашт.
Ҳамлаи ахир ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Русия, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар он гумонбаранд, дигарбора номи ин кишварро дар сархати расонаҳо қарор дод.
Гуфтугӯву ҳаёҳу дар бораи ҳунарнамоии тими миллии футболи Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад. Роҳ ёфтан ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ва ҷой гирифтан дар миёни 8 дастаи пурқуввати Осиё обрӯи футболбозони тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам боло бурд.
Донишманди тоҷик Қосим Одинабеки Ғорифӣ мехоҳад, ки таърихи асри гузаштаи тоҷикон бознависӣ шавад. Ӯ дар рисолаи илмияш, ки дар Узбекистон дифоъ кард, воқеаҳои соли 1920-ро дар Бухоро "на инқилоб, балки таҷовузи Артиши Сурх" номидааст.
Афғонистон беш аз ду сол боз зери итоати “Толибон” аст. Душанбе шарти асосиро барои робита бо ин гурӯҳ ташкили ҳукумати фарогир медонад, вале ҳамчунон ба додугирифт бо онҳо идома медиҳад. Давлатҳои дигари ҳамсоя ва ҷаҳон аз “Толибон” ва Афғонистон чӣ мехоҳанд?
Мудири Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон гуфт, аз шаш кӯдаки тоҷик фақат як нафари онҳо тарбияи томактабӣ мегиранду бас.
Ходими давлатии Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи бачагиҳои сахту сангинаш дар давраи ташаккулёбии Тоҷикистони советӣ, фирори Амир Олимхон аз Тоҷикистон, мулоқоташ бо Сталин, таҷрибаи корӣ зери раҳбарии Бобоҷон Ғафурову Турсун Ӯлҷабоев ёдовар шуд.
Ходими собиқадори Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова рӯзи 6-уми ноябр 100-сола шуд. Ходими давлатии Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи зиндагиву кораш дар як қарни гузашта ёдовар шуд.
Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо устоди донишгоҳи Ледени Нидерланди Тураҷи Атобакӣ.
Чаро омӯзгорон дар Тоҷикистон тарки кору тарки кишвар мекунанд? Ҷавонони тоҷик ҳангоми рафтан ба донишгоҳҳои ғарбӣ бояд чиро донанд? Бе пул дар илм пеш рафтан мумкин аст? Ба ин ва суолҳои дигар профессори Донишгоҳи Дублин Абел Полезе посух дод, ки бо вазъи маориф дар Тоҷикистон аз наздик ошност.
Ёфтҳои бештар