Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуралишо Назаров: "То 2004 моро ба дидбонгоҳҳои марзи худамон роҳ намедоданд"


Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

14-уми ноябр аз рӯзе, ки марзбонҳои тоҷик назоратро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз дасти нерӯҳои Русия гирифтанд, 20 сол гузашт.

Яке аз чеҳраҳое, ки он замон рӯйи ин таъкид мекард, генерал Нуралишо Назаров буд. Гоҳе ба қаҳрамон ва гоҳе ба чеҳраи бади матбуот табдил меёфт. Пушти ин кор чӣ моҷаро гузашт ва чӣ радду бадалҳое вуҷуд дошт? Радиои Озодӣ посухи ин ва мавзуъҳои дигарро аз ӯ пурсид.

Баҳои 2 аз таърих

Радиои Озодӣ: Пеш аз он ки сари баҳси бозпасгирии марз биравем, дар ин бора суҳбат кунед, ки Нуралишо Назаров то ин ки генерал шавад, кӣ буд? Яъне, дар куҷо зода шудеду дар чӣ ришта таҳсил кардед. Даврони кӯдакиву ҷавониву зиндагии хусусӣ

Нуралишо Назаров: "Ман дар ноҳияи Муъминобод, дар хонаводаи маорифпарвар таваллуд шудаам. Мактаби миёнаро соли 1966 дар ноҳия тамом карда, ба Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ҳуҷҷат супурдам, аммо аз имтиҳони сеюм баҳои ду гирифтам."

Радиои Озодӣ: Кадом имтиҳон буд?

Нуралишо Назаров: "Аз фанни таърих. Рости гап, дар парки Кӯлоб нишаста гиря кардаму баъд ба хона рафтам. Падарам пурсид, ки чӣ кор кардӣ? Гуфтам, нашуд, аз таърих ду гирифтам. Гуфт, набошад кор мекунӣ, мехонӣ, баъд дохил мешавӣ. Гуфтам, чӣ кор мекунам? Гуфт, дар фермаи Дилоло подабон мешавӣ. Шаш моҳ дар ҳамон ферма, дар ҳақиқат, подабонӣ кардам. Дар "ПМК"-и 10 дар шаҳри Кӯлоб коргар шудам. Соли 1967 ҳуҷҷатҳоямро боз ба факултаи забону адабиёти руси Донишкадаи Кӯлоб супурдам ва донишҷӯ шудам. Соли 1972 хатм кардам. Роҳхат доданд, омӯзгори забони русӣ дар ноҳияи Комсомолободи собиқ, ҳоло Нуробод. Дертар идораи маориф маро дар ноҳияи Муъминобод омӯзгор таъйин кард. Соли 1973 ба хидмати сарбозӣ рафтам ва соли 1974 гашта омада, дар ноҳия муаллими тарбияи ҳарбӣ шудам. Коллективи муаллимон пешниҳод карданд, ки милиса шавам. Корро милиса аз вазифаи сарнозири хонаи бачагон оғоз кардам. То соли 1980 дар Муъминобод будам, сипас сарнозири мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ дар вилояти Кӯлоб шуд.

Гуфтанд, ки меравӣ. Гуфтам, ҳеч гап не. Калидҳоро супурдаму баромада рафтам. То соли 2015 нигоҳ кардам, ки шояд ба ягон кор даъват мекунанд. Дидам, ки дигар ба ёди касе назадам. Баъд зиндагӣ маҷбур кард, рафта шаҳрвандии Русияро гирифтам.

Ду сол муовини сардори ШКД-и ноҳияи Маскави собиқ, ҳоло Ҳамадонӣ будам. Дар ШКД-и ноҳияи Октябри собиқ, ҳоло Исмоили Сомонии Душанбе, ШКД-и Ҷиргатол ва ШКД-и ноҳияи Роҳи Оҳан, ҳоло Шоҳмансур кор кардам. То соли 1992. Вазъият дар Душанбе тамоман танг шуд, партофта рафтем. Ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар ин ҷо гузашт, ман шоҳидаш будам. Соли 1989 як митинг шуд. Аз ҳамин Хонаи нависандагон 100-200 нафар то маркази шаҳр, майдони Ленин, ҳоло муҷассамаи Исмоили Сомонӣ омаданд. Прокурори шаҳр маро даъват кард, ки чаро митинги ғайриқонунӣ шудаасту ту вокуниш намекунӣ. Гуфтам, ман муовини сардори ШКД дар бахши дигарам. Ба ман супориш шуд, ки ту ин корро пеш мебарӣ ва маълум кун, ки ташкилкунанда, сардор ва иштирокчиёнаш кистанд."

Радиои Озодӣ: Ин ҳамон митинге, ки барои қонуни забон шуда буд?

Нуралишо Назаров: "Бале. Соли 1989. Он ҷо чанд талабот буд. Фақат як қонуни забон набуд. Ман ба Иттифоқи нависандагон рафтам, котиби созмони ҳизбияшон як марди рус буд. Аз ӯ созмондиҳандаҳои митингро пурсидам. Соҷидаи Мирзо, Тоҳири Абдуҷаббор, Гулрухсор Сафиева ва боз як чанд шоиру нависандаи дигарро номбар кард. Рости гап, аввал ба назди Тоҳири Абдуҷаббор рафтам. Гуфтам, ки ғайриқонунӣ митинг ташкил кардед, илтимос, як баёнот навишта диҳед, ки мо ҳамин корро кардем. Гуфт, чӣ хел ғайриқонунӣ? Ман аз раиси шаҳр иҷозат пурсидам, рафта пурсед, агар беиҷозат бошад, ман менависам. Он вақт Мақсуд Икромов буд, раиси шаҳр. Рафтам пеши раиси шаҳр, гуфт, ки ман иҷозат надодаам. Соли 1988 як қарори Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ содир шуда буд, ки агар митингҳои ғайриқонунӣ ташкил шавад, бояд ба ҷавобгарии маъмуриву ҷиноӣ кашида шаванд. Гашта пеши Тоҳири Абдуҷаббор омадам, ӯ ва чанд тани дигар баёнот навиштанд. Парванда кардему ба Додгоҳ (Суд) равон кардем. Додрас (судя) Мелников, як марди рус, рӯзи мурофиа занг зад, ки биё, атрофи Судро мардум печонидаанд ва намегузоранд, ки мо ҷазо бидиҳем. Рафтам, пароканда кардем, ба фикрам ҳеч касро ҷазо надоданд."

"Ҳоло ҳеч кас ба гардан намегирад"

Радиои Озодӣ: Аз охири солҳои 80-ум дар пойтахт дар вазифаҳои муҳими пулис кор мекардед. Он чиро, ки дар ин ҷо мегузашт, аз наздик хабар доштед. Аз ҷумла, ҳаводиси солҳои 90-умро. Он шабу рӯзҳо мақомоти корҳои дохилӣ чӣ кор мекарданд?

Нуралишо Назаров: "Соли 1990, 12-уми феврал ба ҳама маълум аст, ки як митинги калон шуд. Мардуми бисёре ҷамъ шуд. Он вақт ман муовини сардори ШКД-и ноҳияи Октябр будам. Масъулияти мо бисёр бузург буд. Як комиссия омада буд аз Маскав бо сардории Пуго, вазири вақти умури дохилии Шӯравӣ. Бояд ташкилкунандагони митингро ба ҷавобгарӣ мекашидем. Ҳамон сол як Кумитаи 17 ташкил карда буданд. Бӯрӣ Карим роҳбарашон буд. Ба ман ҳам супориш буд, ки аъзои ҳамин Кумитаро ёфта, ҳуҷҷатгузорӣ кардан даркор, барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан. Дар ҳамон митинг, дар рӯзи дуюмаш ба назарам, як гурӯҳи ҷинояткорҳо истифода бурда, ягон мағоза намонд. Рӯ ба рӯи Фурушгоҳи марказӣ (ЦУМ) як мағозаи тиловорӣ буд, ҳамонро тамоман ғорат карданд. Баъд ҳуҷум карда даромаданд ба бинои Кумитаи марказӣ. Ба ёди ман ҳаст, ҳатто ошёнаи аввалро алов сар доданд. Ягон 27 нафарро паронданд, чунки “спетназ” аз Русия омада буд. Ҳоло ҳеч кас ба гардан намегирад, ки кӣ иҷоза дод паронданро."

Радиои Озодӣ: Шумо афсари пулис будед. Медонистед, ки ҳамин гуна амалиёт мешавад? Яъне, аз он чӣ ки мегузашт, дар ҷараён мегузоштанд?

Нуралишо Назаров: "Ягон кас ягон касро дар ҷараён намегузошт ва ягон гап ҳам набуд. Ин як митинги худҷӯш буд. Ман ҳатто ба ёдам ҳаст, рӯзи 12-уми феврал аввал қарииб 80 нафар ҷамъ шуда буданд. Он вақт вазири корҳои дохилӣ, генерал Мамадаёз Навҷувонов буд. Ман гуфтам, ки инҳо он қадар одами зиёд нестанд, биёед, парокандашон мекунем, тинҷ мешавад. Гуфтанд, ки не, ҳоло мумкин нест. Баъд халқ бисёр ҷамъ шуд."

Мамадаёз Навҷувонов дар тобистони соли 1992
Мамадаёз Навҷувонов дар тобистони соли 1992

Радиои Озодӣ: Ба ҳайси як афсари Шӯравӣ қасам хӯрда будед, ки ба система хидмат мекунед. Вале дар охири солҳои 80-ум ин талошҳо ва мубориза барои истиқлол оғоз шуд. Агар содиқона ҷавоб диҳед, бештар ҳамчун афсар ба ҳамин одамоне, ки митинг мекарданд муносибат мекардед ё ҳамчун тоҷик мехостед, ки ин митингҳо натиҷае дошта бошанд?

Нуралишо Назаров: "Мо қасам ёд кардаем, мо намояндаи ҳукумат ҳисоб мешавем, дар куҷое, ки набошем. Милиса як пояи ҳукумат аст. Ҳарчанд мо худро намояндаи халқ мегирем ва муҳофизатгари халқ низ ҳастем, вале мо намояндаи ҳукуматем. Барои ҳамин, мо фақат тарафи қонун кор мекардем. Ҳар ҳодисае, ки мешуд, қонунӣ, тариқи ҳуҷҷатгузорӣ, исбот кардани ҷинояти касе. Ҳамчун тоҷик, албатта, диламон месӯхт, ки вазъият дигар шуда истодааст. Аз ҳизби коммунист, дар ҳақиқат, одамон дилмонда шуда буданд. Ман ҳам узви ҳизби коммунист будам, аммо дар блоки демократияш дохил мешудам. Ҳатто вақте Ҷамшед Ҳилолов, раиси Кумитаи ҳизбии шаҳр буд, маро даъват карда пурсида буд, ки дар кадом тарафӣ? Гуфтам, тарафдори демократия. Ҳизби коммунист ҳам ду блок шуда буд, ки якеаш демократмаобҳо буданд. Диламон месӯхт, аммо ҳар чизе буд, мо тарафи қонунро нигоҳ мекардем."

"Халқ дигаргунӣ мехост, вале…"

Радиои Озодӣ: Ҳамин бедории сиёсӣ ё мубориза барои истиқлол, мутаассифона, ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки як саҳифаи сиёҳ аст дар таърихи Тоҷикистон. Таҳлили шумо ба унвони як афсари пулис чӣ аст, чаро ба ҷанг рафт?

Нуралишо Назаров: "Дар бораи сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ донишмандону журналистону дигарон бисёр навиштанд. Ман он чизеро медонам, ки дар берун буд. Дар дохил чӣ гап буд, намедонам. Дар берун ҳама чизро медидем ба чашмони худамон, ки чӣ гап шуда истодааст. Ман шахсан ҳис мекардам, ки ҳизби коммунист аз уҳдаи идоракунии давлат намебаромад. Халқ дигаргунӣ мехост, дар бораи забон, демократия, озодии сухану гапҳои дигар. Таҳлили ман ҳамин аст, ин гапро пештар ҳам гуфта будам, дигарҳо ҳам дар сабабҳои шӯриши Инқилоби Октябр ҳам гуфта буданд, як сухани фалсафӣ аст: “Верхи не хотят управлять по новому, низы не хотят жить по старому” (Болобудаҳо намехоҳанд, ки раҳбарии муосир дошта бошанду поёнбудаҳо бо усули кӯҳна зистан намехоҳанд). Ҳамин усул дар мо буд. Дар воқеъ халқ дигар намехост, ки ҳизби коммунист роҳбарӣ кунад, аммо ҳизби коммунист карахт буд, то ягон қарор аз Маскав намеомад, аз пеши худ чизе кардан наметавонист. Ҳамаи ҳамин сабаб шуд, ки майдонҳо ташкил шуданду ҷангу ҷанҷол оғоз шуд."

Радиои Озодӣ: Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чӣ корҳо мекардед?

Нуралишо Назаров: "Моҳи ноябри соли 1992 ман дар ВКД муовини сардори яке аз шуъбаҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ будам. Сардорамон Қувват Султон буд. Як рӯз ҷаласа эълон карданд, ҳама ҷамъ шудем. Генерал Раҳмонқул Зоиров, муовини вазири корҳои дохилӣ як телеграммаро хонд, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ омадааст ва Ёқуб Салимов вазири корҳои дохилӣ таъйин шудааст. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин шудааст Саидамир Зуҳуров. Баъд аз хондани номи

Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов

Ёқуб Салимов, ҳайати шахсӣ нимаш аз ҷо хест, толор ба ду тақсим шуд. Одами дар паҳлуи ман нишаста гуфт, дигар кор намекунам. Ман гуфтам, хайр, чӣ фарқ дорад, кори мо ҳамин аст. Ҳайати шахсӣ аз ҳамон рӯз ду тақсим шуд. Аввалҳои моҳи январ буд, ки ҳукумат даромад. Мо дар ҳамон вазорат будем, рӯзаш дақиқан ба ёдам нест. БТР-у БМП-и Фронти халқи омаданд. Саидамир Зуҳуров ба бинои КГБ даромад, Ёқуб Салимов ба бинои ВКД. Касе аз боло, аз ошёнаи панҷуми ВКД як тир холӣ кард. Ягон шантаж буд ё чизи дигар, ки баъди ин Фронти халқӣ тарафи мо гардонду ба тамоми қувва 10-15 дақиқа тир паронд. Баъд аз 15 дақиқа Қаҳҳоров муовини вазир буд, баланд гуфт, ки “бас кунед паронданро. Ин ҷо ҳама тарафдори ҳукуматанд. Ҳукумати конститутсионӣ, ин ҷо ягон оппозитсия нест”, баъд хомӯш шуд. Хуб шуд, ки бо тонк напаронданд, агар мепаронданд, ҳеч кас зинда намемонд. Баъд Фронти халқӣ даромад. Бисёриҳоро мо мешинохтем, дар байнашон собиқ коргарони милиса ҳам буд. Баъд ба фикрам 10-уми январ буд, Ёқуб Салимов бо пешниҳоди Қувват Султон маро сардори шуъбаи мубориза бо терроризму бандитизм таъйин кард. Маро мешинохт. Гуфт, ту шаҳрро медонӣ, ҳамин шуъбаи вазнин аст, ҳаминро роҳбарӣ кун. То соли 1994 кор кардем. Худо он рӯзҳоро дигар нишон надиҳад."

"Тахаллуси роҳбарашон "Тайсон" буд"

Радиои Озодӣ: Агар хато накунам, соли 1998 Шумо вақте сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил будед, генерал шудед. Мешавад қиссаи генерал шуданатонро нақл кунед.

Нуралишо Назаров: "Аз соли 1995 ман сардори Раёсати зидди ҷиноятҳои муташаккил ва муқовимат бо коррупсия будам. Соли 1998, 6-уми феврал, Рӯзи милитсияи тоҷик буд. Ҷаласаи тантанавӣ. Ҷаноби Олӣ иштирок мекард. Ҳамаро табрик карданд. Баъд Абдуҷаббор Азизов, мушовири кадри раисҷумҳур фармонро хонд, ки ман генерал. Рости гап, ҳайрон шудам. Дар фикрам ҳам набуд, ки генерал мешавам. Хеста омадам, президент пагон (сардӯшиҳо)-и генералиро супорид ва ман гуфтам, ки ба мардум ва Тоҷикистон хидмат мекунам. Лекин, баъдан ман Ҳумиддин Ҳасанович (он замон вазири корҳои дохилӣ)-ро пурсидам. Гуфтам, ин чӣ тур шуд, ки ман дарак надорам. Гуфт, президент маро пурсид, ки ҳамин ҳодисае, ки дар Хуҷанд рӯй дод, суиқасд ба ҷони раисҷумҳур, дар ҳамон ҷо кӣ кор кард. Гуфтааст, ки Назаров ҳамон ҷо сардори гуруҳ дар бахши корҳои оперативӣ буд. Барои ҳамин, рутбаи генералӣ доданд. Дар ҳақиқат, вақте ин суиқасд шуд, Саидамир Зуҳуров раиси Кумитаи амният буд ва Ҳумиддин Шарипов вазири мо. Маро даъват карданду ҳамроҳ бо Усмонқул Зоиров, сардори Раёсати минтақаии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил барномарезӣ кардем. Гурӯҳи тафтишотии калон бо раҳбарии раиси Кумитаи амният ва вазирони корҳои дохиливу Додситони кул ташкил шуда буд. Ба фикрам, рӯзи сеюм буд, ки полковник Зоиров омад, гуфт, ки сардор як зан омадаст, мехоҳад бо шумо мулоқот кунад. Ин зан фақат гиря мекард.

Мо қонуни забонро қабул кардем. Агар ҳамон вақт ба хати форсӣ мегузаштем, барои мо осонтар буд. То ин вақт мо 100 дар сад метавонистем, ба ҳама чиз бирасем. Ҳатто соҳаҳои низомӣ дигар мешуд.

Гуфт, аз шумо як илтимос дорам, ҳамин гурӯҳе, ки ин террорро кард, ман медонам, ки дар куҷо пинҳо шудаанд. Фарзанди ман ҳамроҳашон ҳаст, агар фарзанди маро озод карда тавонед, ҳамаро нишон медиҳам. Мо розӣ шудем, ҳамаро нақл кард, ки чанд нафаранду дар куҷоянд. Писари ин занро барои ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳояшон равон мекунанд, ки агар шиносномаҳоро ҷамъ мекард, онҳо ба Узбекистон фирор мекарданд. Дар ҳамон ҳолат ман ба вазир гузориш додам. Дар хонаи як зардолуфурӯш буданд. Он зардолуфурӯшро аз бозори "Панҷшанбе" оҳиста боздошт кардем. Ӯ ҳамин қадар гуфт, ки фарзандони маро натарсонед, майлаш, ман розӣ, равед амалиёт гузаронед. Баъд, мо таъйиноти махсусро гирифтем. Нақшаи амалиётро навиштем, Зуҳуров, вазири мо ва додситони кул тасдиқ карданд. Мо амалиётро оғоз кардем. Рафтем, гуфтушунид сар шуд, албатта, пешакӣ давру барро печонида гирифтем. Гуфтем, силоҳҳоро гузореду оҳиста бароед ва таслим шавед. Дар ҳамин ҳолат, як таркиш шуд, ба фикрам, граната таркид. Баъд тирпаронӣ оғоз ёфт. Дар паҳлӯи ман як сарбози таъйиноти махсус аз шикамаш тир хӯрд. Баъзеҳояшон аз тиреза ба пушт, ки замини холии пахта буд, париданд, ки 4-5 нафар боздошт шуд. Баъд мо даромадем, ки тахаллуси роҳбарашон "Тайсон" буд. Ному насабашро фаромӯш кардам. Бисёр тануманд. Тапончаи Макаров дар дасташ, худаш худашро паронда, дар бехи девор афтида мурда буд."

Радиои Озодӣ: Ҳамаи инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ё дар миёнашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳам буд?

Нуралишо Назаров: "Ҳама аз Тоҷикистон. Ягон хориҷӣ набуд."

Радиои Озодӣ: Баъди рафтан аз Вазорати корҳои дохилӣ чанд соле дар Шӯрои амният кор кардед ва баъдан омадед муовини якуми раис ва сардори Сарситоди Кумитаи навташкили сарҳадоти Тоҷикистон шудед. Идеяи бозпас гирифтани назорати марз бо Афғонистон чӣ гуна пайдо шуд? Фикри шахсии шумо буд ё дар сатҳи болои ҳукумат ба ин хулоса расиданд? Андешае ҳаст, ки аз боло ин мавзӯи ҳассос, вале аз сӯйе сарнавиштсозро ба шумо дода, хостанд, ба ин васила бисанҷанд, ки Русия чӣ вокуниш мекунад

Нуралишо Назаров: "Ман соли 2002 ба ин мақом омадам. Ҳарчанд милиса ҳам будам, ин бахшҳоро мефаҳмидам. Махсусияти ҳифзи сарҳадот дигархелтар аст ва фаҳмидани ин мушкил буд. Муовини ман генерал Александр Рогов буд. Як одами касбӣ ва марзбони тавоно. Корро аз хондани китобҳо сар кардем. Нерӯҳои марзбонии мо навтаъсис буд. Дар хати дувуми сарҳад буданд, хати аввал дар марз бо Чину Афғонистон дар дасти русҳо буд. Дар сарҳад бо кишварҳои дигар нерӯҳои мо нав ҷобаҷо мешуданд. Аммо асос сарҳад бо Афғонистон буд. Дар Тоҷикистон ҳам тақрибан 26 гузаргоҳи байнулмилалӣ буд. Ҳама дар ихтиёри сарҳадбонони Русия. Боре ман ба ноҳияи Панҷ рафтам. Мехостам, ба отряди сарҳадӣ ворид шавам, ки иҷозат надоданд. Гуфтам, ман генерал Назаров, муовини раис ва сардори Сарситоди нерӯҳои марзбонӣ, чӣ хел ҳуқуқ надорам. Иҷозат надоданд. Баъд, омада раисро гуфтам. Раҳматии генерал Абдураҳмон Азимовро. Раис гуфт, ки хуб, ҳамин хел аст, дигар. Гуфтам чӣ хел мешавад? Сарҳад аз мо, вале моро ба отряди сарҳадӣ роҳ намедиҳанд. Як гапи таърихӣ гуфт. Ҳамин худ рондани тракторро ёд гирифтем, биё, дигар худамон биронем. Гуфтам, шумо розӣ шавед, он тарафашро ман ҳал мекунам. Баъд оҳиста-оҳиста корро сар кардем. Созишномаро дидем, ки соли 2003 муҳлати 10-сола тамом мешавад. Ин созишнома соли 1993 баста шуда буд. Он вақт маълум, ки Тоҷикистон дар кадом ҳолат қарор дошт. Як банд дошт, ки бо барқарор шудани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мешавад марзро марҳила ба марҳила ба ихтиёри онҳо супурд. Мо ҳамин бандро асос гирифтему гуфтем, ки созишномаро нав мекунем ва марзбонҳои мо бояд дар хати аввал бошанд ва ҳама гузаргоҳҳо дар ихтиёри мо бошанд. Ҳамин масъала то аввалҳои соли 2004 давом кард. Дар як ҷаласаи ҳукумат Ҷаноби Олӣ аз ман пурсид, ки Назаров, шумо аз уҳдаи ҳифзи сарҳад мебароед? Ман гуфтам, ки муҳтарам президент, бо дастгирии шумо, мо дар ҳақиқат аз ӯҳдааш мебароем. Баъди ҷаласа мансабдорони дигар маро бисёр сарзаниш карданд."

Радиои Озодӣ: Мебахшед, ба ин мавзуъ бармегардем, аммо як саволи дигар. Яъне ин фикр, ки гуё ин мавзуъ дар боло ҳал шуда буд, асос надошт?

Нуралишо Назаров: "Не, не."

Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Генерал Назаров: "Мумкин як рӯз ба ёдашон мезанем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:52:50 0:00

"Барои ман мояи хиҷолат аст, ки ин суханҳоро аз шумо мешунавам"

Радиои Озодӣ: Ҳамин фикрро шумо чӣ гуна ба русҳо расонидед? Мустақим ё ба воситаи расонаҳо?

Нуралишо Назаров: "Як фармони президенти Тоҷикистон буд, дар бораи ҳамкории сарҳадбонони тоҷику рус. Ман сатҳи иҷро шудани ҳамон фармонро таҳлил кардам. Охир ҳамкорӣ ба кадом маъно? Дар хати якуми сарҳад сарҳадбонони моро тамоман иҷозат намедиҳанд. Дар дидбонгоҳҳо тамоман иҷозат намедиҳанд. Дидорҳои намояндагони марзбонҳо, ки бо хориҷиҳо сурат мегирифт, намояндагони мо тамоман иштирок намекарданд. Ҳамаи инҳо сабаб шуданд, ки ман ҳамон фармонро гирифта, ба назди Ребулин рафтам. Сардори Ситоди нерӯҳои марзбонии Русия, генерал Ребулин. Гуфтам, ки фармон ҳаст, аммо ман хеле шуд, ки кор мекунам, вале боре надидам, ки моро даъват кунед. Мо ҳам сардорони отрядҳои марзӣ дорем, ҳарчанд дар хати дувум бошанд. Гуфт, ки созишнома муҳлаташ тамом шудааст, аз сари нав созишнома мебандем. Ман нусхаи созишномаро аз ҳамонҳо гирифта, омада якҷоя кор кардем ва баъди имзои созишнома аз сӯйи раисҷумҳури мо ва Русия, комиссияи давлатӣ ташкил шуд."

Радиои Озодӣ: Дар оғоз вокуниши русҳо чӣ гуна буд? Ҷиддӣ қабул мекарданд?

Талбак Назаров маро бисёр сарзаниш кард, рости гап. Гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ту чаро ин ҳарфҳоро мезанӣ? Ту чаро ба дӯш мегирӣ, ки мо аз уҳдааш мебароем?

Нуралишо Назаров: "Як мулоқот доштем бо яке аз муовинони фармондеҳи нерӯҳои Русия, дар ҳамин Душанбе. Ман ба ӯ гуфтам, ки рафиқ генерал, дар ҷараёни ҳузури шумо дар ин ҷо шумо ҳеч гоҳе маводро барои таҳқиқоти минбаъда ба мо надодед. Шумо меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи башарро нақз мекунед. Зеро ҳама қонуншиканӣ, ҷиноят ва корҳои дигар дар ҳудуди Тоҷикистон сурат мегирад ва дар идома бояд мо инро таҳқиқу баррасӣ кунем ва шумо вазифадоред, ки ҳама чиз, аз ҷумла далелҳои шайъиро ба мо бидиҳед. Баъд хандиду гуфт, ки шумо ин далелҳои шайъиро дубора аз даст медиҳед. Гуфтам, ки "барои ман мояи хиҷолат аст, ки ин суханҳоро аз шумо мешунавам". Бо ҳамин гап тамом шуд. Гуфтамаш, ки шумо ҳатто раҳбарии моро муттаҳам мекунед, ки гуё ба ин корҳо ҳамроҳем."

Радиои Озодӣ: Ҳамон замон ба даст гирифтани назорати марз барои Тоҷикистон аз чӣ нигоҳе муҳим буд: аз лиҳози сиёсӣ ё низомиву амниятӣ?

Нуралишо Назаров: "Ба фикри шахсии ман, аз нигоҳи сиёсӣ. Чун мо давлати соҳибистиқлол будем ва нишонаи аслии истиқлол ҳудуду сарҳад аст. Дар сарҳад бояд парчами Тоҷикистон ҷилва мекард. Ин аз нигоҳи сиёсӣ буд, аммо аз нигоҳи низомӣ мо он замон чандон ба сатҳи зарурӣ нарасида будем."

"Талбак Назаров маро бисёр сарзаниш кард"

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, ки баъзе аз мансабдорони баландпоя, аз ҷумла муовини вақти сарвазир, генерал Саидамир Зуҳуров, вазири вақти дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири вақти корҳои хориҷӣ Талбак Назаров, раиси собиқи Шӯрои амният Амирқул Азимов пас аз он ҷаласа бо ҳузури президент шуморо даъват кардаанд, то дар ин бора суҳбат шавад. Он ҷо фикре садо медиҳад, ки шуморо ба ин корҳо чӣ кор, моро бо Русия душман мекунеду ҳарфҳои дигар. Ин ҳарфҳоро кӣ гуфта буд?

Нуралишо Назаров: "Дар ҳақиқат, баъди ҷаласа маро ба утоқи Саидамир Зуҳуров даъват карданд. Талбак Назаров маро бисёр сарзаниш кард, рости гап. Гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ту чаро ин ҳарфҳоро мезанӣ? Ту чаро ба дӯш мегирӣ, ки мо аз уҳдааш мебароем? Гуфтам, мебахшеду бояд ҳамин хел фикр дошта бошем. Ин як нишонаи истиқлол аст. Гуфт, ту ҳар моҳе ё соле даҳ миллион доллар барои Тоҷикистон зарар овардӣ. Гуфт, мардуми мо бо онҳо кор мекунанд. Маош мегиранд, зиндагии ҳамашон хуб аст. Агар онҳо бираванд, ҷойи кор аз куҷо меёбем? 10 миллион доллар кӣ медиҳад?"

Радиои Озодӣ: Мавқеи дигарон чӣ буд? Хусусан, мавқеи генерал Зуҳуров?

Нуралишо Назаров: "Зуҳуров мавқеи қавӣ дошт. Агар асоси ҳамаи инро бигирем, ҳамон батйалони марзбоние, ки дар Иҷлосияи 16-ум ташкил карданд, ташаббуси Зуҳуров буд."

Радиои Озодӣ: Он замон матбуоти рус алайҳи шумо матолиби зиёде менавишт. Шуморо пуштибон ва ҳамсафи нерӯҳои қочоқбари маводи мухаддир мегуфтанд. Ин ҳама фишори дохиливу хориҷӣ азми шуморо тағйир надод?

Нуралишо Назаров: "Ин гапҳову фишорҳо буд, аммо рӯйирост мегуфтам, ки агар касе далел биёрад, ки ман кадом олудагие бо фурӯшандагони маводи мухаддир дорам, марҳамат. Онҳо мегуфтанд, ки агар мо марзро бигирем, Русия ва Аврупоро таги маводи мухаддир мегузорем. Чизе вуҷуд надошт, ман сад дар сад ба худ бовар доштам, ки дар умрам ин корро накардаам. 25 соле, ки дар ВКД будам, кору муборизаам бо ҳамин гурӯҳҳо буд."

Радиои Озодӣ: Соли 2005 фармондеҳи шумо, генерал Абдураҳмон Азимов, пас аз сафари пурбаҳси Александр Манилов, генерали рус, дар як мусоҳиба бо «ТАСС» гуфт, ки нерӯҳои Русия то абад дар Тоҷикистон мемонанд ва касе онҳоро намеронад. Чаро ин ҳарфро гуфт?

Нуралишо Назаров: "Ҳамин гуна гапҳо буд. Мегуфтанд, ки сад сол зиёд мешавад, ки назорати марз бо Чину Афғонистон дар ихтиёри русҳо аст. Мо албатта аз марзбонони рус хеле миннатдор ҳастем. Ман дар комиссия ҳамраис будам. Тамоми марзро, вақте аз Мурғоб то Айвоҷ қабул кардем, аз русҳо миннатдорем, ки дар ҳеч ҷойе аз мо ҳеч чизро пинҳон намекарданд. Ба ҷуз аз силлоҳҳои гурӯҳӣ, яъне БТР, БМП, тонк ва чизҳои дигарро ба мо намедоданд. Мегуфтанд, ки инҳо аз Вазорати дифои Русия ҳастанду ҳақ надоранд, ки ба мо бидиҳанд.»

"То имзои созишнома пойфишорӣ буд"

Радиои Озодӣ: Ин гуна сарусадоҳо буд, ки гуё русҳо он вақт бисёр муҳимоти ҷангӣ ва силоҳҳоро хароб карданд, аммо ба Тоҷикистон надоданд. Дуруст буд?

Нуралишо Назаров: "Не, асос надошт. Ба ҷуз силлоҳҳои гурӯҳӣ, дигар ҳама чизро ба мо таслим карданд. Ман аз моликият то силоҳу чизҳои дигар бо арзиши 800 миллион рубли русӣ аз онҳо пазируфтам. Ҳамон вақт як доллар 30 ё 34 рубл буд. Ҳамаи ин санад шудааст."

Радиои Озодӣ: Дар ҳамин баҳси доду ситади марз як сафари генерали рус Александр Манилов бисёр хабарсоз буд. Моҷаро чӣ буд?

Нуралишо Назаров: "Муовини сардори Нерӯҳои марзбонии Русия буд. Ду бор омада буд. Ҳар ду бор ман мулоқот доштам. Ӯ баръакс ҳимоят кард. Аммо шарт гузошт, ки мушовирон бимонанд. Мо ба ин фикр розӣ шудем. Барои мондани мушовирон чанд ҳайати онҳо омад."

Радиои Озодӣ: Русҳо пофишорӣ надоштанд, ки боқӣ бимонанд?

Нуралишо Назаров: "Не. То имзои созишнома албатта пойфишорӣ буд, аммо баъди имзои созишнома дигар розӣ шуданд."

"Мирзо Зиёев гуфт, эҳа қозӣ овардем-ку"

Радиои Озодӣ: Боз чӣ сир пушти саҳнаи ҳамин бозпасгирии назорати марз аст? Чизи муҳиме ҳаст, ки мехоҳед бигӯед? Ба ҳаёти шахсиятон ягон таҳдиде буд?

Нуралишо Назаров: "Не. Соли 2006 ҳамаи моро аз вазифа озод карданд. Ман ва ду муовини дигарро. Маро муовини вазири ҳолатҳои фавқулода таъин карданд. Муовини Мирзо Зиёев шудам. Ростӣ бо он кас ҳеч вақт мулоқот накарда будем. Шунида будам, ки вазири ҷанги оппозитсия буду

Мирзо Зиёев
Мирзо Зиёев

шахси бообрӯ. Ду ҳафта бо ҳам кор кардем. Ҳафтаи сеюм дар ҷаласаи субҳгоҳӣ ӯ фақат амри маъруф мекард. Ман гуфтам, ҷаноби вазир мумкин аст як суҳбат кунем. Гуфт, марҳамат. Гуфтам, ҷаноби вазир ҳаминҷо то 20 сардори раёсату шуъбаҳо истодаанд, аз ҳаминҳо бипурсем, ки чӣ кор карда истодаанд. Ягон нақшаи корӣ доранд? Бояд гузориш диҳанд, ки фалон корҳоро кардем ва ҳафтаи оянда чӣ кор мекунем. Яке гуфт, э ҳааа, қозӣ овардем-ку ба сари худамон."

Радиои Озодӣ: Шумо дар сохторҳои гуногуни қудратӣ бо раҳбарони зиёде кор кардед. Дар бораи онҳо чӣ назар доред?

Нуралишо Назаров: "Дар ВКД бо 12 вазир кор кардам. Соли 1992 дар ҳақиқат давраи беҳокимиятӣ буд. Соли 1993 вақте ҳукумат омад даромаду оппозитсия гурехта рафт, ҳамин ҷо кӣ кор мекард? Якум, вазири корҳои дохилӣ то соли 1994 Ёқуб Салимов. Ҳарчанд дар борааш одамони дигар фикрҳои дигар мегуфтанд, ки худаш ҷиноят карда буду корҳои ғайр. Аммо аз он одам террорист ҳам метарсиду дузд ҳаму ғоратгар низ. Сиёсат дошт, ки дар ҳамон шабу рӯз даркор буд. Шабу рӯз барои ҳукумат ҷонканӣ мекард. Ҳамеша ҳамроҳи мо буд. Супориш медод, ки фалон гурӯҳ ё фалон одамонро ба асорат гирифтааст, равед озод кунед. Гурӯҳҳои бисёре буд. Ҳама аз номи Фронти халқӣ гап мезад. Аммо гурӯҳҳои оппозитсия ҳам буданд. Давраи Саидамир Зуҳуров. Мо корро бо эшон соли 1975 дар Муъминобод сар карда будем. Ӯ дар амният буду ман корманди бахши кофтукоби ҷиноӣ. Мо замони роҳбарии Зуҳуров ва Ҳумиддин Шарипов гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиеро дастгир кардаем, ки ин хел гурӯҳҳоро касе дар ҳаёташ кашфу боздошт накардааст. Гурӯҳҳое буд, ки то 17 теракти онҳоро исбот карда будем. Дар як сол то 67 теракт ба ҳисоб мегирифтем. Мирзо Зиёев ҳамчун инсон инсони бад набуд. Ҳарчанд низомӣ буд, чун аз мухолифин буд, мо чандон мавриди эътимодаш набудем. Баъди ҳамон ҷаласаи субҳгоҳӣ маро даъват кард. Гуфт, Назаров, маро ҳурмат кун, ман вазирам, аъзои ҳукумат ҳастам. Ту дар байни ҳайати шахсӣ ин хел гап назан. Гуфтам, ҷаноби вазир, ҳамчун вазир ман шуморо ҳурмат мекунам, аммо кори давлат кори давлат аст. Аммо дар давраи МЧС ман яроқу аслиҳаи Мирзо Зиёевро гирифтаму ба ВКД супурдам."

Радиои Озодӣ: Силоҳҳои давраи ҷангашро?

Нуралишо Назаров: "Бале, аз давраи ҷанг."

Радиои Озодӣ: Солҳо баъд, борҳо, аз ҷумла соли 2010 ва солҳои баъдтар низ, аз сӯйи мақомдорони гуногуни Русия, ҳатто кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ва Максим Пешков, ки он замон дар Вазорати умури хориҷии Русия кор мекард ва баъдҳо дар Тоҷикистон сафир низ шуд, мавзӯи баргашти дубораи русҳо ба марз матраҳ шуд. Шумо он замонҳо ҳам зарурати ин баргаштро инкор мекардед. Фикр мекунед ин мавзуъ оё метавонад дубора матраҳ шавад?

Нуралишо Назаров: “Не, ин дигар номумкин аст. Тоҷикистон имрӯз дигар аз ҳама лиҳоз омода аст, ки марзҳояшро худаш ҳифозат кунад."

"Аз маош то маош зиндагӣ кардаам"

Радиои Озодӣ: Аммо, ҷаноби генерал, пас аз ин истодагариву пойфишории шумо, хеле зуд шуморо аз Кумитаи марзбонӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гузарониданд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳам зиёд намондед ва соли 2008 бознишаста шудед. Чаро ин тавр шуд?

Нуралишо Назаров: "Ман ҳатто фикр мекардам, ки маро ҳеч вақт ба нафақа равон намекунанд. Ман беҳад тоза кор карда омада будам. Фақат ба манфиати давлату қонун кор кардаам. Барои худам кор накардаам. На сарват ҷамъ кардаам, на ягон чизи дигар. Аз маош то маош зиндагӣ кардаам. Худоро шукр ҳама чиз хуб аст. Фарзандҳои хуб дорам. Ҳама соҳиби оила. Гуфтанд, ки меравӣ, гуфтам, ҳеч гап не, меравам. Калидҳоро супурдаму баромада рафтам. То соли 2015 нигоҳ кардам, гуфтам, шояд ба ягон кор даъват мекунанд. Дидам, ки дигар ба ёди касе назадам, баъд зиндагӣ маҷбур кард, рафта шаҳрвандии Русияро гирифтаму ҳоло нафақа мегирам."

Радиои Озодӣ: Оё ин бо арзишҳое, ки шумо барои он мубориза кардед, марзи давлатиро аз дасти онҳо кашида гирифтед, боз рафтед шаҳрвандии он ҷоро гирифтед, дар таноқуз нест?

Нуралишо Назаров: "Ҳаст, аммо Русия давлати бузург аст. Яке аз абарқудратҳост, ба ин гуна хурдурезаҳо аҳамият намедиҳад."

Радиои Озодӣ: Ҳоло генерали бознишаста аз куҷо нафақа мегиред?

Нуралишо Назаров: "Аз Русия."

Радиои Озодӣ: Шумо як китоби мухтасари хотироти худро бо номи "Маҷрои зиндагӣ" нашр кардед. Аммо шумо шоҳиди таҳаввулоти бузург ва ҳаводиси зиёде ҳастед. Замоне гуфта будед, ки китоби дигари хотиротро менависед. Оё навиштед?

Нуралишо Назаров. Акс аз соли 2016
Нуралишо Назаров. Акс аз соли 2016

Нуралишо Назаров: "Бале, гуфта будам. Соли 2011 буд он китоб, хеле мухтасар. Корҳое, ки мо кардем, ҳар як эпизодаш як роман мешавад. Ҳоло дар деҳа, дар Муъминобод дар таги як кӯҳ як хонаи лойӣ кардам, бештар ҳамон ҷо ҳастам. Хунук шуд, шаҳр омадам. Худо хоҳад, зинда бошем агар, оҳиста-оҳиста навишта истодаам."

Радиои Озодӣ: Аз баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон огаҳие доред, ки ба куҷо расид?

Нуралишо Назаров: "Не, ҳар чи ҳаст аз расонаҳо мехонам, хеле кам мондааст. Бовар дорам, ҳал мешавад, созишнома бояд имзо шавад."

"Агар ҳамон вақт ба хати форсӣ мегузаштем, барои мо осонтар буд"

Радиои Озодӣ: Баъди ба даст овардани истиқлол, дар бештари кишварҳои Шӯравии собиқ рамзу намод ва либосу рутбаҳои низомӣ тағйир ёфт. Аммо дар Тоҷикистон либоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мисли Русия монд. Чаро? Фикр мекунед зарурат аст, ки ин бахш ҳам «миллӣ» шавад?

Нуралишо Назаров: "Ин мавзуъ баҳс шуда буд. Мо бояд низоми миллии худро дошта бошем. Либоси низомии мо бояд атрибутҳои миллии худи моро дошта бошад. Дар ҳамаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд як реформаи амиқ гузаронида шавад. Ҳоло давлати соҳибистиқлол ҳастем, вале ҳоло ҳам милиса мегӯем. Бояд ба пулис гузарем. Як ислоҳот зарур аст."

Радиои Озодӣ: Солҳои охир баҳси баробарии тоҷикӣ ё миллии рутбаву сардӯшиҳои низомӣ дар Тоҷикистон доғ аст. Донишмандон ин чизҳоро бар асоси низоми артишдории гузашта, аз ҷумла замони Сосониён ва ҳатто аз он пешу «Шоҳнома» сохтанд, вале пазируфта нашуданд. Чаро?

Нуралишо Назаров: "Чаро пазируфта нашуд? Яку якбора намешавад. Масалан, генералро якбора ҷенеролу сипаҳсолор касе намегӯяд. Барои ин, вақт зарур аст. Масалан, мо қонуни забонро қабул кардем, аммо афсӯс агар ҳамон вақт ба хати форсӣ мегузаштем, барои мо осонтар буд. То ин вақт мо 100 дар сад метавонистем, ба ҳама чиз бирасем. Ҳатто соҳаҳои низомӣ дигар мешуд."

Радиои Озодӣ: Яъне, ҳамчун генерал мувофиқ ҳастед?

Нуралишо Назаров: "Бале, бе ин намешавад, бояд миллӣ шавад."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба чӣ корҳо машғулед? Пештар гуфта будед, замин дореду деҳқонӣ мекунед.

Нуралишо Назаров: "Не. Дар шаҳр не, дар деҳа боғ дораму дар замин кам-кам деҳқонӣ мекунам. Ба баъзе ҷаласаҳои ВКД ва ҷоҳҳои дигар даъват мекунанд. Ҳоло тамоман фаромӯш нашудаем. Мумкин як рӯз не як рӯз ба ёдашон мезанем."

XS
SM
MD
LG