Ҳафтаи ҷорӣ дар Кобул эътирози бузурге бар зидди тағйири масири хатти барқ барпо шуд, ки дар он аксаран ҳазораҳои афғон иштирок доштанд. Онҳо талаб карданд, ки хатти интиқоли барқ на аз қаламрави Соланг, балки аз Бомиён гузарад.
Шаби сешанбе ба чоршанбе додгоҳҳои маҳаллӣ дар Қазоқистон ҳадди аққал 12 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ-онҳоеро, ки ба ислоҳоти замин мухолифат жоштанд, ба мӯҳлати 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дар ин бора ба суолҳои Хиромон Бақозода шореҳи бахши қазоқии Радиои Озодӣ Эрҷон Қарабек посух додааст.
Ба ҷои маҷмааи Темурмалик дар Хуҷанд муҷассамаи 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон қомат хоҳад афрохт. Мақомоти Суғд мегӯянд, ки маҷмааи Темурмалик дар канори Сир сохта мешавад. Дар ин бора Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз Хуҷанд тафсилот додааст.
Як гурӯҳ аз кормандони тоҷики ширкати эронии "Собир" аз дарёфт накардани маоши ҳафтмоҳа шикоят доранд. Ин коргарон мегӯянд, ширкати "Собир" аз моҳи июл то декабри соли гузашта онҳоро дар бозсозии нақби "Истиқлол” дар гарданаи Анзоб кор фармуда, аммо то ҳол маошашонро надодааст.
Мақомот мегӯянд, ки чанде аз муҳоҷирони боздоштшуда дар робита ба қазияи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи Маскав раҳо гашта, таҳияи аснод барои интиқоли ҷасади се муҳоҷири тоҷик идома дорад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров дар ин бора тафсилот дод.
Муовини минтақавии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, тарҳи CASA-1000, ки иҷрои он рӯзи 12-уми май дар Тоҷикистон расман шурӯъ шуд, барои рушди иқтисоди ин кишвар ва субот дар Афғонистон муҳим аст.
Бомдоди 12-уми май садҳо манзили зист, роҳҳо ва майдонҳои кишти сокинони ноҳияи Рӯдакии канори Душанбе зери селу об монданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ мақомдорони ноҳия иброз доштанд, ки онҳо соати сеи шаб мардумро аз омадани сел огаҳ карда буданд ва дар натиҷа касе осеб надид.
Шореҳи Радиои Озодӣ Брюс Панир мегӯяд, кашолкорӣ дар ташхису аломатгузории марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ноамнӣ дар Афғонистон ва масъалаҳои дигар метавонанд татбиқи лоиҳаи интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро ба таъхир гузоранд.
Бузургмеҳр Ёров аз додраси парвандааш хост, ки ӯву Нуриддин Маҳкамовро ба шарти аз маҳалли иқомат берун нарафтан озод карда, баъдан мурофиаро дар толори театри Лоҳутӣ ё Кохи Ҷомӣ гузаронад. Дар ин бора Мирзонабии Холиқзод тафсилот додааст.
Шон Стайл дар сафари ахираш ба Душанбе бо мақомоти вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот кард. Ӯ мегӯяд, ки Канада хостори сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аст.
Паймони НАТО мегӯяд, Ал-қоида бо Толибон дар Афғонистон ҳамкории наздик дорад ва метавонад ба ҷанги онҳо ба зидди нерӯҳои ҳукуматӣ кӯмак кунад. дар ин бора ҳамкорамон Тоҳири Сафар суҳбате дошт бо шореҳи Радиои Афғонистон Озод-Қодир Ҳабиб.
Чанд рӯз инҷониб дар гӯшаҳои мухталифи Қазоқистон гирдиҳамоиҳои эътирозӣ бар зидди ислоҳоти замин доир мешаванд. Гирдомадагон хавф доранд, ки зери ниқоби ислоҳот заминҳои кишти ин кишвар ба Чин ва сармоядорони шубҳабарангез тақдим хоҳанд шуд.
Ёфтҳои бештар