Аз оғози соли ҷорӣ силсилаи ҳамлаҳои террористӣ Туркияро такон додааст. Шореҳи телевизиони "Настоящее время" Шоҳида Яъқуб мегӯяд, ки ин кишвар дар миёни обу оташ мондааст: аз як сӯ, ҷудоихоҳони курд ва аз тарафи дигар, силоҳбаластони гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар зидди Туркия қиём кардаанд.