Иштирокдорони тоҷики рафъи оқибатҳои фоҷиаи Чернобил мегӯянд, ки гузашти сӣ сол ҳам натавонистааст, доғи ин фалокатро аз рӯҳу ҷисми онҳо ва ҳатто фарзандонашон дур бикунад.
Дар ин бора Мардони Муҳаммад суҳбате дошт бо Фаридун Ҳакимов-раиси Иттиҳодияи иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Чернобил.