Ҳодиса
Худкушии як узви Ҷунбиши эътирозии занон дар Афғонистон
Масъулини Ҷунбиши эътирозии "Иттиҳод ва ҳамбастагии занони Афғонистон" аз худкушии як узви ин ҷунбиш дар вилояти Кундуз хабар доданд.
Санам Кабирӣ, яке аз масъулони ин ҷунбиш ба Радиои Озодӣ гуфт, Биби Гул Муҳаммадии 21-сола, ки бо тахаллуси Заҳро Муҳаммадӣ фаъолият мекард, рӯзи 29 декабри соли 2023 худро ба чоҳ партофта, ба ҳалокат расидааст.
Ба гуфтаи вай, наздикони Муҳаммадӣ ба далели тарс аз Толибон ва ҷомеъаи суннатии Афғонистон нахостанд, ки мавзӯъи худкушии ӯ расонаӣ шавад.
Санам Кабирӣ иддао кард, ки Бибӣ Гул Муҳаммадӣ дар соли 2021 ба далели ширкат дар эътирозҳо, ду рӯз боздошт шуда буд ва он замон ҳам ин мавзӯъ расонаӣ нашуд. Вай пас аз раҳоӣ ба маҳдудиятҳои хонаводагӣ ва фишорҳои иқтисодӣ рӯбарӯ буд.
"Аз як сӯ мушкилоти иқтисодӣ аз сӯи дигар, ҷомеаи суннатӣ ва хонавода фишор меоварданд. Азбаски ӯ зиндонӣ шуда буд, ба гуфтаи хонавода сабаби бадномсозии онҳо шуда буд. Бисёр таҳти фишору стрес қарор дошт. Ба ҳадде, ки барояш иҷоза намедоданд аз телефон истифода кунанд. Гоҳе бо баҳонаи дӯзандагӣ ва ё дарси Қуръон пинҳонӣ омада, дар барномаҳои эътирозӣ иштирок мекард.”
Ба иддаои Кабирӣ, занони эътирозгар дар зиндони Ҳукумати Толибон мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор мегиранд ва пас аз раҳоӣ аз сӯйи ҷомеа ба фишорҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Ба гуфтаи вай, Бибӣ Гул пеш аз ба қудрат расидани ҳукумати Толибон мактабро хатм карда, ба имтиҳони дохилшавӣ омодагӣ медид, аммо маҳдудиятҳои Толибон ӯро аз таҳсил маҳрум ва хонанишин кард. Ба ин далел ӯ хомӯш намонду мехост, ки садои занони афғон бошад.
Ҳукумати Толибон дар робита ба ин қазия вокуниш нишон надодааст ва қаблан ҳам боздошти занони эътирозгарро расман рад ва ё таъйид накарда буд.
Насрин Ҳамидӣ, як фаъоли ҳуқуқи занон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Толибон ҳар рӯз маҳдудиятҳоро барои занон афзоиш медиҳад ва зиндагии занони афғон торафт душвортар мешавад.
"Дарвоқеъ боиси таасуф аст, ки Бибӣ Гул Муҳаммадӣ ба далели мушкилоте, ки ӯ ва хонаводааш пас аз зиндон рӯбарӯ шуданд ва ба хотири раҳоӣ аз ин мушкилот худро қурбонӣ кард, даст ба худкушӣ зад. Ин қазия сабаби таасуфи амиқи тамоми фаъолон ва эътирозгарон аст”.
Дар ҳамин ҳол “Freedom Now”, созмони ҳомии ҳуқуқи башар, рӯзи шанбе дар вокуниш ба худкушии ин зани эътирозгар дар вилояти Кундуз, дар саҳифаи X-и худ навишт, ки занони мубориз, ба далели додхоҳии худ мавриди хушунати Толибон қарор мегиранд.
Созмон аз худкушии ин зани эътирозгари афғонистонӣ таассуф ва таъкид кардааст, ки бояд ҷони фаъолони маданӣ ҳифз шавад.
Ҳарчанд ҳукумати Толибон иддао мекунад, ки ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯби шариати исломӣ ҳифз мешавад, аммо занону духтарон дар ин кишвар аз ҳаққи таҳсил, кор ва дигар фаъолиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ маҳрум карда шудаанд. Толибонро ба саркӯбсозии заноне муттаҳам мекунанд, ки барои ҳуқуқу озодиҳои худ эътироз ва садо баланд намудаанд.
Қаблан созмонҳои мухталифи дифоъ аз ҳуқуқи башар гузоришҳое нашр карда буданд, ки духтарон ва занони афғон пас аз ба қудрат расидани ҳукумати Толибон дар ҳолати бади равонӣ қарор гирифта, бархе қасди ҷони худ кардаанд.
Бино бар як гузориши Рӯзномаи "Гардиан", бар асоси омори бемористону дармонгоҳҳои давлатии Афғонистон аз тобистони соли 2021 ба ин сӯ мизони худкушӣ дар миёни занон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Мошини мудири "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ худаш сӯхт ё касе сӯзонд? ВИДЕО
Муфаттишон дар вилояти Хатлон таҳқиқ доранд, ки мошини хидматии раиси намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ дар назди хонааш худ оташ гирифт ва ё касе барқасдона сӯзонд. Ҳодиса шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2023 рӯй додааст.
Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз хулосаи санҷишро нагирифтанд. "Баъзе аз порчаҳои сӯхтаи мошинро барои ташхис бурданд. Дақиқ хоҳанд кард, ки сабаби ҳодиса чист," – афзуд ӯ.
Бобоҷон Давлатзода, раиси дафтари "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ, сӯхтани мошинашро тасдиқ кард, аммо ба барқасдона будани он мутмаин нест. Вай рӯзи севуми январ гуфт, "Опел Зефира"-и хидматии ӯ "нуқси электрикӣ" дошт ва пеш аз ҳодиса ба назди усто бурда буд.
Дар посух ба ин суол, ки чаро мошини хидматӣ дар назди хонааш меистод, ӯ гуфт: "Мошинро таъмир карданд, оварда дар назди хона гузоштам ва ба сари баъзе аз қарздорон рафтам. Дами саҳар духтарам хабар дод, ки мошин месӯзад. Дидам, ки қариб сӯхта тамом шудааст."
Раиси намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ гуфт, ҳамон шаб нерӯи барқ надоштанд ва дурбинҳои назоратӣ низ кор намекарданд. "Вале дар наздикӣ як нуқтаи хидматрасонии "Амонатбонк" ва шабу рӯз барқ дорад. Дар дурбинҳои он касе намоён нест, торикӣ аст. Дар атрофи хона барқ набуд. Мо ҳам натиҷаи ташхисро интизорем," – афзуд ӯ.
Бори аввал нест, ки худрави хидматии баъзе аз мансабдорони ноҳияи Восеъ оташ мегирад.
Як сол қабл мошини додситони ноҳия дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб оташ гирифта буд. Он вақт мақомот як сокини 50-солаи шаҳри Кӯлобро дастгир ва ӯро ба қасдан оташ задани мошини додситон муттаҳам карданд.
Видео дар инҷост:
55 кас ҷон бохту садҳо хона вайрон шуд. Пайомадҳои зилзила дар Ҷопон. АКС
Теъдоди қурбониёни заминларзаи 1-уми январ дар Ҷопон ба 55 нафар расид.
Рӯзномани ҷопонии Mainichi Shimbun навишт, танҳо дар шаҳри Вадзима дар ғарби Ҷопон, камаш ҳашт нафар ба ҳалокат расид. Ин омор ҳар лаҳза метавонад бештар шавад.
Фумио Кишида, сарвазири Ҷопон, рӯзи 2-юми январ аз “қурбониёни зиёд” хабар дод. Ӯ наҷоти бозмондагонро аз зери харобаҳо “мусобиқа бо вақт” номид.
Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Аз аҳолии минтақаи зери хатар хоста шудааст, ки ҳарчи зуд ба ҷойи амну баландтар бираванд.
Хабаргузории "Мавҷи Олмон" (DW) рӯзи 2-юми январ аз қавли мақомоти маҳаллӣ гузориш дод, ки “бисёре аз биноҳо осеб дида, даҳҳо хона сӯхта ва ё фурӯ рехтаанд.”
Мақомоти ҷопонӣ гуфтанд, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои зарардида идома дорад.
Ҷопон дар гузашта шоҳиди зилзилаҳои сахте будааст. Аз ҷумла соли 2011 дар ин кишвар заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Дар ин фоҷиа тақрибан бист ҳазор кас ҷон бохтаву бе ному нишон шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ садама дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод
Вазорати корҳои дохилӣ садамаеро шарҳ дод, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Ҳодиса 23-юми декабр дар роҳ аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба сӯи Душанбе рух дод. Масъулини Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса як зан ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Дар навори садама, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” бо суръат аз як мошини “Хундай-Старекс” мегузарад ва баъдан ҳарду нақлиёт бо ҳам бармехуранд.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса як зани 38-сола ба ҳалокат расид. Ӯ дар дохили мошини тамғаи “Хундай-Старекс” будааст. “Се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд,”-афзуд манбаъ.
Навори ин садама дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла дар Инстаграм баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Корбарон аз он интиқод карданд, ки ронандагон қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон мекунанд.
Тақрибан ҳамарӯза дар роҳҳои Тоҷикистон сониҳа ё садамаҳои нақлиётӣ сар мезанд. Танҳо рӯзи 21-уми декабр дар ду садама дар ноҳияҳои Ёвон ва Бобоҷон Ғафуров шаш нафар ҷонашонро аз даст доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол дар ҷумҳурӣ қариб 500 сониҳа ё садама ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодисаҳо 193 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 500 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
“Ҳама ҷо пури хун буд.” Рӯзи мотами миллӣ дар Чехия. ВИДЕО
Чехия дар пайванд ба куштори 14 нафар дар Донишгоҳи Прага, ки аз ҷониби як донишҷӯи 24-сола сурат гирифт ва ин кишвари аврупоиро ба изтироб овард, 23-юми декабрро Рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Дар тирандозии шоми 21-уми декабр инчунин 25 кас маҷрӯҳ шуда, вазъи даҳ нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Вазири корҳои дохилӣ Вит Ракусан гуфт, “Ҷумҳурии Чех ҳеч гоҳ шоҳиди чунин ҳодиса нашудааст” ва афзуд, ки ҳеч нишонаи ба терроризми байнулмилалӣ рабт доштани ҳодиса дар даст нест.
Раиси полис Мартин Вондрашек гуфт, ҷавони тирандоз эҳтимол даст ба худкушӣ зад. Вай шоми 21-уми декабр гуфт, “лаҳзае пеш дар маҳалли ҷинояти мудҳиш будам ва дидам, ки дар дохили бинои донишгоҳ силоҳи зиёде ҷамъ шуда буд. Агар полис зуд мудохила намекард, теъдоди қурбониҳо бештар мешуд”.
Полис инчунин гуфт, бовар дорад, пеш аз тирандозӣ дар Донишгоҳи Прага ҳамлагар дар шаҳри Ҳостоун падарашро куштааст.
Ҳамзамон рабт доштани ин ҳамлагарро ба куштори марди 32-сола бо духтари думоҳааш дар боғе дар Прага месанҷанд. Ин ҳодиса рӯзи 15-уми декабри имсол рӯй дод. Мақомоти Чехия мегӯянд, ҷавон барои доштани силоҳ иҷозатнома дошт.
Куштори чордаҳ нафар дар Донишгоҳи Прага вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Президенти Ҷумҳурии Чех Петр Павел гуфт, аз ҳодисаи рухдода “шокӣ” шудааст ва ба ҳамаи наздикони қурбониҳо изҳори тасаллият кард.
Чунин паём то ҳол аз раҳбарони Олмон, Фаронса, Словакия, Иттиҳоди Аврупо ва Исроил расидааст. Кохи Сафед гуфт, Амрико омода аст дар сурати зарурат дасти ёрӣ дароз кунад. Президенти Украина Владимир Зеленский ҳам ибрози таслият кард.
Ҷеффри Гедмин, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки қароргоҳаш дар Прага аст, дар изҳороте гуфт: “РАО/РО ба нишони ҳамраъйӣ дар паҳлӯи ҷомеа, ки зери таъсири ҳодисаи такондиҳандаи имрӯза дар Донишгоҳи Карл қарор дорад, истодааст”.
Куштор дар бинои бахши фалсафаи Донишгоҳи Карл рух дод, ки дар назди майдони Ян Палах ҷойгир аст. Ин ҳодиса ташвишу сардаргумие дар миёни раҳгузарон эҷод кард.
Сергей Медведев, омӯзгори Донишгоҳи Карл, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ҳодиса омӯзгорону донишҷӯён паёмҳои электронӣ гирифтанд. Аз онҳо хоста шудааст, ки дар дохили синфхонаҳо бимонанд ва чароғҳоро хомӯш кунанд, то наҷот ёбанд.
Медведев нақл кард, ки ӯ дар дохили синфхона дарс медод ва дар ҳамин ҳангом садои тирандозӣ ва мошини полисро шунид. Ӯ гуфт, ҳама донишҷӯҳое, ки зери назараш буданд, амну бехатар берун баромаданд, вале изи хун ва баъзе аз ҷасадҳоро диданд.
Донишҷӯ Лиза Чухарова ба телевизиони “Настояшее Время” гуфт, ӯву дигар донишҷӯҳо давоми 40 дақиқа дар дохили синфхона пинҳон шуданд ва баъд аз ин нерӯҳои амниятӣ гуфтанд, ки бо дастони боло берун шаванд. “Ҳама ҷо пури хун буд,” -- гуфт ӯ. Ба нақли Лиза, ходимони умури изтирорӣ дар ҷои ҳодиса кумаки равонӣ мерасониданд ва ҷои гарму кампал тақсим мекарданд.
Куштори дастҷамъона дар Аврупо кам рух медиҳад, вале имсол се ҳодисаи дигаре рух дода буд. Ҳамлагаре дар шаҳри Ҳамбурги Олмон моҳи марти имсол шаш нафарро кушт, ҳашт нафарро маҷрӯҳ ва баъди ин худкушӣ кард.
Ду ҳодисаи дигар дар Сербистон дар давоми як ҳафтаи моҳи май рух дод. Як навраси 13-сола ҳашт ҳамсинф ва як муҳофизи мактабро дар шаҳри Белград кушт. Ду рӯз баъд дар деҳаи канори Белград як марди мусаллаҳ ҳашт нафаро кушта 14 нафарро маҷрӯҳ намуд.
14 кушта ва 25 захмӣ. Ҷузъиёти тирпаронӣ дар Прага. ВИДЕО
Як ҷавони мусаллаҳ дар бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия дар маркази Прага 14 нафарро кушта, 25 каси дигарро захмӣ кард. Ҳодиса рӯзи 21-уми декабри имсол рӯй дод.
Вазири умури дохилии Чехия, Вит Ракусан, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо хабарнигорон ҳодисаро "фоҷиаи бузург" номид, ки ба гуфтааш "оқибатҳои нохуби зиёде хоҳад дошт".
"Ҷумҳурии Чехия ҳеч гоҳ шоҳиди чунин ҳодиса набуд," – гуфт ӯ ва ҳамзамон афзуд, "тирандозӣ бо терроризми байнулмилалӣ пайванд надорад".
Ҳамлавар, ки аз ӯ донишҷӯйи 24-солаи бахши таърихи Донишгоҳи Карл ном мебаранд, низ кушта шудааст.
Шаҳрдори Прага Боҳуслав Свобода мегӯяд, ки ҳамлавар ҳини сарозер шудан аз бино ҷон бохт, аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, ӯ аввал ҳадафи тир қарор гирифт.
Мартин Вондрашек, раиси пулиси Чехия, онро "эҳтимол худкушӣ" донист ва гуфт, ки барои дақиқ кардани сабабҳои марги ҳамлавар таҳқиқ ҷараён дорад.
Ангезаи тирандозии ӯ маълум нест, аммо раиси пулис мегӯяд, силоҳаш қонунӣ буд.
Президенти Чехия рӯзи 21-уми декабр гуфт, аз ин ҳодиса сахт такон хӯрдааст. Петр Павел дар паёме дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, “аз ин ҳодиса “шок” шудам... Ба хонавода ва пайвандони қурбониёни тирпаронӣ изҳори ҳамдардии амиқи худро баён мекунам."
Ҳодиса дар майдони ба номи Ян Палах ва дар маркази Прага рӯй дода, сабаби изтиробу нигаронӣ шуд. Бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия ва Академияи санъату меъморӣ ва тарроҳӣ дар онҷо воқеъ аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои фирори мардумро аз болои пули Карл, яке аз марказҳои сайёҳӣ ва серодами шаҳри Прага, дидан мумкин аст.
Дар акси дигаре як гурӯҳи тақрибан шашнафарии донишҷӯён аз тирезаҳои бинои панҷошёна ба берун баромада, дар болои девори борик ва як ҷойи хатарнок пинҳон шудаанд.
Навор аз маҳалли ҳодиса:
Сергей Медведев, омӯзгори Донишгоҳи Карл, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ҳодиса омӯзгорону донишҷӯён паёмҳои электронӣ гирифтанд. Аз онҳо хоста шудааст, ки дар дохили синфхонаҳо бимонанд ва чароғҳоро хомӯш кунанд, то наҷот ёбанд. Он вақт ҳамлавар дар дохили бино будааст.
Дар моҳи декабри соли 2019 як марди 42-сола дар утоқи интизории бемористоне дар шарқи Чехия бо зарби тир шаш касро кушт. Вай сипас ҳангоми фирор аз тарафи пулис нобуд карда шуд.
Дар соли 2015 низ як мард бо тирандозӣ дар тарабхонае дар шаҳри Уҳерски Брод ҳашт нафарро кушта, сипас худкушӣ кард.
"Ҷасадро баъди ташхис гӯронданд." Таҳқиқи марги духтари 19-сола. ВИДЕО
Марги Раҷабгул Ғоибоваи 19-сола дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ баҳсбарангез шудааст, чун рӯзи 8-уми декабр додситонӣ иҷозаи дафни ӯро надод. Сабаб он будааст, ки хонавода бе огаҳ кардани мақомот аз зоҳиран худкушии духтар, хостаанд, ӯро бигӯронанд.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодисаро Додситонӣ ба дӯш дорад. Абдулҳай Бегаҳмадзода, додситони ноҳия, пас аз шунидани суол гӯширо гузошт.
Як манбаи огоҳ аз қазия дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 13-уми декабр гуфт, дар ҷасад осори танобро ёфтаанд: “Хабар расид, ки дар Восеъ як духтар худкушӣ кардааст, аммо аъзои оилааш пинҳон медоранд. Додситон, милиса ва дигарон ба қабристон рафтанд ва ба дафн иҷоза надоданд. Ҷасадро дар бунгоҳи тиббии деҳа кушода, барои ташхис ба Кӯлоб бурданд. Дар гарданаш осори таноб будааст. Баъд аз он дафн карданд.”
Неъматулло Ғоибов, падари Раҷабгулро дар додситонӣ бозпурсӣ кардаанд. Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “зоҳиран падар мухолиф будааст, ки духтар ба писари дӯстдоштааш бирасад”.
“Гуфтанд, ки духтар бо ҷавоне дӯстӣ доштааст. Падараш ба издивоҷи онҳо розӣ намешавад. Сипас духтар даст ба худкушӣ задааст. Додситон ҳангоми ташхис буд ва гуфт, ки падарашро барои бозпурсӣ биоред,” – нақл кард манбаъ.
Неъматулло Ғоибов, падари Раҷабгул Ғоибова ба Радиои Озодӣ ин ҳама сару садорро рад кард. Ӯ гуфт: “Ташхис карданд, ҳамаи чизро прокурор ва дигарон медоданд. Дигар мо ҳам намедонем, дигар Аллоҳ медонад ҳамаи инро.”
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар, аз ҷумла ноболиғону духтарон худкушӣ мекунанд. Бинобар мушкилоти иҷтимоӣ ва ё нофаҳмиву ҷанҷолҳои оилавӣ.
Ҳоло дар бораи марги Раҷабгул Ғоибова дар деҳаи Ғелоти Восеъ ҳар сокин фарзияи худро мегӯяд. Фарзияҳое, ки маълум нест, кадоме дуруст аст ё нодуруст ва додситон ҳам ҳеч кадомеро расонаӣ накардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Сӯзанро аз тани сарбоз баровардем." Ба Асламҷон дар қисми ҳарбӣ чӣ шуд? ВИДЕО
Пизишкони “Қарияи Боло”-и Душанбе аз бадани сарбози Вазорати корҳои дохилӣ, Асламҷони Амирбек, сӯзанеро берун овардаанд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ онро “эҳтимол кори куҳнасарбозон” гуфтанд. Сухангӯйи вазорат рад кард. Худаш дар бемористони касалиҳои равонӣ аст. Дар асл чӣ иттифоқ уфтод?
“Дар қисмати рости шикам буд”
Сарбоз Асламҷони Амирбекро рӯзи 3-юми декабр аз қисми ҳарбии 35-02 (Вазорати корҳои дохилӣ) дар “ҳолати вазнин” ба бемористони “Қарияи Боло” расондаанд. Ин ҷавони 18-сола тирамоҳи имсол ба артиш ҷалб шуда буд.
Пизишкони “Қарияи Боло” тасдиқ карданд, ки дар қисмати рости бадани Асламҷони Амирбек “сӯзани калон даромада, вазъи саломаташ хуб набуд”. Онҳо рӯзи 8-уми декабр ҳозир нашуданд, ки дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзуъро шарҳ диҳанд.
Яке аз онҳо бе зикри номаш ва бо нишон додани натиҷаи ташхис гуфт, “бубинед, ҳамин ҷойи сӯзан аст. Баъди сӯзанро аз қисмати рости шиками ӯ гирифтан, вазъи саломатияш беҳтар шуд. Ӯро ҷавоб додем, ҳоло дар инҷо нест.”
Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимол ҷавон зери фишори куҳнасарбозон ба бадани худ сӯзан даровардааст. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, меӯяд, қисми ҳарбии 35-02 "зери назорати ҷиддист ва то кунун ягон мавриди шиканҷаи сарбозон дар онҷо рух надодааст". Ин қисми ҳарбӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ҷойгир аст.
Вай рӯзи 11-уми декабр, баръакс, ба Радиои Озодӣ гуфт, "чунин амал бевосита аз сӯи худи сарбоз анҷом ёфтааст. Чаро ин сарбоз даст ба ин кор задааст? Санҷида мешавад."
“Ба беморхонаи касалиҳои равонӣ бурдем”
Хонаводаи сарбоз дар 25-километрии маркази Душанбе, дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб, зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, вазъи саломати ҷавон аз “қабл хуб набуд ва бояд ба артиш бурда намешуд”.
Умеда Аҳмадова, модари сарбоз, рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “бачаи ман касал буд, аз ҷар афтода, мағзи сараш осеб дидааст. Писари калониям дар хидмат дар Бадахшон аст. Ӯ ҳанӯз барнагашта, ин писарамро фиреб карда, ба хидмат бурданд. Касал буд, аз ташхис гузаронда бурданд.”
Ҳоло Асламҷон дар беморхонаи касалиҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ аст. “Пас аз онки аз "Қарияи Боло" ҷавоб доданд, ба беморхонаи қисми низомии ВКД бурданд. Бояд равоншинос писарамро медид. Наёфтанд. Баъд ба беморхонаи равонии ноҳияи Рӯдакӣ бурдем,” – гуфт Амирбек Маликов, падари сарбоз.
Волидони сарбоз намедонанд, ки ба фарзандашон дар қисми ҳарбӣ чӣ рух додааст. Амирбек Маликов мегӯяд, дар беморхона дар ҳузури масъулони қисми ҳарбӣ бо писараш гап зад, аммо қазияро рӯйшан карда натавонист: “Писарам гуфт, дада, ҳамин корро худам кардам ё дигарон, ба ёдам нест.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Солҳои охир мақомот аз беҳбуди шароит дар қисмҳои ҳарбӣ ва афзоиши довталабони хидмат дар артиш суҳбат мекунанд.
Дар баробари ин, шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ ва латукӯби сарбозон аз сӯи куҳнасарбозон борҳо расонаӣ шудааст. Дар пайи чунин рафтор, чанде аз онҳо дастгиру маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳамзамон бори аввал нест, ки пайвандони ҷавонон аз маҷбурӣ ҷалб шудани фарзандони беморашон ба хидмати ҳарбӣ шикоят мекунанд.
Марги модар бо ду духтараш аз дуди ангишт дар Душанбе. ВИДЕО
Се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.
Фоҷеа шаби 8- уми декабр дар маҳаллаи "Хуҷамбиёи поён"-и пойтахт рух додаааст.
Ҷасади зани сокини ин маҳалларо бо ду духтараш зуҳри имрӯз ба хок супурданд.
Ислом, раиси ин маҳалла дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ марги се нафар аз як оиларо тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модару духтарон ҳангоми хоб бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.
Модар 42 сола буда, духтаронаш яке 18 ва дигари 3 сол доштааст. Аз онҳо ном бурда нашудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми декабр ба маҳалли ҳодиса рафт. Наздикони афроди ҷонбохта аз сӯҳбат худдорӣ карда, монеаи наворбардорӣ шудаанд.
Аммо яке аз афроди ошно бо ин хонавода, ба Радиои Озодӣ гуфт, падари оила дар муҳоҷират буда, як духтари дигари онҳо оиладор ва дар хонаи шавҳар будааст. Дар аксе, ки вай ба Радиои Озодӣ фиристод, дида мешавад, ки ҷасади варамидаи модар ва ду духтари рӯйи фарши хона хоб аст.
Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.
Дар аввали соли равон ҳам дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом ҷон додаанд. Дар як ҳодисаи дигар дар ҳамин вилоят моҳи январ падар бо писари панҷсолааш заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.
Туркия модару писарро ба Тоҷикистон надод
Мақомоти Туркия модару писари боздоштшудаи тоҷикро раҳо карданд. Фотима Ғиёсоваи 44 сола бо писараш Маҳмадулло Дониёрзодаи 19 солааш ду моҳ қабл бо дархости Тоҷикистон дастгир шуда, масъалаи истирдоди онҳо ба ватан дар миён буд.
Аммо ба гуфтаи яке аз наздикони ин хонавода, далелҳои ҷониби Тоҷикистон тасдиқ нашуд ва мақомоти Туркия феълан аз истирдоди онҳо ба Душанбе худдорӣ кардааст.
Иброҳим Дониёрзода, писари Фотима Ғиёсова рузи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, модар ва бародараш рӯзи ҷумъа бар асоси қарори додгоҳи Хоҷаелии Туркия озод шуданд.
Фотима Ғиёсова ва писараш, Маҳмадулло Дониёрзодаи рӯзи 17-уми октябр дар Туркия боздошт шуда, тайи ин ду моҳ баррасии қазияи онҳо идома дошт. “пас аз қарори додгоҳ ҳардуро аз боздоштгоҳи муввақатӣ раҳо карданд ва иддаҳои ҷониби Тоҷикистон, ки гуё модар ва бародарам ба Сурия рафта, дар амалиёти ҷангӣ ширкат кардаанд, собит нашуд”- гуфт, Иброҳим Дониёрзода, писари дигари Фотима Ғиёсова.
Ин модару писарро дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “ширкат дар ҷанги Сурия” ҷустуҷӯ мекунанд. Тоҷикистон дар дархосташ ба ҷониби Туркия гуфтааст, ки гуё аҳли ин хонавода соли 2016 ба Сурия рафта будаанд.
Иброҳим Дониёрзода гуфт, ҳеҷ кадом аз аъзои хонаводаи онҳо ба Сурия нарафтааст ва мақомоти Тоҷикистон бидуни далел онҳоро дар пайгарди пулиси байналмилалии Интерпол қарор додаанд. Ба гуфтаи ӯ ҳануз номи бародару модараш аз феҳрасти Интерпол бардошта нашудааст. Иброҳим гуфт, соли 2022 ӯро низбо чунин дархост дар Маҷористон (Венгрия) боздошт карда буданд, вале дертар раҳо шуд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳануз боздошт ва раҳоии модару писарро дар Туркия шарҳ надодаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Душанбе ба суолҳои Радиои Озодӣ дар робита ба ин қазия посух надоданд. Консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул ҳам суолҳои хаттии Озодиро бепосух монд.
Ин хонавода аз соли 2015 дар вилояти Коҷаели Туркия ҳамсоя бо Истанбул зиндагӣ мекунанд ва ҳаққи иқомат доранд.
Пештар ҳодисаи боздошти Иброҳим Дониёрзода, фарзанди дигари ин хонавода дар расонаҳои Маҷористон бозтоб ёфта буд. Сомонаи "Hungary Today" рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 навишт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия алайҳи нерӯҳои давлатӣ ҷангида, дар кишвар бо хатари 12 сол зиндон рӯбарӯст.
Дар солҳои 2014-2017 Туркия як масири аслии пайвастани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ дар Ироқу Сурия будааст. Аз ин роҳ беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафтаанд ва сарнавишти аксари онҳо номаълум аст.
“Гурӯҳи 24” гуфт, Олмон як эътирозгарро ба Тоҷикистон ронд
"Гуруҳи 24", созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, дар як изҳорот аз истирдоди Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи ин гурӯҳ, ба Душанбе хабар додааст.
Қурбоналиев моҳи октябри имсол барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Намояндагони “Гурӯҳи-24” рӯзи 8 - уми декабр дар изҳороте гуфтанд, маркази ихроҷи Вазорати муҳоҷирати Олмон дар шаҳри ҲОФ рӯзи 24- уми ноябр Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон истирдод кардааст. Қарори истирдоди ӯ ҳам дар ҳамин рӯз содир шудаву 27- уми ноябр ба дасти вакили дифоаш расидааст.
Бино ба иттилои ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, вакили дифои Қурбоналиев истирдоди ӯро ғайриқонунӣ медонад ва тасмим дорад, алайҳи ин қарор ва барои баргардонидани ӯ ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.
Мақомоти Тоҷикистон расман қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки вай дар куҷо ва дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешавад.
Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24" пас аз ҷанги Русия бо Украина аз Киев ба Олмон рафта буд ва мақоми паноҳандагӣ надошт.
Ба гуфтаи намояндагони гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯъ, вай дар тазоҳуроти мухолифон дар Берлин, ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт.
Қаблан аъзои “Гурӯҳи 24” аз норӯшан будани сарнавишти ин узви фаоли гурӯҳ ва хатари ба Тоҷикистон истирдод шуданаш нигаронӣ карда, аз Ҳукумати Олмон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дархости ҳимоя ӯро карда буданд.
Мухолифон аз он бим доранд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву азияти мақомот ва ҳабси тӯлонӣ интизор аст. Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи “Гурӯҳи 24” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “Дар сурати бозгашти маҷбурӣ ба Тоҷикистон ӯро зиндон, шиканҷа ва аслан нобудшавӣ таҳдид мекунад.”
Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ кардаанд.
Чанд руз қабл, Бен Кардин, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар номае ба президенти Тоҷикистон аз саркӯби мухолифони сиёсӣ ва намояндагони ақаллиятҳои мазҳабиву ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронӣ карда буд.
Тоҷикони Ғозиёнтеппа пас аз зилзилаи Туркия чӣ ҳол доранд? ВИДЕО
Шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия, ки маҳалли кору иқомати чанд зодаи Тоҷикистон низ ҳаст, дар моҳи феврали имсол шоҳиди заминларзаи сахте буд. Дар натиҷаи он садҳо бино вайрон шуда, ҳазор нафар ҷон бохтанд. Осори зилзила ҳанӯз мондааст. Ҳам дар ҷойи ҳодиса ва ҳам дар зеҳни сокинон.
“Ба куҷо гурехтанро намедонистем"
Сарвиноз Озкучак аз Тоҷикистон муқими Ғозиёнтеппаи Туркия аст. Ҳафт сол боз ҳамроҳи хонаводааш дар онҷо кору зиндагӣ мекунад.
Мегӯяд, дар заминларза хонаашонро аз даст доданд, аммо ҷон ба саломат бурданд: "Духтари хурдиямро нав таваллуд карда будам. Ҳанӯз чилрӯза набуд. Вақте замин ҷунбид, ҳамроҳи писару шавҳарам ба куҷо гурехтанро намедонистем."
Мусоҳибаи мо бо Сарвиноз Озкучак дар Ғозиёнтеппа гузашт. "Бисёр даҳшатбор буд, сахт тарсидем. На танҳо ман, балки тамоми мардуми шоҳиди зилзила ҳамин ҳолро доштанд," --иброз дошт ӯ.
Зилзилаи шадид дар Туркия субҳи 6-уми феврали имсол боис ба марги беш аз 40 ҳазор кас шуд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳазорҳо тани дигар маҷруҳ шуда ва ё дар зери вайронаҳо монданд.
Созмони Милали Муттаҳид гуфт, зилзила ба ҳаёти 23 миллион нафар дар Туркия ва Сурия таъсир расонд. "Дар се рӯзи аввал дар даруни мошин зиндагӣ кардем. Сипас моро ба масҷиди наздиктарин бурданд. 13 рӯзи дигар онҷо зистем. Ҳаво хунук буд, дар кӯча мондан имкон надошт. Давлат он шабу рӯз кумак мекард, хӯроки гарм ва ҷиҳози хоб дода буд," – мегӯяд Сарвиноз Озкучак.
Шаҳри Ғозиёнтеппа ду миллион аҳолӣ дорад ва дар заминларза зарари зиёд дид. Теъдоди тоҷикон дар ин шаҳри наздик ба сарҳади Сурия зиёд нест. Пештар гуфта мешуд, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамин ҷо ба Сурия гузаштаанд, то ба сафи ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бипайванданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Падару модарам тарсиданд, вале ман рафтам"
Дар ин шаҳр ҳоло ҳам тахриби биноҳое, ки зиндагӣ дар онҳо номумкин шудааст, идома дорад. Ин корро ширкати “Бародарон” мекунад.
Ҷумъа Аккулок, мудири ширакат, ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 400 бинои нимвайронаро аз пойдевораш канда, аз зери баъзе харобаҳо чандин ҷасадро берун овардаанд: "Мо дар маркази шаҳр кор мекардем. Як ҳафта ба наҷоти одамон машғул шудем. Беш аз 25-26 касро зинда берун овардем. Мо дар чанд минтақа кор мекунем, аз ҷумла дар Аскарӣ."
Рӯзҳое, ки амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯйи одамон идома дошту ҳазорон захмӣ дар бемористонҳо хобида буданд, ба кумаки пизишкону ҳамшираҳои тиб ниёзи бештар пайдо шуд.
Тунаҳа Озкучак Омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда, вале дар ҷое кор намекард. Мегӯяд, шумораи захмиён ҳар лаҳза зиёд мешуду нигарониҳо аз камбуди табибон садо медод, ӯ ба ҳайси ихтиёрӣ ё некӯкор ба мадади онҳо рафт.
Ба нақли Тунаҳа, ӯ дар як бемористон ба табибон кумак мекард: "Ҳар лаҳза замин меҷунбид, одамон дар тарсу ҳарос қарор доштанд, имкони чаппа шудани биноҳо вуҷуд дошт. Вақте гуфтам ба кумаки захмиҳо меравам, падару модарам тарсиданд, вале ман рафтам."
"Одамони зиёдро ба бемористон оварда буданд. Ба онҳо ёрии аввал мерасондам. Ҳатто рӯзҳо ба хона намеомадам. Ин ҳолатро ҳеч фаромӯш карда наметавонам. Ҳангоме ки як захмиро оварданд, хостам фишори хунашро санҷам. Як дасташ набуд, бисёр даҳшатовар буд," -- ба ёд овард ӯ.
Бо гузашти чанд моҳ аз ин ҳодиса, мардуми шаҳри Ғозиёнтеппа дигарбора ба зиндагии маъмулӣ бармегарданд. Сарвинозу хонаводааш ҳам ба мисли сокинони дигар умед доранд, ки ҳукумати Туркия барои сохтани хонаҳои вайроншудаашон ёрӣ мекунад. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар остонаи интихобот ба ин масъала диққати хос медод, вале пас аз пирӯзияш ин таваҷҷуҳ камрангтар мешавад.
Боздошт ва ҳукми 27 нафар. "Таблиғи порнография" ё "ҳамҷинсгароӣ"?
Пайвандони як гурӯҳ шаҳрвандон, ки бо ҳукми додгоҳ барои "таблиғи порнография" дар Тоҷикистон аз 5 то 8 сол зиндонӣ шудаанд, барои бозбинии ҳукм ва раҳоии онҳо аз ҳуқуқдонҳо мадад хостаанд. Муроҷиати онҳо рӯзи дувуми декабр дастрас шуд.
Як вакили мудофеи маҳкумшудаҳо рӯзи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "шумораашон 27 нафар аст" ва "онҳо дар натиҷаи амалиёт дар моҳҳои апрел, май ва июн дар нуҳ минтақаи ҷумҳурӣ дастгир шуданд".
Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳукм дар охири моҳи июни имсол баромадааст. Шарҳи расмии он дастрас нест.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба амалиёти боздошти 27 кас изҳори бехабарӣ карданд. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 6-уми декабр гуфт, "дар махзани хабарҳои вазорат чунин иттилоъ нест."
Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин афрод дар асл ба гумони ҳамҷинсгароӣ дастгир шуда, чун дар қонун дар ин бора банди махсус нест, бар асоси таблиғи порнография ҷазо гирифтаанд."
Радиои Озодӣ ба таври мустақилона инро тасдиқ карда наметавонад. Кӯшиши мо барои дарёфти шарҳи волидони маҳкумшудаҳо бенатиҷа буд.
Вакили дифое, ки Радиои Озодӣ бо ӯ ҳамсуҳбат шуд, ба далели амниятӣ ва ахлоқӣ номи волидон ва шахсони зери ҳимояашро фош накард. Аммо тасдиқ кард, ки "ин афрод дар як гурӯҳи пӯшидаи интернетӣ ба якдигар аксу видеои аъзои таносул ва маълумотро дар бораи худ фиристода, амали ҳамҷинсгароёна анҷом медодаанд."
"Намояндагони мақомот дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ки ба муносибати ҳамҷинсгароии онҳо кор надоранд, аммо намебоист аксу видеои аъзои баданро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ мекарданд. Бинобар ин, 27 нафарро бар асоси қисми сеи моддаи 241-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (паҳни маводи порнографӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ) гунаҳкор донистанд," -- илова кард ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли ӯ, волидони маҳкумшудаҳо онҳоро бегуноҳ медонанд ва мунтазири бозбинии ҳукм ҳастанд.
Дар гузашта баъзе аз афроди “ҳамҷинсгаро” дар Тоҷикистон асосан ба гуноҳи паҳн кардани бемории норасоии масунияти бадан ё “ВИЧ/СПИД” дастгир шудаанд, вале боздошти гурӯҳии онҳо камсобиқа мебошад.
Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Бунёди глобалии мубориза бо СПИД соли 2015 мардону занони ҳамҷинсгароро дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор шумурда буд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳрасти беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки онҳо ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъд аз он ки феҳраст мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳрастро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.
Эълони ҳукми ҷавоне барои марги як сокини Истаравшан. Ду тараф норозӣ. ВИДЕО
Додгоҳи шаҳри Истаравшан як ҷавонро ба куштани аробакаши 44-сола Фарҳод Ҷалилов гунаҳкор донист ва ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум кард.
Ҳукми Умед Тӯраи Алии 25-сола рӯзи 15-уми ноябр баромад, аммо ҳарду тараф розӣ нестанд. Пайвандони марди аробакаш мегӯянд, ки бояд муҳлати ҷазо дарозтар мешуд. Ҷониби дигар хоҳони ҷазои сабуктар аст.
"Бачаи ман ба зери замин рафт. Гуфтам, гунаҳкорро аз рӯйи қонун ҷазо диҳед. Мехостам, 18-20 сол ҳукм гирад. Онҳо гуфтанд, агар шикоят доред, ба Прокуратура (Додситонӣ)-и вилояти Суғд нависед," – гуфт Мамлакат Обидова, модари Фарҳод Ҷалилов.
Латукӯби Фарҳод Ҷалилов 23-юми августи имсол дар Бозори марказии шаҳри Истаравшан рух додааст. Вай дар онҷо аробакаш буд. Баъд аз чор рӯзи воқеа дар бемористон даргузашт.
Ба нақли пайвандонаш, Фарҳод Ҷалилов ба нонвойхона обу орд мекашонд ва барои ин музд мегирифт. Ҷанҷол бар сари обу пул сар зада, ба фоҷеа расондааст.
Зебоҷон Муқимова, модари ҷавони маҳкумшуда, мегӯяд, дар ин воқеа "марди фавтида низ бе айб нест ва аввал ӯ душному ҳақорат кард". Барои ҳамин, ба гуфтааш, "ҳукми додгоҳ одилона нест".
"Ин ҳукм ба ягон ҷо рост намеояд. Вақте писарам ногаҳонӣ як шапалоқ зад, мувофиқи моддаи 108-и Кодекси ҷиноӣ бояд ду сол ҳукм мегирифт. Ягон кас набояд моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноиро мемонд. Аз ҳама ҳукми вазнинро ба бачаам доданд,” – афзуд ӯ.
Хонаводаи Ҷалиловҳо иддао доранд, ки дар марги писарашон Фарҳод модари ҷавони маҳкумшуда ҳам даст дорад ва аз додгоҳ муҷозоти ӯро талаб кардаанд.
Мамлакат Обидова гуфт, “писарам нақл кард, ки “буваҷон (модарҷон) Зебо бо писараш зад”. Гуфт, бо санг зад, бо арматура зад. Ман ҳамаи инро ба Суд (Додгоҳ) гуфтам ва пурсидам, ки чаро модараш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад? Фақат гуфтанд, ки дида мебароем.”
Зебо Муқимова инро рад кард. Мегӯяд, “ҳамчун модар чӣ хел дилам мешавад, ки бачаи як касро баромада занам”.
Норозигии тарафҳо аз ҳукми додгоҳ дар ҳолест, ки ҳарду ҷониб ҳам то гузашти муҳлати даъво аз рӯйи ҳукм ба зинаҳои болоӣ муроҷиат накардаанд.
Хонаводаи Ҷалиловҳо дар шаҳри Истаравшан беш аз се моҳ боз мотам доранд. Онҳо мегӯянд, бо марги Фарҳод, ки бо ароба рӯзгори хонаводаро мекашид, ҳам дар ғаму кулфат нишастаанд ва ҳам дар таъмини зиндагӣ машаққат мекашанд.
Пайвандони ҷавони зиндонӣ мегӯянд, ду фарзанди Умеду оилааш ва бори вазнини кори нонвоӣ ва рӯзгордорӣ ба зиммаи онҳо мондааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ин ягона ҷанҷоли лафзие нест, ки боис ба марги сокинон мешавад. Моҳи майи имсол Муҳаммадалӣ Акрамов, пизишки бемористони "Истиқлол"-и Душанбе, дар хархашае бо ронанда ва пулчинаки хатсайри рақами 28 сахт зарба хӯрду пас аз ҷарроҳии косахонаи сар ва як ҳафта беҳушӣ ҷон дод.
Мақомот ҷавони пулчинакро боздошт ва нисбати ӯ низ бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ парванда кушоданд. Маълум нест, ки ин ҷавон чӣ ҷазо гирифт.
"Аз ошёнаи 18 афтоду ҷон дод." Ҳалокати як бинокори ҷавон дар сохтмони "Комил 2010". ВИДЕО
Як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми сохтмоне дар шаҳри Кӯлоб ба замин афтода ҷон бохтааст.
Маркази тиҷоратии Кӯлобро ширкати “Комил-2010” месозад. Бар асоси Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ширкат ба номи Сиёвуш Зуҳуров, яке аз писарони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, сабт шудааст.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, ки воқеа бегоҳии 25-уми ноябр шуд. "Ҳодиса ҳангоми кор иттифоқ уфтодааст. Ҷавонро ба бемористон мебаранд, вале пизишкон гуфтаанд, ки ӯ аллакай фавтидааст. Аз сар осеб дидааст," – гуфт як манбаъ дар ин идора.
Аз ҷавони фавтида Ҷамшед Панҷиев ном мебаранд. Вай аз ҷамоати Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён будааст.
Аз ошёнаи ҳаждаҳум ба замин афтодану ҷон бохтани ӯро Додситонии шаҳри Кӯлоб таҳқиқ дорад. Дар ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ки сабабҳои ҳодисаро муайян хоҳанд кард, аммо дақиқ нагуфтанд, ки дар пайванд ба он парванда боз мешавад ё не.
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ҳодиса сокинон аз беэҳтиётии бинокорони Маркази тиҷоратии шаҳри Кӯлоб шикоят доштанд. Наворҳои фиристодаи корбарони Радиои Озодӣ бидуни ҳеч қоида ва ба крани борбардор савор шудану ба боло баромадани сохтмончиёнро нишон медод.
Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон аз соли 2019 то 2021 аз кори сохтмонӣ дар баъзе аз биноҳои вобаста ба “Комил 2010” интиқод карда, гуфта буданд, ки барои ислоҳи камбудҳо ба раҳбарони ширкат фурсат додаанд. Бо вуҷуди чунин танқидҳо, шикояти сокинон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ кам нашудааст.
Бинои Маркази тиҷоратии шаҳри Кӯлоб аз 24 ошёна иборат буда, сохтмони як бахши он ба поён расидааст. Дар қисмати дигари марказ корҳои сохтмонӣ ҳанӯз ҷараён дорад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 1-уми декабр талош кард, бо масъули сохтмон суҳбат карда, асли қазияро фаҳмад. Онҳо гуфтанд, масъули сохтмон Бег Сабур асту дигарон ҳаққи суҳбат надоранд. Худи Бег Сабур дар Душанбе қарор дорад ва кӯшиши гирифтани назари ӯ то ин дам натиҷа надод.
Маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Кӯлоб дар паҳлӯи Боғи фарҳангиву фароғатӣ ва дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумат сохта мешавад. Ин бинои баландтарин дар минтақа хоҳад буд. То кунун дар Кӯлоб биноҳои то 12-ошёна сохтаанд.
Дар Тоҷикистон ва минтақа бори аввал нест, ки бинокорон ҳангоми кор аз беэҳтиётӣ ва ё сабабҳои гуногун афтода ҷон медиҳанд ва ё маҷруҳ мешаванд. На ҳамаи ҳодисаҳо таҳқиқ ва на ҳамеша масъулон муҷозот мешаванд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҷасади Сумаяро баъди ҳафт моҳ ёфта гӯронданд, вале... ВИДЕО
Боқимондаҳои ҷасади Сумая Иброҳимова, сокини 39-солаи ноҳияи Файзободро баъди бештар аз ҳафт моҳ ёфта, дафн карданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ кушта шудааст, аммо маълум нест, чаро ёфтани ҷасад ва шахси муттаҳам ин қадар тӯл кашида. Радиои Озодӣ ду ҳафта пеш дар бораи гум шудани Сумая ва кӯшиши нокифояи мақомот барои пайдо карданаш гузориш дода буд.
Сумаяро чӣ гуна ва аз куҷо ёфтанд?
Ба нақли наздиконаш, Сумая Иброҳимова рӯзи 24-уми апрели имсол ба таври мармуз бедарак шуд. Ҳоло дар пайванд ба марги ӯ Аҳмадҷон Вайсиддинзода, сокини ноҳияи Файзободро дастгир кардаанд.
Соифа Юсуфова, модари Сумайя Иброҳимова, тахмин мезанад, ки гумонбар духтарашро “бо роҳи фиреб” ва эҳтимол “барои 30 ҳазор сомонӣ” куштааст. "Духтарам ин миқдор пулро барои харидани хона қарз гирифта буд. Телефони духтарамро низ аз дасти ҳамин мард ёфтаанд. Аз рӯи телефон ошкор карданд ӯро," – гуфт Соифа Юсуфова.
Ҷасади Сумаяро рӯзи 25-уми ноябр ёфта, рӯзи 29-уми ноябр дар қабристоне дар ноҳияи Файзобод дафн карданд. "Устухонпора будааст. Ҳамаи онро писарам ҳамроҳи намояндагони мақомот ҷамъ овард," – афзуд хонум Юсуфова.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр хабар дод, ки ҷасади Сумаяро аз ғоре дар саҳрои деҳаи Ситораи ноҳияи Файзобод ёфтаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи ВКД, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасад ташхису шиносоӣ шуд ва наздиконаш барои шиносоӣ даъват шуда буданд.
Талабшо Аҳмадов, бародари Сумая Иброҳимова, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ташхис гузаронданд. Куртаҳояшро шинохтем, суратҳояш дар мо буд. Ҳамон рӯзи баромадан, ба ҳамон курта рафта буд. Ҷойи ҷасадро ёфтем, курта аз ҳамон буд."
Маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии Файзобод қаблан гуфта буданд, ки аз рӯзи аввали нопадид шудан Сумаяро ҷиддан ҷустуҷӯ доранд, вале модараш аз кори онҳо чандон розӣ набуд. Радиои Озодӣ 14-уми ноябр дар бораи бедаракшавии Сумая ва нигаронии хонавода аз тақдири норӯшани ӯ гузориш дод. "Таъсири шумо буд, ки кор то ин ҷо расид. Ҳамаи мақомот ба по хестанд. Тамоми мақомот ба кофтукоб даромаданд," – гуфт модари Сумая.
Видеоро дар инҷо бинед:
Айбдоршаванда кист?
Аҳмадҷон Вайсиддинзодаи 39-сола, муттаҳам ба қатл ва ғорати Сумая Иброҳимова, дар як навори Вазорати корҳои дохилӣ қисса кард, ки занро бо фиреб ба саҳро бурда, "якҷоя шароб нӯшиданд" ва баъди хоб рафтанаш ӯро бӯғӣ кардааст. Маълум нест, навор дар чӣ шароите сабт шуда.
Падари айбдоршаванда ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш шароб наменӯшад. Модари Сумая Иброҳимова низ шароб нӯшидани духтарашро рад кард. "Ӯ намозхон буд. Туҳмат дар ҳаққи духтари ман аст. Ӯро фиреб кардаанд, ки пулатро биёр хонаро ба ту медиҳам. Хона гуё нимсохт будааст. Бори охир барои гирифтани 30 ҳазор сомонӣ ба наздаш меояду духтарамро фиреб карда мебарад," – гуфт ӯ.
Тоҷиддин Изомиддинов, падари айбдоршаванда, аз ин ҳодиса дар ҳолати сардаргумӣ қарор гирифтааст: "Диламон пур буд, ки ба ягон корда олуда нест. Аз рӯзе, ки ҳамин корро фаҳмидем, на хӯрок хурда метавонем, на хоб рафта, на байни қавм баромада метавонем. Агар дар ҳамин кор даст дорад, ба тамоми қонун ҷавобашро диҳад."
Тибқи иттилои ВКД, Аҳмадҷон Вайсиддинзода пештар барои саркашӣ аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ва қочоқи маводи мухаддир дар Русия ҷазо гирифтааст. Падараш муҷозот шудани ӯро дар Русия тасдиқ кард, вале дар бораи саркашияш аз хидмати ҳарбӣ чизе нагуфт.
Аҳмадҷон Вайсиддинзода соҳиби се фарзанд ва бекор буда, аз ҳамсараш ҷудо шудааст.
Сумая Иброҳимова модари се фарзанди ноболиғ буда, ҳоло онҳо дар тарбияи модаркалони падариашон ҳастанд. Ҳамсараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.
Пештар модари Сумая гуфта буд, ки духтараш "вақтҳои охир бо шавҳараш ҳамдигарфаҳмӣ надорад" ва мехоҳад аз ӯ ҷудо шавад. Сумая Иброҳимова то замони нопадид шудан дар як коргоҳи дӯзандагӣ кор мекард.
Хабари бедарак шудани баъзе аз сокинон, аз ҷумла наврасону ноболиғон дар Тоҷикистон ҳар чанд вақт расонаӣ мешавад, аммо омори умумӣ дастрас нест. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2020-ум 709 нафар бедарак шудаанд. Дақиқ нест, баъдан чӣ қадаре аз онҳо ёфт ва чанд нафар бедарак монданд.
Боздошт ва муҷозоти наврасону ронандагони парчамдори рӯзи ҷашн
Як гуруҳ аз шаҳрвандоне, ки зимни таҷлили Рӯзи парчами миллӣ дар кӯча ва хиёбонҳои Душанбе мошинсавор, ҳаракатҳои хатарнок карда буданд аз ҷониби пулиси пойтахт боздошт шудаанд.
Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми ноябр хабар дод, ки “ҳодисаи мазкур 24-уми ноябр, тахминан соати 13:30 дақиқа, дар кӯчаҳои А.Сино ва Маяковский рух додаааст.
Дар ҳаракати гуруҳӣ 11 ронанда ва 13 хонандаи мактабҳои ноҳияи Рудакӣ ва шаҳри Душанбе будаанд.” Назари худи ҷавонон ва волидони онҳо дастрас нест.
Раёсати корҳои дохилӣ аз ҳеч мактабу хонанда ва ронандагон ном набурдааст. Аммо дар наворҳое, ки дар Интернет нашр шуд 17 мошин дида мешавад ва 27 нафари дигар тани худро аз тирезаи мошин берун бароварда, парчамафшонӣ карданд.
Мошинҳо дар ин корвонҳо бо суръати баланд ва бидуни эътино ба қоидаҳои роҳ ҳаракат карда, ҳолати хатарнок ба миён оварданд. Нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби баҳсҳои зиёд шуд.
Хабари ҷазо дидани наврасон низ бархе аз шореҳонро норозӣ кардааст, ки корвонҳои худҷӯшро нишонаи ватандӯстии саворонашон номидаанд. Бархеи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаб кардаанд, ки ҷавонон тибқи қонун муҷозот шаванд.
Пулиси Душанбе гуфтааст, нисбат ба 11 нафар ронанда, 5 хонандаи мактаб ва 8 падару модар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб додааст.
Додситонӣ алайҳи даҳҳо мансабдор парванда боз кардааст
Додситонии кулли Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро дар робита ба истифодаи замин ғайриқонунӣ эълон карда, 3696 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар гузорише, ки рӯзи 24-уми ноябр дар сомонаи расмии Додситонӣ аз натиҷаи ин ҷаласа нашр шуд, гуфта шудааст, ки алайҳи 3864 мансабдор барои қонунвайронкуниҳо парвандаи интизомӣ боз шудааст. Аз мансабдорон ном гирифта нашудааст ва тафсилоти парвандаву муҷозоти онҳо маълум нест.
Мақомоти Додситонӣ аз нисбатан беҳтар шудани вазъи истифодаи замин дар кишвар хабар дода, аммо таъкид кардаанд, ки ҳанӯз ҳам дар кори чандин ниҳод, аз ҷумла идораи замин ва ҳукуматҳои маҳаллӣ “қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд”.
Тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон чанд сол боз ба як мавзӯи доғу баҳсӣ дар сатҳи болотарини ҳукумат табдил ёфтааст.
Шикояти сокинон аз тақсими ноодилонаи замин зиёд аст. Дар аксар ҳолат онҳо аз ғайриқонунӣ гирифта шудани заминҳояшон ва ришваситонӣ дар ин соҳа нигаронӣ мекунанд.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2020 нишон дод, ки шуморе аз сокинон бо роҳи шубҳаовар ва осон дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби қитъаи замин шудаанд. Баъзе аз онҳо ба раиси онвақтаи ноҳия наздикӣ доштанд.
Додситони кулли Тоҷикистон қаблан гуфта буд, дар як соли гузашта беш аз 41 ҳазор сокини кишвар дар пайванд ба баҳси замин муроҷиат карданд. Онҳо аз тафтишоти пешакӣ ва санадҳои додгоҳӣ дар ин маврид норозигӣ намудаанд.
Имсол хабари барканории чанд мансабдор, аз ҷумла додситонҳо дар пайванд ба тақсим ва истифодаи ғайриқонунии замин расонаӣ шуда буд. Манобеи Радиои Озодӣ моҳи октябр аз барканор шудани Хебар Зайдуллозода, додситони минтақаи Кӯлоб аз мақомаш барои “чашмпушӣ аз кирдорҳои ғайриқонунӣ” дар ин самт хабар доданд.
Дар аввали сол, Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва тақсими замин буд, ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ дастгир шуд.
Коршиносон сабаби идома ёфтани ғасби заминро дар ҷой доштани фасод дар ҳукумату мақомоти интизомӣ меноманд, ки садди ислоҳи вазъ шудааст.
Пешниҳоди манъи ниқоб ва риши дароз дар Қирғизистон
Порлумони Қирғизистон, тарҳи қонунеро баррасӣ дорад, ки он гузоштани риши дароз барои мардону пӯшидани ниқобро барои занон манъ мекунад.
Вакилон ҳадаф аз ин иқдомро таъмини амнияти мардум хондаанд. Барои саркашӣ аз ин қонун ҷарима ва ҷазо пешбинӣ шудааст. Тарҳи мазкур дар ҷомеаи Қирғизистон баҳси шадиде эҷод кардааст.
Мавзӯи сару либоси занон ва риши дарозу ғафси мардон дубора дар Осиёи марказӣ, ки аксари сокинонаш мусалмонанд, баҳсбарангез шуд. Ин бор пешниҳоди манъи ришу ҳиҷоб дар Қирғизистон баҳсу нигарониҳоро ба бор овардааст.
Порлумони ин кишвари дорои 7 миллион аҳолӣ, тарҳи қонунеро барои баррасӣ пешниҳод кард, ки тибқи он занон ҳақ надоранд, чеҳраи худро пурра пӯшонанд. Дар сурати қабул шудани ин қонун барои мардон ҳам гузоштани риши дароз манъ мешавад.
Дар лоиҳаи қонуни нав, ки рӯзи 14-уми ноябр ба баррасии умум гузошта шуд, гуфта мешавад, ки ин тадбирҳо барои дидани чеҳраи одамон ва шиносоии ҳуввияти онҳо заруранд.
Барои онҳое, ки ин қонунро нақз мекунанд, ҷарима ба андозаи 22 доллар ё 30 соат иҷрои кори ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Дар сурати такрор шудани қонуншиканӣ, ҷарима бештар хоҳад шуд.
Қонуни мазкур танҳо ба шаҳрвандони Қирғизистон рабт дошта, барои онҳое, ки аз рӯйи зарурати тиббӣ маҷбуранд, рӯяшонро пӯшонанд, ин иҷоза дода мешавад.
Либоси исломӣ ва риши дароз, ки аксаран ҳамчун нишонаи эътиқоди сахти мазҳабӣ арзёбӣ мешавад, солҳо боз як мавзӯъи доғ дар Осиёи Марказӣ аст.
Муаллифи тарҳи нави қонун дар Қирғизистон, Шарапаткан Маҷитова, гуфтааст, қонун танҳо пӯшидани ниқобро, ки ба ҷуз чашм тамоми рӯйи занҳоро мебандад, манъ мекунад.
Вакилони порлумон, таъкид кардаанд, ки лоиҳаи нав ба либоси исломие, ки чеҳраи одамро намепӯшонад, мухолифат надорад.
Ҳамсоякишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу коргоҳҳоро манъ кардаанд. Дар Қазоқистон духтаронро бо ҳиҷоб ба дарс роҳ намедиҳанд.
“Чаро бояд худро дар либоси сиёҳ печонанд?”
Маъракаи зиди ниқобро вакили қирғиз, моҳи апрел баъди як сафараш ба минтақаи Ош шурӯъ кард. Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки дар ин вилоят аксари занон сару рӯйи худро дар либоси сиёҳ пинҳон кардаанд.
“Фақат чашмонашон кушода аст. Либоси сиёҳ доштанд. Бигзор рӯйсарӣ кунанд, вале чаро бояд худро дар либоси сиёҳ печонанд?”- гуфт, Маҷитова баъди сафараш дар порлумон.
Ӯ аз муфтиёт даъват кард, ки миёни занон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар масъалаи ниқобро шурӯъ кунанд. Моҳи сентябр депутати қирғиз аз порлумон ва ҳукумат тақозо кард, ки ҳанӯз дер нашудааст ва барои “таъмини амният” чораандешӣ кунанд.
“Ҳар чаҳорум зан дар Ош ниқоб мепӯшад. Шумори онҳо торафт зиёд мешавад. Ман талаб дорам, ки ҳукумат имрӯз дар сатҳи давлат чораи зарурӣ андешад, вагарна фардо дер мешавад.”
Маҷитова бовар дорад, ки қонуни манъи ниқоб ё фаранҷӣ, озодиҳои динниро маҳдуд намекунад.
Даҳҳо кишвар дар ҷаҳон, аз ҷумла Австрия, Дания, Фаронса, Булғория, Нидерланд ва Белгия пӯшидани ниқобро манъ кардаанд. Солҳои ахир таъсири ислом дар Осиёи Марказӣ, бахсусус миёни насле, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ ба воя расидаанд, рӯ ба афзоиш овардааст.
Ҳукумати кишварҳои минтақа аз хатари ифротгароӣ ва тероризм нигаронанд.
“Биёед аввал роҳҳоро таъмир кунем”
Пешниҳоди манъи ниқоб дар маҳфилҳои сиёсатмадорон ва шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон баҳсу вокунишҳоро ба бор овардааст
Муфтии Қирғизистон, Замир Ракиев гуфт, ки тибқи қавонини ислом пӯшидани ниқоб ҳатмӣ нест. Ба гуфтаи ӯ дин аз занон танҳо доштани ҳиҷобро талаб мекунад.
Ҷамол Фронтбек-қизи, раҳбари созмони занони мусалмон – “Мутакаллим” бар ин аст, ки мутақоид кардани занон ба кашидани ниқоб аз рӯй осон нест. Ӯ пешниҳод дорад, ки ҳукумат бо роҳандозии маъракаи фаҳмондадиҳӣ бояд занонро ба ин иқдом омода ва розӣ кунанд.
“Набояд ниқобро бо ифротгароӣ пайванд кард. Мо давлати худкома нестем, ки маҳдудиятҳо ҷорӣ кунем.”- гуфт вай, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Қанат Мидин- уулу муовини Кумиссиуни давлатӣ оид ба дин ба хабарингорон гуфт, дар кишвар хатари мустақим аз ифротгароии динӣ вуҷуд надорад.
“Албатта ҳастанд масъалаҳое, ки ҳалталабанд, вале дар маҷмӯъ вазъ мӯътадил аст.”
Вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарҳи қонун мухталиф аст. Бархе аз он ҷонибдорӣ карда, тасмими вакилонро “дурусту саривақтӣ” хондаанд. Гурӯҳи дигар, зидди қабули чунин қонун буда, гуфтаанд “Бигзор ҳар кас либоси дилхоҳашро пӯшад” Бархе ҳам бар ин боваранд, ки ин монеагузорӣ кор нахоҳад дод. Чанде аз корбарони шабакаҳо даъват кардаанд, ки “пас ба бар кардани доманҳои кӯтоҳ ҳам барои занон бояд манъ шавад.”
Яке аз корбарон ҳам дар баҳси манъ кардан ё накардани ниқоб пешниҳод кардааст, ки “Биёед аввал роҳҳои харобамонро таъмир кунем”
Ниқоб як навъи матоъи сиёҳест, ки сару гардан ва дарозии қадди занҳоро пинҳон медорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 ба манъи пӯшиши исломӣ дар сатҳи давлатӣ шурӯъ кард. Дар кишвар на фақат пӯшидани ниқоб, балки сатру ҳиҷоб барои занон бахусус дар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ манъ шуд. Мақомот мегӯянд, ин бахши либоси занона ба фарҳанги миллии мардуми тоҷик бегона аст.
Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, ки шаҳрвандон бояд дар интихоби сарулибос ва намуди зоҳирӣ озод бошад.
"Гурдаву миёнаш маъюб аст." Субҳон чӣ тавр сарбоз шуд? ВИДЕО
Пайвандони наваскаре аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иддао доранд, ки фарзандашон бемории ҷиддӣ дорад ва бо ин вуҷуд ӯро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд. Додситонии ҳарбии Кӯлоб гуфт, даъвои хонаводаи сарбозро месанҷад.
Дар ин шабу рӯз, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон идома дорад, бархе аз сокинон дар минтақаҳо аз фишор ва ҷалби ғайриқонунӣ ба хидмат шикоят мекунанд.
Наздикони як навсарбоз аз вилояти Хатлон иддао доранд, ки фарзандашон бемориҳои вазнин дошт ва солҳои гузашта баъди ташхиси тиббӣ аз комисариати ҳарбӣ ӯро ҷавоб медоданд. Аммо ба гуфтаи онҳо дар даъвати навбатӣ коммисариати ҳарбӣ бемории фарзандашонро нодида гирифта, ӯро барои хидмат ба вилояти Суғд фиристодаанд. Онҳо ба натиҷаи ташхиси ахир бовар надоранд ва ба мақомот шикоят бурдаанд.
Асноде, ки хонаводаи Субҳони Аҳмадҷон ба даст овардаанд, бемории ӯро таъйид мекунад ва ҷузъиёти муборизаи ӯ бо дарди рӯда ва сутунмуҳраро дар синни 23 солагӣ нишон медиҳад.
Ба гуфтаи бародараш, ки се сол аст, барои табобати ӯ талош мекунад, кормандони коммиссарияти ҳарбӣ Субҳонро як ҳафта пеш ба зӯр бо худ бурданд. Ӯро аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба аскарӣ гусел кардаанд. Бародараш даъво дорад, ки Субҳон ғайриқонунӣ ба хидмат гусел шуд.
“Соли гузашта ба комиссарияти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бурда буданд, беморашро дида ҷавобаш дода буданд. Имсол ҷавобаш надоданд. Гирифта равонаш карданд, рафт. Ягонҷо аз духтур нагузарониданд. Худи ман аз пушташ будам, дар назди дари комиссарият будам, дар Бохтар ҳам будам, аз комиссия нагузарониданд. Рост ба хизмат рафтагӣ ҳаст.”- гуфт, Фарҳод Зарипов, бародари Субҳон.
Субҳон як ҳафта боз дар вилояти Суғд хидмати ҳарбӣ дорад. Хонаводаи вай алайҳи кормандони комиссарият ба додситонии ҳарбӣ шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, Субҳон ба нигоҳубин ва хӯроки хос зарурат дорад. Наздиконаш барои исботи ин гуфтаҳо санади пизишконро пешниҳод кардаанд.
Фарҳод Зарипов, бародари Субҳон гуфт: “Ба духтур дароварданд, лекин дар онҷо рентген ва УЗИ надоранд. Ман худам дидам, ҳамон ду се қоғазӣ рентгенро диданд, инро тамоман дидагӣ нестанд. Ҳаму духтурои овардагишон мегӯянд, ки мешавад. Аммо мутахасисоне, ки дида будунд, гуфтанд ба вай мумкин нест.”
Субҳон ду рӯз пеш ба наздикон аксҳояшро бо либоси низомӣ фиристодааст. Пайвандону ҳамсояҳо ба акс менигаранд ва ба бемор будани ӯ таъкид мекунанд.
Мошариф Пирова, ҳамсояи Субҳони Аҳмадҷон “Аз соле, ки ҳамин миёнаш кам-кам грижа буд, аз ҳамон сол ҳамин бача дарманди шуд, инами як рӯз хуб буд, як рӯзи дигар бемор, як рӯзи меомади хоб аст, як рӯзи дигар бедор, касалӣ буд, ҳаминро чихеле, ки аз ҳамин хона гирифта бурданд.”
Модари Субҳон чанд соли пеш фавтидааст ва ӯ дар тарбияи падар ва бародараш буд. Бародараш мӯътақид аст, ки агар Субҳон сиҳат мебуд, ҳеч эътирозе барои хидмати ҳарбии ӯ вуҷуд надошт.
Дар додситони ҳарбии Кӯлоб тасдиқ карданд, ки шикояти ин хонаводаро баррасӣ доранд. Дар ҳукумати ноҳияи Шоҳин гуфтанд, ки онҳо афроди беморро ба хизмат ҷалб намекунанд. Раиси ин ноҳияи дар як суҳбати кӯтоҳи телфони гуфт, ки ин қазияро баррасӣ мекунанд.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тайи чанд соли ахир дар иҷрои нақшаи даъват яке аз аввалинҳо буд. Аммо як сол боз, наметавонад дар аввали мавсим нақшаи муайяншудаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбиро иҷро кунад. То нимаи моҳи ноябр ин ноҳия нақшаи даъватро 61 дар сад иҷро кардааст.
Бунёд дар Украина асир шуд. Ӯро ба Русия медиҳанд?
Як ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистон, ки сарбози артиши Русия будааст, дар Украина асир афтодааст.
Навори суҳбати Бунёд Ҷураев, сарбози артиши Русияро рӯзи 15-уми ноябр чанд саҳифаи телеграмии зоҳиран наздик ба мақомоти Украина нашр кардаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ маълум кард, ки Бунёд Ҷураев, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, панҷ соли пеш ҳамроҳ бо падару бародараш ба Русия рафта, мактаби миёнаро онҷо хатм кардааст.
Дар наворе, ки саҳифаи телеграмии “Украина сейчас” нашр кард, Бунёд Ҷураев мегӯяд, ӯ пас аз хатми колеҷи техникиии шаҳри Владивосток ба артиш ҷалб шуд.
Маълум нест, ки видеои суҳбати ӯ дар чӣ шароит сабт шудааст. Бунёд дар ин суҳбаташ мегӯяд, намехост ба ҷанги Украина биравад, вале таҳдид кардаанд, ки ӯро ҳабс мекунанд.
Ба нақли вай, дар ҷанг алайҳи низомиёни Украина дар вилояти Донетск бо шаш ҳамроҳаш ба низомиёни украинӣ таслим шуданд ва ҳоло дар асорат “муносибат бо онҳо хуб аст.”
Дар навори чорунимдақиқаӣ ӯ аксаран бо русӣ суҳбат мекунад, вале дар поён бо забони тоҷикӣ ба тоҷикистониён муроҷиат мекунад, ки “ин ҷанги мо нест ва дар он иштирок накунед.”
Даврон Муҳаммадназаров, як тан аз дӯстони Бунёд гуфт, ду моҳи ахир ӯ бо наздиконаш тамос надошт ва асир шудани ӯро аз навори саҳифаҳои телеграмӣ фаҳмиданд.
“То ҳоло мақомоти Русия ба хешовандонаш дар бораи асир шудани ӯ чизе нагуфтаанд. Ҳоло худашон мурҷоиат карданд, лекин ҷавобе нест,”—гуфт ӯ.
Ба гуфта дӯсташ, Бунёд шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро дорад.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина гуфтанд, ки ин наворро дидаанд ва онро пайгирӣ доранд. Давлат Назрӣ, сафири Тоҷикистон дар Украина рӯзи 17-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкони кумак кардан доранд.
“Ба мо касе барои кумак муроҷиат накардааст. Мақомоти Украина ҳам моро хабардор накардаанд. Мо танҳо дар ҳолате кумак карда метавонем, ки ин ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон бошад,”—гуфт ӯ.
Сарнавишти ин ҷавон маълум нест. Маъмулан, сарбозони асири русро бо сарбозони асири украинаӣ ду ҷониб иваз мекунанд. Наздикони Бунёд Ҷураев мегӯянд, тарс доранд, ки пас аз танқиди артиши Русия ва русҳо дар навори саҳифаҳои телеграмӣ ва бозгашт ба Русия ӯро зиндон накунанд.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 хабари асорат ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина расонаӣ шуд.
Маълум нест, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандон ё зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок доранд, вале хабари кушта шудани беш аз 50 тан аз онҳо то кунун расонаӣ шудааст.
Худаш афтид ё заданд: Ба сокини Мӯъминобод дар шуъбаи милиса чӣ шуд?
Як сокини ноҳияи Мӯъминобод барои ҷалби писараш ба артиш, ба Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даъват ва аз онҷо бо осебҳои ҷисмонӣ берун шудааст.
Маълум нест, ки Ҳикматулло Наҷотов, сокини Мӯъминобод аз чӣ маҷрӯҳ шудааст, вале бархе ҳамдеҳагонаш мегӯянд, ӯро шадидан латту куб кардаанд. Мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале латукӯб шудани ин мардро тасдиқ ва рад накардаанд. Дар ШВКД-и ноҳия гуфтаанд, ӯ "худаш афтодааст."
Ҳодиса рӯзи 4-уми ноябр рух додааст. Ҳикматулло Наҷотов ҳоло дар бемористони ноҳиявӣ бистарист. Пизишкон тасдиқ карданд, ки дар бадани ӯ осори зарб дида мешавад, вале ҳолаташ мӯътадил аст.
Наздикони ин мард дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бистарӣ шудани ӯ дар беморхонаро тасдиқ карданд, вале гуфтани ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд. Як тан аз наздикони ӯ, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 13-уми ноябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти тамоми ҷумҳурӣ аз қазияи бародараш огоҳ ҳастанд."
"Дар ин масъала беҳад дар ташвиш шудаем. Як мо не, тамоми ҳамин Мӯъминобод дар ташвиш аст,"—гуфт ӯ.
Дар идораи пулиси ноҳияи Мӯъминобод шарҳ надоданд, ки Ҳикматулло Наҷотов бар асари чӣ дар бинои ин ниҳод маҷрӯҳ шуда, ба бемористон афтодааст. Бархе шоҳидон гуфтанд, ки ӯро шадидан латукуб кардаанд, то писарашро барои рафтан бар артиш ҳозир кунад. Даҳҳо волидайн дар гӯшаву канори Тоҷикистон се сол боз шикоят мекунанд, ки барои нарафтани писаронашон ба артиш зери фишор қарор доранд.
Додситонии вилояти Хатлон ҳодисаро таҳқиқ дорад. Як манбаъ аз ин додситонӣ 13-уми ноябр гуфт, ки воқеан ин мардро барои писараш ба бинои ШВКД даъват карда будаанд.
"Ҳоло додситонӣ ҳодисаро тафтиш доранд. Рафтанд, ҳамроҳаш суҳбат карданд, аз ташхис гузарониданд, ки дар ҳақиқат аз сараш осеб дидааст. Ӯ дар ҳузури муфаттишон гуфтааст, ки 14 рӯз ӯро дар ШВКД манъ кардаанд. Аммо дар пурсиш кормандон инро рад карда, гуфтанд, ки ӯ афтидааст. Ҳоло ҳамаи ҳолатҳо, ҳатто шиканҷа шудани ӯ тафтиш шуда истодааст,”--гуфт манбаъ.
Дар ҳукумати ноҳияи Муъминобод даъват шудани Ҳикматулло Наҷотов ба идораи пулисро тасдиқ карданд.
Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо сокинони ноҳияро ташвиқ доранд, то фарзандонаш аз Русия даъват кунанд, то рафта хизмати ҳарбиро анҷом диҳанд. Шарифзода афзуд, ки ба писари Ҳикматулло низ даъватнома дода буданд, аммо ӯ ҳозир нашуд ва милиса барои шарҳ падарашро даъват кардааст.
"Ба ман сардори милиса гуфт, ки Ҳикматулло ҳангоми ҳоҷатхона рафтан афтода, осеб бародоштааст",--гуфт раиси ноҳияи Муъминобод.
Раиси ноҳия 14 рӯз боздошт шудани Наҷотовро рад кард.
Як рӯз пас аз ин ҳодиса писари Наҷотов ба Кӯлоб баргаштааст, вале ӯро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурда, ба артиш гусел кардаанд. Маълум нест, ки чаро ӯро на аз зодгоҳ, балки аз дигар ноҳия ба артиш фиристодаанд.
Мақомоти ин ноҳия мегӯянд, 63 дар сади нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд.
Даъвати тирамоҳӣ аз аввали октябр то охири моҳи ноябр давом мекунад.
Ҳамасола сокинон аз шеваи хашини даъвати ҷавонон ба артиш суҳбат мекунанд. Мақомот пайваста аз афзоиши саффи ихтиёриён ба артиш хабар медиҳанд.
Бо "норинҷак" ба масҷид. Намози ҷумъаро дар канори Маскав кӣ вайрон кард? ВИДЕО
Мақомоти Русия марди 45-солаеро дастгир кардаанд, ки бо норинҷак (граната)-и, ба гуфтаи онҳо, "сохта" ё "ороишӣ" намози ҷумъаро дар масҷиди Дзержинский, дар канори Маскав, вайрон кардааст. Ҳодиса рӯзи 10-уми ноябр рӯй дод.
Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки "Алексей Бинявский шароб нӯшида буд" ва ҳадафи даромаданаш ба масҷид ва тарсондани намозгузорон маълум нест. Онҳо мегӯянд, мақомот барои таҳқиқи ҳодиса навори дурбинҳои назоратиро бо худ бурдаанд.
Яке аз намозгузорон нақл кардааст, ки "мард дар ҳаққи мусулмонҳо суханҳои қабеҳ гуфт ва онҳоро душман хонд". Ангезаи чунин рафтори ӯ феълан дақиқ нест.
Бино ба наворҳое, ки то ин дам ба дасти “Мигрант Медиа”, як бахши Радиои Озодӣ, расидааст, баъзе аз намозгузорон аз ҷойи худ парида, ба ҳар куҷо парешон шудаанд.
Дар ин миён намозгузоре дасти Алексей Бинявскийро дошта, ӯро ба беруни масҷид бароварда ва моил кардааст, ки “кори баде накунад”.
Ин ҷавон дар навор мегӯяд, гуё норинҷак (граната) фаъол карда шудааст ва дар сурати сар додан ба кор медарояд. Дертар расонаҳои Русия навиштанд, ки норинҷак “сохта” ё “ороишӣ” буд ва биноан хатаре надошт. Радиои Озодӣ дурустии ин нуктаро мустақилона тасдиқ карда наметавонад.
Тайи моҳҳои охир масҷидҳоро, ки макони ибодати муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои дигари мусулмонӣ аст, дар пойтахти Русия нишон гирифтаанд.
Маъмурони ОМОН-и Русия рӯзи 20-уми октябри имсол ба масҷиди Котелникии Маскав даромада, гурӯҳе аз ибодаткунандаҳоро бо худ бурданд.
Рӯзи 14-уми июли имсол низ вақти намози ҷумъа нерӯҳои амниятии Русия бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо ба масҷиди воқеъ дар шаҳраки Котелники ҳамла карда буданд.
Аз он пеш, дар моҳи май, намояндагони Кумитаи тафтишотӣ дар пайи муроҷиати сокинони бумӣ ба президенти Русия Владимир Путин масҷидеро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав бастанд.
Маcҷид дар биное байни ду баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир шуда буд ва дар он асосан муҳоҷирон намоз мегузоштанд. Сокинон иддао карда буданд, ки шаҳрак ба “анклави тоҷикон” табдил ёфта, зиндагиро барояшон таҳаммулнопазир гардондааст.
Ҷомеаи мусулмонҳои Маскав чанд дафъа барои расидагӣ ба мушкили худ ба мансабдорони Русия муроҷиат карда, вале посухе нагирифтанд.
Муаллифи видеои танқидиро аз Ваҳдат ба ифротгароӣ муттаҳам кардаанд. ВИДЕО
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки аз шеваи ба артиш бурдани бародар ва латукӯби бибияш шикоят дошт, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст.
Навори эътирози Шаҳбози Шарифбек рӯзи 15-уми октябри имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Корбарон аз мақомот хостанд ба воқеа расидагӣ шавад ва сабабгорони бадрафтторӣ бо пиразан ҷазо гиранд.
"Моддаи 307"
Як манбаи наздик ба сохторҳои интизомии шаҳри Ваҳдат бо шарти зикр нашудани номаш 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбози Шарифбек дар робита бо он видео рӯзи 16-уми октябр боздошт шуд.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, 26-уми октябр алайҳи Шаҳбози Шарифбек ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) аз тариқи интернет” парванда кушодаанд.
Қисми ду, иловаи яки моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки гуфт манбаи наздик ба идораҳои интизомӣ, “дар аввал ӯ барои итоат накардан ба амри корманди давлатӣ боздошт шуда буд”.
Як манбаи дигар дар мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат гуфт, Шаҳбози Шарифбек 26-уми октябр бо қарори додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.
Вокуниши наздикони Шаҳбози Шарифбек, сокини 23-солаи деҳаи Одилии шаҳри Ваҳдат ба ин иттиҳом феълан маълум нест.
"Ӯ асабӣ шуд, гуноҳ надорад"
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр ба манзили ин хонавода рафт. Сафаргул Ғафурова, бибии Шаҳбози Шарифбек ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯз барои наберааш ба боздоштгоҳи ШКД-и шаҳри Ваҳдат хӯрок мебаранд, аммо то ҳол ӯро надидаанд. Ин зани 82-сола гуфт, наберааш гуноҳ надорад ва танҳо баъди зӯран ба артиш бурдани бародараш ва латукӯби ӯ асабӣ шуд.
Навори 12-дақиқаӣ, ки дар он Шаҳбози Шарифбек ба рафтори кормандони идораи ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат эътироз мекард, 15-уми октябр пахш шуд. Ин навор то ин дам беш аз як миллион бор дида шуда, вокуниши зиёд ба бор овард.
Ин сокини Ваҳдат дар баробари танқиди мақомоти шаҳри Ваҳдат аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам гила кард, ки қонуншиканиҳоро дар кишвар намебинад.
Ҳамсуҳбати мо дар мақомоти шаҳри Ваҳдат гуфт, “Шаҳбози Шарифбек дар бозпурсиҳои нахустин аз суханҳояш пушаймонӣ кард ва гуфт, эҳсосӣ буд.” Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад инро тасдиқ кунад ва маълум нест ин суханҳо таҳти чӣ шароите гуфта шудаанд.
"Ятими кул"
Парвандаи ҷавонро Додситонии шаҳри Ваҳдат ҳамроҳи идораи пулиси шаҳр таҳқиқ доранд. Маълум нест, ки Шаҳбози Шарифбек вакили дифоъ дорад ё не. Мақомоти давлатӣ на ин масъалаҳо ва на боздошт шудани ӯро расман шарҳ надодаанд.
Хонаводаи Шаҳбози Шарифбек дар деҳаи Одилии шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд ва ба гуфтаи худашон зиндагии вазнине доранд. Сафаргул Ғафурова, бибии Шаҳбози Шарифбек ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбоз ва бародараш, ки ӯро ба артиш бурданд, “ятими кул ҳастанд”.
“Падарашон онҳоро барвақт партофта буд, модараш ҳам дар кӯдакии онҳо фавтид. Шаҳбоз ва бародарашро ман калон кардам,” – мегӯяд Сафаргул Ғафурова.
Солҳои охир шахсони зиёде барои танқиди ҳукумат ё раисиҷумҳур дар Тоҷикистон ба истилоҳ “хоин” унвон мегиранд ва боздошту зиндонӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сол то сол танқидпазирии мақомот камтар ва муҷозоти мунтақидон сахттар шудааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Пас аз 30 сол... сокинони пешини Қарабоғ мехоҳанд, ба хонаҳои худ баргарданд. ВИДЕО
Баъди амалиёти низомии Озарбойҷон дар Қарабоғи куҳӣ, даҳҳо ҳазор сокини арманитабор аз он ҷо куч бастанд.
Дар айни замон дубора ба зери назорати Озарбойҷон гузаштани ин ҷумҳурии худхонда, бархе аз собиқ бошандагонашро, ки замоне маҷбур ба тарки ин сарзамин ва хонаҳои худ шуданд, ба бозгашт умедвор кардааст.
Нуриддин Гулиев, деҳқони 94 солаи oзарӣ, баъд аз 30 соли фироқ орзуи бозгашт ба зодгоҳаш, деҳаи Норинклари Қарабоғи куҳиро дорад.
Озарбойҷон дар натиҷаи як амалиёт моҳи сентябр ин минтақаи ҷудоихоҳро бозпас гирифт. Гулиев умед дорад, ки акнун бо тағйири ҳукумат метавонад ба хонаи худ баргардад.
Нуриддин Гулиев, собиқ сокини Норинклар гуфт: “Имрӯз агар тавонам ба он деҳа баргардам, ман тамоми он ҷоро як як давр мезанам. Ҳар як пайроҳаашро қадам мезанам”
Барои Қарабоғи куҳӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон даргириҳои хунине рух додааст. Зимни яке аз ин муноқишаҳо, соли 1993 Нуриддин Гулиев аз хонаву зодгоҳаш ронда шуд.
“Онҳо ҳамаи моро ба водиҳо ронданд, тамоми чизу чораи мо он ҷо монд. Арманҳо моро иҳота карданд. Мо роҳи Ҳекариро пеш гирифтем. Онҳо домоди маро бурданд. Ман барои ҳимояи ӯ аз пасаш рафтам.”-гуфт, Нуриддин Гулиев.
Пас аз чанд даҳсолаи ҷангҳо моҳи сентябри имсол нерӯҳои армантабори ҷудоихоҳ ба Боку таслим шуданд. Ин эҳсосу хотираҳои кӯҳнаро рӯ овард. овард. Ҳоҷар Тоирова, сокини пешини Наринклар мегӯяд: “Ман ба замини бобоии худ, ба Оқдара, ба деҳаамон, Наринклар меравам. Он ҷо зиндагӣ мекунам, бигзор дар хайма. Ин беҳтар аз зиндагӣ дар ин ҷо аст. Мору каждуму магас, мо ҳама чиро дар ин ҷо дидем. Бигзор сулҳ бошад, то мо тавонем бо арманҳо мисли дӯст якҷо нишинем, Сулҳ, сулҳ ва боз ҳам сулҳ.”
Баробари зери назорати Озарбойҷон гузаштани Қарабоғи куҳӣ, беш аз 100 ҳазор армантабори он маҷбур шуданд, аз ин қаламрав куч банданд. Сокинони оддӣ орзӯ доранд, ҷангу хунрезӣ ба тамом бас шавад. “Ман мехоҳам, ки тамоми ҷаҳон муттаҳид бошад, ҳама зиндагии осоишта дошта бошад. Чаро бояд биҷангем? Шояд касе барои ин маро маломат кунад. Хайр чӣ, агар онҳо арманиянд? Чаро бояд хунрезӣ шавад? Онҳо ҳам инсонанд. Мо фашист нестем. Мо хунрезиро намехоҳем. Мо сулҳ мехоҳем.” - гуфт, Дилшод Гулиев, сокини пешинаи деҳаи Норинклар:
Арманистон ва Озарбойҷон ба гуфтушунид нишастанд. Сарвазири Арманистон гуфт, омодааст то охири сол созишномаи сулҳро имзо кунад.
Гуфтугӯ