Ҳодиса
Парвандаи Холиқзода ва Абдуқодири Рустам ба додгоҳ рафтааст
Парвандаҳои пурсарусадои мудири беморхонаи "Ибни Сино" Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" ва Абдуқодири Рустам - нависанда ва муҳаққиқ, масъули шӯъбаи кадрҳои бемористони "Ибни Сино" ба додгоҳ рафтааст. Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд.
Ду манбаи мустақил, рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаро ба поён расонида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе равон кардааст.
Ба гуфти яке аз манбаъҳо, парванда рӯзи 8-уми январ ба додгоҳ рафтааст. Манбаъи дигари Радиои Озодӣ мегӯяд, қарор аст ҳафтаи дигар додгоҳ тасмим дар бораи баррасии парвандаро бигирад ва рӯзи баргузории нахустин мурофиаи додгоҳӣ низ маълум шавад. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷузъияти дигари парвандаро дар даст надоранд ва намедонанд, ки ин парвандаҳо дар доираи кадом моддаҳои Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст шудааст.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ аз шарҳи бештар дар бораи анҷоми тафтиши парванда худдорӣ ва мактуби расмӣ дархост намуданд.
Наздикони Абдуқодири Рустам ва Суҳроб Раҷабзода дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи татфтиши қазия маълумоте надоранд. Вакилони мудофеи ин парвандаҳо ҳам барои расонаҳо ва хабарнигорон дастрас нестанд.
Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Бобохонзода, муовини раиси Додгоҳи шаҳри Душанбе дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар суди шаҳр ин гуна парванда нест”.
Муаллифи "Ҳаводиси рӯзгори ман" Абдухалил Холиқзода 7 августи 2023 боздошт шуда буд. Мақомот дар ин бора танҳо 15 август дар нишасти матбуотӣ хабар доданд. Холиқзода, бо иттиҳоми “барангехтани адовати милливу динӣ ва маҳалгароӣ” дастгир шуда буд.
Охири моҳи август нависанда ва адабиётшиноси шинохта Абдуқодири Рустам низ боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” хабар додааст, ки алайҳи Абдуқодири Рустам бар асоси қисми 2-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушоданд. Ҳоло маълум нест, ки тафтиши парвандаҳо дар доираи ҳамин моддаҳо ба поён расидааст ё моддаҳои дигаре низ ба парвандаҳо илова шудааст.
Ҳамчунин, дар ин қазия алайҳи мудири чопхонаи “Эр-Граф” Суҳроб Раҷабзода низ парванда боз шудааст. Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар ҳамин чопхона нашр шуда буд.
13-уми октябри 2023 бархе манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки мақомоти тафтишотии Додситони кулли Тоҷикистон муҳлати таҳқиқи ин парвандаҳоро то ду моҳи дигар тамдид кардааст ва қарор буд 10-уми декабр поён ёбад. Он замон манобеъ тамдиди муҳлати парвандаро ба рӯйхат кардани амволи ғайриманқули Холиқзода дар хориҷи Тоҷикистон рабт медоданд.
Мунаққидони боздошти Холиқзода ва Рустам ин қазияро як намунаи барҷастаи саркӯби озодии баён ва андеша дар Тоҷикистони имрӯза меноманд.
Чанде пеш чор ниҳоди давлатӣ: Вазорати фарҳанг, Кумитаи дин, Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳтавои китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро, санҷида буданд. Додситонии кулли Тоҷикистон низ, рӯзи 1-уми декабр дар номае ба Радиои Озод тасдиқ кард, ки "китоб аз ташхиси комютерӣ, динӣ, адабӣ-сиёсӣ ва равоншиносӣ гузашт", вале дар бораи натиҷаи он ва ниҳодҳои санҷишгар чизе нагуфт.
То ин дам баъзе аз мақомдорони тоҷик муҳтавои китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро танқид кардаанд. Ба ин қатор Эмомалӣ Насриддинзода, ёвари акнун собиқи раиси ҷумҳурӣ; Фарҳод Раҳимӣ, президенти пешини Академияи улум; Хайриннисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон дохиланд. Ахиран яке аз шогирдони Раҳмонзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар матлаби сафир ва адабиётшинос амдан ё иштибоҳан яке аз нукоти муҳими китоби Холиқзода таҳриф шудааст.
Ёддоштҳои соҳибкори тоҷик Абдухалил Холиқзода бо номи "Ҳаводиси рӯзгори ман" моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Муаллиф дар он аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошту таҷрибаашро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.
Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла масъули бахши табъу нашри Вазорати фарҳанг иддао карданд, ки муаллифи китоб намояндагони бархе маҳалҳоро паст задааст. Абдухалил Холиқзода пеш аз боздошт ин ҳамаро рад кард ва дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки барои ӯ на маҳал, балки "тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст".
Мақомот моҳи август ин китобро аз фурӯшгоҳҳо бардошта, дар робита ба нашри китоб муаллиф Абдухалил Холиқзода, нависандаи шинохта Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти “Эр-граф” Суҳроб Раҷабзодаро боздошт карданд. Ҳарсеи онҳо ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон (қисми 2-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар ҳастанд.
Даъвои Африқо ба зидди Исроил. Қарор ва пайомади он чӣ хоҳад буд?
Дар назар аст, ҳафтаи равон, Додгоҳи байнулмилалии СММ дар Лоҳа ё Гаага қарори пешакии худро дар мавриди шикояти Африқои ҷанубӣ алайҳи Исроил эълон кунад. Муҳокимаи ин масъала рӯзҳои 11-12 уми январ дар додгоҳ оғоз шуд.
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Исроилро ба нақзи Эъломияи оид ба пешгирӣ ва муҷозот барои наслкушӣ муттаҳам кардааст. Ин санади байналмилалӣ, баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон қабул шуда, Исроилу Африқои Ҷанубӣ ҳам онро пазируфтаанд. Эҳтимол муҳокимаи парванда алайҳи Исроил чанд сол идома хоҳад кард ва қарори ниҳоӣ ба ин зудиҳо қабул нашавад, аммо ба сифати чораи феълӣ додгоҳ метавонад, қарори қатъи ҷангро дар Ғазза содир кунад.
Ҳадафи Африқои Ҷанубӣ ҳам ҳамин аст. Талош дорад, то додгоҳ бо эълони тадобири муваққатӣ Исроилро ба қатъи ҷанг маҷбур кунад. Намояндагони Африқои Ҷанубӣ дар шикояти худ ҳамчунин талаб кардаанд, ки додгоҳ зимни қабули қарор масъалаи кӯчонидани иҷбории фаластиниҳо аз хонаҳояшон, таъмини онҳо бо маводи ниёзи аввал ва обу ғизо ва пешгирӣ аз бадтар шудани вазъ дар Ғаззаро ба назар бигирад.
Ҳомиёни ҳуқуқи башари байналмилалӣ бар инанд, ки на ҳамаи ин дархостҳо чун чораҳои муваққатӣ ба назар гирифта мешаванд. Гап сари он аст, ки ба иддаои намояндагони ҷониби Исроил, шикояти Африқои Ҷанубӣ метавонад ба далели иҷрои нопурраи тартиби пешниҳоди даъво ба Додгоҳи байналмилалӣ рад карда шавад.
Тибқи қоида ҷониби даъвогар бояд дар марҳилаҳои то расидан ба додгоҳ, ба ҳалли мусолиҳаомези ҷанг талош карда бошад. Қазия танҳо баъди он то Додгоҳи Байналмилалӣ мерасад, ки агар як ҷониб аз муҳокимаи даъвоҳои ҷониби дигарро саркашӣ кунад. Исроил иддао дорад, ки намояндагони он омодаи баррасии тамоми иддаову шубҳаҳои Африқои Ҷанубӣ буданд.
Африқои Ҷанубӣ рӯзи 29- уми декабр зидди Исроил шикоят буд. Бар асоси он, рӯзҳои 11-12 уми январ Додгоҳи байналмилалии СММ воқеъ дар Гаага, муҳокимаро шурӯъ карда, додрасҳо далелҳои ду ҷонибро шуниданд. Ҳуқуқшиноси африқоӣ, Адила Ҳассим, дар муҳокима Исроилро ба он айбдор кард, ки даҳсолаҳо боз алайҳи фаластиниҳо сиёсати генотсид ё наслкуширо пеш мебарад.
"Шурӯъ аз солҳои 60-и асри 20 Исроил Ғаззаро бомборон мекунад. Фаластиниҳо дар Ғазза бар асари тирандозӣ ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ҳам аз замину баҳр мефавтанд. Онҳо ҳамчунин зери хатари марг аз гуруснагӣ ва бемориҳоянд. Муҳосираи идомадори Ғазза аз сӯйи Исроил, тахриби шаҳрҳои фаластиниҳо, бастани роҳи кӯмакҳои башарӣ барои мардуми азиятдида ба як шеваи маъмулии рафтори онҳо табдил шудааст”
Намояндагони Исроил дар нахустин суханронии худ дар додгоҳ, аз ҳодисаи рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ва ҷиноятҳои дигари ҷангҷӯёни гурӯҳҳои исломӣ ёдовар шуданд. Ҳуқуқшиносони Исроилӣ таъкид карданд, ки ин гурӯҳҳо мавҷудияти Исроилро чун як давлат намехоҳанд. Ба андешаи онҳо Африқои Ҷанубӣ бо ин шикояташ мехоҳад, ки талошҳо барои ҳимоя аз ҳуқуқи Исроилиҳо қатъ шавад.
Так Бекер, мушовири ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Исроил, изҳор дошт, ки даъвогарон, далелҳоро дидаву дониста таҳриф мекунанд ва бе ягон асос истилоҳи "наслкушӣ"- ро истифода мебаранд:
"Даъвогар ин истилоҳро дар заминаи ҷанге истифода бурдааст, ки Исроил онро сар накард ва намехост чунин шавад. Дар ин ҷанг, Исроил худро аз ҲАМОС, “Ҷиҳоди исломии Фаластин” ва созмонҳои дигари терористӣ (ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва чанд кишвари дигар онҳоро терористӣ медонад) дифоъ мекунад, ки бераҳмии даҳшатнокашон ҳудуд надорад. Мутаасифона, даъвогар далелу манзараҳое таҳрифшударо пешниҳод кардааст. Африқои Ҷанубӣ бо баҳонаи гӯё ҳимоят аз ҳуқуқи одамон ба Додгоҳ муроҷиат кардааст. Вале 75 соли мавҷудияти Исроилро ғайриқонунӣ хонда, бо ин ҳадафҳои инсондӯстона доштани худро зери шубҳа гузоштааст. Овардани далелҳои таҳрифшуда, дар бораи ҷанги Исроилу Фаластин, касро водор ба ин фикр мекунад, ки даъвогарон мехоҳанд, таърихи яҳудиёнро пок ва фаластиниҳоро аз масъулият дар баробари амалҳои иҷро кардаашон озод кунанд”
Додгоҳи байналмилалии Гаага баландтарин зинаи додгоҳӣ дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид аст. Ин додгоҳ пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, дар соли 1945 дар асоси Оинномаи СММ дар Сан-Франсиско таъсис ёфт. Ҳадафи он баррасӣ ва ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ миёни кишварҳои узви СММ ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба чунин муноқишаҳост. Он аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ фарқ дорад.
Даъвои ахирро дар Додгоҳи байналмилалии Гаага ҳайате иборат аз 17 додрас баррасӣ мекунад. Дар миёни онҳо намояндагони Лубнон ва Сомалӣ, ду кишваре ҳам ҳастанд, ки Исроилро чун давлат эътироф намекунанд ва бо он муносибатҳои дипломатӣ надоранд. Ба бовари нозирон мансубияти додрасҳо ба қарору тасмими додгоҳ таъсир нахоҳад кард ва онҳо ба ҳарфи қонун итоат мекунанд.
Эъломияи пешгирӣ ва муҷозот барои наслкушӣ, пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва куштори дастаҷамъонаи яҳудиён қабул шудааст. Аммо то ҳанӯз аз сӯйи Додгоҳи байналмилалии СММ ягон давлат ба наслкушӣ гунаҳкор ва ҳукме содир нашудааст.
Бахши Балкании Радиои Озодӣ аз Марк Алис, мудири иҷроияи Иттиҳодияи байналмилалии адвокатҳо хост, даъвои ахир ба Додгоҳи ҷаҳонӣ ва пайёмади қарореро, ки дар ин бора қабул мешавад, шарҳ диҳад.
– Муҳокимаи ин қазия дар Додгоҳи байналмилалии СММ ба итмом расид ва интизор меравад, ки дар асоси шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил, қарори пешакӣ содир шавад. Марҳилаи аввалро Шумо чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Ман фикр мекунам, ки ин муҳокимаи ниҳоят муҳим аст. Зеро таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он равона шудаву ҳама вазъ дар Ғаза ва ҳамчунин Исроилро баъди ҳамлаи даҳшатноки ҲАМОС пайгирӣ доранд. Ҳамзамон, ба фикри ман, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷӯҳ ба вазъи мардуми осоишта аз он нигаронанд, ки оё посухи Исроил ба ҳамлаи ҲАМОС аз ҳад нагузашт? Ҳарчанд, аз лиҳози ҳуқуқӣ, барои дифоъ аз худ чунин вокуниш имконпазир аст.
Ба ин тартиб дар мурофиа ба уҳдадориҳои Исроил дар робита ба риояи қонун ва ҳимояи мардуми ғайринизомӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Африқои Ҷанубӣ иддао дорад, ки амали Исроил дар Ғазза наслкушӣ аст ва мегӯяд, барои ин далелҳо вуҷуд доранд. Ба андешаи ман, ин иддаои Африқои Ҷанубӣ хеле ҷиддӣ аст. Он ба даҳшатноктарин амали ҳуқуқӣ дар ҷаҳон — наслкушӣ, нигаронида шудааст. Маҳз барои ин ба назарам таваҷҷуҳи аслӣ ба тасмими додгоҳ равона шудааст, ки чӣ чораҳои муваққатиро пешбинӣ хоҳад кард.
– Фикр мекунед, чораҳои муваққатӣ қабул мешаванд?
– Бале, ба эҳтимоли зиёд чораҳои муваққатӣ қабул мешаванд. Африқои Ҷанубӣ дар муроҷиати худ як қатор чораҳоеро алайҳи Исроилро пешниҳод кардааст. Мо медонем, ки дар гузашта Додгоҳ ин корро карда буд. Аз ҷумла, дар робита ба ҷанги Русия зидди Украина. Аммо ин тадбирҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд? Бояд мунтазир бимонем. Ман фикр мекунам, ки қабули чораҳои муваққатӣ мушкилоте дар пай хоҳад дошт. Зеро додгоҳ бояд эътироф кунад, ки Исроил худро аз ҳамлаҳо дифоъ кард ва ин ҳақро дошт. Дар маҷмӯъ ҳадаф аз тадбирҳои муваққатӣ дар асл қабули қарор барои қатъи ҷанги Исроил аст. Вале ин суолҳои дигареро дар робита ба ҳуқуқи Исроил барои дифоъ аз худ ба миён меорад. Бино бар ин, ба назари ман, тадбирҳои муваққатӣ бештар аз он иборат хоҳад буд, ки аз Исроил талаб мешавад, ҳангоми амалиёти ҷангӣ, қонунҳои байналмилиро риоя ва таъмини бандҳоеро, ки дар эъломияи зидди наслкушӣ таъкид шудааст, кафолат диҳад.
Тибқи Эъломияи зидди наслкушӣ, бояд бо далелҳои қавӣ исбот шавад, ки бо ҳадафи наслкушӣ амали мушаххасе анҷом шудааст.
– Ба назари Шумо оё ин талаб мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ хоҳад буд?
– Ин ҷо чанд нуқтаи муҳим аст. Якум тибқи Эъломияи зидди наслкушӣ, бояд бо далелҳои қавӣ исбот шавад, ки бо ҳадафи наслкушӣ амали мушаххасе анҷом шудааст. Ин кор хеле мушкил аст, зеро барои исботи қисман ё пурра нобуд сохтани як гурӯҳи миллӣ ё нажодӣ факту далелҳои асосноку сатҳи баланд зарур аст.
Аз ин рӯ, то куҷо ин дар қарори ниҳоии додгоҳ ба инобат гирифта мешавад, ҳоло маълум нест. Агар ба таҷрибаи кори Додгоҳи байналмилалии СММ нигарем, қарор дар ин бора баъд аз чанд сол қабул хоҳад шуд. Ҳоло додгоҳ дар мавриди ин, ки Исроил дар Навори Ғазза наслкушӣ кард ё не хулосагирӣ нахоҳад кард.
– Додгоҳ метавонад ягон тадбири муваққатиеро, пешбинӣ кунад, ки дар шикояти ҷониби даъвогар наомадааст?
– Тадбирҳои муваққатие, ки аз сӯйи Африқои Ҷанубӣ пешниҳод шудааст, доманаи васеъ доранд, бино бар ин зимни пешбинии чораҳои феълӣ додгоҳ ҳам имконияти васеи интихоб хоҳад дошт. Ба ин далел, ба фикри ман, агар чораи муваққатие ҳам пешбинӣ шавад, додрасҳо мумкин аст, зимни тасмимгирии пешакӣ ба як, ду ё эҳтимол 3 банди он таваҷҷуҳ хоҳанд кард.
– Аз 17 додрасе, ки қарори пешакиро қабул мекунанд, ду нафар намояндаи Исроил ва Африқои Ҷанубӣ ҳастанд. Оё ин ба ҷараёни тасмимгирӣ дар ин қазия таъсир нахоҳад дошт?
– Тибқи қоидаи додгоҳ ҳарду кишвар иҷоза доранд, дар ҳайати додрасҳо, намояндаи худро дошта бошанд. Сабаб ин аст, ки ин додрасҳо бо муҳтаво ва назари ҳар як кишвар оид ба чунин масъалаҳои бисёр мураккаб шиносанд. Будани онҳо чун як манбаи муҳими иттилоот дар ин ҳайатҳо муҳим аст. Ба суоли шумо посухам ин аст, ки бале, ин додрасҳо нақши муҳим доранд, аммо қабули қарор танҳо ба райъи онҳо вобаста нест.
– Додрасҳои дигар чӣ? Тавре медонем, раҳбари Додгоҳи байналмилалии СММ шаҳрванди Амрико ва муовини ӯ шаҳрванди Русия аст. Оё ин дар муҳокимаи парванда чӣ таъсир хоҳад дошт?
– Ба назари ман дар ҳар ҳайату додгоҳ, махсусан дар Додгоҳи байналмилалӣ, ки додрасҳояш аз кишварҳои гуногуни дунё ҳастанд, то ҷое вобастагии сиёсӣ ҷой хоҳад дошт, аммо ҳатмӣ нест, ки ин ба маънии пуштибонӣ аз ин ё он тараф бошад. Бубинед, дар ҳайати мушовара додрасҳои зиёде ширкат мекунанд. Ба назари ман, додрасҳое, ки дар ҳайатҳои байналмилалӣ пешбарӣ мешаванд, қабл аз ҳама ба қонун такя мекунанду талош хоҳанд кард, ки бар асоси далел қарор қабул кунанд. Бино бар ин ман фикр мекунам дар баррасии қазияи ахир ҳам, чунин хоҳад буд.
– Оё дар сурати қабули тадобири муваққатӣ ё дигар амру қарор, Исроил ҳатман уҳдадор мешавад, ки онро иҷро кунад? Агар аз амрҳо сарфи назар кунад, чӣ?
– Иҷрои амри Додгоҳи байналмилалии СММ барои ҳама ҷонибҳо ҳатмӣ аст. Ҳамчун аъзои СММ давлатҳо ӯҳдадоранд, ки дар ҳар ҳолат қарори додгоҳро қабул ва иҷро кунанд. Ин қарори ниҳоӣ аст ва аз болои он шикоят бурда намешавад. Бо имзои Оинномаи СММ давлатҳо вазифадоранд, ки ба қарори додгоҳ эҳтиром гузоранд ва Исроил ҳам ӯҳдадор мешавад, ки онро иҷро кунад. Ҳарчанд, албатта, мо на як бор шоҳиди он будем, ки давлатҳо қарорҳои муваққатиро риоя намекарданд. Бори охир мо инро дар мисоли қароре мушоҳида кардем, ки ба Русия рабт дошт.
Дар ин ҳолат имкони истифода аз як роҳи дигар вуҷуд дорад. Давлат метавонад, масъаларо барои баррасӣ ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод кунад. Ин Шӯро ваколат дорад, ки тадбирҳои иловагӣ пешбинӣ кунад. Вале тавре маълум аст, ин масъалаи сиёсӣ аст, фикр мекунам, ки дар ҳоли ҳозир ин натиҷае нахоҳад дошт. Дар ҳар сурат ҳар кишваре, ки Додгоҳи байналмилалиро эътироф мекунад, ӯҳдадор аст, ба қарори он итоат намояд. Вале мо медонем, ки аз нигоҳи сиёсӣ на ҳамеша ин риоя мешавад.
– Яъне ба ҳар ҳол, агар чунин ҳолат пеш ояд, на фақат Исроил, балки кишварҳои дигаре ҳам, ки зери Эъломия имзо гузоштаанд, метавонанд ин уҳдадориро иҷро накунанд? Пайомади он чӣ хоҳад буд? Ва дар сурати иҷро нашудани қарори Додгоҳ ин барои кишварҳои дигар чӣ ҳушдоре хоҳад дошт?
– Ин суоли хуб аст, махсусан дар мавриди Эъломияи зидди наслкушӣ. Ин Эъломия, дар навбати аввал на танҳо барои пешгирӣ аз наслкушист, балки ба ҳар кишвар барои таъмини риояи механизми он нигаронида шудааст. Ин қабл аз ҳама иҷрои масъулияти ҳар як кишвар дар ҳудуди худ аст. Вале бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи Додгоҳи байналмилалӣ дар СММ, ин воқеан ба давлатҳои дигар таъсири муҳим доҳад дошт. Ман фикр намекунам, ки иҷрои он на ҳамеша бо комёбӣ анҷом мегирад, аммо ба назарам, қарори Додгоҳи байналмилал оид ба тадбирҳои муваққатӣ фишорро ба давлате, ки хоста шуд нисбаташ чунин чораҳоро роҳандозӣ шавад, бештар мекунанд. Вале боз ҳам мо шоҳиди он будем, ки Русия ин қарорҳоро сарфи назар кард. Дар ҳар сурат, худи далели эълони чораҳои муваққатӣ аз сӯйи Додгоҳи байналмилалӣ, гапи хеле муҳим аст.
Суқути чархбол дар Қирғизистон: як кушта ва ҳашт захмӣ
Дар наздикии шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 17 январ як чархболи низомии Ми-8 суқут кард.
Дар натиҷаи суқути чархбол як низомӣ кушта, ҳашт тани дигар захм бардоштааст. Чаҳор захмӣ дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ шудааст, ки вазъи як тани онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Мақомоти мудофиаи Қирғизистон сабабҳои суқути чархболро таҳқиқ доранд.
"Сирко нӯшид." Худкушии як зан дар назди РКД-и минтақаи Кӯлоб. ВИДЕО
Маҳтоббӣ Маҳмудоваи 50-сола дар наздикии Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб даст ба худкушӣ задааст.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 7-уми январи имсол рӯй дод. Пас аз он ки, ба қавли ҳамсуҳбатони мо, маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор ба зидди ӯ ба иттиҳоми дуздӣ ва қаллобӣ парванда кушоданд.
"Ин зан сирко нӯшидааст. Ба бемористон мебаранд, вале наҷот дода наметавонанд," – нақл кард як манбаи огоҳ аз воқеа рӯзи 15-уми январ.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор рӯзи 15-уми январ марги Маҳтоббӣ Маҳмудоваро тасдиқ карда, гуфтанд, нисбат ба ӯ бо ду банди Кодекси ҷиноӣ (дуздӣ ва қаллобӣ) парванда боз шуда, таҳқиқ ҷараён дошт. Аз ин бештар тафсилот надоданд.
Як мусоҳиби Радои Озодӣ дар мақомоти умури дохилии минтақа гуфт, иттиҳом ин будааст, ки гуё зан бо истифода аз акси духтараш бо марде дар Русия робита барқарор намуда, аз ӯ пул гирифтааст.
"Ҷавон мефавтад. Хонаводааш аз макони Маҳтоббӣ Муҳмудова огоҳ шуда, хостаанд, ки ӯ пулҳоро баргардонад. Занро гирифта ба Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб мебаранд, вале пеш аз даромадан сирко нӯшидааст," – гуфт ӯ.
Ҳоло воқеаро Додситонии шаҳри Кӯлоб таҳқиқ дорад.
Маҳтоббӣ Муҳмудова рӯзҳои охир дар деҳаи Балхобии ноҳияи Муъминобод ва дар хонаи духтараш мезистааст. Ба зангҳои ба такрори мо на духтари ӯ ва на домодаш посух надоданд. Маълум нест, ки назари хонавода ба қазия чист.
Видеоро дар инҷо бинед:
Худкушии шаҳрвандоне, ки ба вазъияти ночорӣ уфтодаанд, зиёд расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, соли 2020 Абдуғаффор Аскаров, сокини ҷамоати Лоҳур, ки ба қавли пайвандонаш "барои ҳалли мушкили зиндагӣ ба назди мақомот рафта буд", дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ сирко нӯшида, худкушӣ кард.
Иттифоқан ҳамон сол Зариф Абдуллоеви 62-сола баъд аз пардохт нашудани пулаш аз тарафи Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб худро дар назди ин идора оташ зада буд.
Аз он пеш, дар соли 2017, Раҷаббӣ Хуршед дар пайи баҳси бархоста бар сари бакорат сирко нӯшидаву худро кушт. Аммо худкушӣ дар назди идораи пулис дар минтақаи Кӯлоб як рӯйдоди камсобиқа аст. Маълум нест, дар парвандаи марги Маҳтоббӣ Маҳмудова касе гунаҳкор эълон хоҳад шуд ё не.
Чаро дар Амрико пиряхҳо ва қабати барф андозагирӣ мешаванд, дар Тоҷикистон не? ВИДЕО
Барои кишварҳои хушку гарме ба мисли Тоҷикистон андозагирӣ ва пешбинии миқдори барфу об дар кӯҳистонҳо фавқулода муҳим аст.
Дар Амрико, ки мисли Тоҷикистон мардум аз оби пиряхҳо истифода мебаранд, усулҳои нави андозагирӣ истифода мешавад, ки ба идораи дурусту босамари захираҳои об мусоидат мекунад.
Резиши барф дар кӯҳистони Колорадо дар 20 соли гузашта бениҳоят кам шудааст. Оқибаташ ҳам оби камтар барои ин минтақаи хушки Амрикост.
Ноа Молотч, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи масоили Арктика ва Алп дар Колорадо, мегӯяд: “Дар иёлоти ғарбии Амрико манобеи оби ошомидании 60 миллион нафар барф аст ва дар саросари ҷаҳон аз як миллиард нафар."
Молотч абзорҳои онлайниро ба кор мебарад, ки андозаи оберо пешбинӣ мекунанд, ки аз барф ҳосил мешавад. “Ранги кабуди тира, нишондиҳандаи барфи зиёд ва кабуди камранг барфи камро нишон медиҳад," - афзуд Ноа Молотч.
Тими Молотч бо истифода аз аксҳои моҳвораӣ, моделҳои компютерӣ, андозагирӣ дар маҳал, пешбинии ҳаҷми об дар рӯдхонаҳоро дақиқтар кардаанд. Молотч гуфт: "Ин иттилоъ барои мудирияти маҷрои об дар нерӯгоҳҳо, аз ҷумла ҷамъ кардан ё кай сар додани он фавқулода муҳим аст. Вақте пешбинӣ дақиқтар мешавад, истифодаи об ҳам босамартар мешавад. Яъне шумо оби зиёдтаре ба шабакаҳои обрасонӣ сар медиҳед.”
Усули дигари андозагирии қабати барф аз ҳавопаймоҳо аст, ки иҷоза медиҳад, қабати барфро бо лазер аз осмон андоза бигиранд.
Аз андозагирии дастии қабати барф ҳам иттилои зарурӣ ба даст меояд, вале пажуҳишгарон барои ингуна андозагирӣ на ҳама ҷо рафта метавонанд. Бо тағйири иқлиму кам шудани оби рӯдхонаҳо, пешбинии захираҳои барфу об, ки зиндагии мардуми зиёде ба он вобаста аст, муҳимтару ҳаётӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон, ки кишвари болооби Осиёи Марказӣ ва сарчашмаи аслии оби ин гӯшаи хушку гарми курраи Замин аст, 65 дар сади оби минтақа ҳосил мешавад.
Дар китоби “Пиряхҳои Тоҷикистон” омадааст: “Агар дар ҳавзаи Зарафшон дар ним асри гузашта сеяки майдонҳои яхбаста бухор шуда ва ҳаҷми ях ним баробар кам шуда бошад, пас то соли 2050 ҳеҷ гуна яхе дар ин ҳавза намемонад.” Аммо ин фақат тахмин аст, чун табиат метавонад, “рафторашро ҳар сол тағйир бидиҳад”.
Эрон “тарроҳ”-и ҳамлаи маргборро “Абдуллоҳ Тоҷикӣ” ном бурд
Вазорати иттилооти Эрон “тарроҳ” ва “пуштибони аслии ҳамларо”-ро дар Кирмон шахсе бо номи мустаори “Абдуллоҳ Тоҷикӣ”, “тоҷикистонӣ” ва “мутахассиси бомбаҳои худсохт” муаррифӣ кардааст.
Эъломияи вазорат рӯзи 11-уми январ нашр шуд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз вокуниш накардаанд.
Ба хабари ҷониби Эрон, “ин шахс ҳамроҳи як зан ва як кӯдак ғайриқонунӣ тавассути қочоқбарҳои маҳаллӣ аз марзҳои ҷануби шарқӣ ворид шуда, дар хонаи иҷора дар наздикии Кирмон ҷойгир шуда буд”.
Аммо мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бовар доранд, ки ӯ як рӯз пеш аз “ҳодисаи террористӣ” Эронро тарк кардааст.
Ду инфиҷори, ба гуфтаи мақомоти Эрон, “маргталабона” дар маросими ёдбуди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯи Қудс, рӯзи 3-юми январ рӯй дод.
Дар он ҳодиса беш аз 90 нафар кушта ва зиёда аз 200 кас захмӣ шуданд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба уҳда гирифт. Вазорати иттилооти Эрон мегӯяд, 35 нафарро дар пайванд ба ҳодиса дастгир карданд.
Дар эъломияи вазорат аз 11-уми январ яке аз ҳамлаварон "Исроил Бозоров, 24-сола ва аз Тоҷикистон" муаррифӣ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина ҳеч шарҳе надодаанд.
Ҳувияти ҳамлавари дувум ошкор нашудааст.
- Бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳамлаҳои маргбор дар Эрон гунаҳкор мекунанд.
- Соли 2022 Комрони Субҳон, сокини 23-солаи Ҳисор, ба ҳуҷум ва куштани 15 нафар дар зиёратгоҳи Шоҳчароғ муттаҳам шуд. Мақомоти эронӣ гуфтанд, ӯ дар задухӯрд захмӣ гашту дертар ҷон дод.
- Моҳи сентябри соли 2023 Раҳматулло Наврӯзовро, ки аз ӯ "шаҳрванди Тоҷикистон" ном мебаранд, дар Эрон ба эъдом ё қатл маҳкум карданд. Наврӯзов ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғ дар моҳи августи соли 2023 гунаҳкор шуд.
"Гуфтанд, гап назанед, ба навор нагиред, маҳкам мекунем" ВИДЕО
Пайвандони як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо гузашти се моҳ аз лаҳзаи боздошт намедонанд, ки ӯ дар чӣ ҳол аст ва ҷараёни таҳқиқи парвандааш ба куҷо расида.
Шаҳбози Шарифбекро дар моҳи октябри соли 2023, баъд аз нашри наворе дар бораи маҷбурӣ ба артиш бурдани додар ва латукӯб шудани холаву модарбузургаш дастгир карданд. Расман ба ифротгароӣ ба воситаи Интернет муттаҳам аст.
Вай дар он навор рафтори мақомоти шаҳри Ваҳдатро танқид карда, аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам гила карда буд, ки азобу уқубати занонро дар Афғонистон мебинад, вале рафтори мақомотро бо занон дар Тоҷикистон не.
“Барои диданаш коғаз намедиҳанд”
Сафаргул Ғафурова, модарбузурги Шаҳбози Шарифбек, мегӯяд, аз сарнавишти норӯшани наберааш сахт нигарон аст. Дар 30-километрии Душанбе, дар деҳаи Одилии ҷамоати Симиганҷи Ваҳдат, ҳамроҳи як духтару набераи мактабхонаш зиндагӣ мекунад. Кӯшишҳои ӯ барои дидани наберааш, Шаҳбоз, то ин дам бенатиҷа мондаанд.
"Духтарам аз муфаттиш иҷоза гирифта, ду бор хабар гирифт. Худам надидам. Талош дорам, вале коғаз намедиҳанд. Милисаҳо ба мо гуфтанд, ки дар ин бора гап назанед, дигар ба навор нагиред, ки маҳкаматон мекунем,” – гуфт ӯ рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ. Аз касе ном нагирифт.
Мақомот дар баррасӣ будани парвандаро тасдиқ, вале аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.
Дар Додгоҳи шаҳри Ваҳдат рӯзи 9-уми январ гуфтанд, ки парвандаи Шаҳбоз ҳанӯз ба ин ниҳод нарасидааст. Дар Шуъбаи Корҳои Дохилии шаҳри Ваҳдат, ки масъули таҳқиқи парванда аст, аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.
Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки рӯзи 26-уми октябри соли 2023 нисбат ба Шаҳбози Шарифбек ба иттиҳоми ифротгароӣ ба воситаи Интернет парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бибияш мегӯяд, ба ифротгаро будани наберааш бовар надорад ва аз мақомот мехоҳад, ҳар чӣ зудтар ӯро раҳо кунанд.
Хонум Ғафурова афзуд, наберааш бо касе кор надошт, аммо тарзи ба артиш бурдани бародараш ӯро асабӣ карда буд: “Худаш дар партовгоҳ кор мекард. Ман фишорбаландӣ дорам. Дору меовард. Ду-се нон меовард. Мегуфт, бибиҷон, хӯред. Зиндагии оилаи моро Шаҳбоз пеш мебурд."
“Мехоҳанд, дигарон шикоят накунанд”
Навори 12-дақиқаӣ, ки дар он Шаҳбози Шарифбек ба рафтори масъулони ҷамоати Симиганҷи Ваҳдат эътироз мекард, рӯзи 15-уми октябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва сабаби вокуниши зиёд шуд.
Ин сокини Ваҳдат, ки ятими кул буда, то ҳол хонадор нашудааст, дар баробари танқиди мақомоти маҳаллӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гила кард, ки қонуншиканиҳоро дар кишвар намебинад.
Баъзе аз ҳуқуқдонҳо оғози парвандаи ҷиноиро нисбат ба ӯ беасос мешуморанд. Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов гуфт, боздошти Шаҳбози Шарифбек ба ин маъност, ки дигарон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят накунанд.
“Дар ҳаракатҳои ӯ ягон амали ифротгароӣ дида намешавад. Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Шаҳбоз аз он дарак медиҳад, ки шаҳрвандон дар Тоҷикистон аз адолату ҳақиқат нагӯянд ва нисбат ба амали ғайриқонунии мансабдорон шикоят накунанд. Яъне, шаҳрванде, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои худашро ҳимоя менамояд, нисбат ба ӯ ба гумони ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда хоҳад шуд,” – шарҳ дод Қудратов.
Дар гузашта низ нигарониҳо аз боздошт ва муҳокимаи баъзе афрод дар пайи танқиди ҳукумат ё мансабдорони сатҳи болоӣ садо дода буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сол то сол таҳаммули танқидпазирии мақомот дар Тоҷикистон камтар ва муҷозоти мунтақидон сахттар шудааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
79 кушта. Ғазза макони маргбор барои хабарнигорон шудааст? ВИДЕО
"Кас чӣ тавр метавонад ғами марги писари бузургашро таҳаммул кунад? Он ҳам баъди аз даст додани чанд узви дигари оила. Ҳамсарам ва писаронам Маҳмуду Шому Одам кушта шудаанд. Чӣ тавр ҳамаи инро таҳаммул кунам?"
Воил Даҳдуҳ, раиси дафтари телевизиони "Ал-Ҷазира" дар Навори Ғазза, писари дигараш – Ҳамзаро дафн кард. Ҳамза хабарнигори дувуми ҳамин шабака аст, ки рӯзи якшанбеи гузашта, 7-уми январ, дар наздикии шаҳри Рафаҳ кушта шуд. Маросими бахоксупории ҳаштуми январ гузашт.
Раиси дафтари "Ал-Ҷазира" дар Навори Ғазза моҳи октябри соли 2023 аз марги ҳамсар, писари 15-сола ва духтару наберааш хабар ёфт. Писараш Яҳё захмӣ шудааст. Худи хабарнигор моҳи декабр ҳангоми иҷрои вазифа ҷароҳат бардошт.
Ҳамза, писари Даҳдуҳ, ҳамроҳи корманди хабаргузории "Франс Пресс", Мустафо Турай, ҳангоми бозгашт аз сабт мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтанд. Низомиёни Исроил ба "Рейтерс" гуфтаанд, ки онҳо "як террористро шиносоӣ ва ҳадаф қарор доданд" ва аз гузоришҳо хабар ёфтанд, ки "ду гумонбари дигар" маҷрӯҳ шудааст.
Теъдоди рӯзноманигорони ҷонбохта дар даргирии Исроил бо ҷангҷӯёни "Ҳамос"* дар се моҳи охир дар таърихи расонаҳо бесобиқа будааст. Ба омори Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон дар умум дар ин муноқиша 79 рӯзноманигор, аз ҷумла 72 журналисти фаластинӣ, 4 исроилӣ ва 3 лубнонӣ кушта шуданд.
Омори болои куштори хабарнигорон Созмони Милалро сахт ба ташвиш овардааст. Намояндаи расмии созмон дигарбора талаб кард, ки журналистонро ҳадаф қарор надиҳанд ва ба таъқиби онҳо хотима диҳанд.
Флоренсия Сото Нино, сухангӯйи Созмони Милал, гуфт: "Журналистон ҷони худро дар хатар мегузоранд, то ҳақиқатро ба ҷаҳониён бирасонанд ва ҳоло дар шароите, ки онҳо қарор доранд, иҷрои ин кор торафт душвортар мешавад."
Сафорати Исроил дар Вашингтон ин вазъро шарҳ надодааст, вале қаблан як намояндаи он гуфта буд, ки нерӯҳои ин кишвар ҳаргиз барқасдона хабарнигоронро нишон намегиранд. Таҳқиқоти гурӯҳии расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории "Рейтерс", ин иддаои Исроилро зери суол мебарад.
Таҳқиқ дар моҳи гузашта маълум кардааст, ки бар асари тирборони Исроил дар моҳи октябр хабарнигор Исом Абдулло кушта шуд. Зоҳиран ин ҳамла огоҳона сурат гирифта, бино ба натиҷаи таҳқиқ, Исроил маҳалли ҷойгиршавии гурӯҳи хабарнигоронро медонист.
Майя Гебейли, раҳбари дафтари намояндагии "Рейтерс" мегӯяд, "ин як тамоюли вайронгар аст, вақте мебинем, ки хабарнигор наметавонад кори худро анҷом диҳад. Бомбаборонҳои бесарусомон монеи иҷрои рисолати хабарнигории онҳо мешавад."
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити ҷангӣ ва маҳдуд будани равуо ба Навори Ғазза, кору хабарҳои рӯзноманигорони маҳаллӣ ҳаётан муҳим аст.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Қасди куштор" ва боздошти як нафар. Ба раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ шуд?
Мақомот дар Кӯлоб оташ гирифтани мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократиро дар шаҳри Кӯлоб "таркиш" номида, ҳодисаро чун "қасди куштор" таҳқиқ доранд. Дар пайванд ба ҳодиса як нафар дастгир ва чаҳор каси дигар бозпурсӣ шудааст.
Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январ дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид. Худаш маҷрӯҳ шудааст. Ин деҳа чаҳор километр дуртар аз маркази Кӯлоб ҷойгир аст.
Як манбаъ дар ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб рӯзи 10-уми январ гуфт, аз маҳалли ҳодиса "боқимондаи маводи худсохти тарканда" пайдо карданд.
"Далелҳо баёнгари онанд, ки маводи тарканда барои аз байн бурдани соҳиби мошин дар зери он ҷойгир карда шудааст. Ҳоло нисбат ба ҳодиса бо банди 104-и Кодекси ҷиноӣ (қасди куштор) парванда боз шудааст. Ҳолатҳои нави дигар пайдо шаванд, имкон дорад, моддаи нав илова гардад," -- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз тафтиши ҳодиса огоҳ аст.
Ба қавли ӯ, барои таҳқиқи ҳодиса як гурӯҳ таъсис додаанд, ки "ба ҳайати он муфаттишон аз Додситонӣ, КДАМ ва ВКД шомиланд."
Як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафш ба гумони таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб дар боздошт аст. Мақомот ӯро рӯзи 9-уми январ дар фурудгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия, дастгир кардаанд.
Падари ин ҷавон, ки номашро барои то ҳанӯз собит нашудани айби писараш намеорем, рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз боз фарзандаш дар боздошт аст.
"Бароям пурра маълум нест, ки писарамро барои чӣ қапидаанд. Фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки як ҳамсинфаш дар Афғонистон будааст ва ӯро барои ҳамин мепурсанд. Овоза шуда буд, ки ҳамсинфаш барвақт мурдааст, вале намедонам, чӣ гузаштааст," -- гуфт ӯ.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, чаҳор нафари дигар дар ин робита бозпурсӣ шудаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ҳадаф аз таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ будааст, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимоли робита доштани ҷавони боздоштшуда бо гурӯҳҳои тундрав таҳқиқ мешавад.
Телефони Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар Кӯлоб рӯзи 10-уми январ хомӯш буд. Дар ҷойи кораш гуфтанд, ки ҳанӯз табобат мегирад.
Ба гуфтаи мақомот, замони таркиши мошин Салим Сайвализода аз назди мошин дуртар будааст. “Ӯ пеш аз савор шудан мошинашро бо пулт рӯшан кардааст, то каме гарм шавад. Ҳамон вақт мошин таркидааст. Ду чархи пеши мошин ва бо ду нишастгоҳи пеш хароб шудааст,” – гуфт як мақоми огоҳ аз қазия.
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки ҳоло таркондани мошини як раҳбари маҳаллиашро мақомот “қасди куштор” медонанд, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст.
Раҳбари ин ҳизб президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари мансабдорони тоҷик узви ҳамин ҳизб ҳастанд ва бештари курсиҳои порлумонро ҳам намояндагонаш дар ихтиёр доранд.
Дар бархӯрди "Нексия" ба бинои "Корез"-и Кӯлоб се кас ҷон бохт. ВИДЕО
Дар пайи бархурди як мошин ба идораи хонасозии "Корез" дар шаҳри Кӯлоб, се нафар ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса субҳи 8-уми январ дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ рух додааст.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, мошини таксии "Нексия", ки аз самти бозори “Сомонӣ” ҳаракат мекард, ба девори идораи хонасозии "Корез" бархӯрда, ба бино даромадааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа ронанда, як мусофири дохили мошин ва ҳамчунин як сохтмончии корхонаи "Корез" ҷон бохтаанд. Аз онҳо Исмоил Кенҷаев, Наврӯз Исмоилов ва Каромат Абдураҳмонов ном бурданд.
Дар Бемористони вилоятии Кӯлоб гуфтанд, ки яке аз фавтидаҳо аз сар осеб дида буд.
Садамаи мазкур дар роҳе рух дод, ки се маҳаллаи Кӯлоб, 1-уми май, Шамсиддин Шоҳин ва Ҳофизи Шерозиро мепайвандад. Ба ин минтақа аз чаҳор гӯшаи шаҳр мошинҳо рафту омад мекунад ва яке аз чорроҳаи шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. То чанд соли пеш дар ин минтақа чароғақ фаъол буд ва рафтуомади мошинҳо танзим мешуд. Бо оғози сохтмони хонаҳои баландошёна, чароғакро канданд ва он дигар насб нашуд.
Сокинони маҳаллаҳои гирду атроф ҳам мегӯянд, ки яке аз омилҳои чунин садамаҳо банд кардани пиёдароҳ ва то лаби шоҳроҳ маҳкам кардану сохтани бино аст.
Ин бори аввал нест, ки дар шаҳри Кӯлоб чунин садамаҳо рух медиҳад. Рӯзи 6-уми августи соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб садамаи маргбор рух дод. Дар натиҷаи он 10 кас ҷон бохта, 11 нафар маҷруҳ шуданд.
Оташ заданд ё мушкили техникӣ: ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ шуд?
Мақомоти интизомӣ таҳқиқ доранд, ки мошини хизматии раиси Ҳизби халқии демократиро дар шаҳри Кӯлоб қасдан оташ задаанд ё мушкили техникӣ пеш омадааст. Ҳодиса 5-уми январ рух дода, худи Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз пой осеб дидааст.
Як манбаъ аз мақомоти тафтишотии Кӯлоб 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мошини "Шкода"-ро ба ташхис фиристодаанд ва натиҷаи онро мунтазиранд.
Дар Бемористони вилоятии Кӯлоб гуфтанд, ки пойи рости раиси ҳизб шикастааст ва феълан саломатиаш хуб аст. Аммо пизишкон нагуфтанд, ки раиси ҳизб дар бемористон аст ё ӯро ба хона ҷавоб додаанд.
Муфаттишон аз соҳибони дӯконҳои наздик ба макони ҳодиса, сабти дурбинҳои назоратиро талаб кардаанд.
"Ҳозир мошини “Шкода” дар додситони шаҳри Кӯлоб нигоҳ дошта мешавад. Мошин аз қисмати пеш осеб дидааст. Тафтишот дар ин самт рафта истодааст ва дақиқ хоҳад шуд, ки чӣ ҳодиса рух додааст,"--гуфт манбаъ.
Ҳамсуҳбати мо аз ин пештар ҷузъиёт надод. Масъулони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб низ аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд.
Ин бори аввал нест, ки мошинҳои мақомдорон дар вилояти Хатлон оташ мегирад. Шаби 26 ва 27-уми декабри 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси дафтари "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ оташ гирифт ва ҳанӯз мақомот сабаби онро шарҳ надодаанд. Ҳарчанд Давлатзода сабаби ҳодисаро мушкили техникии мошин гуфт.
Моҳи феврали 2023 мошини хизматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, ҳамонвақта додситони ноҳияи Восеъро дар шаҳри Кӯлоб оташ заданд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон оташ задани мошини додситони ноҳияи Восеъро "амали қасдгирӣ" номид. Мақомот як сокини 50-солаи Кӯлобро бо иттиҳоми оташ задани мошини додситон боздошт карданд. Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода чор моҳ баъд аз ҳодиса аз вазифаи додситонии ноҳияи Восеъ барканор шуд.
Худкушии як узви Ҷунбиши эътирозии занон дар Афғонистон
Масъулини Ҷунбиши эътирозии "Иттиҳод ва ҳамбастагии занони Афғонистон" аз худкушии як узви ин ҷунбиш дар вилояти Кундуз хабар доданд.
Санам Кабирӣ, яке аз масъулони ин ҷунбиш ба Радиои Озодӣ гуфт, Биби Гул Муҳаммадии 21-сола, ки бо тахаллуси Заҳро Муҳаммадӣ фаъолият мекард, рӯзи 29 декабри соли 2023 худро ба чоҳ партофта, ба ҳалокат расидааст.
Ба гуфтаи вай, наздикони Муҳаммадӣ ба далели тарс аз Толибон ва ҷомеъаи суннатии Афғонистон нахостанд, ки мавзӯъи худкушии ӯ расонаӣ шавад.
Санам Кабирӣ иддао кард, ки Бибӣ Гул Муҳаммадӣ дар соли 2021 ба далели ширкат дар эътирозҳо, ду рӯз боздошт шуда буд ва он замон ҳам ин мавзӯъ расонаӣ нашуд. Вай пас аз раҳоӣ ба маҳдудиятҳои хонаводагӣ ва фишорҳои иқтисодӣ рӯбарӯ буд.
"Аз як сӯ мушкилоти иқтисодӣ аз сӯи дигар, ҷомеаи суннатӣ ва хонавода фишор меоварданд. Азбаски ӯ зиндонӣ шуда буд, ба гуфтаи хонавода сабаби бадномсозии онҳо шуда буд. Бисёр таҳти фишору стрес қарор дошт. Ба ҳадде, ки барояш иҷоза намедоданд аз телефон истифода кунанд. Гоҳе бо баҳонаи дӯзандагӣ ва ё дарси Қуръон пинҳонӣ омада, дар барномаҳои эътирозӣ иштирок мекард.”
Ба иддаои Кабирӣ, занони эътирозгар дар зиндони Ҳукумати Толибон мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор мегиранд ва пас аз раҳоӣ аз сӯйи ҷомеа ба фишорҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Ба гуфтаи вай, Бибӣ Гул пеш аз ба қудрат расидани ҳукумати Толибон мактабро хатм карда, ба имтиҳони дохилшавӣ омодагӣ медид, аммо маҳдудиятҳои Толибон ӯро аз таҳсил маҳрум ва хонанишин кард. Ба ин далел ӯ хомӯш намонду мехост, ки садои занони афғон бошад.
Ҳукумати Толибон дар робита ба ин қазия вокуниш нишон надодааст ва қаблан ҳам боздошти занони эътирозгарро расман рад ва ё таъйид накарда буд.
Насрин Ҳамидӣ, як фаъоли ҳуқуқи занон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Толибон ҳар рӯз маҳдудиятҳоро барои занон афзоиш медиҳад ва зиндагии занони афғон торафт душвортар мешавад.
"Дарвоқеъ боиси таасуф аст, ки Бибӣ Гул Муҳаммадӣ ба далели мушкилоте, ки ӯ ва хонаводааш пас аз зиндон рӯбарӯ шуданд ва ба хотири раҳоӣ аз ин мушкилот худро қурбонӣ кард, даст ба худкушӣ зад. Ин қазия сабаби таасуфи амиқи тамоми фаъолон ва эътирозгарон аст”.
Дар ҳамин ҳол “Freedom Now”, созмони ҳомии ҳуқуқи башар, рӯзи шанбе дар вокуниш ба худкушии ин зани эътирозгар дар вилояти Кундуз, дар саҳифаи X-и худ навишт, ки занони мубориз, ба далели додхоҳии худ мавриди хушунати Толибон қарор мегиранд.
Созмон аз худкушии ин зани эътирозгари афғонистонӣ таассуф ва таъкид кардааст, ки бояд ҷони фаъолони маданӣ ҳифз шавад.
Ҳарчанд ҳукумати Толибон иддао мекунад, ки ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯби шариати исломӣ ҳифз мешавад, аммо занону духтарон дар ин кишвар аз ҳаққи таҳсил, кор ва дигар фаъолиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ маҳрум карда шудаанд. Толибонро ба саркӯбсозии заноне муттаҳам мекунанд, ки барои ҳуқуқу озодиҳои худ эътироз ва садо баланд намудаанд.
Қаблан созмонҳои мухталифи дифоъ аз ҳуқуқи башар гузоришҳое нашр карда буданд, ки духтарон ва занони афғон пас аз ба қудрат расидани ҳукумати Толибон дар ҳолати бади равонӣ қарор гирифта, бархе қасди ҷони худ кардаанд.
Бино бар як гузориши Рӯзномаи "Гардиан", бар асоси омори бемористону дармонгоҳҳои давлатии Афғонистон аз тобистони соли 2021 ба ин сӯ мизони худкушӣ дар миёни занон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Мошини мудири "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ худаш сӯхт ё касе сӯзонд? ВИДЕО
Муфаттишон дар вилояти Хатлон таҳқиқ доранд, ки мошини хидматии раиси намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ дар назди хонааш худ оташ гирифт ва ё касе барқасдона сӯзонд. Ҳодиса шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2023 рӯй додааст.
Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз хулосаи санҷишро нагирифтанд. "Баъзе аз порчаҳои сӯхтаи мошинро барои ташхис бурданд. Дақиқ хоҳанд кард, ки сабаби ҳодиса чист," – афзуд ӯ.
Бобоҷон Давлатзода, раиси дафтари "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ, сӯхтани мошинашро тасдиқ кард, аммо ба барқасдона будани он мутмаин нест. Вай рӯзи севуми январ гуфт, "Опел Зефира"-и хидматии ӯ "нуқси электрикӣ" дошт ва пеш аз ҳодиса ба назди усто бурда буд.
Дар посух ба ин суол, ки чаро мошини хидматӣ дар назди хонааш меистод, ӯ гуфт: "Мошинро таъмир карданд, оварда дар назди хона гузоштам ва ба сари баъзе аз қарздорон рафтам. Дами саҳар духтарам хабар дод, ки мошин месӯзад. Дидам, ки қариб сӯхта тамом шудааст."
Раиси намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ гуфт, ҳамон шаб нерӯи барқ надоштанд ва дурбинҳои назоратӣ низ кор намекарданд. "Вале дар наздикӣ як нуқтаи хидматрасонии "Амонатбонк" ва шабу рӯз барқ дорад. Дар дурбинҳои он касе намоён нест, торикӣ аст. Дар атрофи хона барқ набуд. Мо ҳам натиҷаи ташхисро интизорем," – афзуд ӯ.
Бори аввал нест, ки худрави хидматии баъзе аз мансабдорони ноҳияи Восеъ оташ мегирад.
Як сол қабл мошини додситони ноҳия дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб оташ гирифта буд. Он вақт мақомот як сокини 50-солаи шаҳри Кӯлобро дастгир ва ӯро ба қасдан оташ задани мошини додситон муттаҳам карданд.
Видео дар инҷост:
55 кас ҷон бохту садҳо хона вайрон шуд. Пайомадҳои зилзила дар Ҷопон. АКС
Теъдоди қурбониёни заминларзаи 1-уми январ дар Ҷопон ба 55 нафар расид.
Рӯзномани ҷопонии Mainichi Shimbun навишт, танҳо дар шаҳри Вадзима дар ғарби Ҷопон, камаш ҳашт нафар ба ҳалокат расид. Ин омор ҳар лаҳза метавонад бештар шавад.
Фумио Кишида, сарвазири Ҷопон, рӯзи 2-юми январ аз “қурбониёни зиёд” хабар дод. Ӯ наҷоти бозмондагонро аз зери харобаҳо “мусобиқа бо вақт” номид.
Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Аз аҳолии минтақаи зери хатар хоста шудааст, ки ҳарчи зуд ба ҷойи амну баландтар бираванд.
Хабаргузории "Мавҷи Олмон" (DW) рӯзи 2-юми январ аз қавли мақомоти маҳаллӣ гузориш дод, ки “бисёре аз биноҳо осеб дида, даҳҳо хона сӯхта ва ё фурӯ рехтаанд.”
Мақомоти ҷопонӣ гуфтанд, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои зарардида идома дорад.
Ҷопон дар гузашта шоҳиди зилзилаҳои сахте будааст. Аз ҷумла соли 2011 дар ин кишвар заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Дар ин фоҷиа тақрибан бист ҳазор кас ҷон бохтаву бе ному нишон шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ садама дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод
Вазорати корҳои дохилӣ садамаеро шарҳ дод, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Ҳодиса 23-юми декабр дар роҳ аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба сӯи Душанбе рух дод. Масъулини Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса як зан ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Дар навори садама, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” бо суръат аз як мошини “Хундай-Старекс” мегузарад ва баъдан ҳарду нақлиёт бо ҳам бармехуранд.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса як зани 38-сола ба ҳалокат расид. Ӯ дар дохили мошини тамғаи “Хундай-Старекс” будааст. “Се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд,”-афзуд манбаъ.
Навори ин садама дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла дар Инстаграм баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Корбарон аз он интиқод карданд, ки ронандагон қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон мекунанд.
Тақрибан ҳамарӯза дар роҳҳои Тоҷикистон сониҳа ё садамаҳои нақлиётӣ сар мезанд. Танҳо рӯзи 21-уми декабр дар ду садама дар ноҳияҳои Ёвон ва Бобоҷон Ғафуров шаш нафар ҷонашонро аз даст доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол дар ҷумҳурӣ қариб 500 сониҳа ё садама ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодисаҳо 193 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 500 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
“Ҳама ҷо пури хун буд.” Рӯзи мотами миллӣ дар Чехия. ВИДЕО
Чехия дар пайванд ба куштори 14 нафар дар Донишгоҳи Прага, ки аз ҷониби як донишҷӯи 24-сола сурат гирифт ва ин кишвари аврупоиро ба изтироб овард, 23-юми декабрро Рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Дар тирандозии шоми 21-уми декабр инчунин 25 кас маҷрӯҳ шуда, вазъи даҳ нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Вазири корҳои дохилӣ Вит Ракусан гуфт, “Ҷумҳурии Чех ҳеч гоҳ шоҳиди чунин ҳодиса нашудааст” ва афзуд, ки ҳеч нишонаи ба терроризми байнулмилалӣ рабт доштани ҳодиса дар даст нест.
Раиси полис Мартин Вондрашек гуфт, ҷавони тирандоз эҳтимол даст ба худкушӣ зад. Вай шоми 21-уми декабр гуфт, “лаҳзае пеш дар маҳалли ҷинояти мудҳиш будам ва дидам, ки дар дохили бинои донишгоҳ силоҳи зиёде ҷамъ шуда буд. Агар полис зуд мудохила намекард, теъдоди қурбониҳо бештар мешуд”.
Полис инчунин гуфт, бовар дорад, пеш аз тирандозӣ дар Донишгоҳи Прага ҳамлагар дар шаҳри Ҳостоун падарашро куштааст.
Ҳамзамон рабт доштани ин ҳамлагарро ба куштори марди 32-сола бо духтари думоҳааш дар боғе дар Прага месанҷанд. Ин ҳодиса рӯзи 15-уми декабри имсол рӯй дод. Мақомоти Чехия мегӯянд, ҷавон барои доштани силоҳ иҷозатнома дошт.
Куштори чордаҳ нафар дар Донишгоҳи Прага вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Президенти Ҷумҳурии Чех Петр Павел гуфт, аз ҳодисаи рухдода “шокӣ” шудааст ва ба ҳамаи наздикони қурбониҳо изҳори тасаллият кард.
Чунин паём то ҳол аз раҳбарони Олмон, Фаронса, Словакия, Иттиҳоди Аврупо ва Исроил расидааст. Кохи Сафед гуфт, Амрико омода аст дар сурати зарурат дасти ёрӣ дароз кунад. Президенти Украина Владимир Зеленский ҳам ибрози таслият кард.
Ҷеффри Гедмин, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки қароргоҳаш дар Прага аст, дар изҳороте гуфт: “РАО/РО ба нишони ҳамраъйӣ дар паҳлӯи ҷомеа, ки зери таъсири ҳодисаи такондиҳандаи имрӯза дар Донишгоҳи Карл қарор дорад, истодааст”.
Куштор дар бинои бахши фалсафаи Донишгоҳи Карл рух дод, ки дар назди майдони Ян Палах ҷойгир аст. Ин ҳодиса ташвишу сардаргумие дар миёни раҳгузарон эҷод кард.
Сергей Медведев, омӯзгори Донишгоҳи Карл, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ҳодиса омӯзгорону донишҷӯён паёмҳои электронӣ гирифтанд. Аз онҳо хоста шудааст, ки дар дохили синфхонаҳо бимонанд ва чароғҳоро хомӯш кунанд, то наҷот ёбанд.
Медведев нақл кард, ки ӯ дар дохили синфхона дарс медод ва дар ҳамин ҳангом садои тирандозӣ ва мошини полисро шунид. Ӯ гуфт, ҳама донишҷӯҳое, ки зери назараш буданд, амну бехатар берун баромаданд, вале изи хун ва баъзе аз ҷасадҳоро диданд.
Донишҷӯ Лиза Чухарова ба телевизиони “Настояшее Время” гуфт, ӯву дигар донишҷӯҳо давоми 40 дақиқа дар дохили синфхона пинҳон шуданд ва баъд аз ин нерӯҳои амниятӣ гуфтанд, ки бо дастони боло берун шаванд. “Ҳама ҷо пури хун буд,” -- гуфт ӯ. Ба нақли Лиза, ходимони умури изтирорӣ дар ҷои ҳодиса кумаки равонӣ мерасониданд ва ҷои гарму кампал тақсим мекарданд.
Куштори дастҷамъона дар Аврупо кам рух медиҳад, вале имсол се ҳодисаи дигаре рух дода буд. Ҳамлагаре дар шаҳри Ҳамбурги Олмон моҳи марти имсол шаш нафарро кушт, ҳашт нафарро маҷрӯҳ ва баъди ин худкушӣ кард.
Ду ҳодисаи дигар дар Сербистон дар давоми як ҳафтаи моҳи май рух дод. Як навраси 13-сола ҳашт ҳамсинф ва як муҳофизи мактабро дар шаҳри Белград кушт. Ду рӯз баъд дар деҳаи канори Белград як марди мусаллаҳ ҳашт нафаро кушта 14 нафарро маҷрӯҳ намуд.
14 кушта ва 25 захмӣ. Ҷузъиёти тирпаронӣ дар Прага. ВИДЕО
Як ҷавони мусаллаҳ дар бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия дар маркази Прага 14 нафарро кушта, 25 каси дигарро захмӣ кард. Ҳодиса рӯзи 21-уми декабри имсол рӯй дод.
Вазири умури дохилии Чехия, Вит Ракусан, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо хабарнигорон ҳодисаро "фоҷиаи бузург" номид, ки ба гуфтааш "оқибатҳои нохуби зиёде хоҳад дошт".
"Ҷумҳурии Чехия ҳеч гоҳ шоҳиди чунин ҳодиса набуд," – гуфт ӯ ва ҳамзамон афзуд, "тирандозӣ бо терроризми байнулмилалӣ пайванд надорад".
Ҳамлавар, ки аз ӯ донишҷӯйи 24-солаи бахши таърихи Донишгоҳи Карл ном мебаранд, низ кушта шудааст.
Шаҳрдори Прага Боҳуслав Свобода мегӯяд, ки ҳамлавар ҳини сарозер шудан аз бино ҷон бохт, аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, ӯ аввал ҳадафи тир қарор гирифт.
Мартин Вондрашек, раиси пулиси Чехия, онро "эҳтимол худкушӣ" донист ва гуфт, ки барои дақиқ кардани сабабҳои марги ҳамлавар таҳқиқ ҷараён дорад.
Ангезаи тирандозии ӯ маълум нест, аммо раиси пулис мегӯяд, силоҳаш қонунӣ буд.
Президенти Чехия рӯзи 21-уми декабр гуфт, аз ин ҳодиса сахт такон хӯрдааст. Петр Павел дар паёме дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, “аз ин ҳодиса “шок” шудам... Ба хонавода ва пайвандони қурбониёни тирпаронӣ изҳори ҳамдардии амиқи худро баён мекунам."
Ҳодиса дар майдони ба номи Ян Палах ва дар маркази Прага рӯй дода, сабаби изтиробу нигаронӣ шуд. Бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия ва Академияи санъату меъморӣ ва тарроҳӣ дар онҷо воқеъ аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои фирори мардумро аз болои пули Карл, яке аз марказҳои сайёҳӣ ва серодами шаҳри Прага, дидан мумкин аст.
Дар акси дигаре як гурӯҳи тақрибан шашнафарии донишҷӯён аз тирезаҳои бинои панҷошёна ба берун баромада, дар болои девори борик ва як ҷойи хатарнок пинҳон шудаанд.
Навор аз маҳалли ҳодиса:
Сергей Медведев, омӯзгори Донишгоҳи Карл, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ҳодиса омӯзгорону донишҷӯён паёмҳои электронӣ гирифтанд. Аз онҳо хоста шудааст, ки дар дохили синфхонаҳо бимонанд ва чароғҳоро хомӯш кунанд, то наҷот ёбанд. Он вақт ҳамлавар дар дохили бино будааст.
Дар моҳи декабри соли 2019 як марди 42-сола дар утоқи интизории бемористоне дар шарқи Чехия бо зарби тир шаш касро кушт. Вай сипас ҳангоми фирор аз тарафи пулис нобуд карда шуд.
Дар соли 2015 низ як мард бо тирандозӣ дар тарабхонае дар шаҳри Уҳерски Брод ҳашт нафарро кушта, сипас худкушӣ кард.
"Ҷасадро баъди ташхис гӯронданд." Таҳқиқи марги духтари 19-сола. ВИДЕО
Марги Раҷабгул Ғоибоваи 19-сола дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ баҳсбарангез шудааст, чун рӯзи 8-уми декабр додситонӣ иҷозаи дафни ӯро надод. Сабаб он будааст, ки хонавода бе огаҳ кардани мақомот аз зоҳиран худкушии духтар, хостаанд, ӯро бигӯронанд.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодисаро Додситонӣ ба дӯш дорад. Абдулҳай Бегаҳмадзода, додситони ноҳия, пас аз шунидани суол гӯширо гузошт.
Як манбаи огоҳ аз қазия дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 13-уми декабр гуфт, дар ҷасад осори танобро ёфтаанд: “Хабар расид, ки дар Восеъ як духтар худкушӣ кардааст, аммо аъзои оилааш пинҳон медоранд. Додситон, милиса ва дигарон ба қабристон рафтанд ва ба дафн иҷоза надоданд. Ҷасадро дар бунгоҳи тиббии деҳа кушода, барои ташхис ба Кӯлоб бурданд. Дар гарданаш осори таноб будааст. Баъд аз он дафн карданд.”
Неъматулло Ғоибов, падари Раҷабгулро дар додситонӣ бозпурсӣ кардаанд. Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “зоҳиран падар мухолиф будааст, ки духтар ба писари дӯстдоштааш бирасад”.
“Гуфтанд, ки духтар бо ҷавоне дӯстӣ доштааст. Падараш ба издивоҷи онҳо розӣ намешавад. Сипас духтар даст ба худкушӣ задааст. Додситон ҳангоми ташхис буд ва гуфт, ки падарашро барои бозпурсӣ биоред,” – нақл кард манбаъ.
Неъматулло Ғоибов, падари Раҷабгул Ғоибова ба Радиои Озодӣ ин ҳама сару садорро рад кард. Ӯ гуфт: “Ташхис карданд, ҳамаи чизро прокурор ва дигарон медоданд. Дигар мо ҳам намедонем, дигар Аллоҳ медонад ҳамаи инро.”
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар, аз ҷумла ноболиғону духтарон худкушӣ мекунанд. Бинобар мушкилоти иҷтимоӣ ва ё нофаҳмиву ҷанҷолҳои оилавӣ.
Ҳоло дар бораи марги Раҷабгул Ғоибова дар деҳаи Ғелоти Восеъ ҳар сокин фарзияи худро мегӯяд. Фарзияҳое, ки маълум нест, кадоме дуруст аст ё нодуруст ва додситон ҳам ҳеч кадомеро расонаӣ накардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Сӯзанро аз тани сарбоз баровардем." Ба Асламҷон дар қисми ҳарбӣ чӣ шуд? ВИДЕО
Пизишкони “Қарияи Боло”-и Душанбе аз бадани сарбози Вазорати корҳои дохилӣ, Асламҷони Амирбек, сӯзанеро берун овардаанд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ онро “эҳтимол кори куҳнасарбозон” гуфтанд. Сухангӯйи вазорат рад кард. Худаш дар бемористони касалиҳои равонӣ аст. Дар асл чӣ иттифоқ уфтод?
“Дар қисмати рости шикам буд”
Сарбоз Асламҷони Амирбекро рӯзи 3-юми декабр аз қисми ҳарбии 35-02 (Вазорати корҳои дохилӣ) дар “ҳолати вазнин” ба бемористони “Қарияи Боло” расондаанд. Ин ҷавони 18-сола тирамоҳи имсол ба артиш ҷалб шуда буд.
Пизишкони “Қарияи Боло” тасдиқ карданд, ки дар қисмати рости бадани Асламҷони Амирбек “сӯзани калон даромада, вазъи саломаташ хуб набуд”. Онҳо рӯзи 8-уми декабр ҳозир нашуданд, ки дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзуъро шарҳ диҳанд.
Яке аз онҳо бе зикри номаш ва бо нишон додани натиҷаи ташхис гуфт, “бубинед, ҳамин ҷойи сӯзан аст. Баъди сӯзанро аз қисмати рости шиками ӯ гирифтан, вазъи саломатияш беҳтар шуд. Ӯро ҷавоб додем, ҳоло дар инҷо нест.”
Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимол ҷавон зери фишори куҳнасарбозон ба бадани худ сӯзан даровардааст. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, меӯяд, қисми ҳарбии 35-02 "зери назорати ҷиддист ва то кунун ягон мавриди шиканҷаи сарбозон дар онҷо рух надодааст". Ин қисми ҳарбӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ҷойгир аст.
Вай рӯзи 11-уми декабр, баръакс, ба Радиои Озодӣ гуфт, "чунин амал бевосита аз сӯи худи сарбоз анҷом ёфтааст. Чаро ин сарбоз даст ба ин кор задааст? Санҷида мешавад."
“Ба беморхонаи касалиҳои равонӣ бурдем”
Хонаводаи сарбоз дар 25-километрии маркази Душанбе, дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб, зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, вазъи саломати ҷавон аз “қабл хуб набуд ва бояд ба артиш бурда намешуд”.
Умеда Аҳмадова, модари сарбоз, рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “бачаи ман касал буд, аз ҷар афтода, мағзи сараш осеб дидааст. Писари калониям дар хидмат дар Бадахшон аст. Ӯ ҳанӯз барнагашта, ин писарамро фиреб карда, ба хидмат бурданд. Касал буд, аз ташхис гузаронда бурданд.”
Ҳоло Асламҷон дар беморхонаи касалиҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ аст. “Пас аз онки аз "Қарияи Боло" ҷавоб доданд, ба беморхонаи қисми низомии ВКД бурданд. Бояд равоншинос писарамро медид. Наёфтанд. Баъд ба беморхонаи равонии ноҳияи Рӯдакӣ бурдем,” – гуфт Амирбек Маликов, падари сарбоз.
Волидони сарбоз намедонанд, ки ба фарзандашон дар қисми ҳарбӣ чӣ рух додааст. Амирбек Маликов мегӯяд, дар беморхона дар ҳузури масъулони қисми ҳарбӣ бо писараш гап зад, аммо қазияро рӯйшан карда натавонист: “Писарам гуфт, дада, ҳамин корро худам кардам ё дигарон, ба ёдам нест.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Солҳои охир мақомот аз беҳбуди шароит дар қисмҳои ҳарбӣ ва афзоиши довталабони хидмат дар артиш суҳбат мекунанд.
Дар баробари ин, шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ ва латукӯби сарбозон аз сӯи куҳнасарбозон борҳо расонаӣ шудааст. Дар пайи чунин рафтор, чанде аз онҳо дастгиру маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳамзамон бори аввал нест, ки пайвандони ҷавонон аз маҷбурӣ ҷалб шудани фарзандони беморашон ба хидмати ҳарбӣ шикоят мекунанд.
Марги модар бо ду духтараш аз дуди ангишт дар Душанбе. ВИДЕО
Се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.
Фоҷеа шаби 8- уми декабр дар маҳаллаи "Хуҷамбиёи поён"-и пойтахт рух додаааст.
Ҷасади зани сокини ин маҳалларо бо ду духтараш зуҳри имрӯз ба хок супурданд.
Ислом, раиси ин маҳалла дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ марги се нафар аз як оиларо тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модару духтарон ҳангоми хоб бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.
Модар 42 сола буда, духтаронаш яке 18 ва дигари 3 сол доштааст. Аз онҳо ном бурда нашудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми декабр ба маҳалли ҳодиса рафт. Наздикони афроди ҷонбохта аз сӯҳбат худдорӣ карда, монеаи наворбардорӣ шудаанд.
Аммо яке аз афроди ошно бо ин хонавода, ба Радиои Озодӣ гуфт, падари оила дар муҳоҷират буда, як духтари дигари онҳо оиладор ва дар хонаи шавҳар будааст. Дар аксе, ки вай ба Радиои Озодӣ фиристод, дида мешавад, ки ҷасади варамидаи модар ва ду духтари рӯйи фарши хона хоб аст.
Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.
Дар аввали соли равон ҳам дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом ҷон додаанд. Дар як ҳодисаи дигар дар ҳамин вилоят моҳи январ падар бо писари панҷсолааш заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.
Туркия модару писарро ба Тоҷикистон надод
Мақомоти Туркия модару писари боздоштшудаи тоҷикро раҳо карданд. Фотима Ғиёсоваи 44 сола бо писараш Маҳмадулло Дониёрзодаи 19 солааш ду моҳ қабл бо дархости Тоҷикистон дастгир шуда, масъалаи истирдоди онҳо ба ватан дар миён буд.
Аммо ба гуфтаи яке аз наздикони ин хонавода, далелҳои ҷониби Тоҷикистон тасдиқ нашуд ва мақомоти Туркия феълан аз истирдоди онҳо ба Душанбе худдорӣ кардааст.
Иброҳим Дониёрзода, писари Фотима Ғиёсова рузи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, модар ва бародараш рӯзи ҷумъа бар асоси қарори додгоҳи Хоҷаелии Туркия озод шуданд.
Фотима Ғиёсова ва писараш, Маҳмадулло Дониёрзодаи рӯзи 17-уми октябр дар Туркия боздошт шуда, тайи ин ду моҳ баррасии қазияи онҳо идома дошт. “пас аз қарори додгоҳ ҳардуро аз боздоштгоҳи муввақатӣ раҳо карданд ва иддаҳои ҷониби Тоҷикистон, ки гуё модар ва бародарам ба Сурия рафта, дар амалиёти ҷангӣ ширкат кардаанд, собит нашуд”- гуфт, Иброҳим Дониёрзода, писари дигари Фотима Ғиёсова.
Ин модару писарро дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “ширкат дар ҷанги Сурия” ҷустуҷӯ мекунанд. Тоҷикистон дар дархосташ ба ҷониби Туркия гуфтааст, ки гуё аҳли ин хонавода соли 2016 ба Сурия рафта будаанд.
Иброҳим Дониёрзода гуфт, ҳеҷ кадом аз аъзои хонаводаи онҳо ба Сурия нарафтааст ва мақомоти Тоҷикистон бидуни далел онҳоро дар пайгарди пулиси байналмилалии Интерпол қарор додаанд. Ба гуфтаи ӯ ҳануз номи бародару модараш аз феҳрасти Интерпол бардошта нашудааст. Иброҳим гуфт, соли 2022 ӯро низбо чунин дархост дар Маҷористон (Венгрия) боздошт карда буданд, вале дертар раҳо шуд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳануз боздошт ва раҳоии модару писарро дар Туркия шарҳ надодаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Душанбе ба суолҳои Радиои Озодӣ дар робита ба ин қазия посух надоданд. Консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул ҳам суолҳои хаттии Озодиро бепосух монд.
Ин хонавода аз соли 2015 дар вилояти Коҷаели Туркия ҳамсоя бо Истанбул зиндагӣ мекунанд ва ҳаққи иқомат доранд.
Пештар ҳодисаи боздошти Иброҳим Дониёрзода, фарзанди дигари ин хонавода дар расонаҳои Маҷористон бозтоб ёфта буд. Сомонаи "Hungary Today" рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 навишт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия алайҳи нерӯҳои давлатӣ ҷангида, дар кишвар бо хатари 12 сол зиндон рӯбарӯст.
Дар солҳои 2014-2017 Туркия як масири аслии пайвастани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ дар Ироқу Сурия будааст. Аз ин роҳ беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафтаанд ва сарнавишти аксари онҳо номаълум аст.
“Гурӯҳи 24” гуфт, Олмон як эътирозгарро ба Тоҷикистон ронд
"Гуруҳи 24", созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, дар як изҳорот аз истирдоди Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи ин гурӯҳ, ба Душанбе хабар додааст.
Қурбоналиев моҳи октябри имсол барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Намояндагони “Гурӯҳи-24” рӯзи 8 - уми декабр дар изҳороте гуфтанд, маркази ихроҷи Вазорати муҳоҷирати Олмон дар шаҳри ҲОФ рӯзи 24- уми ноябр Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон истирдод кардааст. Қарори истирдоди ӯ ҳам дар ҳамин рӯз содир шудаву 27- уми ноябр ба дасти вакили дифоаш расидааст.
Бино ба иттилои ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, вакили дифои Қурбоналиев истирдоди ӯро ғайриқонунӣ медонад ва тасмим дорад, алайҳи ин қарор ва барои баргардонидани ӯ ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.
Мақомоти Тоҷикистон расман қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки вай дар куҷо ва дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешавад.
Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24" пас аз ҷанги Русия бо Украина аз Киев ба Олмон рафта буд ва мақоми паноҳандагӣ надошт.
Ба гуфтаи намояндагони гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯъ, вай дар тазоҳуроти мухолифон дар Берлин, ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт.
Қаблан аъзои “Гурӯҳи 24” аз норӯшан будани сарнавишти ин узви фаоли гурӯҳ ва хатари ба Тоҷикистон истирдод шуданаш нигаронӣ карда, аз Ҳукумати Олмон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дархости ҳимоя ӯро карда буданд.
Мухолифон аз он бим доранд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву азияти мақомот ва ҳабси тӯлонӣ интизор аст. Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи “Гурӯҳи 24” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “Дар сурати бозгашти маҷбурӣ ба Тоҷикистон ӯро зиндон, шиканҷа ва аслан нобудшавӣ таҳдид мекунад.”
Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ кардаанд.
Чанд руз қабл, Бен Кардин, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар номае ба президенти Тоҷикистон аз саркӯби мухолифони сиёсӣ ва намояндагони ақаллиятҳои мазҳабиву ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронӣ карда буд.
Тоҷикони Ғозиёнтеппа пас аз зилзилаи Туркия чӣ ҳол доранд? ВИДЕО
Шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия, ки маҳалли кору иқомати чанд зодаи Тоҷикистон низ ҳаст, дар моҳи феврали имсол шоҳиди заминларзаи сахте буд. Дар натиҷаи он садҳо бино вайрон шуда, ҳазор нафар ҷон бохтанд. Осори зилзила ҳанӯз мондааст. Ҳам дар ҷойи ҳодиса ва ҳам дар зеҳни сокинон.
“Ба куҷо гурехтанро намедонистем"
Сарвиноз Озкучак аз Тоҷикистон муқими Ғозиёнтеппаи Туркия аст. Ҳафт сол боз ҳамроҳи хонаводааш дар онҷо кору зиндагӣ мекунад.
Мегӯяд, дар заминларза хонаашонро аз даст доданд, аммо ҷон ба саломат бурданд: "Духтари хурдиямро нав таваллуд карда будам. Ҳанӯз чилрӯза набуд. Вақте замин ҷунбид, ҳамроҳи писару шавҳарам ба куҷо гурехтанро намедонистем."
Мусоҳибаи мо бо Сарвиноз Озкучак дар Ғозиёнтеппа гузашт. "Бисёр даҳшатбор буд, сахт тарсидем. На танҳо ман, балки тамоми мардуми шоҳиди зилзила ҳамин ҳолро доштанд," --иброз дошт ӯ.
Зилзилаи шадид дар Туркия субҳи 6-уми феврали имсол боис ба марги беш аз 40 ҳазор кас шуд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳазорҳо тани дигар маҷруҳ шуда ва ё дар зери вайронаҳо монданд.
Созмони Милали Муттаҳид гуфт, зилзила ба ҳаёти 23 миллион нафар дар Туркия ва Сурия таъсир расонд. "Дар се рӯзи аввал дар даруни мошин зиндагӣ кардем. Сипас моро ба масҷиди наздиктарин бурданд. 13 рӯзи дигар онҷо зистем. Ҳаво хунук буд, дар кӯча мондан имкон надошт. Давлат он шабу рӯз кумак мекард, хӯроки гарм ва ҷиҳози хоб дода буд," – мегӯяд Сарвиноз Озкучак.
Шаҳри Ғозиёнтеппа ду миллион аҳолӣ дорад ва дар заминларза зарари зиёд дид. Теъдоди тоҷикон дар ин шаҳри наздик ба сарҳади Сурия зиёд нест. Пештар гуфта мешуд, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамин ҷо ба Сурия гузаштаанд, то ба сафи ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бипайванданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Падару модарам тарсиданд, вале ман рафтам"
Дар ин шаҳр ҳоло ҳам тахриби биноҳое, ки зиндагӣ дар онҳо номумкин шудааст, идома дорад. Ин корро ширкати “Бародарон” мекунад.
Ҷумъа Аккулок, мудири ширакат, ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 400 бинои нимвайронаро аз пойдевораш канда, аз зери баъзе харобаҳо чандин ҷасадро берун овардаанд: "Мо дар маркази шаҳр кор мекардем. Як ҳафта ба наҷоти одамон машғул шудем. Беш аз 25-26 касро зинда берун овардем. Мо дар чанд минтақа кор мекунем, аз ҷумла дар Аскарӣ."
Рӯзҳое, ки амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯйи одамон идома дошту ҳазорон захмӣ дар бемористонҳо хобида буданд, ба кумаки пизишкону ҳамшираҳои тиб ниёзи бештар пайдо шуд.
Тунаҳа Озкучак Омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда, вале дар ҷое кор намекард. Мегӯяд, шумораи захмиён ҳар лаҳза зиёд мешуду нигарониҳо аз камбуди табибон садо медод, ӯ ба ҳайси ихтиёрӣ ё некӯкор ба мадади онҳо рафт.
Ба нақли Тунаҳа, ӯ дар як бемористон ба табибон кумак мекард: "Ҳар лаҳза замин меҷунбид, одамон дар тарсу ҳарос қарор доштанд, имкони чаппа шудани биноҳо вуҷуд дошт. Вақте гуфтам ба кумаки захмиҳо меравам, падару модарам тарсиданд, вале ман рафтам."
"Одамони зиёдро ба бемористон оварда буданд. Ба онҳо ёрии аввал мерасондам. Ҳатто рӯзҳо ба хона намеомадам. Ин ҳолатро ҳеч фаромӯш карда наметавонам. Ҳангоме ки як захмиро оварданд, хостам фишори хунашро санҷам. Як дасташ набуд, бисёр даҳшатовар буд," -- ба ёд овард ӯ.
Бо гузашти чанд моҳ аз ин ҳодиса, мардуми шаҳри Ғозиёнтеппа дигарбора ба зиндагии маъмулӣ бармегарданд. Сарвинозу хонаводааш ҳам ба мисли сокинони дигар умед доранд, ки ҳукумати Туркия барои сохтани хонаҳои вайроншудаашон ёрӣ мекунад. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар остонаи интихобот ба ин масъала диққати хос медод, вале пас аз пирӯзияш ин таваҷҷуҳ камрангтар мешавад.
Боздошт ва ҳукми 27 нафар. "Таблиғи порнография" ё "ҳамҷинсгароӣ"?
Пайвандони як гурӯҳ шаҳрвандон, ки бо ҳукми додгоҳ барои "таблиғи порнография" дар Тоҷикистон аз 5 то 8 сол зиндонӣ шудаанд, барои бозбинии ҳукм ва раҳоии онҳо аз ҳуқуқдонҳо мадад хостаанд. Муроҷиати онҳо рӯзи дувуми декабр дастрас шуд.
Як вакили мудофеи маҳкумшудаҳо рӯзи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "шумораашон 27 нафар аст" ва "онҳо дар натиҷаи амалиёт дар моҳҳои апрел, май ва июн дар нуҳ минтақаи ҷумҳурӣ дастгир шуданд".
Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳукм дар охири моҳи июни имсол баромадааст. Шарҳи расмии он дастрас нест.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба амалиёти боздошти 27 кас изҳори бехабарӣ карданд. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 6-уми декабр гуфт, "дар махзани хабарҳои вазорат чунин иттилоъ нест."
Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин афрод дар асл ба гумони ҳамҷинсгароӣ дастгир шуда, чун дар қонун дар ин бора банди махсус нест, бар асоси таблиғи порнография ҷазо гирифтаанд."
Радиои Озодӣ ба таври мустақилона инро тасдиқ карда наметавонад. Кӯшиши мо барои дарёфти шарҳи волидони маҳкумшудаҳо бенатиҷа буд.
Вакили дифое, ки Радиои Озодӣ бо ӯ ҳамсуҳбат шуд, ба далели амниятӣ ва ахлоқӣ номи волидон ва шахсони зери ҳимояашро фош накард. Аммо тасдиқ кард, ки "ин афрод дар як гурӯҳи пӯшидаи интернетӣ ба якдигар аксу видеои аъзои таносул ва маълумотро дар бораи худ фиристода, амали ҳамҷинсгароёна анҷом медодаанд."
"Намояндагони мақомот дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ки ба муносибати ҳамҷинсгароии онҳо кор надоранд, аммо намебоист аксу видеои аъзои баданро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ мекарданд. Бинобар ин, 27 нафарро бар асоси қисми сеи моддаи 241-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (паҳни маводи порнографӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ) гунаҳкор донистанд," -- илова кард ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли ӯ, волидони маҳкумшудаҳо онҳоро бегуноҳ медонанд ва мунтазири бозбинии ҳукм ҳастанд.
Дар гузашта баъзе аз афроди “ҳамҷинсгаро” дар Тоҷикистон асосан ба гуноҳи паҳн кардани бемории норасоии масунияти бадан ё “ВИЧ/СПИД” дастгир шудаанд, вале боздошти гурӯҳии онҳо камсобиқа мебошад.
Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Бунёди глобалии мубориза бо СПИД соли 2015 мардону занони ҳамҷинсгароро дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор шумурда буд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳрасти беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки онҳо ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъд аз он ки феҳраст мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳрастро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.
Эълони ҳукми ҷавоне барои марги як сокини Истаравшан. Ду тараф норозӣ. ВИДЕО
Додгоҳи шаҳри Истаравшан як ҷавонро ба куштани аробакаши 44-сола Фарҳод Ҷалилов гунаҳкор донист ва ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум кард.
Ҳукми Умед Тӯраи Алии 25-сола рӯзи 15-уми ноябр баромад, аммо ҳарду тараф розӣ нестанд. Пайвандони марди аробакаш мегӯянд, ки бояд муҳлати ҷазо дарозтар мешуд. Ҷониби дигар хоҳони ҷазои сабуктар аст.
"Бачаи ман ба зери замин рафт. Гуфтам, гунаҳкорро аз рӯйи қонун ҷазо диҳед. Мехостам, 18-20 сол ҳукм гирад. Онҳо гуфтанд, агар шикоят доред, ба Прокуратура (Додситонӣ)-и вилояти Суғд нависед," – гуфт Мамлакат Обидова, модари Фарҳод Ҷалилов.
Латукӯби Фарҳод Ҷалилов 23-юми августи имсол дар Бозори марказии шаҳри Истаравшан рух додааст. Вай дар онҷо аробакаш буд. Баъд аз чор рӯзи воқеа дар бемористон даргузашт.
Ба нақли пайвандонаш, Фарҳод Ҷалилов ба нонвойхона обу орд мекашонд ва барои ин музд мегирифт. Ҷанҷол бар сари обу пул сар зада, ба фоҷеа расондааст.
Зебоҷон Муқимова, модари ҷавони маҳкумшуда, мегӯяд, дар ин воқеа "марди фавтида низ бе айб нест ва аввал ӯ душному ҳақорат кард". Барои ҳамин, ба гуфтааш, "ҳукми додгоҳ одилона нест".
"Ин ҳукм ба ягон ҷо рост намеояд. Вақте писарам ногаҳонӣ як шапалоқ зад, мувофиқи моддаи 108-и Кодекси ҷиноӣ бояд ду сол ҳукм мегирифт. Ягон кас набояд моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноиро мемонд. Аз ҳама ҳукми вазнинро ба бачаам доданд,” – афзуд ӯ.
Хонаводаи Ҷалиловҳо иддао доранд, ки дар марги писарашон Фарҳод модари ҷавони маҳкумшуда ҳам даст дорад ва аз додгоҳ муҷозоти ӯро талаб кардаанд.
Мамлакат Обидова гуфт, “писарам нақл кард, ки “буваҷон (модарҷон) Зебо бо писараш зад”. Гуфт, бо санг зад, бо арматура зад. Ман ҳамаи инро ба Суд (Додгоҳ) гуфтам ва пурсидам, ки чаро модараш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад? Фақат гуфтанд, ки дида мебароем.”
Зебо Муқимова инро рад кард. Мегӯяд, “ҳамчун модар чӣ хел дилам мешавад, ки бачаи як касро баромада занам”.
Норозигии тарафҳо аз ҳукми додгоҳ дар ҳолест, ки ҳарду ҷониб ҳам то гузашти муҳлати даъво аз рӯйи ҳукм ба зинаҳои болоӣ муроҷиат накардаанд.
Хонаводаи Ҷалиловҳо дар шаҳри Истаравшан беш аз се моҳ боз мотам доранд. Онҳо мегӯянд, бо марги Фарҳод, ки бо ароба рӯзгори хонаводаро мекашид, ҳам дар ғаму кулфат нишастаанд ва ҳам дар таъмини зиндагӣ машаққат мекашанд.
Пайвандони ҷавони зиндонӣ мегӯянд, ду фарзанди Умеду оилааш ва бори вазнини кори нонвоӣ ва рӯзгордорӣ ба зиммаи онҳо мондааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ин ягона ҷанҷоли лафзие нест, ки боис ба марги сокинон мешавад. Моҳи майи имсол Муҳаммадалӣ Акрамов, пизишки бемористони "Истиқлол"-и Душанбе, дар хархашае бо ронанда ва пулчинаки хатсайри рақами 28 сахт зарба хӯрду пас аз ҷарроҳии косахонаи сар ва як ҳафта беҳушӣ ҷон дод.
Мақомот ҷавони пулчинакро боздошт ва нисбати ӯ низ бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ парванда кушоданд. Маълум нест, ки ин ҷавон чӣ ҷазо гирифт.
Гуфтугӯ