Дар ноҳияи Қубодиён яке аз пурсарусадотарин мурофиаҳои додгоҳии моҳҳои охир ба анҷом расид. 8 нафари маҳкумшуда барои ифротгароиву нияти ҷанг дар кишвари бегона ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Бегиҷон Назаров, тоҷики 28-солаи узви Толибон, ки аз тарафи нерӯҳои афғон боздошт ва баъдан ба Душанбе истирдод шуда буд, бо ҷурми "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва "зархаридӣ" ба 16 сол маҳкум шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ панҷ сол қабл кишварро ба қасди муҳоҷират дар Русия тарк карда буд.
Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Мавсили Ироқ ҳудуди 300 марду писарбачаро кушта, дар як гӯри дастҷамъӣ дар Омӯзишгоҳи азбайнрафтаи кишоварзӣ зери хок кардаанд. CNN бо такя ба манобеи амниятии Ироқ гуфт, кушторҳо рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа сурат гирифтааст.
Як коршиноси масоили минтақаи Осиёи Марказӣ гуфт, дар сурати саркӯб шудани гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна, ҷангиёни тоҷик ба Тоҷикистон барнамегарданд.
Субҳи душанбеи 17 октябр амалиёти пурсарусадои бозпасгирии Мавсил - дувумин шаҳри бузурги Ироқ, оғоз шудааст. Ин шаҳр аз соли 2014 ба ин тараф дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати исломӣ" қарор дорад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар вокуниш ба эътирози Бағдод ба ҳузури артиши Туркия дар шимоли Ироқ дар остонаи амалиёти бозпасгирии шаҳри Мавсил, бо лаҳни таҳқиромезе хитоб ба нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки "беҳтар аст ҳадди худро бишносӣ."
Дар додгоҳи вилояти Хатлон мурофиаи гурӯҳи 8-нафараи сокинони Қубодиён шурӯъ шуд, ки дар таблиғи ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” мутаҳҳам мешаванд.
Маризо Халифаев, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, гуфт, 90 дар сади шаҳрвандони тоҷике, ки дар сафи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия меҷанганд, аз тариқи Интернет ҷалб шудаанд. Вай гуфт, 85 дар сади ин афрод дар Русия буданд.
Як ҷавони тоҷик, ки дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дастгир шуд, хостааст, ки ӯро барои муҳокима ба Тоҷикистон нафиристанд. Олмон ҳанӯз парвандаи ӯро баррасӣ мекунад.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Тикрити Ироқро бар дӯш гирифта ва гуфтааст, яке аз ҷангҷӯёне, ки ҳамлаҳоро анҷом дод, тоҷик будааст. Хабаргузории "Франс-Пресс" гуфт, дар ҳамлаҳои рӯзи шанбе 12 нафар кушта шудаанд.
Мақомоти баландпояи Тоҷикистон мегӯянд, дар зарфи 8 моҳи гузашта даҳҳо ҷавони тоҷикро, ки ба терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, барои ҷазо додан, ба кишвар баргардонданд.
Таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, яке аз ҳадафи раиси ҷумҳури ояндаи Амрико маҳви раҳбарони гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва аз ҷумла Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории тоҷик мешавад, ки соли 2015 ба сафи ин гурӯҳ пайваст ва «вазири ҷанг» таъйин шудааст.
Ёфтҳои бештар