Субҳи душанбеи 17 октябр амалиёти пурсарусадои бозпасгирии Мавсил - дувумин шаҳри бузурги Ироқ, оғоз шудааст. Ин шаҳр аз соли 2014 ба ин тараф дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати исломӣ" қарор дорад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар вокуниш ба эътирози Бағдод ба ҳузури артиши Туркия дар шимоли Ироқ дар остонаи амалиёти бозпасгирии шаҳри Мавсил, бо лаҳни таҳқиромезе хитоб ба нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки "беҳтар аст ҳадди худро бишносӣ."
Дар додгоҳи вилояти Хатлон мурофиаи гурӯҳи 8-нафараи сокинони Қубодиён шурӯъ шуд, ки дар таблиғи ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” мутаҳҳам мешаванд.
Маризо Халифаев, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, гуфт, 90 дар сади шаҳрвандони тоҷике, ки дар сафи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия меҷанганд, аз тариқи Интернет ҷалб шудаанд. Вай гуфт, 85 дар сади ин афрод дар Русия буданд.
Як ҷавони тоҷик, ки дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дастгир шуд, хостааст, ки ӯро барои муҳокима ба Тоҷикистон нафиристанд. Олмон ҳанӯз парвандаи ӯро баррасӣ мекунад.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Тикрити Ироқро бар дӯш гирифта ва гуфтааст, яке аз ҷангҷӯёне, ки ҳамлаҳоро анҷом дод, тоҷик будааст. Хабаргузории "Франс-Пресс" гуфт, дар ҳамлаҳои рӯзи шанбе 12 нафар кушта шудаанд.
Мақомоти баландпояи Тоҷикистон мегӯянд, дар зарфи 8 моҳи гузашта даҳҳо ҷавони тоҷикро, ки ба терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, барои ҷазо додан, ба кишвар баргардонданд.
Таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, яке аз ҳадафи раиси ҷумҳури ояндаи Амрико маҳви раҳбарони гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва аз ҷумла Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории тоҷик мешавад, ки соли 2015 ба сафи ин гурӯҳ пайваст ва «вазири ҷанг» таъйин шудааст.
Тибқи гузориши расонаҳои Ироқ, полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов раҳбари шохаи низомии гурӯҳи "Давлати исломӣ" таъйин шудааст.
Шахсияти 516 сокини вилояти Хатлон, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, муайян карда шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо фаъолони Хатлон гуфт, ки ин ҳисобу китоб аз соли 2014 ба ин тарафро дар бар мегирад.
Бародари "ҷиҳодӣ" сабаб шуд, ки як зани тоҷикро шавҳараш пас аз ду даҳсолаи зиндагӣ талоқ бидиҳад.
Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Украина бо иттиҳоми узвият дар созмони террористӣ дастгир шудааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе баррасӣ мешавад.
Ёфтҳои бештар