Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: "Маҳви Ҳалимов ҳадафи ояндаи Клинтон мешавад" (ВИДЕО)


Этан Виленски Ленфорд ифротгароии хушунатборро таҳқиқ мекунад.
Этан Виленски Ленфорд ифротгароии хушунатборро таҳқиқ мекунад.

Таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, яке аз ҳадафи раиси ҷумҳури ояндаи Амрико маҳви раҳбарони гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва аз ҷумла Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории тоҷик мешавад, ки соли 2015 ба сафи ин гурӯҳ пайваст ва «вазири ҷанг» таъйин шудааст.

Чанде пеш ҳукумати Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи ҷойи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон 3 миллион доллар подош таъйин кард. Дар бораи хатари ин ҷангҷӯ барои Тоҷикистон ва нерӯҳои эътилофӣ, ки ба зидди гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ меҷанганд, Радиои Озодӣ бо Этан Виленски Ленфорд аз Донишгоҳи Райс дар аёлати Тексаси Амрико сӯҳбат кард. Пажӯҳишгари амрикоӣ ифротгароӣ, ислом ва масоили тундгароии хушунатборро таҳқиқ мекунад ва дар Тоҷикистон ҳам будааст.

Радиои Озодӣ: Онгуна ки медонем, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон таҳдид карда буд, ки барои таъсиси давлати исломӣ ба Тоҷикистон бармегардад. Этан то куҷо ин таҳдиди фарсахҳо дур аз Тоҷикистон ҷиддист?

Этан Виленски Ленфорд: «Ман бидуни сӯҳбат бо ӯ дар бораи ниятҳои Гулмурод Ҳалимов гап зада наметавонам. Вале метавонам, бигӯям, дасти гурӯҳи Давлати исломӣ имрӯзҳо фаротар аз Ироқу Сурия мерасад. Инро метавонем дар мисоли бомбгузории шаҳри Париж, ҳамлаҳои Истанбул ва ҳодисаҳои фоҷиабор дар Бангладеш бубинем. Аз ин рӯ ДОИШ ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.»

Коршинос: Ҳалимов ҳадафи раиси ҷумҳури ояндаи Амрико мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳукумати Амрико Гулмурод Ҳалимовро ба феҳрасти террористҳои хатарноктарини дунё гузошта ва барои маълумот дар бораи ҷой ё паноҳгоҳи Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар подошт таъйин кардааст. Оё ин аломати он ҳаст, ки Ҳалимов барои нерӯҳои амрикоӣ ва ҳам эътилофе ки ба зидди гурӯҳи ба ном давлати исломӣ меҷанганд, таҳдиди ҷиддӣ дорад?

​Этан Виленски Ленфорд​: «Бояд возеҳ кунам, ки ман барои ҳукумати Амрико кор намекунам ва наметавонам аз тарафи онҳо сӯҳбат кунам. Ҳамчун як амрикоӣ метавонам бо боварӣ бигӯям, ки ҳукумати Амрико барои маҳв кардани гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ азми қавӣ дорад ва бо шеваи қотеъонаи низомӣ барои шикаст додани ин гурӯҳ ва маҳви раҳбарони он кор мекунад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири собиқи умури хориҷии Амрико чанде пеш гуфт, ки ӯ ба масъалаи маҳви раҳбарони гурӯҳи Давлати исломӣ» Абубакр Бағдодӣ ва зоҳиран акнун ба Ҳалимов таммаркуз хоҳад кард. Ба фикри ман роҳи низомӣ як шеваи маҳв ва таъйини подош барои пайдо кардани Ҳалимов роҳи дигар аст.»

Худи ин фармондеҳ, ки дар Амрико тамрин дидааст ва дар амалиётҳои безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон ширкат доштааст, то чӣ ҳад барои гуруҳи Давлати исломӣ аҳамият дорад?

Радиои Озодӣ: Онгуна ки мо медонем, ҳазорон нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ба мисли Давлати исломӣ пайвастаанд. Оё хатари ин гурӯҳ дар минтақа бештар мешавад.

Гулмурод Ҳалимов бо се ҳамсафи тоҷикаш
Гулмурод Ҳалимов бо се ҳамсафи тоҷикаш

Этан Виленски Ленфорд​: "Ман фикр намекунам, ки гурӯҳи Давлати исломӣ имрӯз барои Осиёи Марказӣ ҳоло як хатари ҷиддӣ бошад. Вале айни замон ман аз ҷалби аъзо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сафи созмон нигарон ҳастам. Фикр мекунам ва метарсам, ки бо афзоиши фишор ба гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурияву Ироқ аъзои гурӯҳ ба ватанашон баргашта дар онҷо мушкилӣ эҷод кунанд. Намехоҳам хатари инро зиёд нишон бидиҳам, вале таҳдид вуҷуд дорад. Ман фикр мекунам, ҷалби аъзо ба Давлати исломӣ аз Осиёи Марказӣ чанд сабаб дорад, вале роҳҳои ҷилавгирӣ аз он вуҷуд дорад."

Радиои Озодӣ: Роҳи беҳтарини муқобила бо ифротгароӣ ба назари шумо дар минтақа кадом аст?

Этан Виленски Ленфорд: ​"Дар воқеъ ин як суоли бисёр печида аст. Беҳтарин роҳи пешгирӣ аз ифротгароӣ вуҷуди як ҳукумати демократии қавӣ, қобили боварӣ ва посухгӯ аст, ки мардум эҳсос кунанд, садояшонро мешунаванд ва ба он эҳтиром мегузоранд. Ҳуқуқи инсон ва қонун муназзам эҳтиром шавад, матбуоти озод бошад. Ба фикри ман масъала бештар ба мудирият вобаста аст. Айни замон ҷомеаи мадании қавӣ барои таъсиси як ҷомеаи одилу босубот ва хушбахт бисёр муҳим аст. Ба ин маънӣ, ки бояд ба таҳсил аз ҳамон солҳои аввал тамарркуз карда шавад ва низоми маорифе бошад, ки таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва дарки на танҳо ислом ва дигар динҳоро ташвиқ кунад. Ҳамин чизҳо барои ҷанг бо ифротгароии хушунатбор фавқуллода муҳим аст."

XS
SM
MD
LG