Як таҳқиқ нишон додааст, Русия аз замони оғози ҷанг дар Украина дар рӯзи 24-уми феврали соли 2022 то кунун бештар 42 000 сарбозашро талаф додааст.
Аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина то кунун на камтар аз 38 261 сарбози рус кушта шудаанд. Ин омори хабарнигорони бахши русии Би Би Си, расонаи интернетии “Медиазона” ва гуруҳе аз ихтиёриёнест, ки талафоти неруҳои Русияро бо такя ба манобеи боз ва дастрас ҳисоб мекунанд.
Як ронандаи таксии зодаи Тоҷикистон, ки чор моҳ пеш аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафта буд, кушта шудааст ва ҷасадашро дар Маскав ба наздиконаш супурдаанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии худ дар нишасти сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" гуфт, бояд ба поён додани "фоҷеа"-и ҷанг дар Украина биандешем ва афзуд, ки Маскав ҳеҷ гоҳ бо гуфтугӯҳои сулҳ бо Украина мухолифат накардааст.
Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи ҷаҳон ба бӯҳрони "Ҳамос" ва Исроил дар Ховари Миёна нигаронида шудааст, раиси ҷумҳури Русия аз пешравии нерӯҳои ин кишвар ва ишғоли минтақаи бештаре аз Украина хабар дод.
Вакилони мардумии Украина пешниҳод кардаанд, ки қонуни ҷавобгарӣ барои фаҳшо ва ё порно лағв шавад. Ба гуфтаи онҳо қонуне, ки пеш қабул шудааст, одамони бегуноҳро муҷозот намуда, имкони ришваситонии мақомдоронро бештар мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия фишор меоранд, пеш аз гирифтани ҳаққи шаҳрвандӣ бо вазорати дифои Русия барои рафтан ба ҷанги Украина қарордод имзо кунанд. Ҳукумати Русия ҳоло саъй дорад, барои кӯмак ба неруҳояш дар ҷанги Украина сарбозони бештарро ба онҷо ҷалб кунад.
Баъди чаҳор рӯз аз суқути ҳавопаймои ширкати хусусии низомии “Вагнер” Кумитаи тафтишотии Русия марги Евгений Пригожин, мудири ин ширкатро тасдиқ кард.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи душанбеи 21-уми август дар Дания гуфт, ки ваъдаи додани ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоии F-16 боис шудааст бовар ҳосил кунанд, ки Украина метавонад ба ҳуҷуми Русия поён диҳад.
Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он сар аз 1-уми январи соли 2024 метавонанд, ҷавонони 30-соларо ба ҳам ба хидмати ҳатмии низомӣ даъват кунанд.
Ирсоли аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ҳаракати мошинҳое, ки бовар меравад, ба гуруҳи зархаридони Вагнер тааллуқ дорад, ҳамчунон ба маҳаллаи Тсел дар шарқи Белорус идома дорад.
Боғи ҷонварони шаҳри Познан якҷо бо Маркази наҷоти ҷонварони ваҳшии Украина аз оғози ҷанг беш аз 200 ҳайвонро наҷот додаанд.
Ёфтҳои бештар