Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Украина хостаанд, ҷавобгарӣ барои порно лағв шавад. ВИДЕО



Муаллифони тарҳи қонун бар ин назаранд, ки қонуни куҳна заминаи фасод барои афсарони полисро фароҳам овардааст. 
Муаллифони тарҳи қонун бар ин назаранд, ки қонуни куҳна заминаи фасод барои афсарони полисро фароҳам овардааст. 

Вакилони мардумии Украина пешниҳод кардаанд, ки қонуни ҷавобгарӣ барои фаҳшо ва ё порно лағв шавад. Ба гуфтаи онҳо қонуне, ки пеш қабул шудааст, одамони бегуноҳро муҷозот намуда, имкони ришваситонии мақомдоронро бештар мекунад.

Тибқи қонуне, ки Украина дар соли 2001-ум қабул кардаааст, фаҳшо манъ буда, масъулони ин амал ҷарима ва ё то се сол аз озодӣ маҳрум мешаванд. Ярослав Железняк, вакили порлумони Украина: “Шаҳрвандони мо барои як акси урёни марде, ё зане дар телефонашон зиндонӣ мешаванд. Ҳатто барои акси узви оила ҳамин ҳоло ҳабс мекунанд.”

Дар пешнависи қонуни нав нашри фаҳшо танҳо дар ҳолате муҷозот мешавад, ки бидуни ризоият бошад. Дар ин лоиҳа фаҳшои кӯдакон, фаҳшои хушунатбор ва тақаллубӣ мавриди таъқиби қонунӣ боқӣ хоҳад монд. Муаллифон бар ин назаранд, ки қонуни куҳна заминаи фасод барои афсарони полисро фароҳам овардааст.

Ярослав Железняк: “Қонуни феълӣ имкони ришваситонии полисро бештар мекунад. Аксаран аз муттаҳамон сӯиистифода ва иртиботи ҷинсӣ талаб мекунанд.”

Соли гузашта дар Украина 1200 нафар ба нашри порно ва ёфаҳшо айбдор дониста шудаанд. Ба ақидаи вакилони мардумӣ, афсарони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бояд дар фикри ҷилавгирӣ аз таҳдид ба назму субот бошанд.

Дар Украина пешниҳод кардаанд, порно қонунӣ шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Йен Мапл, ҳунарпешаи филмҳои порно: “Вазъ мисли пештара аст. Ҳунармандони фаҳшо ҳеч ҳаққе ва ё ҳимояе надоранд. Доимо ин хавф вуҷуд дорад, ки ҳабс мешавем.”

Бо оғози таҷовузи Русия ҳунарпешагони украинии филмҳои порно ба ҷамъоварии пул барои кумак ба сарбозону осебдидагон шуруъ карда ва беш аз 850 ҳазор доллар ҷамъ овардаанд. Ҳунарпешагони филмҳои фаҳшо орзу доранд, ки корашон расман эътироф шуда, мисли ҳар фарди дигар андоз супоранд.

Йен Мапл: “Ман комилан тарафдорам. Ҳатто агар андоз баланд бошад ҳам. Аксари ҳамкоронам низ ҷонибдоранд”

Юлия, ҳунарпешаи филмҳои фаҳшо:

“Кормандони саноати фаҳшо аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд. Беҳтар аст, ки дар хона расман кор кунему зарурати сафар ба хориҷа пеш наояд.”

Пажуҳишҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки назари мардум дар мавриди озод шудани фаҳшо яксон набудааст. Дар ҳоле ки 47 дар сади пурсидашудагон аз эътирофи расмии фаҳшо дастгирӣ мекунанд, тахминан ба ҳамин теъдоди мардум мухолифи ин кор будаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG