Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он сар аз 1-уми январи соли 2024 метавонанд, ҷавонони 30-соларо ба ҳам ба хидмати ҳатмии низомӣ даъват кунанд.
То ҳол дар ин кишвар мисли Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27-сола ба cафи неруҳои мусаллаҳи Русия сафарбар мешуданд. Бино ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, рӯзи 28-уми июл ба тарафдории қабули ин қонун 159 узви палатаи болоии порлумони Русия раъй додаанд.
Думаи давлатӣ палатаи поёнии порлумон рӯзи 25-уми июл қонуни мазкурро тасвиб кард. Дар аввал қарор буд, ки синни поёнии хидмати яксолаи низомӣ дар Русияро аз 18 то ба 21-солагӣ боло мебаранд, вале баъдан аз ин пешниҳод даст кашиданд.
Андрей Картопалов, раиси Кумитаи мудофиаи Шӯрои Федератсия гуфтааст, ки ба сабаби вазъи демографии Русия, теъдоди онҳое, ки ба артиш даъват мешавад, торафт коҳиш меёбад. Ба қавли ӯ, қонуни нав бо назардошти “ҷанги бузург” ва “сафарбарии умумӣ” қабул шудааст.
Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина дар моҳи феврали соли 2022 ва эълони сафарбарии умумӣ ба ин ҷанг, даҳҳо ҳазор аз ҷавонону мардони синни хидмат Русияро тарк карданд.
Рӯзи 28-уми июл дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия ҳамчунин дигар қонунҳо дар бораи даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ баррасӣ шуд. Аз ҷумла дар бораи манъи сафари хориҷии ҷавононе, ки даъватномаи хидмат ба сафи неруҳои мусаллаҳро ба даст овардаанд.
Дигар тағйирот 10 маротиба боло бурдани андозаи ҷарима барои ҳозир нашудан ба комиссариати низомӣ аст. Агар ҷавоне дар Русия баъди гирифтани даъватнома ба комиссариати низомӣ ҳозир нашавад, мумкин аст, ӯро аз 500 то 3000 рубл ҷарима кунанд.
Дар Русия даҳҳо ҳазор ҷавони тоҷике зиндагӣ мекунанд, ки ҳам шаҳрвандии ин кишварро доранд ва ҳам аз Тоҷикистонро ва иҷрои қонунҳои Русия низ барои онҳо ҳатмист. Қонунҳои қабулшуда дар Думаи давлатӣ баъди имзои раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳукми иҷро мегиранд.
Гуфтугӯ