Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи ҷаҳон ба бӯҳрони "Ҳамос" ва Исроил дар Ховари Миёна нигаронида шудааст, раиси ҷумҳури Русия аз пешравии нерӯҳои ин кишвар ва ишғоли минтақаи бештаре аз Украина хабар дод.
Вакилони мардумии Украина пешниҳод кардаанд, ки қонуни ҷавобгарӣ барои фаҳшо ва ё порно лағв шавад. Ба гуфтаи онҳо қонуне, ки пеш қабул шудааст, одамони бегуноҳро муҷозот намуда, имкони ришваситонии мақомдоронро бештар мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия фишор меоранд, пеш аз гирифтани ҳаққи шаҳрвандӣ бо вазорати дифои Русия барои рафтан ба ҷанги Украина қарордод имзо кунанд. Ҳукумати Русия ҳоло саъй дорад, барои кӯмак ба неруҳояш дар ҷанги Украина сарбозони бештарро ба онҷо ҷалб кунад.
Баъди чаҳор рӯз аз суқути ҳавопаймои ширкати хусусии низомии “Вагнер” Кумитаи тафтишотии Русия марги Евгений Пригожин, мудири ин ширкатро тасдиқ кард.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи душанбеи 21-уми август дар Дания гуфт, ки ваъдаи додани ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоии F-16 боис шудааст бовар ҳосил кунанд, ки Украина метавонад ба ҳуҷуми Русия поён диҳад.
Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он сар аз 1-уми январи соли 2024 метавонанд, ҷавонони 30-соларо ба ҳам ба хидмати ҳатмии низомӣ даъват кунанд.
Ирсоли аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ҳаракати мошинҳое, ки бовар меравад, ба гуруҳи зархаридони Вагнер тааллуқ дорад, ҳамчунон ба маҳаллаи Тсел дар шарқи Белорус идома дорад.
Боғи ҷонварони шаҳри Познан якҷо бо Маркази наҷоти ҷонварони ваҳшии Украина аз оғози ҷанг беш аз 200 ҳайвонро наҷот додаанд.
Як генерали рус мегӯяд, пас аз он, ки вазъияти душвори ҷабҳаи Украинаро барои раҳбарони артиши Русия бозгӯ кард, ӯро аз мақоми фармондеҳӣ барканор кардаанд.
Матлабе аз Роберт Коалсон, хабарнигори аршади Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ, ки руйдодҳои Русия, Балкан ва Аврупои шарқиро пайгирӣ мекунад.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 17-уми июн ҳангоми мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои ғарбӣ санадеро бо номи "Созишнома дар бораи Украинаи бетараф" нишон дод.
Ёфтҳои бештар