Ҷанг дар Украина даҳҳо сарбозро аз дасту пой маҳрум кард, аммо бо вуҷуди ин сарбозони маъюб муборизаро идома медиҳанд. Ба онҳо марказе дар Киев ба ҳаёти дубора мебахшад.
Артиши Украина рӯзи 17-уми август гуфт, неруҳои Русия дар талош барои пешравӣ дар вилояти шарқии Донетск ба маҳаллаҳои аҳолинишин дар шаҳри Харков зарба мезананд.
Ситораҳои мусиқӣ ва ихтиёриён дар Лаҳистон дар марказе гирди ҳам омада, барои Украина кумак ҷамъоварӣ мекунанд.
Рӯзи 16-уми июн баъди ба садо даромадани бонги хатар дар шаҳри Киев, сокинони пойтахти Украина худро ба паноҳгоҳҳо заданд. Аз ин пештар ва дар рӯзҳои ахир ҳамлаҳои Русия бо истифода аз мушакҳои дурбурд ба шаҳрҳои Украина шиддат гирифт, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Бо гузашти як рӯз аз мушакборони Русия ба шаҳри Одессаи Украина, ки бо марги 21 ғайринизомӣ анҷомид, бомдоди рӯзи 2-уми июл сокинони шаҳри Миколаевро садои таркиш ва бонги хатар бедор кард.
Аз таъсири гармии тобистон нест, ки раҳбарон ва тоҷирони Аврупо арақ мекунанд, балки аз бими бозии Русия бо газ аст, ки мумкин аст, сабаби буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар зимистони оянда дар минтақа шавад. Шояд пештар аз зимистон ҳам.
Дар остонаи як нишасти муҳими Иттиҳоди Аврупо дар бораи Украина, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, гуфт, мумкин аст, Русия ҳамлаҳоро барои ишғоли манотиқи шарқии кишвараш, бештар кунад.
Ду сарбози собиқи неруҳои мусаллаҳи ИМА, ки бино ба гузоришҳо, дар сафи низомиёни Украина зидди Русия меҷангиданд, дар шарқи Украина нопадид шудаанд. Гумон меравад, онҳо ба асорати неруҳои Русия аафтодаанд.
Украина дигарбора аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, ки барои муқовимат ба неруҳои Русия ҳарчӣ зудтар ба Киев аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ бидиҳанд. Айни замон неруҳои Русия ҳамлаҳо дар шарқи Украинаро зиёдтар кардаанд.
Ёфтҳои бештар