Аз таъсири гармии тобистон нест, ки раҳбарон ва тоҷирони Аврупо арақ мекунанд, балки аз бими бозии Русия бо газ аст, ки мумкин аст, сабаби буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар зимистони оянда дар минтақа шавад. Шояд пештар аз зимистон ҳам.
Дар остонаи як нишасти муҳими Иттиҳоди Аврупо дар бораи Украина, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, гуфт, мумкин аст, Русия ҳамлаҳоро барои ишғоли манотиқи шарқии кишвараш, бештар кунад.
Ду сарбози собиқи неруҳои мусаллаҳи ИМА, ки бино ба гузоришҳо, дар сафи низомиёни Украина зидди Русия меҷангиданд, дар шарқи Украина нопадид шудаанд. Гумон меравад, онҳо ба асорати неруҳои Русия аафтодаанд.
Украина дигарбора аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, ки барои муқовимат ба неруҳои Русия ҳарчӣ зудтар ба Киев аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ бидиҳанд. Айни замон неруҳои Русия ҳамлаҳо дар шарқи Украинаро зиёдтар кардаанд.
Дар паи ба ҳабс афтодани даҳҳо сарбози украинӣ, ки ба дифоъ аз корхонаи пӯлодгудозии «Азовстал» баланд шуданд, нигарониҳо аз сарнавишти онҳо боло мегирад.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар Душанбе дар посух ба суоли хабарнигори "Настояшее Время" гуфт, "бо товусҳо гап зан." Вазири корҳои хориҷии Русия барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Душанбе омада буд.
Задухӯрдҳои вазнин дар қисмати шарқии Украина идома дорад. Шаби гузашта Русия шаҳри бандарии Одессаро мушакборон карда, ҳамла ба корхонаи тавлиди пӯлоди шаҳри Мариупол - “Азовстал”-ро тавсеа бахшид.
Раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ё Ҷанги бузурги ватанӣ зарур аст, вале ақидаҳои мухолиф низ ҳаст.
Ёфтҳои бештар