Украина дигарбора аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, ки барои муқовимат ба неруҳои Русия ҳарчӣ зудтар ба Киев аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ бидиҳанд. Айни замон неруҳои Русия ҳамлаҳо дар шарқи Украинаро зиёдтар кардаанд.
Дар паи ба ҳабс афтодани даҳҳо сарбози украинӣ, ки ба дифоъ аз корхонаи пӯлодгудозии «Азовстал» баланд шуданд, нигарониҳо аз сарнавишти онҳо боло мегирад.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар Душанбе дар посух ба суоли хабарнигори "Настояшее Время" гуфт, "бо товусҳо гап зан." Вазири корҳои хориҷии Русия барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Душанбе омада буд.
Задухӯрдҳои вазнин дар қисмати шарқии Украина идома дорад. Шаби гузашта Русия шаҳри бандарии Одессаро мушакборон карда, ҳамла ба корхонаи тавлиди пӯлоди шаҳри Мариупол - “Азовстал”-ро тавсеа бахшид.
Раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ё Ҷанги бузурги ватанӣ зарур аст, вале ақидаҳои мухолиф низ ҳаст.
Як зодаи Тоҷикистонро, ки ба иддаои низомиёни Русия дар сафи артиши Украина меҷангид, наздиконаш дар Душанбе шинохтанд.
Низомиёни Русия рӯзи 4-уми май ҳамла ба корхонаи "Азовстал" дар шаҳри Мариуполи Украинаро дубора оғоз карданд.
Қарор аст, тақрибан 100 украинӣ, ки аз шаҳри Мариупол берун карда шуданд, рӯзи 2-уми май ба шаҳри ҷанубушарқии Запорожйе ворид гарданд, вале айни замон садҳо нафари дигар дар таҳхонаҳои корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Ёфтҳои бештар