Ба иттилои СММ, аз замони оғози ҷанг дар Украина, 4 миллион нафар ба хориҷа фирор карданд. Аксари паноҳандаҳо занону кӯдаконанд, қишре, ки аз нигоҳи қочоқи инсон осебпазиранд.
Украина ва кишварҳои муттафиқаш барои ҳамлаҳои мушакии рӯзи 8-уми апрел ба як истгоҳи Роҳи оҳан Русияро гунаҳор карданд.
Шумори қурбониёни таркиши мушакҳои русӣ дар як истгоҳи роҳи оҳани Украина афзоиш меёбад.
Иттиҳоди Аврупо бастаи панҷуми таҳримҳо алайҳи Русияро барои шурӯи ҷангаш алайҳи Украина қабул кард ва ин навбат содироти ангишт манъ шуда, тамоми бандарҳои аврупоӣ ба рӯи киштиҳои русӣ баста мешаванд.
Дар таҳхонаи лагер ё урдугоҳи кӯдакона дар Украина ҷасадҳое ошкор шудааст, ки дастонашон дар пушт баста ва аз сарашон тир хурдаанд
Моҳи дуввум аст, ки ҷанг дар Украина идома дорад ва телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар бораи ин муноқиша хабар медиҳанду наворҳои ваҳшатноку ташвишоварро намоиш медиҳанд.
Матбуоти Русия ба сафари мақомоти баландпояи Қазоқистон ба Аврупо ва мавзеъгирии онҳо нисбат ба ҷанг дар Украина бо ҳассосият бархӯрд кард.
Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 4-уми апрел дар шаҳраки Буча гуфт, ки Русия ба "қатли ом" даст задааст ва бояд барои ин аъмол ҷавоб диҳад.
Созмони Салиби Сурх имрӯз дигарбора саъй мекунад, шаҳрвандони дармонда дар шаҳри бандарӣ ва вайроншудаи Мариуполи Украинаро аз онҷо берун орад.
Русия мушакборону ҳамла аз тӯпхонаро дар шаҳри Чернигов дар шимоли Украина идома дод, агарчӣ пеш аз ин гуфта буд, ки ҳамлаву амалиётҳои низомиро кам мекунад. Неруҳои Украина гуфтанд, ки ба ваъдаҳои Русия бовар намекунанд ва барои ҷангҳои сахттар дар шарқи кишвар омода мешаванд.
Дар Идлиб вилояти дурафтодаи Сурия ва яке аз минтақаҳое, ки бо гузашти 11 сол аз оғози даргириҳо, ҳанӯз аз гирдоби ҷанг берун нашудааст, бо мушоҳидаи рӯйдодҳои Украина, сокинон мегӯянд, Маскав аз ҳамон шеваҳое истифода мекунад, ки дар Сурия мекард.
Ёфтҳои бештар